Душанбе, 31 март 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд

Таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд

27-03-2025, 15:44
Хабарро хонданд: 46 нафар
Назарҳо: 0
Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ дар соҳаи энергетика дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) Асад Маҷид Хон дар Душанбе баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки таҳияи Стратегияи таъмини устувории энергетикии минтақа бо назардошти рушди энергияи таҷдидшаванда ва иқтисоди «сабз» аҳамияти калидӣ дорад.

Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи обу иқлим шоистаи таҳсин арзёбӣ намуд.

Вазири энергетика ва захираҳои об Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷидро барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар охир ҷонибҳо иқдом намуданд, ки ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаи энергетикаро минбаъд низ тақвият диҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: