Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » САБЗҚАЛАМ

САБЗҚАЛАМ

9-07-2020, 10:13
Хабарро хонданд: 2973 нафар
Назарҳо: 0
САБЗҚАЛАМ
(Андешаҳо перомуни сабзқаламиҳои шоир Тулқин Хоҷа
Куллиёт, Душанбе «Адиб» – 2020
Ва ин ном аз қалами ҷовидонии сабзаш гирифта шуда, худи «Куллиёт» низ ранги сабз дошта, нишони сабзқаламии шодравон Тулқин Хоҷа мебошад. Ин бор боғи сарсабзи ҷовидонии шоир моро вориди гулистони муатаре менамояд, ки аз чаманистони андешаҳои муҳаббатрези ӯ дар таҳрири нав бо имконоти бештар гулбасар гардида, ҳар як сабза ва гулу гиёҳи андешааш метавонад марҳаме ба дарди ошиқон ва давое ба дарди дардмандони замон бигардад. Шеъри Тулқин сурат ва сирати як муаллими поктинати музофотие мебошад, кибо садзабон рӯзгори сахти мардуми деҳро дар пироҳани зебои таоруфҳои мардумӣ манзури хонандаи ҳушманд мегардонад. Ҳамин таоруфҳо ва муҳаббатҳои самимии мардумӣ хоси шеъри шоир буда, ин анъана аз қарнҳои то истилои араби биёбонӣ дар марзу буми фарҳангу фаросат ва адабиёти мардумии Хуталони номвар, ки порае аз қалби Ориёи бузург будаастидома доштаву дорад. Тулқин ки зода ва парвардаи ин хоки бузурги мардхез мебошад,ин анъанаи ниёкони хешро бо ифтихори баланд идома додаст. Пешаи асливу наслии ӯ омӯзгорӣ буда,чун муаллим ва тарбиятгари насли ояндасози кишвар аз ин пеша нони ҳалол мехӯрд. Рӯзгорашро шоир он гуна, ки худи ӯбо ҳасрату дард дар шеъраш ишора намудааст:
Эй кош, риёфурӯшаке мебудам,
Инсофихудофурӯшаке мебудам.
Дар ҷои муаллими дабистон будан,
Дар кӯча дуофурӯшаке мебудам.

Бо дастмузди дар он рӯзгор ночизи муаллимӣ ва ранҷи бозувону каланди рӯзгор ба дастовардааш пеш мебурдааст. Ҳарчанд,ки барои иддае, шеърушоирӣ пешаи сердаромадтарин буда, соҳиби қасру кӯшкҳо ва пулу молу сарвати зиёде низ гардидаанд. ӯ медид, ки чӣ гуна як нафар аз ҳаммаслаконашбо васфияву қасидаҳои мадҳияаш соҳиби нон ва ҷоҳу ҷалол гардида, дар маҳфили сармоядорон ва сардамдорони қудрат соҳиби эътибор мебошад.
Шеъру шоирӣ ва васфияи мансабдорони давлатӣ барои гурӯҳе аз хушомадгӯёни шеърфурӯш сарманшаи рӯзгор гардида, на танҳо соҳиби пулу мол, балки соҳиби унвонҳои баланди пурифтихор ҳам гардида, ба ҳамин зиндагӣ ва рӯзгори фақиронаи ӯ бо рашку ҳасад кажназарӣ намуда,ба рӯи эътибори миёни мардум доштаи шоир чодари чун дилашон сиёҳи рашк партофта, бар тани дардманди чун каргасони лошахӯр нӯл мезаданд. Ин манзараҳои дардолудро шоир дар шеъри «Дӯст» чунин овардааст:

Зи сарам ақли маро ғоиб кард,
Ба сарам ҷаҳли маро соҳиб кард.
То тавонист, маро нӯл зад ӯ,
То тавонист, маро гӯл зад ӯ.
Хонаи мадрасаҳоямро сӯхт,
Хонаи мақбараҳоямро сӯхт.
Адаби аҳли адабро дод ӯ,
Аҷали аҳли насабро дод ӯ.
Ваҳмро дар дили мо сокин кард,
То ҷанинҳо ҳамаро тарсин кард.
