ЗАН-МОДАР ВА МАҚОМИ ИҶТИМОИИ Ӯ ДАР ЭҶОДИЁТИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА6-05-2021, 11:59
Хабарро хонданд: 2591 нафар
Назарҳо: 0
Шоири халқии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода дар таърихи ташаккулу такомули адабиёти навини тоҷикон нақши ҷовидонӣ гузоштааст. Ашъори ин шоири тавонои тоҷик аз мавзӯоту ҷанбаҳои муҳим таркиб ёфта, ситоиши зан – модар яке аз мавзӯъҳои асосии назми рӯҳнавозу дилпазири суханвар ба шумор меравад. Мирзо Турсунзода таҷрибаҳои эҷодии адибони классикӣ ва муосири тоҷику форс, ҳамчунин муҳимтарин равандҳои адабиёти ҷаҳониро ҳамаҷониба омӯхта, дар тасвири ҷаҳони зебоӣ ва тафаккуру андешаи зан муваффақ гардид, дурри маънӣ суфт ва ба иншои модарнома дар назми имрӯзи тоҷик асос гузошт. Ҳамчун раиси Кумитаи шӯравии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо ба Мирзо Турсунзода насиб гардид, ки ба кишварҳои гуногун сафар намуда, симои зан ва модари Шарқро ҳам бо ҳама латофату назокат, шарафу ѓурур, талошу пайкор ва ҳастии ибратомӯзаш дар зевари тасвир биёрояд. Нахустин шеъри ба ин мавзӯъ бахшидаи Мирзо Турсунзода «Ба модарон» ном дошта, шоир образи модарро ҳамеша офаринанда, ҷӯянда, созанда, фаъолу соҳибҳуқуқ, бофарҳангу соҳибмаърифат ва масъулиятшинос рӯйи коѓаз овард. Баъдтар ду шеъри Мирзо Турсунзода бо номҳои «Хайр, модари азиз!» ва «Ризои модар»дар айни шурӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1941 эҷод шуд. Шоир дар ин шеърҳо модарони тоҷикро ҳамчун занону бонувони диловару ватандӯст, ѓамхору вафодор ва мураббиву тарбиятгари ҷавонмардону далерон тасвир намудааст. Бисёр пуртаъсиру риққатовар аст, ки модар бо ризоиятмандӣ фарзанди дилбанди худро ба майдони корзор, ба арсаи ному нанг барои ҷасорату шуҷоат, диловарӣ ва ҳифзи Ватан равона менамояд. Шоир дар манзумаи «Арӯс аз Москва» модари тоҷикро дар муҳити нисбатан пурвусъату пурѓунҷоиши замони шӯравӣ тасвир менамояд, ки ба қабулу шинохти падидаву зуҳуроти сиёсиву иҷтимоии давр омода аст. Вақте писари ҷанговари ӯ ба духтари рус Елена дил баста, азми хонадорӣ мекунад, модар ризоият медиҳад ва шодиву хурсандии насли навро аз ҳама боло мешуморад. Бо ин шеър Мирзо Турсунзода зан ва модари тоҷикро бо замон мепайвандад ва ӯро аз гирифториҳои муҳити якнавохти пешина ба истиқболи тозакориҳо раҳсипор менамояд. Бояд таъкид сохт, ки солҳои 60-70-уми қарни ХХ Мирзо Турсунзода бештару ҷиддитар барои офаридани образи модар раѓбат карда, шеърҳои «Модарам» (1966) ва «Дасти модар» (1967)-ро эҷод кард. Ин шеърҳо мазмуни тарҷумаиҳолӣ дошта, ба зиндагии шахсии шоир иртибот пайдо намоянд ҳам, ҳамоно суханвар асоси маъниро ба тасвири манзараи муборизаву талоши кулли модарони тоҷик равона намуд. Дар шеъри «Дили модар» (1967) баробар ба ёдкарди ѓаму андӯҳ, инчунин нерӯмандии равонӣ ва ифтихору сарбаландии модарон баъди ҷанги хонумонсӯз равшан эҳсос мешавад: Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд, Ба сели ашк мешуд ѓарқ, манзил, манзили ман буд. Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд, Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд. Шеъри «Модарам» як бахши ҳолномаи шоири миллат аст. ӯ унсурҳои табиат ва ашёву ҳодисаҳоро ба сухан меоварад, то ки аз модари дар айёми хурдсолӣ гумкардааш нақл кунанд: Тифл мондам аз ту, модар, рӯи ту дар ёд нест, Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест. Дар суроѓат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чунки то имрӯз, модар, кӯи ту дар ёд нест. Шеърҳои модарномаро шоир комилан ба оҳанги ҳузнангез ба охир намерасонад, агар дар ибтидо як руҷӯъ ба гузаштаву ҳаводис намуда, маҳзунона сухан гӯяд, дар охир вақту замон ва муҳиту одамони некро дастгиру ҳамнаво мешиносад: Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам, Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам. Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман, Гӯямаш, ки: «Бош, то ҳастам, ба ҷои модарам! Дар «Дасти модар» симои наҷиби зани тоҷик бо тамоми хислатҳои шоёнаш ҷилвагар мешавад, ки дар ӯ қувваи навсозӣ, ҳаётбахшӣ, ташаббусу тадорук, илму фарҳанг, ишқу муҳаббат, оила, тарбияи фарзандон ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба зуҳур меояд: Бо ҳамон дасте, ки дар рӯи замин Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин. ...Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз. Устод Мирзо Турсунзода танҳо вассофи хусни расо ва зебоии зани тоҷик нест, балки шореҳу тасвиргари корномаҳои созандаву омӯзандаи ӯ ҳам ҳаст. Шоир занро гармиву ҳарорат ва нуқтаи меҳвари сохтанҳову бунёдкарданҳо мешуморад: Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодае дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри бардавом, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо. Дар ойинаи ашъори ѓиноии Мирзо Турсунзода зани некбахту хушиқбол ба ҳар кору амали нек бозтоб мешавад. Аз ин рӯ, шоир дар шеърҳои «Зан агар оташ намешуд...», «Чашми ман», «Дарди ман боло гирифт», «Дасти ту медонад», «Зан посбони оташ аст», «Кокулат», «Зан, зан аст», «Бӯи гул ояд зи ту» ва дигар шеърҳо беҳтарин, самимитарин, нафистарин, зеботарин ва пурмазмунтарин алфозро чун дурдонаҳо нисори ҳусну малоҳати зан месозад: Гар намешуд дасти зан, ҳусни замин пайдо набуд, З-ин сабаб гӯем занро маҳфилорои замин. Мавриди зикр аст, ки модарномаи Мирзо Турсунзода боиси эҷоди силсилашеърҳову модарномаҳои дигар шудааст. Ин таҷрибаи хуби устоди суханро шоирони дигар, амсоли Мирсаид Миршакар, Аминҷон Шукуҳӣ, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Гулрухсор, Фарзона, Камол Насрулло, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Озарахш ва адибони дигар бо шаклу шеваҳои муносиб ба сабки суханварии хеш идома бахшиданд. Дар баробари модарнома, инчунин шоир оид ба дунёи рангини ҷавонон, садоқату вафодорӣ, меҳру муҳаббат ва олами маънавии ошиқон як силсила шеърҳо эҷод кардааст. Дар шеъру сурудҳои «Дилбари шӯхи бефаранҷӣ», «Дар сари тасвир», «Ба гулбоѓи тоҷик», «Нишона дорад» ва амсоли ин навиштаҳо муносибатҳои шахсию иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ишқи поку беолоиш ва муҳаббати гарму самимона тасвир шудаанд. Дар шеърҳои «Хонаи мо он қадар ҳам дур нест», «Ситораи ман», «Қишлоқи шумо», «Ҳалқаи заррин», «Нақши пой», «Бо чашми ту», «Ситора наздик» ва дигар шеърҳо қаҳрамони лирикӣ мазҳабе ҷуз меҳру муҳаббати пок надорад. Ҳамчунин, шоир муҳимтарин меъёрҳои ахлоқу оиларо на чун муносибатҳои шахсӣ, балки ҳамчун ифодагари андозаву мавқеи иҷтимоӣ тасвир мекунад: Туро сад бор гуфтам, ки ѓуломат ман, ҳамин кофист, Фидои як каломат, як саломат ман, ҳамин кофист, Навиштам, пахш кардам муҳр, мондам даст бегуфтор Ҳаётамро, мамотамро ба номат ман, ҳамин кофист. Қаҳрамони ѓиноии шеъри «Ҳамин кофист» ошиқи ҷавон нест, балки марди солор ва соҳибрӯзгорест, ки бо гузашти айём ва дидани таҷрибаҳои зиёди зиндагӣ ба худ хулосаҳои зарурӣ бароварда, мувофиқи он рафтор мекунад. Ба ибораи дигар, садоқату самимият ба зан эътиқодномаи ҳаёти оилавии ӯ гардидааст. Бино бар он вай талхию шириниҳои ҳаёт ва мазмуну моҳияти зиндагиро бе ёри худ тасаввур карда наметавонад: Ту донӣ феълу атвори ѓуломон шӯру исён аст, Шикастан, пора кардан кундаву занҷири зиндон аст. Чу рӯди кӯҳ ҷӯшида, хурӯшида бурун рафтан Зи қаъри тангно, омоли озодипарастон аст. Сохтор, мазмун, мавзӯъ ва муҳтавои силсилашеърҳои «Бо чашми ту» низ ба оиладорӣ бахшида шудааст. Шеърҳои «Ситораи наздик», «Гарди роҳ», «Бо чашми ту», «Афсӯс, ки накардӣ имтиҳонам...», «Садои пошна» аз рӯи мундариҷаи ѓоявӣ ва шакли бадеӣ бозгӯи омӯхтаву андӯхтаҳои фикриву ахлоқӣ ва иҷтимоии марду зани мӯнису ѓамхор, меҳрубону ѓамгусор мебошанд. Дар ин шеърҳо зану шавҳар аниси ҳамдигаранд, ки хислату рафтори якдигарро омӯхта, дар такмили ҷаҳони ботиниву маънавияти якдигар саҳм мегузоранд. Устод Мирзо Турсунзода дар ҳақиқат шоири миллии мо аст, дар шеъри ӯ зану модари тоҷик на фақат ботинан, балки аз назари зоҳирӣ ҳам милливу шарқист. Аз ин хотир, ӯ ҳанӯз соли 1938 дар шеъри «Ба дилбар» либоси атласро хоси нозанинони тоҷик номида буд: Эй духтари нозанини қадрас, Зебанда туро либоси атлас. Дар шеъри «Садои пошна» шоир бори дигар ба образи духтари тоҷик муроҷиат мекунад, ки ҳусни зоҳирии ӯ аз зебоии олами ботиниаш хабар медиҳад ва унсурҳои чеҳраи қаҳрамон– «чиҳил кокул», «куртаи атлас» ва «сурхии рӯ» симои ӯро пурратар мекунад: Дар ашъори Мирзо Турсунзода боз даҳҳо образи духтару бонуи тоҷик инъикос ёфтааст, ки он на танҳо ифодагари шахсияти алоҳида, балки қувваи ободкори мамлакат, осудабахши рӯзгор ва такмилдиҳандаи ахлоқу зеҳнияти миллат аст. Чи тавре ёдовар шудем, устод Мирзо Турсунзода ҳамчун мунодии сулҳу дӯстӣ нисбат ба тақдири халқҳои Шарқ беэътино набуда, дар ашъори худ ба тасвири ҳақиқати халқу миллатҳои дигар, бахусус, мардуми Ҳиндустон пардохтааст. Соли 1947 устод ба Ҳиндустон сафар карда, муддати як моҳ бо муҳити рӯзгори ҳиндувон ошно гардид ва ҳосили ин сафар силсилашеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» аст. Бегумон, достони лирикию эпикии «Духтари муқаддас» низ нишоне аз ҳамин сафар буда, шоир рамзу розҳои духтари адолатхоҳи ҳиндуро, ки аз гапу кори ҷаҳон огоҳ аст, ташреҳи бадеӣ медиҳад. Дар достон масъалаи ба ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дахолат кардан, дарки нобаробариҳои иҷтимоӣ, барҳам додани онҳо барои сулҳ ва дӯстии халқҳо, муборизаи зидди ҷанг ва ноиттифоқии давлатҳо бархостани занони ҳинду нишон дода шудааст. Мирзо Турсунзода сифатҳои нави занони ҳиндуро, ки таҷассумгари симои маънавию сиёсӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии онҳо мебошанд, ба қалам овардааст: Духтари ҳинду адолатхоҳ шуд, Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд. Ҷустуҷӯ мекард он инсофро, Осмони софи кӯҳи Қофро. Дар достон шакли тасвири образи духтари муқаддас ба усули нақлӣ сурат гирифта, шоир бештар ба олами ботинии қаҳрамон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Задухӯрди ботинӣ, зиддиятҳои олами рӯҳии қаҳрамонро, ки боиси таѓйироти куллии фикру андеша ва тарзи ҳаёти ӯ шудаанд, бо ҳунари шоири тавоно такмил меёбанд. Яке аз асарҳои дигари ба зан бахшидаи Мирзо Турсунзода, достони «Ҷони ширин» мебошад, ки ин достон аз асарҳои маъруфи Мирзо Турсунзода ба ҳисоб рафта, дар маркази руҷӯъҳои лирикии шоир зан қарор мегирад, вале мавзӯи аслӣ Шарқ, озодӣ, истиқлолияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳ ва дӯстии халқҳо маҳсуб меёбад. Достон монологи лирикӣ буда, Мирзо Турсунзода дар он ба таърихи миллат ва ба тараққиёти маънавии халқ дар замони муосир таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Хонандаи достон шахсияти аслии шоир ва мақоми байналмилалии ӯро дарк мекунад, ки хонаи ӯ қадамгоҳи бузургони олам аст. Шоир ходими бузурги ҷамъиятӣ, муборизи матини роҳи сулҳ, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстии миллатҳои гуногун мебошад. Фарзанди ҷаҳонгаштаи тоҷик дар ин сафарҳо имрӯзу гузаштаи миллати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда, нақши виҷдониву имонии худро ҳамчун қаҳрамони Ватан дар ақсои олам ба некӣ ёдгор гузоштааст. Бо ин ҳама бузургӣ боз ҳам ба лутфу назокат ба зан, ба олиҳаи зиндагӣ рӯй оварда, маъсумона бо дили пурмеҳр хитоб мекунад: Чони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам, Боз дар наздат ба парвоз омадам. Ҳамин гуна, мавзӯи зан ва модар як бахши рангину ҷолиби ашъори устод Мирзо Турсунзода буда, дар онҳо тамоми паҳлӯҳои зиндагиву фаъолиятҳои созандаву ибратомӯзи бонувон тасвирпардозӣ шудааст. Шоири озодандешу ҳушманд, дурбину фардонигар, донову огоҳ, муҳимтар аз ҳама, таҷрибаандӯхтаву сабақи ҳаётбардошта рисолати инсонии худ мешуморад, ки ҳастии ҷаҳонсози занро зебову рангин, пурармону орзуманд ва покмаҳзар рӯи коѓаз оварад. Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо талошҳои омӯзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сарчашма ба афкору бузургони илму адаби миллат дорад, мақоми зан дар ҷомеаи навини кишвар бамаротиб боло рафт. Пешвои миллат борҳо дар Паёмҳои хеш ба Маҷлисии Олии мамлакат ва муроҷиатҳои худ ба мардуми ҷумҳурӣ аз мақоми волои занону бонувон дар ҷомеа, қабули барномаҳои давлатӣ ва қоннуҳои ба дастгирии занон ва фаъолияти пурсамари онҳо нигаронидашуда ёдовар мешаванд. Далели равшани ин гуфтаҳо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа» мебошад, ки 3-юми декабри соли 1999 ба тасвиб расидааст ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» мебошад, ки соли 2004-ум қабул гардидааст. Ҳамчунин, аз соли 2009 инҷониб бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми март Рӯзи Модар эълон гардидааст. Дар маҷмӯъ, бо боварӣ метавон гуфт, ки дар таърихи гузашта ва навини тоҷик зан-модар ҷойгоҳи баланд дошта, шоирону бузургонаш барои гиромидошти ӯ хидматҳои шоистаро анҷом медиҳанд. Дар ин маврид баробари дигар хидматҳои шоён модарнома ва ашъори ба бонувон бахшидаи устод Мирзо Турсунзода шоистаи арҷгузорист. Ашъоре, ки дар баробари тасвири беҳамтои зан, меҳри поённопазири модар ва ҷилваҳои нотакрори латофату назокати бонувон, бедории иҷтимоиву сиёсии занони тоҷик занони Шарқ ва ба арсаи корномаҳои бузурги иҷтимоӣ қадам ниҳодани онҳоро бо маҳорат ва ҳунари олии шоирона ба қалам овардааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.