Худшиносии миллӣ дар фарҳанги пеш аз исломии халқҳои ориёитабор18-03-2021, 09:37
Хабарро хонданд: 1446 нафар
Назарҳо: 0
Меҳрпарастӣ Дар ҳаракатҳои баъдии динӣ дар Осиёи Миёнаву Эрони бостон, ки муҳимтарини онҳо меҳрпарастӣ ва монавият мебошад, як ҷаҳонбинии куллӣ нуҳуфта аст, ки аз лиҳози фалсафӣ дорои аҳамияти фаровон мебошад. Дар меҳрпарастӣ омезише аз афкори оини маздопарастӣ ва ситорапарастии бобулӣ ва фалсафию оини юнонӣ мушоҳида мешавад, ки заминаро барои нуфузи афкори шарқӣ дар Мағрибзамин ва баракс, нуфузи бархе ақоиди юнонӣ дар Машриқзаминро омода сохт ва низ мардумшиносӣ ва ҷаҳоншиносии диниеро ба вуҷуд овард, ки дар афкори бисёре аз мактабҳои динӣ ва фалсафии баъдӣ дар Шарқу Ғарб таъсири босазо дошт. Ин таъсирро махсусан дар оини меҳрпарастӣ дидан мумкин аст, ки бо суръати фаровоне дар сарзамини императории Рум густариш ёфт ва ба василаи сарбозони румӣ бо дуртарин билоди Мағрибзамин сафар кард. Монавият Монавият низ як ҷаҳоншиносии ирфониро дар бар дошт ва оламро ба сурати зиндоне медид, ки зарраҳои нур, ки аз олами боло сарчашма гирифтааст, дар он маҳбус шуда ва инсон фақат ба василаи тарбия ва такомули рўҳ, аз ин олам наҷот меёбад. Назари монавиён дар бораи ин ҷаҳон, ки онро аҳриманӣ медонистанд, боби навине дар мактабҳои динӣ ва фалсафии баъдӣ кушод ва чи басо наҳзатҳое, ки аз ғарби Чин то ҷануби Фаронса густариш ёфтанд ва маъмулан мухолиф бо адёни расмӣ, монанди масеҳият ва кеши будоӣ буданд ва афкори онон аз таълимоти монавӣ сарчашма гирифта буд. Монавия дар айни ҳол, ки баъзе афкори ирфониро дар ҷаҳонбинии худ ғунҷонида буд, дар саҳнаи таърих бештар ба сурати муқобилу мухолифи фалсафаҳои динӣ ҷилвагар шуд ва бо вуҷуди баъзе мутафаккирон (аз қабили Августини қадис дар Мағрибзамин ва бархе аз мутафаккирони исмоилия дар ҷаҳони исломӣ)-ро таҳти нуфуз қарор доданаш, бо мухолифати онон низ рў ба рў шуд ва дар асрҳои миёна фалсафаи монавӣ ба сурати фалсафаи аҳриманӣ ҷилвагар гардид. Зарвонпарастӣ Дар домони мазҳаби зардуштӣ низ, наҳзати навине ба вуҷуд омад, ки ба номи наҳзати Зарвонӣ шуҳрат ёфт. Аз як сў, афкори юнонӣ монанди табиати чаҳоргонаи Эмпедокл ва бархе аз усули мактаби Ҳермесӣ (Гермесӣ) дар ин аср дар Эрон ривоҷ ёфт ва аз сўи дигар, ақоиди ҳиндию будоӣ низ дар асари тамоси наздик бо Ҳиндустон, вориди ҷаҳони фикрии Эрон шуд. Чунон ки аз тарҷумаи матнҳои санскрит ба паҳлавӣ бармеояд, пайдоиши фирқаҳои масеҳӣ монанди настуриён ва табаиён, ки аз калисои марказӣ ҷудо шуда ва баъзе аз онҳо ба императории Эрон паноҳ оварда буданд, боиси истиқрори мадориси расмӣ дар хоки Эрон шуд, ки дар он фалсафа ва улуми юнонӣ ба забони сириёнӣ тадрис ва тарвиҷ мешуд. Дар Донишгоҳи Гундишопур низ, ки Шопури аввал (ҳукмр. 241-271 мелодӣ) ба манзури рақобат бо императори Рум ва Донишгоҳи Антиохия таъсис карда буд, батадриҷ донишмандони настурӣ тамаркуз ёфтанд. Дар ин марказ, ки ҷанбаи байналмилалӣ дошт, фалсафа ва улуми тамаддунҳои (минтақаи) баҳри Миёназамин бо маорифи эронӣ ва ҳиндӣ бо ҳам омехта ва бо ин сурат ҷиҳати пайдоиши мактабҳои давраи исломӣ, бавижа дар тиббу улуми табиӣ, замина ба вуҷуд омад. Дар воқеъ, наҳзати илмии аҳди Анушервон, ки машҳуртарин воқеаҳои он фиристодани Бурзавайҳ ба Ҳиндустон ба қасди омўхтани улуми ҳиндӣ ва паноҳ овардани ҳакимони мактаби Афина ба диёри Эрон аст, дунболаи ҷараёноте буд, ки аз оғози давраи Сосонӣ ба вуҷуд омада ва оқибат ба густариши тадриҷии маорифи юнонӣ ва ҳиндӣ дар Эрон ва омехтани он бо афкори эрониён шуд. Дар ҳавзаи фикрии оини зарвонӣ низ чанд китоби фалсафӣ ва илмие, ки дорои аҳамият аст, дар ин давра таълиф ёфт, монанди Шиканд гумоник вичор, Динкарт, Додистони диник, Зотспарам, Бомакиҳои Манучеҳрик, ки дар бораи шуъбаҳои гуногуни дину фалсафа, бахшҳои зиёдеро дарбар дорад. Дар ин аср китоби «Бундаҳишн» («Офариниши оғозин»), ки мўътабартарин китоби паҳлавӣ ва яке аз маъхазҳои муҳими афкори ҷаҳоншиносии ин давра ба шумор меравад, нигошта шуд. Ин китобҳо ҳамагӣ нишондиҳандае аз таҳаввулотест, ки дар афкори давраи мутааххири зардуштӣ ба вуҷуд омада буд. Дар ин аср санавияти (дуализми) бостонӣ ба як навъи тавҳид табдил ёфт ва Зарвон ё Даҳр сароғоз ва мабдаи ҳастӣ шинохта шуд. Бо вуҷуди ин, ҷаҳоншиносии ин давра каму беш идомаи тафаккуроти пешиниён аст. Замин монанди давраи қаблӣ ба ҳафт кишвар тақсим шуда, ки дарёи азиме бар он муҳит аст ва низ бар мавҷудоти ҳар кишвар мудаббире (ҳомию нигаҳбоне) малакутӣ, ки ҳамон ҳақиқати раббуннавъ аст, ҳукумат мекунад, рўҳи инсон, ҷовидон ва аз олами минучеҳрӣ ё малакутӣ сарчашма гирифта ва билохира бо фраваҳарҳои осмонии худ муттаҳид мешавад. Бо ин ҳол, асари бархе афкори фалсафии юнонӣ ва ҳиндӣ дар ин матнҳои паҳлавӣ намоён аст ва гувоҳ аз нуфузи маорифи ҳиндӣ ва юнонӣ аст, ки дар ин давра дар Эрон густариш ёфта буд. Дар китоби «Таърихи фалсафа дар ҷаҳони исломӣ» таълифи Ҳанно ал-Фохурӣ, Халил ал-Ҷур дар бораи тафаккури фалсафаи эрониён дар давраи бостон чунин омада аст: “Аз миёни миллатҳои қадим, эрониён пеш аз миллатҳои дигар дар тамаддуни ғарбӣ таъсир доштаанд. Эрониён доманаи ҳокимияти худро то Миср низ густариш доданд. Империяи Мақдунӣ, ки дар муқобили Эрон ҳамла кард, пас аз ғалаба, Искандар натавонист тамаддун ва фарҳанги юнониро чунон ки мехост, бар эрониён таҳмил кунад”. Адёни қадим, ки ҳар якеро сарчашмаи пайдоиши дигаре буд, дар оини маздоӣ, ки дар сартосари Эрон интишор ёфт, таҷассум ёфтааст. Маздо ба маънии доност. Маздо худои ҳаким ва оқил аз дигар худоён мумтоз (машҳур) шуд ва бар онҳо ғалаба кард. Ҳамчунин, он ба номи Аҳуро қудрат ёфт. Аҳуро мазҳари неру буд ва ин неру ба доноӣ дар пайваст ва ҳарду якҷоя худои тавоноеро мавсум ба Аҳуромаздо ё Ҳурмузд ташкил доданд. Форсиён дар сарзамини Эрон Ҳурмуздро ба унвони худои бузурги худ баргузиданд, вале дар муқобили ў худои дигаре низ сохтанд, ки мазҳари шар дар олам буд. Зеро Ҳурмузд худои оқилу ҳаким танҳо сарчашмаи хайр буд ва бадин тариқ аз рўзгори куҳан ғояи «санавият» (дугонапарастӣ-дуализм) падид омад. Комил БЕКЗОДА, доктори илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии АМИТ Дидавар БЕКЗОДА, ходими илмии АМИТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.