Солҳои давр хомӯшона гирист,
Зиндагӣ низ ба пинҳонӣ зист.
Банда бо шоири ширинкалом Тулқин Хоҷатавассути дусти дардошнову донишмандам шодравон Раҳмон Остон соли 1986 дар идораи «Телевизиони Тоҷикистон», ки он замон ӯ ба сифати хабарнигори минтақавии телевизиони кишвар дар шаҳри Кӯлоб фаъолият дошт ошно гардида будам. Хеле хуб ёд дорам, ки ана ҳамон вақт нахустин шеъри Тулқин бо фотиҳаи шоири шаҳири зиндаёди тоҷик устод Бозор Собир дар рӯзномаи «Комсоломи Тоҷикистон» рӯи чоп омада, муждаи қалами ӯ ба ҳаводорони шеъраш расида буд. Ва таъбири «Хуҷаи Хизр»-и суханро дар нисбати устод Бозор Собир аз забони поки ӯ шунида будам.Шоири шаҳири зиндаёди тоҷик устод Бозор Собир ҳамон замон гуфта буд: «Шеъри Тулқин миёни он навқаламоне,ки дар ҷодаи шеър фотиҳаашон додаам бо як хусусияти хоси худ фарқ мекунад. ӯ дар паи тасвиру ташбеҳ ва ороиши шеър худро заҳмат надода,накҳату тароват ва ҷунбиши набзи музофотро бо ҳама зебоияш аз диди шоирона рӯи саҳфа овардааст. Бисёре аз навқаламон ва навқадамон дар қаламрави шеъри нав ба хотири шеърашон бозоргир гардиданкӯшидаанд, ки ба шеъри нави Нимоӣ тақлид намуда, бо мазмуни Нимоӣ ва пироҳани Суҳробӣ(ӯ Суҳроби Сипеҳриро дар назар дошт. Ҷ.Т) дар майдони назм ҷилванамоӣ кунанд. Иддаи дигари навқадамони адабиёт бо назми Бедил муқаллидӣ намуда, ба хотири маъниҳои бикр худро ғарқи сароби мушикофиҳои Бедил намуда, қимати шеъри ноби тоҷикиро хеле костаанд. Тулқин бо ҳама содабаёнӣ ва таоруфҳои мардумӣ тавонистааст, ки дар роҳрави худаш аз дид ва дарки асрори ҳастии шеър вориди дунёи хонанда бигардад». Ва шояд ҳамин фотиҳаи устод Бозор будааст, ки Тулқин чун бисёре аз шоирон муқаллидӣ нанамуда, бинобар таъбири мардум «алифи худашро гуфта» бо ҳамон содабаёнӣ ва лутфу меҳрубониву таоруфҳои мардумӣ тавониста,ки дар дили ҳазорон хонандагони хеш ҷой бигирад. Ва шеъраш ба машом бӯи деҳа, бӯи хоки сӯхта, бӯи гулу гиёҳ ва хору хаси пуштаҳову таппиши набзи замонро меорад. Ҳамин таъбирҳо ҷавҳари аслии шеъри ӯ буда, ҳеҷ кадоме аз ҳамқадамонаш дар ин поя натавонистанд, ки шеъраш моли ҳалоли мардум гардида бошад.
ШЕЪРИ МУЗОФОТӣ
Имрӯз дар қаламрави тадқиқоти каломи манзум ва мансур, ки ин ҳама аз мардумшиносӣ сарчашма мегирад, таъбири музофотро ба маънии паст, камарзиш ва нохушоянд ном мебаранд, киин ғалати маҳз ва таҳқири мардуми музофот мебошад. Ҳол он ки навад дарсади арбобони шинохтаи сиёсат, фаҳанг, илм ва техникаи кишвар бархостагони музофот буда, дар номварии кишвар миёни давлатҳои пешрафтаи олам саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Набояд фаромӯш кард, ки аввалин таронаи тоҷикӣ ва шеъри аввалини тоҷикӣ бархостаи музофот буда, дар муқобили лашкари ҷаррори аъроби биёбонӣ бо сардории Асад бини Абдуллоҳ аз ҷониби мардуми Балх суруда шудааст. Яъне мардуми далеру қаҳрамони Хатлон дар баҳои ҷони хеш фарҳанг ва суннатҳои мардумиро ҳифозат намуда, нагзоштаанд, ки пои нопоки хуношоми араби ёбоӣ ин хиттаро нопок созад. Ва ҳамин пирӯзии инмардумро Балхиён сутуда, аъроби ёбоиро чунин мазоҳаш намуданд:
Аз Хуталон омадия,
Ба рӯ табоҳ омадия.
Овор боз омадия,
Хашанг низор омадия.
Ҳамин марудми аз нигоҳи шаҳрнишинон музофотӣ тавонистанд, ки дар баҳои ҷон ва хонумонашон арзишҳои миллӣ ва марзу буми хешро аз аҷнабиён дифоъ намоянд. Аз сафаҳоти пурхуни таърих хондаем, кичи гуна ду шаҳри бузурги тамаддунофари тоҷик Бухоро ва Самарқанд бо иҳонати шаҳрнишинон ва васвасаи душманон дарвозаҳояшонро ба рӯи муғул ва дигар тангчашмони ёбоӣ боз намуда, онро ба «хони яғмо» табдил додаанд. Пас аз ин ба баъд, бояд дониста бошем, ки музофот ва музофотиро набояд ба он маъниҳое, ки зикрашон рафт бишиносем, балки музофот пойдевори шаҳр ва шаҳрнишинон буда, ба он ва мардуми он арҷи воқеӣ мебояд гузошт. Нигоҳи шоир Тулқин Хоҷа ба ҳамаи зебоӣба асолати таърихии ин қаламрави бостон ва бо воқеаҳои давр аз даричаи маърифати хеле баланди зиёии музофот сарчашма гирифта,устухони шеъраш аз мағз-мағзи маърифати миллӣ ва ватандориву ватанхоҳӣ нашъа гирифтааст. Пас, биёед ба ашъори ин зиёии музофотии «Малик-ул-мақом»-и дунёи маърифат бо чашми дил назар афканему мо шаҳришудаҳои садрнишин тан ба ҳунариволои шоириаш бидиҳем. Гӯишҳои мардумӣ ва тобишҳои он маъноҳо дар шеър хонандаро мебарад ба сари андеша, ба дунёи ҳазоррангу ҳазоровои афсонавӣ. Ин ибороти мардумӣ имрӯз чун қиматтарин ганҷи пурбаҳои хазинаи маърифати миллӣ дар шеъри шоир ва асари нависанда боқӣ мондаасту бас. Ҳамин таъбиру таъоруфро бо чашми дил рӯи сафҳаи эҷоди шоир мехонем:
Гурбае пар меканад мурғи диламро як тараф,
Подае сум мезанад боғи гуламро як тараф.
Пар кандани гурба ва сум задани пода дар шеъри шоир он таоруфҳои мардумие мебошанд, ки имрӯз қариб ки аз байн рафтаанд. Ин таъбирҳои мардумӣ ифодагари умри абадият дар шеър буда, аз соҳибфарҳангӣ ва донишмандиву ватанхоҳии шоир хабар медиҳад. Истифодабурдани ин таъоруфҳо аз ҷониби шоир хеле бамаврид дар шеър соҳиби мақоми аслии хеш гардиданд. Ва ҳамин таоруфҳо равони шеър буда, ба таъоруфҳои мардумӣ умри дубора мебахшанд. Дар ҷои дигар шоир оварда:
Медиҳад шери маро сагҳои дайду чал,
Медиҳад даври маро даврони бадхӯ чал.
Ин таъбир ва таъоруфҳои мардумӣ яъне «сагҳои дайду» ва «чал» таъбирҳое мебошанд, ки аксари кулли мардум дар гӯишҳояшон аз онҳо истифода менамоянд. Ҳамин гӯишҳои воқеан мардумӣ дар ашъори шоир хеле зиёд буда, ин таъбирҳо ба шеъри шоир нируву тавонои бахшида мардумияти онро зиёд намудааст.
Таъбири «сагҳои дайду» дар гӯйиши мардуми Хатлон сагҳоеанд, ки онҳо соҳиб ва макони зист надошта ҳамеша овораю сарсон ва саргардон буда бо ин амали хеш маскунияти мардумро ноором сохта галаи ҳамҷинсони хешро ҳамроҳашон мебаранд. Муродишоир аз ин таъбир андешаҳои ботил ва таҳалукаҳое мебошанд, ки набзи касро ором нагузошта, бо васваса вамакру ҳаял (чал) рӯҳи ноороми онро ба кӯчаҳои сарбаста мебарад. Ин таъбир ва таоруфҳои мардумӣ дар шеъри классикони мо низ хеле хуб истифода бурда шуда, бисёре аз ин таъбирҳо ба ҳукми устура даромадаанд. Мавқеъва мақоми таоруфҳо дар шеъри шоир ҷойгаҳи хосаи хешро дошта, овардани он таъбирҳо ашъори шоирро рангин намуда, ба таъбирҳои мардумӣ умри абад бахшидааст. Агар мо ин таъбирҳоро бо ҳамин васила дар таркиби луғавии забонамон нигаҳ надорем онҳо бо мурури замон аз байн хоҳанд рафт. Ин боигарии хазинаи маънавиёти миллат нишони дороии таркиби луғавии он буда, касе ҳақ надорад, ки он ибораҳоро маззамат намояд. Хар як таъбир ва ибора ифодагари руҳи замон буда, дар он замон онҳо мавқеи хосаи хешро доштанд. Имрӯз миллат ва давлатҳои соҳибтамаддуни олам вожаномаҳои касбии хешро сохта тамоми калимоту ифодаҳои мардумиашонро ҷамъоварӣ намуда, дар шакли луғотҳои мардумӣ ва гӯишҳои бошандагони минтақаҳои гуногуни кишварашон дар ҳаҷми китобҳои бузурги мардумшиносӣ мураттаб намуда, барои ояндагон ба мерос мондаанд. Шеъри шоир ва асари нависанда дар ҳама давру замонҳо хазинаи калимот ва таоруфҳои мардумӣ буда, муҳаққиқин дар сохтани луғатномаҳо аз ин ганҷҳои пурбаҳои мардумӣ истифода намудаанд. «Куллиёт»-и шоир Тулқин Хоҷа, ки бо ибтикори шогирди азизаш шахсияти шинохтаи соҳибмаърифат ва соҳибарҷу эҳтироми кишвар Асадуллои Раҳмон рӯи чоп омадааст,фарогири 165 шеър, 52 ғазал, 402 рубоӣ ва 58 дубайтӣ буда, барои хонандагон ва муҳаққиқини адабиёт ва фарҳанги мардумӣ пурарзиштарин гавҳари маънавӣ мебошад. Ногуфта намонад, ки чанд солаке қабл аз ин бо ташаббуси ин шогирди фарзонааш як девони шоир таҳти унвони «Хоки баланд» низ ба табъ расида, манзури ҳаводорони шеър ва каломи мавзун гардида буд. Ин «Куллиёт»-и шоир, дар нисбати китоби «Хоки баланд» мукаммалтар буда фарогири чанд шеъри ба тозагӣ пайдо намуда буда, аз ҳама муҳимаш панҷдастнависи шоир дар ин ҷо манзури хонандагон гардида, ин тозакориҳои мураттиб муждаи хубе барои хонандагону муҳаққиқон мебошад. Он гуна ки мураттиб дар сарсухани пурмуҳтавои китоб аз забони шоир овардааст:
Эй дӯст манам поктар аз мӯъбади ту,
Аз суфии ботаҳорату тоати ту.
Зеро ба даҳон набурдаам луқмаҳаке,
Аз хондану бифрӯхтани ояти ту.
Ҳамин ибораи «Луқмаҳак» - яъне луқмаи ночиз ба таъкиди шоир неруву тавоноӣ бахшида, ин ибора ва таоруфи мардумӣ мавқеи устувори хешро дар шеър ёфтааст. Шоир дар бисёре аз мавридҳо ибораороӣ намуда, баъзе аз гӯишҳои мардумиро рӯҳу равони тоза бахшида, дар қолаби назмаш онҳорохеле ҳунармандона истифода бурдааст. Чунончӣ:

Ватане, ки нагузорам шикане бишканадаш,
Тӯдаи фитнагару аҳримане бишканадаш.
Камии маърифати ҳамватане бишканадаш,
Тоҷикистон бошад.
Таъбири шикастанро шоир шикане гуфтааст, ки хеле зебо ва шинам ва шоирона баромадааст. Ҳол он ки шикан дар таъбири аксар кули мардуми тоҷик маълум будаву ҳаст. Шояд барои баъзе аз нафарони бехабар аз боигарии хазинаи гӯишҳо ва таоруфҳои мардумӣ нофаҳм бошад. Аммо он чизе ки мусаллам аст ин аст, ки мардум гӯянд: «Ҳаминро шиканам?» Дигаре гӯяд:«Шикан, шикан чанд бор гуфтам шикан». Пас набояд гилаву ҷингилаи баъзеҳоро аз нафаҳмидани таъбири шикан аз шеъри шоир ҷӯст. Ё дар ҷои дигар шоир гуфтааст:


Байни гулҳо чу кӯҳи мӯйсафеди берӯ,
Пой бар қиблаи одоб занам каҷпаҳлӯ.
Таъбири каҷпаҳлӯ зада нишастан миёни мардум хеле маъмул буда, маънои аслии он яъне хеле бароҳат нишастан. Агар дар ҷое, ки суҳбат хубу самимӣ бошад, дар бошишгоҳҳои саҳроӣ, осоишгоҳҳо,дар боғу чаман, доманаи кӯҳҳои лолапӯш,соҳили рӯдхона, канори чашмасорон ва зери долу дарахтони гулбасар дар воқеъ, каҷпаҳлӯ зада нишастан ба кас ҳаловати хоса мебахшад. Дар беш аз ҳафтод шеъри ин маҷмӯа ҳамин таъбирҳо рӯи кор омада, ба шеъри шоир шукуҳу шаҳомат бахшидааст.

ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӣ
Шеъри Тулқин дар баробари хусусиятҳои таоруфи мардумӣ доштан дорои ифтихори зиёди ватанхоҳӣ ва ватандорӣ буда, хонандаро дар рӯҳияи иттиҳоду якпорчагӣ ва созандагиву шукуфоии Ватани азизаш Тоҷикистони гулбасар тарбият менамояд. ӯ ки омӯзгори воқеии фанни забон ва адабиёти тоҷик буд, муҳити фарҳангии миллӣ ба табъ ва эҷоди ӯ таъсири зиёд расонида, меҳри Ватан ва муҳаббату самимияташ ба мардуми он ҷавҳари ҳастии шеъраш гардидааст. Шеъри Роғун миёни дигар ашъори шоир он қадар самимона, пур аз муҳаббати ватандорӣ ва саропо аз иттиҳоди созандагӣ рӯи саҳифа омадааст, ки хоса хонандаи ҳушманди ватанхоҳро вориди дунёи воқеии ин арсаи кору пайкор ва номуси ватандорӣ менамояд.
Ба гӯши Ҳақ расида доди Роғун,
Шамолу шаршара фарёди Роғун.
Ба ҳиммат омада беҳимматон ҳам,
Барои ёриву имдоди Роғун.
Амире азҳисоби роҳати худ,
Фақире аз маоши меҳнати худ,
Ҳама чени тавону қудрати худ,
Гузорад ҳисса дар бунёди Роғун.
Яке бо қудрати шеъру тарона,
Дигар бо савти чангу бо чағона,
Намонда ҳеҷ кас андар карона,
Бубахшад рӯҳ бар эҷоди Роғун.
Гурӯҳе монда тӯяшро ба таъхир,
Ҳаҷи бегуфтугӯяшро ба таъхир,
Бинои тӯбатӯяшро ба таъхир,
Бигирад дастӣ истеъдоди Роғун.
Мубаддал гашта ҳар амрад ба Ҳотам,
Мубаддал гашта ҳар аврат ба Ҳотам,
Мубаддал гашта як миллат ба Ҳотам,
Барои рафъи мушкилбоди Роғун.
Ибора ва таъбирҳои «шаршарафарёд», «чени тавон», «бинои тӯбатӯяшро», «амрад», «аврат», «мушкилобод» таъбирҳои сохтаи худи шоир буда, дар жарфои ҷони мардум ҷой доранд. Дар қисмати Хатлонзамин ин иборот ва таъоруфҳо як навъ характери даъват ва номусу нанги ватанхоҳиро дошта нотавонро нируи тавоноӣ бахшида, дар доираи қудрату тавоноиаш ӯро ба ин користони нангу номуси ватандорӣ меорад. Таъбири «мушкилобод» дар вазн ва қолаби «мушкилосонкункасон»-и устоди зиндаёд шоири халқӣ, қаҳрамони миллат Мирзо Турсунзода ба миён омада, ба ҳусну қубҳи шеъри шоир неруву тавонои зиёди маънавӣ бахшидааст. Ва шояд ҳамин бошад, ки шеъри номбурда бо шеъри «Тоҷикистон бошад» ҳамсанг буда, дар сароғози эҷоди шоир ҷойгир гардидаанд. Ҳамин тавр, шеърҳои «Данғара», «Ҷонфишонӣ омадам», «Озим», «Биҳиштӣ», «Саҳрои кабир», «Шиква», «Орзуи аҷдод», «Шеърҳо ормонҳои шоиранд», «Хирадомӯз», «Пушинг», «Достони самимият», «Омӯзгор», «Падар», «Бекас», «Писарандар», «Вафодор», «Кавдан» ва чанде аз дигар шеърҳои шоир муҳаббатномаи ӯ ба Ватан ва чеҳраҳои мондагори миллат буда, қаҳрамони лирики ин ашъор худи шоир мебошад. Инчунин, ин абёт як навъ ифшои розҳои ниҳони қалби шоир ба ҳодисаву воқеаҳои замон буда, мавқеи ватандории шоир дар онҳо таҷассум гардида, хонандаро вориди дунёи орзӯҳои шоир менамояд. Дар миёни ин ҳама «Бунафшанома»-и шоир хеле самимӣ ва пур аз муҳаббат қаламдод гардида, хонандаро вориди дунёи розҳои ӯ мегардонад.

Давидам аз қафои ту, Бунафша,
Ба майлу муддаои ту, Бунфша.
Бирафтам бар давои ҷумла гулҳо,
Нарафтам бар давои ту, Бунафша.
Худоро дар фалакҳо мон, Бунафша,
Биё, аз пушти ман пинҳон, Бунафша.
Қасам, ки дар яке шаб мерасонам,
Туро бар равзаи Ризвон Бунафша.
Ба гулзорат раҳоям деҳ, Бунафша,
Зи гулзорат давоям деҳ, Бунафша.
Агар не доруҳоятро макун ҳайф,
Бубар, дар марг ҷоям деҳ, Бунафша.
Дили ман дар гузаргоҳи Бунафша,
Сари ман дар қадамҳои Бунафша.
Агар мирам, супоредам ба хоке,
Ки бошад дар таҳи пои Бунафша.
Чаро ҳарфи хато гуфтӣ, Бунафша?
Каломи нобаҷо гуфтӣ, Бунафша.
Гапи бас носазо гуфтӣ,Бунфша,
Маро, яъне, ако гуфтӣ,Бунафша.
Намерафтам ба дармонгаҳ, Бунафша,
Намедидам туро чун маҳ,Бунафша.
Набигристӣ занам аз нахзаданҳо,
Пагоҳу бегаҳу ҳар гаҳ, Бунафша.
Кассе, ки духтареро ганда гӯяд,
Ба озори мизоҷ оганда гӯяд.
Чу ту бераҳм агар бошад, Бунафша,
Бимон гӯяд, ки сахт арзанда гӯяд.
Ин розномаи шоир дар пайравии «Сиёҳмӯй»-и устод Ҷалолӣ шоири мардумии Бадахшони кишвари ҳамсояи Афғонистон, ки аввали солҳои панҷоҳуми садаи гузашта миёни мардуми ҳар ду соҳили Омӯ хеле машҳуру маъруф будааст рӯи кор омадааст. Чӣ «Сиёҳмӯй»-и устод Ҷалолӣ ва чӣ «Бунафшанома»-и Тулқин ташнашикани дарёи маҳаббат буда, миёни мардум хеле маъруф мебошанд. Миёни дубайтӣ ва рубоиҳои шоир низ номи Бунафша зиннати ашъораш гардида, ҳама розҳои ногуфтаву ношунидааш дар он абёт манзури хонандагони хушзавқ гардонида шудааст. Дар баробари дардҳо ва сӯзу созҳо шоир тавонистааст, ки аз розҳои ниҳонии қалбаш гоҳо барои оромиши рӯҳу ҷони хеш сатрҳоеро манзури хонандаи хеш бигардонад, ки дархӯри дарди онҳо низ буда бошад. ӯ барои рафъи хастагии руҳу ҷон аз кашмакиҳои рӯзгори бинобар таъбири мардум «каж дору марез» тавониста, ки гурезе намояд. Ва дар хилвати оромиши рӯҳ чизеро танҳо барои худ бигӯяд.
Шеъри «Фаришта» (с. 295), ки саропо назокати шоирона дорад ҳамон розҳои шоири ошиқ дар таъбир ва таоруфҳои хеле зебои мардумӣ рӯи кор омада, хонандаро дунболи орзӯву ормонҳои ошиқонаи ӯ то кӯи мақсуд мебарад:
Равони роҳҳоро ришта-ришта,
Раҳораҳ дар назарҳо шишта-шишта.
Ҷавонию ҷунунӣ кишта-кишта,
Фаришта, эй Фаришта, эй Фаришта.
Намонад ҳеҷ марди бачакушта,
Зи паҳлуи ту бепарво гузашта,
Бубинад аз ақибат бозгашта,
Фаришта, эй Фаришта, эй Фаришта.
Ту он шӯхӣ, натони тинҷ гашта,
Натонӣ тинҷ бо роҳат гузашта.
Равӣ ҳатман ба қалбе санг ҳишта,
Фаришта, эй Фаришта, эй Фаришта.
Чунон ки бар сари гулҳои дилҷӯ,
Биборид шаҳпаракҳо рӯи бар рӯ.
Чунон борад нигоҳҳо бар сари ту,
Фаришта, эй Фаришта, эй Фаришта.
Ба иммоят асоямро биҳиштам,
Ба сад завқе паси оина шиштам.
Сипос аз ту, ки аз нав ёш гаштам,
Фаришта, эй Фаришта, эй Фаришта.
Чу он пири зи дигар ёш гашта,
Дар оғуши зани ёше гузашта.
Шавам дар оғӯшат,эй кош кушта,
Фаришта, эй Фаришта, эй Фаришта.

Ҳама зебои ва латофату назокати ишқро аз диди шоир метавон дарк намуд, ки он накҳату нафосат оромкунандаи рӯҳу равони дилдода мебошад. Лутфу меҳрубонӣ ва самимияту садоқат ба маъшуқ ошиқро мебарад кӯй ба кӯ то бадон ҷое, ки ормонҳо бишканад. Шоир сари ҳар пора байт васфу тарануми он орзуву омоле менамояд, ки дар ҳусну малоҳат ва таннози беназир бошад.
Дунёи пурфасонаи шоири дардошно Тулқин Хоҷа саршор аз муҳаббати Ватан, табиати зебоманзари диёр ва дилбарону духтарони баҳорбахши кишвар буда, тасвири ин ҳама зебогиҳои диёрро вазифаи муқаддаси худ дониста, то ҷоеки тавонистааст ормонҳои қаламии худро бишкастааст. Тавре ки баён намудем, ашъори шоири ширинбаён Тулқин Хоҷа ифодагари ҳама шаҳомату зебоии диёр ва арсаи кору пайкор ва матонату қаҳрамонии фарзандони фарзонаи миллат буда, «Куллиёт»-и ӯ армуғони хубе барои ҳаводорони шеър ва муҳаққиқини назми тоҷик мебошад.
Ҷумъахони Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: