Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ҚАДАМҶОИ ШЕЪР

13-08-2019, 15:25
Хабарро хонданд: 568 нафар
Назарҳо: 0
ҚАДАМҶОИ ШЕЪР
Шеър меваи андешаи шоир буда, дар дарахти умри ӯ месабзад, нашъунумӯ намуда, вобаста ба зарфият ва донишҳову пажӯҳишҳои он хирадманд соҳиби назокат, латофат ва таровати хоса гардида, дар дунёи розу ниёзҳои хонанда наққши ҷовидони хешро хоҳад гузошт. Шоирӣ касб нест, истеъдод ва илҳоми худовандист, ки бар нобиғагон ва интихобшудагони олами лоязолӣ, ба хотири раҳо гардидан аз гиреҳҳои асрори кавну макон чун мифтоҳ-ул-баён, аз ҷониби роздони ҷузву кулл фиристода мешавад. Таърихи беш аз ҳазор соли адабиёти классики тоҷику форси Ориёнои бузург ахтаронеро чун Рӯдакии Самарқандӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Асҷадӣ, Маншурӣ, Лабибӣ, Уторидӣ, Масрурӣ, Айюқӣ, Баҳромӣ, Кавкабӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Фирдавсии Тӯсӣ, Убайдуллои Зоконӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва садҳои дигарро рӯйи майдони суханофарӣ овардааст, ки ҳар кадоме соҳиби боғи муаттари хирад ва донишҳои одамгароии хоса мебошанд. Ва меваи андешаи ин абармардҳои дунёи сухани малакути яке аз дигаре ширинтару ахтарони умри ҷовидонашон яке аз дигаре рӯшантару рӯшантар мебошад. Ҳамин чароғҳои абадият эътибор ва эҳтирому иззату икроми ин миллати таърихофари Ориёнои бузургро то баландтарин қуллаҳои фазилати инсонӣ расонидаанд. Ва пасовандони онҳо хирадмандони дунёи суханофарии муосир ин мероси гаронмояро, дар баҳои ҷони хеш чун гавҳараки чашм нигоҳаш дошта, барои ояндагон ба мерос хоҳанд гузошт. Қаламрави шеъри муосири тоҷик ҳамакнун хеле ва хеле домони фарох густурда, дар паҳнои хеш аз оғози солҳои навадуми садаи гузашта то бад-ин аҳд (соли мелодии 2019) беш аз панҷсад шоири соҳибдевонро рӯйи кор овардааст. Ва ҳамин панҷсад нафар шоирони соҳибдевон камтаринаш ду маҷмӯаи шеър ва аксари куллаш, ки мансабдори зиннаҳои алоҳидаи курсиҳои раҳбарии давлатӣ мебошанд, аз панҷ то даҳ китоби хешро рӯйи чоп овардаву шеърҳояшон новобаста аз он, ки гӯши мо зарфи онҳо нест, аз ҷониби ҳофизони алоҳида, аз тариқи радиову телевизиони давлатӣ пахш ва намоиш дода мешаванд. Албатта, ин ҳама шояд гувоҳи шеърдӯстии миллат бошад. Аммо аз ҷониби дигар беқадр гардидани шеъру шоирӣ ва суханофарӣ мебошад. Ва ҳама нозимону носирон соҳибдевон гардида, шоиру нависандаи воқеӣ ба гӯшаи фаромушӣ уфтода, узлатнишиниро ихтиёр намудаанд. Чунки резишгоҳи шеъри ноб гилолуд ва ноқидони он кӯру кар ва ахвалу ланг гардидаанд. Ёд дорам замони донишҷӯии хешро, ки чи гуна устодони донишманд ва суханвару гавҳаршинос шодравон Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табаров, Бухоризода, Турақул Зеҳнӣ, Асомиддин Насриддинов, Абдуқодир Маниёзов, Худоӣ Шарифов, Худоиназар Асоев, Аълохон Афсаҳзод, Атохон Сайфуллоев, Юсуф Акбаров, Аскар Ҳаким, Раҳим Мусулмонқулов, Абдунабӣ Сатторов ва даҳҳои дигар, ки ба мо дарс мегуфтанд, дар мавриди шеър ва коргоҳи шоирӣ ва мушкилоти шеър ва роҳи тайкардаи ҳазорсоли қаламрави шеъри тоҷикии форсӣ аз даҳҳо сарчашма ва тазкираҳои шеършиносии классикӣ далелҳо оварда, шеъри муосир аз мадди назарашон дур набуд, ҳар як шеър, ки дар матбуоти даврӣ рӯи чоп меомад, аз ҷониби муҳақиққини шеър мавриди муҳокима қарор мегирифт. Яъне майдони адабиёт ҷойи ҳар тардомане набуд. Ва ҳамин нақд ва муҳокимаи воқеъбинонаи ин устодони суханвар ва гавҳаршинос буд, ки шеъри то солҳои навадуми садаи гузаштаи тоҷик соҳиби эътибори баланд ва шоирон гули сари сабади ҷомеаи мардумсолор буданд. Шоирони воқеан соҳибқирон устод Мумин Қаноат, Ғаффор Мирзо, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибулло Файзулло, Ашур Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ҳадиса, Гулрухсор, Зулфия, Шаҳрия, Рафоат, Меҳриниссо ва чанди дигар гулҳои хушранги боғи адабиёти муосири тоҷик буданд. Обрӯю эътибори Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон дар қаламрави собиқ Иттиҳоди фарҳангпарвару инсонсолори Шӯравӣ зиннатфизои шерозаи адабиёти Шӯравӣ буд. Иртиботҳои адабию фарҳангӣ, миёни понздаҳ кишвари бародар ва ҳамкешу хамҷавор то бад-он пояе буд, ки ашъори шоирони зикргардида, бо забонҳои русӣ, белорусӣ, украинӣ, латишӣ, литвонӣ, эстонӣ, гурҷӣ, арманӣ, озарӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ, ӯзбакӣ даҳҳо маротиба рӯи чоп омада, шеъру ҳикоя, достону, очерк ва романҳои он мардум дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ нашр гардида, хонандаи тоҷик ба онҳо хеле ва хеле ошноӣ дошт. Шуъбаи равобити адабӣ бо кишварҳои хориҷ ва ҳамҷавор дар Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон сутуни тилоии ҳамкориҳои адабӣ буд.
Оғози солҳои ҳаштодуми садаи гузашта шоири ҷавон, мутарҷими хушзавқ ва донишманди хеле ва хеле хуби адабиёти ҷаҳонӣ Назри Яздон гомҳои устувори хешро бар остони адабиёти шуҳратёри тоҷик аз ҳамин коргоҳи пурэътибор гузошта буд. Шеърҳои нахустинаш мавриди муҳокимаи устодони бисёр бузурги шеър Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир ва чанди дигар қарор гирифта, баъди он манзури хонандагони тоҷик мегардид. Ҳамзамон, бо тавсияи устод Муъмин Қаноат, ки он замон раисии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистонро бар дӯш дошт, шеъри шоири ҷавон ва мутарҷими варзидаи шеъри ҷаҳонӣ Назри Яздон бо забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ӯзбакӣ, урдуӣ, украинӣ, латишӣ, литвонӣ рӯи чоп омада, шеъраш муждае аз Ориёнои бузург дар қаламрави он кишварҳо буд. Ҳамзамон, тарҷумаҳои шоир аз забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ӯзбакӣ, украинӣ, урдуӣ миёни хонандагони тоҷик хеле ва хеле соҳиби эътибори баланде будааст. Шеърҳо ва достонҳои шоирони шаҳири классики рус А.С. Пушкин ва М.Ю. Лермантов аз забони русӣ, Ҷ.Байрон аз забони англисӣ, Алӣ Сардор Ҷафрӣ аз забони урду ва романҳову повестҳои Л. Каррол ва З. Бистшитская аз забони англисӣ, «Ишорот ва танбеҳот»-и Ибни Синоро аз арабӣ ба тоҷикӣ бо ҳамқаламии М. Диноршоев ва Т. Мардонӣ манзури хонандагони тоҷик гардонидааст. Шаҳди қалами найшакариаш дар маҷмӯаҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Нурборон», «Дилнигора», «Нурполо» ва «Қалами найшакарӣ» рӯи сафҳаи маъниву маърифат рехта, коми ташнагони шеъри ноби Ориёро ширин намудааст. Ва ҳамакнун ба хотири ширин кардани коми хеш вориди сафаҳоти рангини «Қалами найшакарӣ» хоҳем гардид. Шоир гуфтааст:

З-ин хок насабзида ба ҷуз аз фарҳанг,
З-ин хок насабзид кару ахвалу ланг.
Киштанду бисӯхт тухми шамшеру туфанг,
Сабзида найистони қалам ранг ба ранг.

Ҳуш дор, ки як тоҷики ширинсуханам,
Ширинсуханам зи қавми рӯинбаданам.
Аввал даҳанат пок бишӯ, пок бишӯ,
Он гаҳ ба забон биёр номи Ватанам!

…Аз реши равони доғи шоҳи мардон,
То ҳаст ҷаҳон, реши равон аст равон.
Ман қисса кунам барои соҳибназарон,
Бе дардӣ агар, қиссаи пурдард махон.

(аз қиссаи «Найнавози сарбурида». С.206-207)


Ҳамин таъкиди таърихии пурмӯҳтавои шоир ва ҳамин фарёду шевани ватанхоҳона ва ҳамин диду нигоҳи меҳрбори фарзона аз танӯри қалби пурғулғулаи шоир бурун ҷаста, бо ҷасорату матонат ва қаҳрамонӣ гиребони қисмат ва сарнавиштро мегирад. Ва бошӯру валвалаи пурдард аз замони гузаштаи дур мегӯяд, ки ин хоки фарҳангпарвар шоҳиди садҳо дарду ғаму ранҷҳои гӯшношуниде мебошад, ки найистони қалами роздори кавну макон бо ҳазор рангон розро бо ту ифшо менамояд. Ин тасвири классикӣ таърихи беш аз ҳазорсола дошта, гузаштагони хирадманди адабиёти инсонсолори ориёӣ ҳама он розро аз забони най меоранд. Ҳамзамон, ишора ба ҳамон найе ҳаст, ки садояш аз лаҳни «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ ба само печида то бад-ин аҳд беш аз чил шоири шуҳратёри классики тоҷик ба ӯ ҷавоб гуфтаанд. Ҳамин тавр, ӯ вориди дунёи шеър ва розу ниёзҳои фалсафӣ гардида, бо қалами найшакарӣ, аз шаҳд ва шириниҳои шеъри ноби ориёӣ ва таърихи тамаддуни Ориёно бар гӯши ҷони хонандагони хеш мегӯяд.

Ориёно, Ориёно, Ориёни бостонӣ,
Ориёни бостону Тоҷикистони ҷавонӣ.
Тозаву сарсабзу рӯшан, эй диёри боғу гулшан,
Чашмасору обшорӣ, ҷаннати рӯи ҷаҳонӣ.

Азм кардӣ ориёна, дасти Аҳриман бубастӣ,
Разм кардӣРустамона,пои сарлашкар шикастӣ.
Базм кардӣ ориёна, даштҳоро кишта кардӣ,
Базм кардӣ ориёна, кинаҳоро кушта кардӣ.

Киштаи дар ҷӯяҳои мағзҳо пиндорҳо,
Ҷори кардӣ аз забонат чашмаи гуфторҳо.
Аз қадамҳоят бирӯяд хуштарин рафторҳо,
Хуштарин ангорҳо, атворҳо, адворҳо.

Ман ба расми ориёни тоҷ барсар кардаам,
Бар дирафши Ориёно ҳафтахтар кардаам.
Чилчароғи орифона манн фурӯзон доштам,
Хонадони ҳафт кишварро мунаввар кардаам.

Зинда бодо Ориёнам, Ориёнӣ бостонам,
Ориёни бостону Тоҷикистони ҷавонам.

(«Қалами найшакарӣ». С.11)


Ростӣ, ифтихори ватандории шоир ва дарду шӯри ватанхоҳияш хонандаро дар боли розҳои тамаддуни Ориёно ва созандагиву ҷасорат ва матонату қаҳрамонӣ вориди дунёи пурасрори гузаштаи хеш намуда, онро водор месозад, ки аз гузаштаи пурарзиши хеш ифтихор бояд намуд. Ва мисли Ориёнои қаҳрамон азму разм бояд намуд. Ва дар ҳимояи ин марзу бум ва ободиву сарсабзии он ҷаҳду талош мебояд. Дар воқеъ, Тоҷикистони ҷавону сарсабз имрӯз меросбари Ориёнои бузург буда, талошҳои он дар ақсои олам ба хотири ободиву сарсабзии башарият, мероси аҷдодии ӯст. Ва Ман-и шоир овои миллат ва Ватани азизаш мебошад, ки бо расми ориёнӣ зиндагиро абадият бахшида, ҳафт ахтар, ҳафт иқлим, ҳафт оламро дар дирафши хеш ғунҷонидааст, ки ин нишони муҳаббат ва ваҳдати абадии башарият мебошад. Дарди шоир дарди миллат, дарди қисмат ва сарнавишт мебошад, ки хонандаро лаҳзае ҳамнишини ӯ намуда, ӯро водор месозад, ки аз гузаштаи хеш биомӯз. Гузаштаи хешро агар бо чашми хирад наомӯзӣ, ояндаи рӯшан ва пурфайзу сарсабзро набитвонӣ сохт. Ва ҳамин Ориёнои созанда ва кишваркушо имрӯз дар симои Тоҷикистони озоду сарсабзу хуррам, сад Бухорову Самарқанди дигар хоҳад сохт. Ин аст рози ниҳонӣ пур аз матонати шоир. Муҳаббатгоҳи синаи шоир саропо аз шарори оламафрӯзи созандагиву сарсабзӣ нашъа гирифта, дар симои Тоҷикистони биҳиштмаъво ва мардумони покдину поктинаташ созандагони воқеан ҷомеаи башарии инсонсолорро мебинад. Шеъри «Сарзамини камзамини беканор» (С.12):

Осмонат зарнигору остонат зарнисор,
Кӯҳсорат нуқрадору обшорат нуқрабор.
Киштзорат ширадору боғҳоят шаҳдбор,
Пирҳоят пири кору тифлаконат шаҳриёр.

Қаҳрамонҳои қаламдори азизат, эй Ватан,
Аз азал сардафтари майдони маънову сухан!
Аз қадамгоҳи қаламкашҳои қавми сафшикан,
Мерасад сад Орашу сад Рустаму Исфандиёр.

Оли Сомон чун камону тиру пайконро гирифт,
Мағрибу Машриқу ҳомуну биёбонро гирифт.
Лаҳни ноби орифонат Руму Юнонро гирифт,
Алғараз бигрифт Шарқу Ғарбу Ямину Ясор.

Мезанам Заҳҳокро бо кӯбаи оҳангарӣ,
Медиҳам позаҳр заҳрашро зи алфози дарӣ.
Душманатро месароям ояти одамгарӣ,
То бимонад осмонат ҷовидона беғубор.

Синаро бикшодаам бар рӯи дунёи башар,
Чор сӯи хонаро бикшода бар ҳар раҳгузар.
Сарзамини камзамину неъматаш бологузар,
Марҳабо бар хонаи ман, эй ҷаҳони беканор!

Ва шояд овардани ҳамин масал дар шакли арабӣ, ки гузаштагони адабиёти хирадмандонаи мо ориёиҳо онро дар мавриди дӯст доштани Ватан зиёд истифода бурдаанд, то андозае ба маврид бошад «Ҳубб-ул-Ватан минал имон», яъне дӯст доштани Ватан яке аз гӯшаҳои имондорист. Дӯст доштани Ватан аз нигоҳи шоир Назри Яздон қарзи фарзандии ҳар як сокини он мебошад. Аммо васфу тараннум ва ситоиши он мебояд воқеъбинона ва хушбинона ба таърихи гузаштаи он бошад. Агар бар лавҳи хотири хонанда рӯзгори пурмоҷарои гузаштаи пуршӯр ва дар такопӯи онро наёрем, шояд барои ӯ дӯст доштани Ватан он қадар муҳим нанамояд. Аммо вақте ки аз қаҳрамонони Ватан, ки чанд ҳазор сол пеш аз рӯзгори мо ба хотири дифои он аз ғосибони ваҳшии биёбонӣ ҷоннисорӣ намудаанд, ёдовар мешавем, суханамон таъсирбахш, пурмуҳтаво ва пур аз матонат ба гӯши хонанда мерасад ва ӯро водор месозад, ки чун гузаштагони бонангу орат аз ин Ватан мебояд дифоъ намуд. Гузаштагони ин сарзамини бофарҳанг ва фазли баланди одамият шуҳрату эътибори ин кишварро бо мардумонаш шуҳраи ҷаҳон намудаанд ва ин мероси пурарзишро чун гавҳараки чашм азизаш бояд дошт. Ишқ ва муҳаббати самимии шоир бо Ватан ва Модар сахт тавъам буда, модар рамзи Ватан ва Ватан рамзи Модар мебошад. Дар шеъри саропо дард ва сӯзу сози модаронаи ӯ «Дуои модарам» (С.71) симои модари муштипар ва биҳиштмаъвои тоҷик бо кафи пур аз дуо пеши рӯ меояд. Ва бо чашми дил ӯро мебинем. Дар кафи пур аз дуои модар, муҳаббат ва самимият ба фарзандон ва Ватан бо ҳама паҳнои бекаронаш ғунҷидааст. Аз осмон малакут дар кафи модар шираи дуо ва муҳаббати худовандиро мерезад ва модар даст бари рӯ кашида, сипас онро ба сару рӯи фарзандон мерезад ва аз ин дуо ҷони фарзандон сабз гардида, замин ҳосилхез ва само ситоразор мешавад. Ҳар як ситора як оҳи пурдарди модар аст, ки барои фарзандон аз қаъри дил бурун ҷаста, дар само ба ситора мубаддал мегардад.

Дар само бахшой парвози баланд,
Чӯҷаи шаҳбози даврони маро.
Ҷумлаи неку бадонро шод кун,
В-он замон ҳам бишкан армони маро.


Ростӣ, ин фотиҳаи малакутӣ, ки шоир онро «Дуои модарам» ном ниҳодааст, манзараи таърихии тафсири сураи одамро рӯи хотир меорад, ки малакут гили одам бисириштанд ва Ҷонофарин бар қолаби беҷони он ҷон ато фармуда, он дам армони модар хоҳад шикаст. Ва ин ҳама нидо ва шӯру ғалаёни синаи пурдарди шоир мебошад, ки хонандаро ҳамнишини дунёи модар месозад. Ё худ, дар шеъри дигар, ки бо номи «Ёди модар бӯи дармон мекунад» (С.75) дарду ҳасрати шоир дар тасвири симои поку беолоиш ва қалби саршори меҳру садоқати модар он қадар самимона рӯи саҳфаи хотирот омадааст, ки чаманзори хаёли фарзанд, аз гулу райҳони домани модар ва рангҳои ормони ӯ бӯи модарро ба машом меорад.

Ёди модар бӯи райҳон мекунад,
Бӯи шеванҳои бирён мекунад.
Ғамгусори ман, шифоям рафт, рафт,
Ёдаш акнун бӯи дармон мекунад.

Дар замини ӯ, ки ширинҳота буд,
Талхаку шӯрак саросар сабз шуд.
Киштаҳои ширадори модарам,
Талху шӯрии фаровон мекунад.


Худи ҳамин ибораи «ширинҳота» тасвирест хеле шево ва пуробуранг. Ҳамин гуна ҳама ҷое, ки модар қадам ниҳодааст, аз меҳри поки ӯ ширин гардидааст, қадамҷои ӯ, қадамгоҳи ӯ, қадамроҳи ӯ барои фарзанд ҷои муқаддас ва боиззат буда, ба он мавзеъ арҷу эҳтироми худовандӣ гузошта мешавад. Ин аст, ки остони модар остони ҳастӣ, ошёни модар ошёни малакут ном гузошта шудааст. Ва дар воқеъ, «Қалами найшакарӣ» саҳфаҳоти хотироти шоирро шакаристон кардааст. Ва дардҳои ширин ва ҳамсӯзу созҳои рангинро ҳам дунёи ҳазоррангии тасвири шоирро пуробуранг намудааст. Шеъри «Рӯзе, ки чу бечора шавад чораи тадбир» (С.53), дарди беш аз ҳазорсолаи на танҳо як сарсупурдаи Ватанхоҳ, балки дарди дар мағзи устухон ниҳонбудаи фарзандони асили ин обу хок ва хокдони аҷдодӣ аст, ки ӯро ором намегузорад. Он гуна, ки хирадмандон фармудаанд: «Ояндаро аз гузашта меомӯзанд».

Рӯзе, ки чу бечора шавад чораи тадбир,
Рӯзе, ки чу лабрез шавад косаи тақдир.
Ёрон, ҳақи ёрии маро ёд намоед,
Як пора зи оёти илоҳӣ басароед!
Он пора, ки «ло тафриқа, ло тафриқа» дорад,
Он пора, ки сад пораи мо ҷамъ биёрад.
Сад пора дилам аз ғами сад бахши Шумо буд,
Сад пора ба сад гӯшаи ин хоки Худо буд.

Дар Қундузу дар Маскаву дар Марву Самангон,
Дар ҷангалу дар ғору хароботи биёбон.
Сад пора диламро ҳамагӣ ҷамъ биёред,
Як дил, ки шудам, бар дили хокам бисупоред.

Атри кафанам ҷамъ биёред, зи Хуҷанд,
Аз Балху Самарқанду зи Хоразму зи Қуқанд.
Атри бадан аз Ҷайҳуну Сайҳуну зи Ясманд,
Аз оби Бадахшону Зарафшону зи Дарбанд.

Чун оби Ватан дар тани ман рӯҳи равон аст,
Дар кунҷи лаҳад ҳам танамонро нигарон аст.
Дар тахти равони мани саргашта бадан нест,
Ҷуз бори Ватан, ишқи Ватан, дарди Ватан нест.

Пурдард шуда чашму дилу гӯшу сару бар,
Ман дарди Шуморо биҷабидам ҳама яксар.
Эй қавми парешон, ба дили ҷамъ биёед,
Бар хотири мо ояти тавҳид сароед.

Дар тахти равонам ҳама шукрона равон аст,
Аз давлати дидори азизи ҳамагон аст.
Ман нони Шумо хурдаам он гуна ба серӣ,
Дар тахти равонам ҳама як пораи нон аст.

Ман сер сафар мекунам аз давлати дунё,
Бо серӣ надидам аммо рӯи Шуморо!
Сад Шукри Ватан, шукри Ватан гуфтаму рафтам,
Аз дарди Ватан, дарди Ватан гуфтаму рафтам.

Шоири ваҳдатсарои миллат чун як узви пайкараи Ориёнои бузург, аз ҳар як дарди миллати қаҳрамони гурдзо ва қаламрави азизаш дард мекашад. Дар майдони муборизаҳои фарҳангӣ ва ақлгароӣ ҳамеша дар баҳс буда, хонандаи хешро як пораи ҷони хеш медонад. Пешаи модарзодӣ ва асолати Ориёияш, ки тарбиятгар мебошад, роҳбаладӣ, гиреҳкушоӣ, бинобар таъбири шоири шаҳири миллат, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, шоири шуҳрати ҷаҳонидошта, Қаҳрамони Тоҷикистон устоди равоншод Мирзо Турсунзода «Мушкилосонкун»-и пешаи ҳафтод пушташ буда, дар рӯзи сахтӣ ҷоннисор мебошад. ӯ як ҷисм ва як вуҷуде мебошад, ки аз сад ва ҳатто ҳазор пораи Ориёнои бузург офаридгор ӯро сохтааст. Ва ҳамин манзума, ки хонанда онро бо номи «Оини ваҳдат ва якпорчагии миллат» ном мебарад, дар роҳи Иттиҳод ва якпорчагии миллат, хидмати хеле ва хеле бузурге намудааст. Дар ин манзума симои поку содиқонаи фарзандони асили миллат, ватанхоҳиву ватандории Роҳбари муаззами кишвар, Бунёдгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама ҷаҳду талошҳояш, ки нақши абадиятро дар таърихи нави Ориё гузоштааст, таҷассум ёфтааст. Ва ҳамон аҳде, ки рӯзҳои нахустини сари дастгоҳи роҳбарии миллати тика-тика ва пора-порагардида омада буд, гуфта буд: «То ман ин пораҳоро ҷамъ насозам, то пораҳои қаблии ин қаламрави номварони Ориёро дар баҳои ҷони хеш пайванд насозам, худро фарзанди асили ин миллат ном нахоҳам бурд», хеле ва хеле рӯшан возеҳ ва самимона таҷассум гардидааст. Ин диди як хонандаи хушзавқ ва ҳушманд аст, ки аз ин манзумаи ваҳдат номаи миллат бардоштааст. Ин кори ин тасвир ва манзараи таърихӣ аз ҷониби коҳилу нодони рашкзадаи таърихи воқеии навини миллат ба ҷуз хиёнат дигар хел баҳо гузошта нахоҳад шуд. Аслан, шеърҳои устод Назри Яздон, ки бо оҳангҳои пур аз тамкин ва дарду ҳасрати Ватанхоҳиву Ватандорӣ оғоз мегарданд, зуд дар дили хонанда ва шунаванда нақш мебанданд. Ҳамин самимият ва муҳаббати пок шеърашро дар тору пуди савту наво ҳамнишин намуда, беш аз панҷоҳ шеърашро ҳунармандони шинохтаи кишвар оҳанг баставу сурудаанд. Ҳофизони шинохтаи кишвар дар роҳи таблиғи ашъори баланмазмуни шоир саҳми бағоят бузурге доранд. Замоне ки мардуми кишвари азизамон бо васвасаи чанд бесаводи гумроҳ тарки ёру диёр намуда, дар ғурбат ва бечорагӣ ба сар мебурданд, ягона марҳами дардҳояшон ашъори ин шоири арҷманди миллат буд. Шеъри «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», ки бо оҳанги фавқулода самимӣ ва дарди ширини ватандорӣ, бо садои форами ҳофизи шинохтаи мардумӣ Саидқул Билолов аз тариқи барномаи «Хоки Ватан» солҳои бозгашти гурезаҳо ба Ватан пахш мегардид, ҳукми «Роҳхати бозгашт» бар Ватанро дошт. Боре як дӯстам, ки хабарнигори радиои форсии Порис буд, дар як суҳбати хосааш гуфта буд, ки ҳангоми вохӯриаш бо мардуми дар муҳоҷиратбудаи тоҷик дар вилояти Тахори Афғонистон, мусоҳибаи тахассусие анҷом додаст ва дар ин мусоҳибаи ихтисосӣ мусоҳибаш гуфтааст, ки дар ду соли ғурбат дар Афғонистон мағзу устухонамро ҳамин шеъри пурдард суда карда буд. Ва барои ҷустуҷӯи муаллифи шеър тамоми хоки Афғонистон, Эрон ва Покистонро пои пиёда гаштаму онро пайдо накардам. Мепиндоштам, ки ин шеър дар ғарибӣ, дар ҳамин талу пуштаҳои бирёни пур аз хору хаси бечорагӣ аз ҷониби гурезае иншо гардидааст. Чунки ба ҳамин мазмун садҳо дафтари шеър аз ҷониби мардум рӯи кор омада буд. Баъди ҷустуҷӯҳои дароз фаҳмидам, ки муаллифи шеър шоири воқеан шинохтаи мардумӣ устод Назри Яздон будааст ва пеши худ қавлу қасам гузоштаам, ки ҳамин дусад нафар мардумоне, ки ҳамроҳи ман заҳри талхи ғарибиро дар бечорагӣ дар вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон мечашанд, ба Ватан бурда мерасонам. Ва он дӯстам давоми қиссашро баъди ду сол ба ман ҳикоят намуд ва гуфт, ки на танҳо ман бо дусад нафар, балки ҳазорҳо нафарро ин шеър ба Ватан боз гардонид. Ин аст хидмати шоир, ин аст қарзи Ватандорӣ, ин аст оини инсонгароӣ. Дар воқеъ, шахсияти шоири мардумӣ Назри Яздон чун шеъраш поку самимӣ милливу ориёӣ мебошад. Нигоштаҳои шоирро, ки дар атрофи Ватандориву Ватанхоҳӣ ва ҳувияту Ваҳдати миллӣ, ки рӯи чоп меоянд, бештраи вақт мавриди омӯзиши муҳаққиқину донишмандони таърихи фарҳанги миллӣ қарор мегиранд. Дид ва нигоҳи шоир ба таърихи беш аз даҳҳазорсолаи миллат ва қаламрави Ориёнои бузург бисёр меҳрбор ва пур аз муҳаббати Ватандорӣ буда, розҳои ҳазорсолаҳо сарбастаро ба хонанда боз намуда, ӯро водор месозад, ки аслу буни воқеии гузаштаи хешро бо ифтихори бузурги ватандорӣ бояд биомӯзад. ӯ аз аввалин шоиронест, ки аз рӯзи нахустини истиқлолияти давлатӣ ҳамгому ҳаммароми ватанхоҳони кишвар гардида, истиқлолияти кишварро дар баҳои хонумонаш ҳифозат намуда, аз сулҳу ваҳдати миллии Пешвои миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлолияти фарҳангии миллаташ ҳамеша пуштибонӣ намудааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсиси Созмони ҷамъиятии «Ҳаракати Ваҳдати миллӣ» ҳамгому ҳампои ин созмон буда, миёни мардумони саросари кишвар мавқеъ ва мақоми сулҳофарӣ ва ваҳдатсозии Роҳбари муаззами кишварро пуштибонӣ намуда, аз минбарҳои баланди илмиву фарҳангӣ аз сиёсати хирадмандонаи ватанхоҳиву ватансозиаш пуштибонии ҳамаҷониба менамояд. Ин мавқеи хирадмандонаи шоир ӯро бо мардум ва мардумро бо ӯ хеле наздик намудааст. ӯ, ки донандаи хеле ва хеле хуби забонҳои англисӣ, рӯсӣ, тоҷикиву форсӣ ва арабӣ мебошад, аз сарчашмаҳои таърихи беш аз ҳазорсолаи миллат огоҳии хеле хуб дошта, дар нигоштаҳояш далелҳои қотеонаи таъриху тамаддуни миллатро дар либоси талмеҳ хеле ва хеле донишмандона тасвир намудааст. Дар ҳошияи шеъри тоҷикӣ андешаҳои воқеан хирадмандона оварда, дар ҳимояи шеъри тоҷикӣ дар қаламрави Ориё хеле ва хеле ҷасурона сухан мегӯяд. Ин андешаҳо дар китоби «Қалами найшакарӣ» хеле хуб мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифтааст, ки барои хонандаи воқеан дӯстдори шеъри ноби қаламрави Ориёнои бузург мунису мадагор хоҳад буд. Шеърҳои «Чанори падар» С.69, «Оғози ватан зи остони падар аст» С.70, «Дуои модарам» С.71, «Осмон, эй осмон» С.83-85, «Ғазали узлат» С.103-105, «Дили ман ойини оина дорад» С.118, «Шӯриши ишқ» С.195, «Найнавози сарбурида» С.201-207, достони «Садои ваҳдат» С.208-224 воқеан бо як самимият ва ватанхоҳии ориёӣ рӯи саҳфа омадаанд, ки хонандаро шефтаи тасвири манзараҳои таърихи куҳандиёри гурдзои Ориёнаш менамояд. Ва ҳамин андешаҳои хирадмандона ва ватанхоҳиву ватандории шоир аст, ки ин китоб китоби рӯимизии аксари хонандагонаш гардидааст. Китоби мазкур дар интишороти «Хуросон»-и шаҳри Хуҷанд соли 2019 нашр гардида, 137 шеъри шоирро дар бар гирифта, ҳамзамон андешаҳои шоирро дар атрофи шеъри ноби тоҷикӣ рӯи чоп овардааст.

Ҷумъахони Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: