Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти аввали Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқия ирсол намуданд19-06-2020, 22:44
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти аввали Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев барқия ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Нурсултон Абишевич, Бо эҳсосоти нигаронӣ ва изтироб хабари гирифтор шудани Шуморо ба бемории коронавирус дарёфтам. Мехоҳам ба Шумо дастгирии бародарона ва ҳамаҷонибаи ин ҷонибро иброз намоям. Сидқан ба Шумо шифои ҳарчи зудтару комил, қавирӯҳӣ, саломатии бардавом ва некӯаҳволӣ таманно дорам. Лутфан, Нурсултон Абишевичи гиромӣ, ғояти эҳтироми манро бипазиред». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.