Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Эраҷ Мирзо: Мунтақиди ҳиҷоб, вассофи модар

Эраҷ Мирзо: Мунтақиди ҳиҷоб, вассофи модар

16-04-2018, 09:55
Хабарро хонданд: 575 нафар
Назарҳо: 0
Эраҷ Мирзо: Мунтақиди ҳиҷоб, вассофи модар
Номи ин шоири тавоно ва аз дурдонаҳои баҳри беканори шеъру адаб, ҳамакнун ду сада боз дар ҷойгоҳи намоён, дар дилу дар забонҳо аст.
Эраҷ Мирзо бо вуҷуди ин ки чандон умри дароз надида, дар 52 - солагӣ аз дунё гузашт (октябри соли 1874 дар Табрез таваллуд шуда, 14 марти соли 1926 бар асари хурӯҷи сактаи дил дар Теҳрон фавтид) аз худ мероси пурарзишу мондагор гузошт.
Зиндагии шоир ба охирҳои даврони ҳукумронии қоҷор ва аввалҳои замони ҳукмати паҳлавӣ рост омада ва худи ӯ шоҳиди ҳодисаҳои муҳими таърихӣ ва сарнавиштсоз барои мардуми Эрон шудааст.
Ин нукта ҳам далеле аз маҳорату шуҳрати ӯст, ки дар нуздаҳсолагӣ ба унвони шоир дар дастгоҳи валиаҳд мансуб шуда буд ва барои идҳо ва маросимҳои расмӣ шеър месуруд. Шоир ҳамчунин лақабу тахаллусҳои «Саъдии даврон», «Ҷалолалмамлук», «Фахрашуаро»-ро дошт. Шоирӣ танҳо пешаи ӯ буд ва дар сабки навишти ғазал ва ҳаҷв эҷод мекард.
Э.Мирзо аз ҷумлаи шоирони барҷастаи даврони машрутият (охирҳои давраи ҳукмронии қоҷориҳо ва аввалҳои замони ҳокимияти паҳлавиҳо) дар Эрон ва аз пештозони раванди навсозӣ дар адабиёти форсӣ буд. Муҳаққиқони адабиёти форсӣ ашъори ӯро дар қолабҳои гуногун ва сурудаҳои арзишмандтарин ашъор бо мазмунҳои интиқодӣ, иҷтимоӣ, эҳсосӣ ва тарбиятӣ донистаанд. Шеъри ӯ сода, равон ва гоҳе дарбаргирандаи вожаҳову гуфторҳои омиёна ва аз осори таъсиргузор дар давраи машрута ба шумор меравад.
Асарҳои барҷаста ва пуровозааш маснавиҳои «Орифнома», «Заҳро ва Манучеҳр» ба унвони асарҳои бо диди нав ва нафаси тоза навишташуда дар адабиёт шинохта шудаанд.
Шахсияти шоир ҳам чандон сода набуд, зеро ӯ фарзанди садрушуаро Ғуломҳусайн Мирзо, нава (набера)-и Эраҷ писари Фатҳалишоҳ ва аз пайвандони Фатҳалишоҳи Қоҷор буд. Дар мадраса ва дорулфунуни Табрез таҳсил карда, онҷо муқаддамоти забонҳои арабӣ ва фаронсавиро омӯхт. Вақте амири низом Гарсавӣ мадрасаи Музаффариро дар Табрез таъсис кард, Эраҷ Мирзо ба симати муовини мудири он мансуб шуд. Ҳамзамон масъули моҳномаи «Варақа» -нашрияи донишҷӯёни Табриз буд. Тавре ишора шуд, дар 19-солагӣ лақаби «Эраҷ ибни Садрушуаро»-ро гирифт. Дар солҳои дигар дар Вазорати маориф, идораи гумрук, вазорати кишвар (корҳои дохилӣ) дар остондории Исфаҳон хидмат кард. Шоир забонҳои туркӣ, форсӣ, арабӣ, фаронсавӣ ва русиро медонист.
Эраҷ ба он гурӯҳе аз шоҳзодагони қоҷор тааллуқ дошт, ки агарчи дар ҳукмронӣ бар кишвар саҳм муассире надоштанд, вале бо вуҷуди ин ашрофияти худро ҳифз карда буд.
Шоҳони қоҷорӣ Оқомуҳаммадхон, Фатҳалишоҳ, Муҳаммадалишоҳ, Носириддиншоҳ, Музаффариддиншоҳ, Муҳаммадалишоҳ, Аҳмадшоҳ байни солҳои 1161- 1304 шамсӣ-қамарӣ дар қаламрави Эрон ҳокимият мекарданд.
Касоне, ки шоирро аз наздик мешинохтанд, гуфтаанд ки ӯ дар зиндагии рӯзмара марди матин ва бовиқор буд, дар ҷамъи умум ба лафзи қалам сухан мегуфт, аммо ҳангоми ҳузур дар маҳфилҳои хусусӣ ва дар миёни дӯстон ин ҳарим ба якборагӣ аз миён мерафт ва ба базлагӯӣ мубаддал мешуд. Як донишманди ховаршиноси рус, ки дар замони ҳаёти Эраҷ Мирзо ӯро дидааст, дар борааш навишта, ки «марде буд сиёҳчеҳра ва лоғарандому миёнақад, дар рафтору гуфтораш шакибоӣ (таҳаммул) ва бурдборӣ эҳсос мешуд, вақте шеърҳои худашро мехонд, ҷон мегирифт…»
Эраҷро якҷо бо Маликушшуаро Баҳор баландтарин садои шеъри давраи машрута медонанд. Бар хилофи Баҳор, ки аз зовияи меҳанпарастӣ ба машрута менигарист, Эраҷ бештар аз дидгоҳи як намояндаи табақаи буржуазӣ ва як ашрофзода мунтақиди муносибатҳои иҷтимоӣ буд. Зимни инки тӯдаи мардумро фоқиди (бе)шуури сиёсӣ ва дарки иҷтимоӣ медонист, дурӣ аз хатари дарафтодан бо қудратмандон ва пайравӣ аз маслиҳатро барои дӯстон тавсия мекард:
Раъоё ҷумлагӣ бечорагонанд,
Ки аз фақру фано оворагонанд.
Тамом аз ҷинси гову гӯсфанданд,
На озодӣ на қонун меписанданд.
Барои ҳамчу миллат, ҳамчу мардум
Набояд кард ақли хешро гум.
Бо вуҷуди он ки ӯ ба шоҳзодагиаш мефахрид, вале абёте низ дар нақду бадгӯйи Муҳаммадалишоҳ ва Аҳмадшоҳ аз ӯ боқӣ мондааст. Дар баробари ин муҳаққиқони осораш бар ин назаранд, ки шоир фориғ аз ҳаб, буғзу таассуби беҷо маниши равшанфикрӣ ва озодандеширо пешаи худ сохта буд, то ҷойе, ки дар ошӯби Муҳаммадтақихон дар соли 1921(фармондеҳи охирҳои давраи қоҷориҳо), аз мушвирони ӯ ба шумор мерафт. Шоир дахолати боэҳтиёт дар сиёсатро то ҷойе раво медонист ва пиндораш ин буд, ки чунин дахолат ба манфиатҳои шахсӣ набояд латма хӯрад.
Эраҷ Мирзо агарчи як марди боимон буд, аммо дар баробари ҳиҷоб мавзеи сахте доштааст. Ин мавзеъро метавон ба осонӣ дар шеъри «Корвонсаро» мушоҳида кард:
Дар сардари корвонсаройе,
Тасвири зане ба гаҷ кашиданд.
Арбоби амоим ин хабарро,
Аз мухбири содиқе шуниданд.
Гуфтанд, ки «вошариато, халқ
Рӯйи зани бениқоб диданд».
Осемасар аз даруни масҷид
То сардари он саро давиданд,
Ин об оварду он яке хок
Як пича зи гил бар ӯ буриданд.
Номуси ба бод рафтаеро
Бо як, ду,се мушт гил хариданд.
Чун шаръи набӣ аз ин хатар ҷаст,
Рафтанду ба хона орамиданд.
Ғафлат шуда буду халқ ваҳшӣ
Чун шери даранда меҷаҳиданд.
Бепича зани кушодарӯро
Почини афоф медариданд.
Лабҳои қашанги хушгилашро
Монанди набот мемакиданд.
Билҷумла тамоми мардуми шаҳр
Дар баҳри гуноҳ метапиданд.
Дарҳои биҳишт баста мешуд
Мардум ҳама меҷаҳаннамиданд…
Дар ҷо-ҷойи девони шоир аз ин мавзӯъ сухан рафта ва ҳамин мавзеъ боиси мухолифати ду гурӯҳи мутафовит бо шоир ва афкори ӯ шудааст: гурӯҳе, ки ба далели тамоилоти мазҳабӣ бо Эраҷ мухолифати усулӣ ва ақидатӣ доштанд ва гурӯҳе, ки ба лиҳози сиёсӣ ба дунболи фурсате барои зарба задан ба ӯ буданд. Ба ҳар ҳол бо рӯйи кор омадани ҳукумати ғайримазҳабии Ризошоҳ, гурӯҳи дуввум аз ҷамъи мухолифонаш ҷудо ва тарафдори худи ӯ шуданд.
Шоир дар яке аз ҳаҷвномаҳояш ба рӯҳониёни қишрӣ ва риёкор ба шиддат метозад, вале дар айни ҳол уламои ҳақиқиро аз ин ҷамъ истисно мекунад: « … Дар Эрон то бувад муллову муфтӣ, Ба рӯзи бадтар аз ин ҳам бияфтӣ. Фақат як вақт як озода бинӣ, Яке чун оятуллоҳзода бинӣ».
Дар навиштаҳои пажӯҳишгарони осори Э.Мирзо омадааст, ки ӯ мунтақиди авзои ҷомеаи суннатии замонаш буда, ба осонӣ бо забони мутойиба ва ҳаҷв аз бархе аз русуми эрониён (монанди аз ҷой хестан пеши ашхосе ҳангоми ворид шуданашон ба маҳфил ва ё маҷлисе) интиқод мекард:
Номи ин рамро чу нодонон адаб бинҳодаанд,
Бештар аз соҳибони симу зар рам мекунанд.
Гар вазире аз дар ояд рам муфасал мешавад
Дигар онҷо аҳли маҷлис муътабар рам мекунанд.
Дар Тоҷикистон Э.Мирзо аз гузаштаҳои дур ба унвони шоири ашъори кӯдакона бештар шинохта мешуд. Дар ҳақиқат ӯ ҳамроҳ бо Сайид Ашрафиддин Ҳусайнӣ (маъруф ба Гелонӣ), мудири рӯзномаи «Насими Шимол» ва Мухайирсалтана Ҳидоят аз аввалин шоироне аст, ки шеърҳоеро ба таври хос барои кӯдакон сурудаанд. Шеърҳое чун «Шавқи дарс хондан», «Меҳри модар», «Кулоғ ва рӯбоҳ», «Хирс ва сайёдон», «Орзуи хари думбурида», «Ду нафар дузд харе дуздиданд», «Насиҳат ба фарзанд», «Мо, ки атфоли ин дабистонем» аз намунаҳои ашъоре ҳастанд, ки мазмуни дилнишин ва ҷазобро бо забони бисёр сода ва равон баён мекунанд.
Вай чандин шеър дар эҳтиром ба модар низ дорад: «Қалби модар» (бо матлаи «Дод маъшуқ ба ошиқ пайғом, Ки кунад модари ту бо ман ҷанг…» ва «Меҳри модар» аз маъруфтарин ашъор дар бораи эҳтироми модар ҳастанд:
Гӯянд маро чу зод модар,
Пистон ба даҳон гирифтан омӯхт.
Шабҳо сари гоҳвораи ман
Бедор нишасту хуфтан омӯхт
Дастам бигирифту по ба по бурд
То шеваи роҳ рафтан омӯхт.
Як ҳарфу ду ҳарф бар забонам
Алфоз ниҳоду гуфтан омӯхт.
Лабханд ниҳод бар лаби ман
Бар ғунчаи гул шукуфтан омӯхт.
Пас ҳастии ман зи ҳастии ӯст
То ҳастаму ҳаст, дорамаш дӯст.
Ҳар шахси ноошно бо осори шоир пас аз хондани фақат ин шеър, ки замоне дар миёни шогирдони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ҳам маҳбуб ва машҳур буд, бузургӣ ва истеъдоди ӯро эътироф мекунад. Оре, ашъори мондагори ӯ, ки зиёда аз 120 сол пеш гуфта шудааст, таровату маънои имрӯзро дорад ва бо содагию мазмуни баланди худ барои тарбияи сли муосир ҳам бешубҳа таъсир мегузорад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: