Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чаро меъёрҳои хубро гум мекунем?

Чаро меъёрҳои хубро гум мекунем?

28-04-2021, 16:30
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
Барои андеша

Чаро меъёрҳои хубро гум мекунем?
Зиндагонии инсонро меъёрҳои муайяни иҷтимоӣ ба танзим медароранд.
Ин меъёрҳо кай ба вуҷуд омаданд, шояд дақиқан маълум набошад.
Вале инсон ҳамеша дар тобеияти ин меъёрҳо зиставу мезияд ва хоҳад зист.
Меъёри он, ки зан бояд оташи ғорро (баъдан хонаро) нигаҳ дораду таҳияи хўрок, тозагӣ, зодан ва тарбияи тифлро инсоният аз замонҳои хеле қадим ёд дорад. Вале онро кӣ, кай ва чаро муқаррар кардааст, касе намедонад. Зеро он вақт на динҳо буданду на қонунҳо, на шоҳ буду на гадо, вале вақте мард ба шикор мерафт, зан хонаро нигоҳубин мекард. Ин меъёр шуд.
Даврони ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ, сотсиалистӣ ва ҳатто демократияи пурсару садо низ, меъёрҳои хоси худро доштанд ва доранд.
Ҳарчанд меъёрҳо гўё барои як даврае барои ҳама баробар таъйин мегарданд, вале ҳамеша касе ёфт мешавад, ки онҳоро риоя намекунад. Вайрон мекунад.
Барои ҳамин, баъди тараққӣ кардани ҷамъият, барои мустаҳкам ё ҳатмӣ кардани меъёрҳо қарору қонунҳо ба вуҷуд омаданд.
Сарварони Қабилае барои ба даст гирифтани ихтиёри гурўҳи одамон қарореро қабул ва миёни аъзои қабила роиҷ гардонида, баъдан риояи онро талаб карданд. Ҳамин тариқ, меъёрҳо шакл мегирифтанд ва мустаҳкам мешуданд.
Баъдан, бархе аз онҳо ба ҳукми қонунҳои шаръӣ омехтанд ва ахлоқу рабту низоми ҷомеаро муқаррар карданд.
Рафторҳои иҷтимоиро ташаккул доданд ва ҷомеаҳо бар ҳар тарзу шакл дар ҷаҳон ба ҳукми анъанаву маросим ё талаботи иҷтимоӣ аз онҳо муқаррароти ҳатмии зист ва ҳамзистиро қабул карданд. Аммо таҷрибаи ҳаётӣ нишон медиҳад, ки бархе аз меъёрҳо хеле зуд тағйир меёбанд, вале баъзе аз онҳо нисбатан сахтҷонтаранд.
Агар ба меъёрҳои ахлоқии замони на чандон дури ҳамин 50 сол пештар бингарем, фарқ дар ҳамин ним аср хеле зиёд аст, чӣ расад ба дигар асрҳо?
Масалан, дар ҳамин давраи фавқуззикр танҳо бо як назари сатҳӣ, агар ба оддитарин ченакҳои қабули ҷомеа дар рўзгори хонаводаҳо бингарем, тағйирёбии онҳоро метавон ба чандин сабаб, таъсири рушди иҷтимоӣ, ҷаҳонишавӣ, технологияи пешрафта ва ё шикастани қолабҳои шахшудаи иҷтимоӣ (стеретипҳо) баҳогузорӣ кард.
ОИЛА
Масалан, дар оила то 15-20 сол муқаддам, талоқ як айби калон маҳсуб мегашт. Агар ба қабули ҷомеа аз ин амал каме пештар бозгардем, он гуноҳи вазнин шумурда мешуд.
Агар аз лиҳози шариат ба талоқ бингарем, меъёрҳои он тағйир нахўрдаанд.
Яъне, талоқ аз лиҳози шаръӣ ҳанўзам "бадтарин ҳалол" эътироф шудааст. Ин ҳамон маъниро дорад, ки ҳарчанд шариат ба талоқ иҷозат додааст, вале онро бадтарин амал гуфтааст.
Мусалмони комил дар ҳолати истисноӣ ба ин иҷозаи шаръӣ бояд рў биёрад. Аммо талоқ имрўз дар ҷомеаи мо ончунон як амали одӣ ва паҳнгашта шуда, ки гоҳо ақди никоҳи ҳанўз басташнашударо ҳам талоқ таҳдид мекунад. Яъне чӣ? Масалан духтари сабукпойе, ки барояш як бор тўй кардан гўё "обрўяш" медиҳад, дақиқан медонад, ки бо ҳамон ҷавон зиндагӣ намекунад, вале барои намоишкорӣ дар ҷомеа бо вай маросими тўй барпо мекунад. Баъди 1, 2, 3 ҳафта ё ҳатто баъди чанд рўзе чунин оила аз ҳам мепошад. Ва ҳаминро ҷомеа ончунон нодида мегирад, ки чунин шакли «раҳоӣ» аз гапу калоча хеле маъмул гаштааст.
Ҳарчанд хеле суст гаштани пояҳои оила ва ё беқадр шудани никоҳ, ки ҳам хатари иҷтимойӣ ва ҳам шаръӣ дорад, торафт афзоиш меёбад, меъёрҳои зиёди пешин шикаста мешаванд.
Ҳарчанд Ҳукумат бо эълон кардани "Соли оила" ин раванди номатлубро пешгирӣ карданӣ шуд, аммо ҳисоботҳои бардурўғи ниҳодҳои зидахл аз чораҳои мушаххасу муассир дар он давра зўртар баромаданду ин мушкилот боқӣ монд. Як мисол меорам. Ҳадс мезананд, ки тўли соли 2015 миёни Кумитаи занҳо ва ниҳодҳои он дар маҳал бо Идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳатто бархе аз судҳо "маслиҳат"-е шуд, ки барои ҳисоботҳои талоқро камтар кардан, тўли ҳамин соли эълоншудаи оила сабти талоқро барои муддате мавқуф гузоранд. (Боз менолем, ки ихтироъ ва бозёфтҳои усули кор надорем).
Чанд касе он солҳо гуфта буданд, ки бояд то соли нав сабр кунем, то баъдан хати талоқ бигирем, чун "Соли оила " аст. Хандаовар? Не ! Риққатовар!
Албатта сабаб ва заминаи талоқҳо гуногунанд ва омилҳои зиёди мусоидгар ба онҳо мутобиқи давру замон тағйир меёбанд, вале бадбахтӣ дар он аст, ки талоқ акнун тибқи қабули аксариҳо дар ҷомеа дигар на айб асту на убол.
Хонаҳои зиёде ба сабабҳои ночиз вайрон мешаванд, тақдирҳои зиёде чи аз марду чи аз зан месўзанд, вале ин раванд чун дар Ғарб дигар бебозгашт аст. Меъёрҳои шарқии нигаҳдошти оила торафт вайронтар мешаванд ва онҳо маъмулӣ мегарданд.
АХЛОҚ
Дар масъалаи ахлоқи наку ё писару духтари ба одоб ҳам меъёрҳо хеле тағйир хўрдаанд.
Бадахлоқии фарзанд дар оила ҳамагӣ чанд даҳсола пеш ин сари хам, обрўйи рехта, забони кўтоҳ ва беэътибор гаштани шаъни хонадонҳо маҳсуб мегашт. Акнун меъёрҳои ахлоқие, ки касе расман онҳоро бекор эълон накардааст, куллан дар ин самт тағйир ёфта истодааст, вале аз ҷониби иҷтимоъ ягон вокунише дида намешавад. Барои он ки ба ҷойи аввал акнун дигар афзалиятҳо бароварда шудаанд.
Агар масалан 30 сол пеш волидеро барои дарсгурезӣ, нодонӣ ё ягон беодобии дигари фарзандаш ба мактаб даъват мекарданд, онҳо худро назди ҳақу ҳамсоя шарманда ҳисоб мекарданд. Зеро ин маънои аз уҳдаи тарбияи фарзанд набаромадани онҳо буд. Аммо имрўз дар ҳоле, ки ин меъёри ахлоқӣ мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд» ба ҳукми қонун даромадаасту барои бадахлоқии фарзанди ноболиғ ба волидон метавонанд парвандаи ҷиноятӣ боз кунанд, на танҳо фарзардон, ҳатто волидонро ин кам ба ташвиш меорад.
Акнун дар бархе аз макотиб талабаҳо на танҳо муаллимро ҳурмат намекунанд, дарс намехонанд, ҳамдигарро дашном медиҳанд, тирезаи мактабро мешикананд ё ҳамдигарро озор медиҳанд, балки муаллимро таҳдид кардан, задан ва ҳатто кордкашиву одамкушӣ ҳам мекунанд. Аммо баъд аз ин, ҳам волидони онҳо бо сари баланд миёни ҷомеа мегарданд. На мактабу муаллимро, балки фарзанди худро пуштибонӣ мекунанд. Инчунин, рафтор, агар аз як тараф ба дигар талабаҳо таъсири манфӣ расонад, аз дигар тараф беобрўйгадонии ахлоқ, маърифат, дониш ва рафторҳои неки инсонӣ дар ҷомеа аст. Аммо гўё касеро парвое нест.
Дар бораи шарму ҳаё ва ё чи гуна будани рафторҳои як ҷавонписар ё духтари қадрасе ҳам талаботҳои иҷтимоӣ дигар гаштаанд.
Масалан, солҳои пеш як духтар, агар дар мазҳари ом ба як ҷавоне мулоқот медошту гап мезад, (на дастобадасту оғўш ба оғўш чун дар поркҳои имрўз) ин айб ҳисоб мегашт. Волидон худро беобрў ҳисоб мекарданд. Имрўз бархе аз волидони машриқзамин ҳам чун ғарбиён медонанд, ки духтарашон бо дигар ҷавоне солҳо чун ошиқу маъшуқ бо ҳам буд, вале рўирост чашм пўшида, ҳатто вайро ба дигар кас чун арўси хушахлоқ пешкаш месозанд. Бо ин амалашон онҳо ба беҳаёӣ дар ҷомеа мусоидат кунанд ҳам, инро ҳамчун рафтори муосир баҳо медиҳанд. Пас, ин меъёри ахлоқӣ, яъне ҳаёи духтарӣ дигар муайянкунандаи хулқи ҳамидаи духтарон нест? Пас, шарму ҳаёи иҷтимоӣ акнун меъёршикаста гаштааст.
Аҷибаш ин аст, ки касе намехоҳад духтари бошарму ҳаё, хушахлоқу поктинат тарбия кунад. Аммо ҳама чунин келин доштан мехоҳанд. Аз куҷо?
Одамон меноланд, торафт келини хуб ёфтан душвор мегардад. Пас бояд аҳли ҷомеа духтари хуб тарбия кунанд. Ё не? Охир меъёрҳои ахлоқӣ бо чунин роҳ нигоҳ дошта мешаванд.
Агар барои волидон давраҳои пештар як рақс кардани духтарашон дар тўй айб ҳисоб мешуд, имрўзҳо замину замон на танҳо аз раққосаҳои клубҳои шабона, раққосаҳои тарабхонаҳову маъракаҳо пур шуда, балки дар тўйҳо дигар ҷойи поймонӣ ҳам намемонад. Яъне, ҳаё чи дар пўшидани либос, сухан гуфтан, рафторҳо дар ҷойҳои оммавӣ, маъракаву ҷашнҳо, чи дар шаҳр ва чи дар деҳот меъёрҳои пешинро гум кардааст. Кор то ҷое расидааст, ки ба қавли мардум аксаран забони дузду ғар дароз гаштааст.
Ҳатто имрўз, вақте дар бораи дигар шудани меъёрҳои ҷинсӣ ё ба қавле ҳамҷинсгароӣ агар сухан равад, хориҷиён моро ба таҳаммулпазирӣ даъват карданӣ мешаванд. Бо баҳонаи он ки ин барои ғарбиён торафт як кори маъмулӣ шудан дорад. Аммо ҷомеаи мо бояд расму оин ахлоқ ва суннатҳои хешро нигоҳдор бошад.
Нашавад рўзе, ки барои никоҳи ҳамҷинсгаройӣ иҷоза пурсанд? Зеро аз зиёд гаштани онҳо дар ҷомеа ҳанўз бонги изтиробе нест. Хатар ин аст, ки меъёрҳо аввал ноаён ба рўзгори одамон ворид мешаванд ва баъдан шакл гирифта қолаб мешаванд
Ҷамъияти имрўзӣ, ки зери фишори мағзшўйии чандтарафа қарор дорад, дар ин тўфони иҷтимоии иттилоотӣ, тариқи интернет ва тамоми имкониятҳои мухобиротӣ, хеле осебпазир аст.
Аз он замоне, ки таҳқир, туҳмат, беҳаёӣ ва фитнаангезии бадхоҳони мо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ саросарӣ ва расонаӣ гашт, дар бораи ҳаё, имон, виҷдон ва нигаҳдошти меъёрҳои ахлоқӣ сухан гуфтан мушкил гаштааст, чи расад ба пандпазирии насли имрўз.
Ахлоқи хуб ҳеҷ гоҳ қимати хешро гум намекунад.
Мо оилаҳои зиёди хуб, ки фарзандони хуштарбияву боодоб доранд, ҳанўз ҳам дорем. Вале нигаронии мо аз гум шудани меъёрҳои хубе, ки махсусиятҳои зиндагонии мо шарқиёнро дар ҷаҳон нишон медод, сарчашма мегирад. Метарсем, ки рўзе дер нашавад.
Ашхоси калонсоли ҷомеа ҳамеша посдорони суннатҳои хуби пешиниён ва нигоҳдорандаи меъёрҳои ахлоқии имрўзаанд.
Вале, мутаассифона, имрўз эҳтироми калонсолон низ, ки як меъёри ахлоқӣ буд, торафт каму камтар мегардад.
Пирони рўзгорро хеле кам ба нишони арҷгузорӣ ба маъракаҳо даъват мекунанд, то бо таҷрибаи зиндагонии хеш ба насли ҷавон намунаи ибрат бошанд.
Онҳоро дар телевизионҳо қариб, ки ба суҳбатҳо даъват намесозанд, то ягон гуфтаашон барои дигарон панд бигардад.
Онҳоро чун фардони бовиҷдони ҷомеа сипосгузорӣ ё қадршиносӣ намекунанд, то ҷавони имрўза бидонад, ки хулқу рафтори хуб, поквиҷдонӣ ва меҳнатдустӣ то охири умри одам, ўро муътабар нигоҳ медорад.
Албатта, ба ҷавонон имконияти рушд додан кори хайр аст. Вале ин маънои онро надорад, ки меъёрҳои то имрўз нигоҳ дошта ва муътабар гаштаи иҷтимоиро, ки онҳо пойдевори ахлоқи ҷомеаанд, дар баробари калонсолон "гўронд".
Агар муаллим, олим, ҳунарманд, соҳибкасб ва инсони хушхулқи имрўз қадру қимат ёбад, меъёрҳои солиёни зиёд нигоҳ доштаи мардуми мо, ки ахлоқи иҷтимоиро нигаҳдорандаанд, пойдор хоҳад монд. Вагарна тақлид ба фарҳанги зисти бегонагон, ки нишонаҳои зиёдашро мо ҳар рўз мебинем, сари беҳтарин арзишҳои моро мехўранд.
Имрўз, ки бетарафӣ дар ҷомеа афзуда ва ҳар нафаре танҳо аз манфиати имрўза , яклаҳзаина ва шахсии худ меандешад ва ба масъалаҳои ахлоқ ҳамзистиву рафоқат, эҳтирому арҷгузории донишу хирад, панди бузургонро пазируфтан аз байн меравад, ҷомеа хеле осебпазир мегардад.
Ҳар як бетарафии мо барои аз байн рафтани меъёрҳои ахлоқии танзимгари зиндагонии шарқиёнаву бар одоб поягузоригаштаи пешини мо, таҳдид барои аз даст рафтани онҳост.
Насли ҷавон, агар имрўз аз ин хатарҳо огоҳ нагарданд, фардо мо чеҳраи аслии миллати худро гум мекунем.
Нигаҳдории фарҳанги неки ниёгон қарзи имрўзии мо пеши ояндагон аст.
ҲУРИННИСО АЛИЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: