ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ – КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ МУНАЗЗАМИ НЕРУИ БАРҚ11-01-2021, 12:44
Хабарро хонданд: 894 нафар
Назарҳо: 0
Айни замон, ки масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, оқибатҳои экологии он боиси сар задани баҳсҳо оид ба дастрасӣ ва тақсими захираҳои обӣ- энергетикӣ дар кураи Замин мавриди арзёбӣ мегардад. Ҳодисаҳои стихиявии метеорологии бузурге, ки дар раванди тағйирбии иқлим ба амал меоянд, таъсири бевоситаи худро ба соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ – энергетика, саноат ва кишоварзӣ мерасонанд. Ҳамчунин, ин падидаҳо ба кишварҳое, чун Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои ба тағйирёбии иқлим осебпазиранд, таъсироти манфии бештар доранд. Аз ин ҷост, ки тағйирёбии тадриҷии иқлим якҷоя бо баландшавии ҳарорату коҳишёбии миқдори боришот дар баъзе манотиқ ба тамоми соҳаҳои фаъолият дар Тоҷикистон таъсири манфии амиқ гузошта истодааст. Бинобар ин, на танҳо Тоҷикистон, балки кулли давлатҳои ҷаҳонро масъалаҳои муҳиму ҳалталаб, пеш аз ҳама: тағйирёбии глобалии иқлим (обшавии муназами пиряхҳо, гармшавии иқлим, партов газҳои гулхонаӣ ва ғайра), таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ-энергетикӣ ба ташвиш овардааст. Дар пешорӯйи зиндагӣ ва фаъолияти инсон қарор гирифтани ин масъалаҳо аз нафари огоҳ талаб менамояд, ки дар муносибат бо табиату сарватҳои табиӣ эҳтиёткор бошад ва дар ҳар маврид оқилона рафтор намояд. Зеро тибқи Гузориши 5-ум оид ба баҳодиҳии Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим (IPCCR5, солҳои 2013-2014) далелҳое мавҷуданд, ки аз нимаи дуюми асри ХХ сар карда, таъсири инсон ба иқлими сайёра ва омилҳои ташкилдиҳандаи иқлим, асосан бо сабаби сӯзонидани намудҳои истихроҷии сӯзишворӣ ва нобуд кардани ҷангалзорҳо ҳамеша афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, мувофиқи маълумоти Идораи миллӣ оид ба аэронавтика ва тадқиқи фазои кайҳонии ИМА (NASA) Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои ҷаҳонӣ бо иқлими гармшудаи бараъло дар давраи солҳои 1950-2013 ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, на танҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо таъсири тағйирёбии иқлим дар шакли болоравии ҳарорат, обшавии пиряхҳо ва тағйирёбии маҷрои дарёҳо дучор гардидаанд. Азбаски аз 115,6 км3 обҳои ҷории ҳавзаи баҳри Арал 64 км3 ё 55,4%, аз 17 000 км2 пиряхҳои минтақа 60% ва аз захираи умумии гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ 54,2%-и он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфтааст, албатта раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ бетаъсир намемонад. Ҳамчунин, пиряхҳои Тоҷикистон, ки 6%-и ҳудуди кишварро ишғол кардаанд ва дар онҳо беш аз 576 км3 об захира шудааст, дар ташаккули обҳои ҳавзаи баҳри Арал нақши бағоят бузург дорад. Обе, ки аз пиряхҳои Тоҷикистон ҷорӣ мешавад, 10-20%-и оби дарёҳои бузург ва дар солҳои хушксолию гарм 70%-и оби дарёҳоро ташкил медиҳад. Мушоҳидаҳои бисёрсолаи шабакаҳои обуҳавосанҷии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки дар давраи солҳои 1940-2012 баландшавии ҳарорат дар водиҳо 0,1-0,2°С, дар ноҳияҳои кӯҳӣ (ба истиснои баъзе ноҳияҳое, ки тамоюли камтари зиёдшавӣ мушоҳида мешавад) 0,3-0,5°С ва дар манотиқи баландкӯҳ (боло аз 2500 м) афзоиши ҳарорат 0,2-0,4°С-ро ташкил медиҳад. Дар давоми солҳои 1976-2012 гармшавӣ дар фаслҳои сол барои ҳар даҳсола ба таври зерин: зимистон +0,15°С, баҳор +0,3°С ва тирамоҳ +0,2°С буд. Ҳамзамон, таҳлилҳои маъулмотҳои шабакаҳои обуҳавошиносӣ нишон медиҳанд, ки зимистонҳои ду даҳсолаи охир аз меъёр ба андозаи 0,1-1,1°С гармтар омаданд. Вале дар зимистони (январи) соли 2008 анбӯҳи ҳавои сард ворид гардида, ҳарорати миёнаи моҳона то 8-9°С сард шуда буд. Маҳз ҳамин воридшавии ҳавои сард ба марзи Тоҷикистон боиси ба вуҷуд омадани буҳрони ҷиддии энергетикӣ ва озуқаворӣ гардида буд. Мусаллам аст, ки бо гармшавии иқлим давомнокии даврони ками яхбандӣ ба муддати 5-10 рӯз идома ёфта, баландшавии ҳарорат аз дараҷаи 0°С дар аввали баҳор ва охири тирамоҳ мушоҳида гардид. Аз ин рӯ, бараъло мушоҳида мешавад, ки раванди гармшавии ҳарорат ба обшавии пиряхҳо ва камшавии захираҳои обӣ оварда мерасонад. Дар ин маврид, агар ба тағйирёбии миқдори боришот дар давоми солҳои 1976-2012 назар намоем, ба мушоҳида мерасад, ки миқдори боришот бештар дар фасли тобистон афзоиш кардааст. Табиист, ки афзоиши боришоти тобистона ба зиёдшавии намнокӣ ва ғуншавии захираи об муосидат наменамояд, зеро ҳарорати баланд дар тобистон сабабгори бухоршавии босуръати об мегардад. Бинобар ин, боришоти тобистона наметавонад, ки мушкилоти норасоии обро дар дарёҳо бартараф намояд. Чун болоравии ҳарорат ва камшавии боришот ба коҳиш ёфтани захираи об дар минтақаи асосии ташаккулёбии захираҳои обии Осиёи Маразӣ – марзи Тоҷикистон оварда мерасонад, мушкилоти мазкур айни замон боиси паст шудани сатҳи об ва резиши об ба обанборҳои НБО-ҳои кишвар гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки неруи барқи дар НБО истеҳсолшаванда хусусияти мавсимӣ дошта, аз сатҳу ҷараёни об дар дарёҳо вобастагӣ дорад. Нишондиҳандаи пасттарини истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон дар мавсими тирамоҳу зимистон (аз моҳи октябр то апрел/май), дар ҳоле, ки дар ин мавсим талабот ба неруи барқ бениҳоят баланд аст, ба амал меояд. Дар мавсими тобистон, ки талабот ба неруи барқ нисбатан камтар аст, неруи барқ барзиёд, то ба андозаи 3-7 млрд кВт соат истеҳсол мешавад. Чун дар ин давра, талабот ба обёрии заминҳои кишоварзии кишварҳои поёноб – Қазоқистон, ӯзбекистон ва Турманистон меафзояд, наметавон, обро дар обанборҳо аз меъёр зиёд ҷамъ кард. Вобаста ба он, ки 95%-и неруи барқ дар кишвар тавассути НБО, аз ҷумла 94%-и он дар НБО-ҳои бузург ва миёна истеҳсол мешавад, бинобар ин, камшавии захираи барф ва пастшавии сатҳи оби дарёҳо ба истеҳсоли неруи барқ бетаъсир намемонад. Зикр намудан ба маврид аст, ки дар ҷумҳурии мо истеҳсоли неруи барқ танҳо аз ҳисоби энергияи обӣ, ки ҳаҷми қариб 98%-ро ташкил медиҳад ва тибқи иттилои Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои 2011-2015 ба ҳисоби миёна 99,56% неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст. Ин раванд, агар аз як тараф Тоҷикистонро дар истифодаи неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил намояд, аз тарафи дигар ба беҳбудии вазъи экологӣ ва тавозуни иқлимии минтақа оварда мерасонад. Аз ин рӯ, ба мо мардуми шарифи Тоҷикистон зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси маърифатнокӣ аз неруи барқи мавҷуда, ки норасоии он хусусияти мавсимию муваққатӣ дорад, сарфакорона истифода намоем. Истифодаи босамару сарфаҷӯёнаи неруи барқ натанҳо ба рушди босуботи иқтисодии оила муосидат менамояд, балки ба гуфтаи нависандаи маъруфи амрикоӣ Марк Твен «Зиндагии боандоза ҳаёти бомеъёр таҳвил мекунад». Зеро ҳамагон хуб огоҳем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи энергетика хеле рушд ёфт, чунки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ эълон шуда буд. Ба кор даровардани НБО, ба истифода додани маркази муҳташами барқу гармидиҳӣ, беҳдошти инфрасохтори энергетикӣ, ворид сохтани технологияи муосир дар истеҳсолу интиқоли неруи барқ аз ҷумлаи иқдомҳоест, ки дар заминаи ин ҳадафи стратегӣ амалӣ гардидаанд. Бо назардошти он, ки ягон давлат рушду пешрафти худро бе тараққӣ додани соҳаи энергетика таъмин карда наметавонад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян намуданд. Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадафи страгетӣ, азхудкунию истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии кишвар ва рушди иқтисоди миллӣ ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар ин замина, зикр намудан зарур аст, ки дастовардҳои муҳимтарини соҳаи энергетика дар ин давра ба истифода додани иқтидорҳои нави истеҳсоли электроэнергия: НБО «Сангтуда-1» (670 МВт), «Сангтуда-2» (220 МВт,), НБО-ҳои хурд (30 МВт), сохтмони зеристгоҳҳои барқи 500 кВ-и «Душанбе-500», «Суғд-500», насби дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элгазии 500 кВ дар НБО «Норак», хати интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол» (бо дарозии 263,8 км), хати интиқоли барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи марказ (200км), зеристгоҳҳои барқӣ 220кВ «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристан», «Шаҳринав», «Геран-2», «МОИ Дангара», насб намудани дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элгазии 220 кВ дар НБО «Норак» ва «Қайроққум», хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон» (53,3 км), «Тоҷикистон-Афғонистон» (116км), «Хуҷанд-Айнӣ» (83,2км,) «Қайроққум-Ашт» (74км), «Геран-Румӣ»(78км), «Қайроққум -Суғд» (63,3), «Айнӣ-Рудакӣ» (95 км), «Сангтуда-СЭЗ Дангара» (16 км) и «Шар-Шар-МОИ Дангара» (23 км) ба шумор мераванд. Илова бар ин, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо назардошти навбати аввал ба 400 МВт, яъне то 9,6 млн кВт соат неруи барқ дар як шабонарӯз расонида шуд. Ин марказ метавонад қариб 60% талаботи шаҳри Душанберо ба неруи барқ қонеъ намояд. Яке аз муаммои дигари дар ин соҳа вуҷуддошта, ин таъмини нокифояи неруи барқ дар фасли сармо мебошад. Ба гуфти коршиносони соҳа аҳолии пойтахт агар дар фасли гармо 4-5 млн кВт соат неруи барқ истифода намоянд, дар фасли сармо ин нишондиҳанда ба 14-15 млн кВт соат мерасад. Бо вуҷуди ин, имрӯзҳо тамоми маркази шаҳру ноҳияҳо, мактабу беморхонаҳо бо барқ таъмин мебошанд, корхонаҳои саноатӣ ба пуррагӣ фаъолият мекунанд ва умуман, маҳдудияти интиқоли барқ нисбат ба солҳои пеш ба куллӣ тафовут дорад. Ҳарчанд давлат ва Ҳукумати кишвар барои рушди босуботи ҳама соҳаҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар аз имконот ва шароитҳои мавҷуда ҳамаҷониба истифода намояд ҳам, вале тағйирёбии иқлим, шароити душвори кӯҳсор ва дигар падидаҳои ногувори табиӣ ба рушду пешрафт боиси эҷоди монеагиҳо мегарданд. Масалан, танҳо бар асари гармои ғайричашмдошти тобистони солҳои 2015-2019 ва обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар ба андозаи зиёда аз 600 млн. доллари ИМА зарар расонида шуд. Раванди тағйирёбии иқлим ва ҳаводиси марбут ба об барои кишвар ҳамоно чун мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонанд. Яке аз чунин мушкилот, камшавии захираи барф дар баландкӯҳҳои болооби дарёҳо ва ҳоло дар дарёи Вахш, ки манбаи асосии тавлидкунандаи неруи барқ дар кишвар ба шумор меравад, маҳсуб меёбад. Ин ҳамон ҳушдору огоҳсозии Пешвои муаззами миллат аст, ки ҳанӯз дар ибтидои солҳои 2000 аз минбари баланди СММ аз оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба об ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид карда буданд. Яъне, мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии глобалии иқлиму офатҳои табиӣ дучанд печида гардонидаанд. Ба ҳамаи ин мушкилоту норасоиҳо нигоҳ накарда, бо ҷаҳду талош ва ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат шурӯъ аз зимистони соли 2017 мардуми кишварамон бо неруи барқ пурра таъмин гардиданд. Вале, инсоният дар муқобили ҳаводису рухдодҳои табиат оҷиз мебошад, аз ҷумла, бо сабаби гармшавии иқлим ва коҳишёбии захираҳои об сатҳи оби дарёҳо кам гардидааст, ки мушкили истеҳсоли неруи барқро ба миён овардааст. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони кишвар ҳанӯз қабл аз оғози сардиҳои зимистон муроҷиат карда буд, ки вазъиятро дуруст дарк намоянд ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи барқро ба роҳ монанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муроҷиат ба аҳолӣ зикр намуда буд, ки ба хотири бемаҳдуд бо барқ таъмин будани мардуми шарифи кишвар ва рушди иқтисодиёти миллӣ, Тоҷикистон шартномаҳои байнидавлатиро бобати интиқоли барқ бо Ҷумҳурии ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муваққатан қатъ намуд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки масъаларо дуруст дарк намоем ва бо истифодаи дурусту сарфакоронаи неруи барқ, каме ҳам бошад, саҳми худро дар рушду пешрафти кишвар гузорем. Зеро солҳое ҳам буданд, ки мушкилоти таъмини барқ аҳолиро домангир ва баъзе манотиқи дурдаст ҳафтаҳо аз неруи барқ маҳрум буданд. Давоми чанд соли охир дар кишвар истеҳсоли неруи барқ ба маротиб афзуда, мадудият дар истифодаи он бардошта шудааст. Ин вазъ боиси он мегардад, ки аксар аз аъзои ҷомеа дар истифодаи барқ ба зиёдаравии бемаврид даст мезананд. Чунончи, истифодаи нодурусти асбобҳои зиёди гуногуни барқӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки ба буҷаи теъдоди зиёде аз хонаводаҳо дар кишвар таъсири манфии худро мерасонад. Вобаста ба раванди тағйирёбии иқлим ва ҳаводиси марбут ба об олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба коркарди модели фарогири идоракунӣ ва таъмини бехатарии системаи обу энергетикаи кишвар машғуланд, ки дар сатҳи ташкилӣ, техникӣ ва иқтисодӣ бо дарназардошти манфиатҳои стратегии давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Модели мазкур ба таври пурра ва ниҳоӣ имконят медиҳад, ки захираҳои обиро барои эҳтиёҷоти системаи обтаъминкунӣ (оби нушокӣ, хоҷагии коммуналӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, хизматрасонии санитарӣ-гигиенӣ) ва системаи барқтаъминкунӣ (Неругоҳҳои барқи обӣ) барои истеҳсоли неруи барқ оқилона истифода барем. Дар модели коркардшудаи мазкур нақши муҳимро Маркази илмӣ-таҳлилии пешниҳоди мақсадҳои стратегӣ, ки тобеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, мебозад. Марказ дар якҷоягӣ бо институтҳои АМИТ ва муассисаҳои дигари соҳа коркарди консепсияи идоракунӣ ва таъмини бехатарии системаи обу энергетикаи кишварро баррасӣ ва тасдиқ мекунад ва ба системаи идоракунии обу энергетика пешниҳодҳои мушахас равона мекунад. Дар сурати нарасидан ба ҳадафҳои пешниҳодшуда бо сабабҳои имконяти техникӣ, Марказ нишондодҳоро тағйир медиҳад, аммо дар бораи расидан ба ҳадафҳои стратегии ниҳоӣ тарҳҳои нави сохтани иншоотҳои тавлидкунандаи неруи барқро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд. Дар умум мунтазам мо барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ наздик мешавем. Ба таври пурра ва мақсаднок истифода бурдани маҷрои дарёҳо ва таъмини бехатарии системаи обию энергетикии кишвар, системаи идоракунӣ ба обанборҳои калони танзимкунандаи бисёрсола ниёз дорад, ки асоси системаи идоракуниро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, обанбори НБО «Роғун» ба мо чун обу ҳаво зарур аст. Дар вақти пурра ба итмом расидани обанбори НБО «Роғун» ба мо имкон фароҳам меояд, ки дар обанбори Роғун аз ҳисоби солҳои сербориш 2 км3 ва дар обанбори Норак 1 км3 об ҳамчун захираи стратегӣ ҷамъ намоем ва дар солҳои камбориш ин захираро истифода барем. Аз лиҳозе, ки манбаҳои обӣ-энегетикӣ вобаста ба раванди тағйирёбии иқлим осебпазир аст, дар модели фарогири идоракунии системаи обу энергетикаи кишвар ба ғайр аз обанбори НБО-и Роғун намудҳои дигари манбаҳои энергия, ки ба тағйирёбии иқлим осебпазир нестанд, ҳамчун як манбаи муҳим мавқеъ дорад. Сухан дар бораи марказҳои барқу гармидиҳӣ, ки дар асоси сузишвории ангиштӣ бо технологияи муосир кор мекунанд, меравад. Пешниҳод мегардад, ки тамоми шаҳрҳои саноатии кишвар, ки дорои чунин марказҳо мебошанд, дар асоси технологияи муосир ба кор дароварда шаванд. Ин ба мо имконят медиҳад, ки ҳам энергияи барқӣ тавлид намоем ва ҳам биноҳои истиқоматию корхонаҳои саноатиро бо гармӣ таъмин намоем. Дар ин ҳолат мо неруи барқеро, ки барои гармӣ истифода мебарем, сарфа менамоем. Дар модели зикршуда истифодаи самараноки неруи барқ аз тарафи корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии кишвар, инчунин назорати он мақоми хосаеро ишғол менамояд, зеро ин ба буҷаи оила ва корхонаҳо, инчунин ба буҷаи давлат фоида зиёди иқтисодӣ хоҳад овард. Мусаллам аст, ки норасоии неруи барқ дар пешқадамтарин мамолики ҷаҳон низ эҳсос мегардад ва онҳо низ дар ин роҳ сарфакориро як навъи устувори таъминоти энергетикӣ ҳисобидаанд. Бинобар ин, мо, мардуми шарифи Тоҷикистон бояд дарк намоем, ки дар баробари бунёди иқтидорҳои истеҳсолӣ, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, ки омили муҳимми рушди бомароми иқтисодиёти кишварамон маҳсуб меёбад, бетараф набошем. Маҳз бо назардошти вазъи бамаломада ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила ва инчунин, ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон бояд истифодаи сарфакоронаи барқро ба роҳ монанд. Агар дар ин самт масъулиятшинос ва саҳмгузор бошем, он гоҳ бо боварии комил метавон гуфт, ки натиҷаҳои ҷаҳду талошҳои Тоҷикистон, алалсус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар боз як омили муассири комёб гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор хоҳанд гашт. Сарчашма: маълумотҳо аз Агентии обуҳавошиносӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф АМИРЗОДА, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Саломат ДАВЛАТШОЕВ Мудири лаборатория, номзади илмҳои техникӣ Номвар ҚУРБОН, ходими пешбари илмӣ, |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.