Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

САВТРЕЗА

27-05-2021, 10:38
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
САВТРЕЗА
(Андешаҳо дар ҳошияи китоби тозанашри шоири рангинбаёни тоҷик Нуруллоҳи Ориф «Нони офтоб» интишори КВД-КТН «Шарқи Озод» Душанбе-2021)
Шеър меваи андешаи шоир буда, ин ранҷи боғи эҳсос ва тафаккури инсонӣ ифодагари истеъдод ва тавоноии фитрии ӯ ба шумор рафта, номи ӯро дар қалби хонандагони хушзавқ ва адофаҳм ба абадият сабт хоҳад намуд. Нахустин муждаи боғи маонии ин шоири ширинбаёни тоҷик соли 1993 ба номи «Ишқи фаришта» манзури дилу дидаи хонандагон қарор гирифта, номаш зиннатфазои боғи адабиёти бадеии тоҷик гардида аст. Ҳамин дафтари шеъраш ӯро ба мардум ва мардумро ба шакаристони боғи маониаш ошно намуд. Меваи боғи ин боғкори қаламрави шеъри ноби тоҷикӣ, бо таъми ширинаш зуд дар дили хонандагони хушзавқ ҷой гирифта, шеърҳояш, ки аз савт ва оҳангҳои шавқии мардуми саршор буд, дар қаламрави эҷод мавқеъ ёфта, булбулакони боғи савту садои мардумӣ онҳоро замзама намуда, номи неки ӯро манзури гӯшу ҳуши ҳазорон сомеони ҳушманд намуданд. Ва ин замзама номи пурифтихори Нуруллоҳи Орифро ҳамнишини ҷодаи пурифтихори адабиёти мардумӣ намуд. Хеле бомаврид ва ҷоиз медонам, ки аз фотиҳаи пурбаракати шоири халқии Тоҷикистон, донишманди хеле фарҳехтаи адабиёти мардумии тоҷик, муаллифи суруди миллӣ, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ устоди зиндаёд Гулназар, ки ба нахустмаҷмӯаи Нуруллоҳи Ориф додааст ёдоварӣ намоям. «Нуруллоҳ шоири ошиқ аст. ишқи ӯ заминист ва маънои осмонӣ дорад. Аз ҳамин хотир, ба маҷмӯаи аввалинаш «Ишқи фаришта» ном гузоштааст. Аз ҳама муҳим он аст, ки Нуруллоҳ дарки шоирона дорад. Шеъри Нуруллоҳ содда ва хеле суфта аст. Тозакорӣ ва навҷӯиҳои зиёди ӯ дар шеъраш ба назар мерасад. Беҳтараш худ хонеду қазоват намоед». Воқеияти ин ҳама гуфтаҳо он аст, китахайюлоти зиёди зебоипарастӣ ва дастони пурэъҷози муъҷизаофараш, ки дар коргоҳи сураткашӣ совида шуда буданд ба ҳазор орзуву ормон ӯро ба коргоҳи шеъру шоирӣ овард. Он гуна, ки мардум мегӯянд «Шоиру наққош ҳар ду зодаи тахайюлоти бадеӣ буда, дар қаламрави эҷод баробар ранҷ мекашанд». Яъне шоири дар воқеъ ширинбаёни тоҷик Нуруллоҳи Ориф ҳама зебоиҳои зиндагӣ ва рӯзгори пур аз пандро дар оинаи тахайюлоти бадеии хеш бо чашми ибрат мавриди баҳси дилу дида қарор дода, шаҳди онро рӯи саҳфаи эътибор меорад. Ва шояд ҳамин буда бошад, ки қаламроҳи пур аз шебу фарози ин қаламкори дунёи тахайюлоти бадеӣ ошиқону шефтагони зиёди хешро дошта, садҳо гулҳои муаттари гулзораш зеби баногӯши ошиқони ашъораш гардида, миёни мардум соҳиби эътибори хеле баланд мебошад. Маҷмӯаи ашъори тозанашри шоир таҳти унвони «Нони офтоб» зери назари муҳаққиқи хушқалами тоҷик Мубашшири Акбарзод чанде пештар (дақиқтараш моҳи апрели соли 2021) рӯи нашр омада, фарогири беш аз 250 шеъру тарона ва дубайтиву рубоёт будаву ҳаст. Ин маҷмӯаи ашъори шоир дастагули пурмуаттари ӯ аз хирмани розҳояш ба хонандагон буда, туҳфаи пурарзише ба истиқболи ҷашни пуршукӯҳи сисолагии Истиқлолияти кишвар мебошад. Бузургони адабиёт ва фарҳанги мардумӣ хеле дуруст ва бамаврид гуфтаанд, ки шеър мебояд ҳамқадами замон ва ифодагари рӯҳу равони ҷомеа бошад. Ин меъёри ахлоқии замон дар маҷмуаи тозанашри шоир хеле хуб риоя гардида, ҳама ашъораш ҷавобгӯи ин ченаки адабиву бадеӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Шеъри нахустини ин маҷмӯа, ки бо номи «Сӣ соли истиқлол» дар саҳифаи саввуми китоб омада аст, ифодагари ҳама ормонҳои миллати қаҳрамонофари достонангези тоҷик буда, аз муҳаббат ва самимияти бепоёни мардум ба Ватан ва бурду бохти ондар тӯли сӣ соли истиқлолият зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар гӯшу ҷони хонандагони ҳушманди хеш муждаи шодкомӣ оварда бо таъкид мегӯяд, ки ин Ватан бо Пешвои муаззамаш шоистаи ҳама арҷгузориҳо буда, сӣ соли истиқлолият ифодагари ормонҳои беш аз даҳ ҳазор сол мебошад. Он гуна, ки шоир бо шавқу шӯр ва ифтихори ватандорӣ гуфтааст:
Сӣ соли истиқлоли мо,
Сӣ соли боиқболи мо.
Сӣ соли пурсон Пешво,
Аз ҳолу аз аҳволи мо.

Мо миллати Оринажод,
Мо пайравони Пешво.
Кафшер карда мо ҳама,
Ҷонро ба ҷони Пешво.

Дар зарфи ин сӣ соли нек,
Кишвар басо пурнур гашт.
Ҳар ғам, ки дар дил ҷой дошт,
Рӯ тофт, аз мо дур гашт.

Воқеият он аст, ки дастовардҳои сӣ соли Истиқлолият ифодагари ормонҳои беш аз ҳазорсолаи миллати қаҳрамони гурдофари тоҷик буда, эҳёи суннатҳои Ориёӣ ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат буда, ин қаҳрамони давру замонҳо тавонист, ки кишварро аз порашавӣ ва миллатро аз парокандагӣ наҷот бубахшаду номи поки ин миллати тоҷварро зиннати равоқи одаму олам намояд. Ин ифода ва ормонҳои миллӣ сари ҳар сатри шоир бо таъкид манзури гӯшу ҳуши хонанда гардида, корнамоии сӣ соли истиқлолиятро бо муҳаббат ва самимият манзури хирадгустарон мегардонад. Шеърҳои «Кишварам»(с-7), «Ватандор» (с-8), «Ҷон Ватан, ҷонам», (с-11), «Ватан» (с-33), «Парчами коваёнӣ» (с-46), «Тоҷикистон ҷони ман» (с-113) саропо сӯзу сози ватандорӣ ва ватанхоҳии шоир буда, муҳаббат ва самимияти хонандаро ба меҳани азизи гурдзояш даҳчанду садчанд намуда, дар роҳи тарбияи ватанхоҳии созандагони ояндаи кишвар саҳми хеле арзандаи хешро хоҳад гузошт. Чунончӣ шоир бо як ҷаҳон орзуву ормонҳои ватанхоҳӣ дар шеъри «Кишварам оварда:
Модари шабзиндадорам, кишварам,
Ҷаннати доимбаҳорам, кишварам.
Мекашам беғам ҳавоятро нафас,
Бе канорат дилфигорам кишварам.

Пир асло нестӣ, ҳастӣ ҷавон,
Рафтааст овозаат то Каҳкашон.
Баҳри ҳифзат мисли Рустам нав ба нав,
Зодаӣ сад не, ҳазорон паҳлавон.


Чашмаҳову рудҳоят мисли қанд,
Боғҳову роғҳоят дилписанд,
Аз гузашти рӯзгори пурнишот,
Мӯйсафедонат ба мо гӯянд панд.

Ин шеъри саропо пур аз муҳаббату самимияти ватандорӣ дар қалби хонандагон на танҳо меҳри ватанхоҳиву ватандорӣ балки муҳаббат ва самимиятро ба ҳар ваҷаб хоки диёр ва қаҳрамонони дар тӯли таърихи беш аз ҳазорсолаҳо дар ҳимояи марзу буми кишвар чун кӯҳ устувори он зиёд намуда, ҳамосаи қаҳрамонони ватанро бо сӯзу соз дар қалби поки онҳо ҷой менамояд. Оҳанг ва савтрезаҳои мардумӣ чун пурарзиштарин гавҳар ва дурдонаҳои пурбаҳои миллат дар ашъори шоир мақоми хоса доштаву дорад.ӯки парвардаи обу хоки замини фалакрезу фалакхези Кӯлоб мебошад, муҳити савтрезу савтхези ин қаламрав бар ашъори шоир таъсири хоси худро расонидааст. Шеърҳои «Ҷони ман», «Моҳи тобон», «Наврӯз муборак», «Шиштанот», «Зирадандон», «Духтари тоҷик», «Сафари Кӯлоб»,»Ҳамсоя бошем», «Тасвири дӯст», «Пас-паси бнг», «Зебосанами роғӣ, «Бӯса», «Рози дил», «Таги дулона», «Чкорт кнм», «Олуфта», «Куртачакан», ки саропо савтрезу савтхез мебошанд, дар ҳавои мусиқиҳои зарбии кӯлобӣ рӯи саҳфа омада, қалбҳоро саршори фараҳу шодӣ намуда, лаҳзае хонандаро ҳамнишини базмҳои осмонкафи кӯлобӣ менамояд. Ин абёт аз забони асли гӯянда рӯи саҳфа омада, ҳама шаҳду шириниаш маҳз дар қолаби расму суннати мардумӣ иҷро гардиданаш мебошад. Ва набояд фаромӯш кард, ки ин дурдонаҳои такалуми мардумиро гӯши беш аз панҷ миллион нафар, ки решапайванди ин сӯзу созҳо мебошанд қабул дошта, бештари онҳо моли ҳалоли он мардум мебошад.
Имрӯз ашъори шуарои бузурги классики тоҷик Бобо Тоҳири Ҳамадонӣ, Бобо Кӯҳӣ, Бобо Афзали Пирмастӣ, Наҷмиддини Кубаро, Шайх Баҳоӣ,Шайх Низомиддини Балхӣ, Бобо Меҳроби Хуталшоҳӣ, дар миёни мардум бо ҳамон шеваи гӯши пур аз шаҳди мардумиашон соҳиби арҷу эҳтироми бузурге мебошанд, ки ҳеҷ девоне миёни мардум дар он поя гузошта нашудааст. Шуарои имрӯзи тоҷик низ аз устод Садриддин Сайидмуродхоҷаи Айнӣ то ба устодон Бозору Лоиқ ва Гулназар бо ифтихори зиёд ба ин ганҷи шойгони миллат арҷу эҳтироми зиёд дошта, истифодаи он гӯишҳо аз ҷониби аксаришуарои кишвар ба таъкид дастгирӣ намудаанд. Дар баробари ин ҳама, шоири ширинкаломи тоҷик Нуруллоҳи Ориф дар ин маҷмуаи ашъор равзаеро бо номи «Чорбоғ» ба бонувони ҳунарманди тоҷик бахшидааст, ки саропо савту соз ва сузи занона дошта, ин ашъор аз ҷониби бонувон бо оҳангҳои марғуби мардумӣ манзури муштоқони зиёд гардидаанд. Ин чорбоғи шавқу шӯр фарогири чиҳил суруда буда, ҳар як суруд ҳамрози Ватан ва фарзандони фарзонаи он мебошад.
Шеърҳои «Гулхори Ватан», «Човандоз», «Баҳор омад», «Моҳи тобон», «Дер кадӣ», «Фархорибача» дар ҳавои савтҳои пуршӯри шавқӣ рӯи саҳфа омада, иҷрои ин таронаҳо аз ҷониби бонувони хушзавқи тоҷик саҳнаи ҳунарро гулбасар хоҳад намуд. Дар ин маҷмӯаи ашъор шеърҳои зиёде низ ҷой доранд, ки аз маҳорати баланди касбии шоир Нуруллоҳи Ориф мужда мерасонад. Барои далели ин гуфтаҳо шеъри пурмуҳтавои шоир «Парчами Коваёнӣ» (с-119)-ро манзури дидаву дил қарор хоҳам дод:
Парфишон парчам ба рӯи боми мо,
Рӯзи равшан з-ахтаронаш шоми мо.
Чун шакар, чун қанд андар сояаш,
Мазза дорад нони мо дар коми мо.


Кишварам, эй кишвари овозадор,
Парчамат бахшад ба кас зӯру мадор.
Ростӣ, бар мардуми бонанги мо,
Монд ин парчам зи Кова ёдгор.

Оре, шеър эҳсоси баланд ва фурӯғи шавқи шоир буда, аз тангнои синаи ӯ чун чашмаи поку зулол фаввора зада, мебарояд ва ҳамин нахли орзуву умед, дар чорсӯи тахайюлоти бадеӣ роҳи худро ёфта, номи шоирро ҳамнишини қалби ҳазорон хонандагони хушзавқ менамояд. То ба имрӯз номи пурарҷу пурэҳтироми Нуруллоҳи Ориф ба хонандагони тоҷик тавассути маҷмӯаҳои «Ишқи фаришта» (с-1993), «Рӯъёи сабз» (1996), «Сояи ашк» (1997), «Бӯсаи чашм» (1999), «Шароби оғӯш» (2001), «Намози ишқ» (2006), «Хуршед дар биёбон» (2006), «Нози Наврӯз» (2012), «Пайғоми офтоб» (2013), «Маскани хуршед» (2013), «Гули наврӯз» (2014), «Меҳан эй меҳан» (2014), «Хандаи завқ» (2014), «Мӯи борон»-(2013), «Фироқнома (2017), «Диёри ваҳдат» (2017), «Модарнома» (2017), «Исёни ишқ (2018), «Офтоби чеҳрахандон» (2020) ошно гардида, ашъораш дар қалби хонандагони зиёди хушзавқи тоҷик маскан гузидааст. Дар воқеъ, шеъри Нуруллоҳи Ориф содаву хушкалом ва хушоҳангу хушбаён буда, шоистаи ҳама арҷгузориҳо мебошад. ӯ сабк ва услуби хоси хешро дошта, касеро тақлид накардааст. Аз мактаби бузурги устодон Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Ашур Сафар, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Саидҷон Ҳакимзода, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Алимуҳаммад Муродӣ, Хайрандеш ва даҳҳои дигар сабақ омӯхта, роҳу равиши худро дорад. Дар баёни шеъраш дар «Шеъри сода» дар с-136 хеле хуб фармуда:

Шеъре, ки дилпазир аст,
Бояд, ки сода бошад.
То маст созадат, маст,
Ҳамранги бода бошад.


Ин аст шеъри сода,
Хоҳӣ, бихон, хато нест.
Лек илтиҷо, нагӯ, к-ин
Дархӯрди дарди мо нест.

Ин шеъри ноби шоир шояд дар ҳошияи шеъри шоири шаҳири тоҷик устод Бозор Собир, ки замоне гуфта буд:
«Аз содагии ман нест,
Шеъре, ки сода гуфта.
Худро ба мактаби худ,
Ман ёд дода гуфтам».

иншо гардида бошад. Вале воқеият ин аст, ки ин шеър бо ҳама содагӣ дар қолаби баланди шеъри тоҷикӣ иншо гардида, ҷойгоҳи пурарзишеро дар қалби хонандаи ҳушманд ёфтааст.
Имрӯз ин шоири покгавҳар ва хушбаёну хушкалом миёни хонандагони сершумори тоҷик соҳиби арҷу эҳтироми зиёд буда, ашъорашро даҳҳо ҳунармандони шинохтаи кишвар оҳанг баставу зам-зама менамоянд. Аз тамоми унвону мукофотҳои қаламдорони кишвар танҳо ва танҳо соҳиби як унвон мебошад. ӯ шоир аст. Шоири дардҳои меҳан, шоири розҳои ошиқон. Шоири эътибор ва шарафи ватандорӣ… Шоири базмҳои осмонкафи тоҷикона.
Ҷумъахони Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: