Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҶАВОНМАРДИ ҶАВОНМАРГ

ҶАВОНМАРДИ ҶАВОНМАРГ

18-05-2020, 11:07
Хабарро хонданд: 349 нафар
Назарҳо: 0
ҶАВОНМАРДИ ҶАВОНМАРГ

Искандар Каримов (Искандар Карим) аз воқеаҳои рӯзҳои охир баамаломада хеле парешонхотир буд. Изтироб дошт. Дилаш ба ҳоли ҳамватанонаш месӯхт. Нисбати саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ, ки барои мансабу курсӣ шуда, Тоҷикистонро ба хоку хун кашида буданд, нафрин мехонд. Медид, ки чӣ навъ бародар бо бародар муқобили ҳам истода, туфанг гирифтаанд, ташнаи хуни якдигаранд. ӯ хуб медонист, ки бо хомӯш истодану худро бетараф гирифтан муроде ҳосил намешавад. Ва ин шумқадамон, онҳое, ки ба гурӯҳҳои мансабталаб, алалхусус ин ташкилоти террористии наҳзатӣ, шомил буданд, аз ҳеҷ дасиса, куштору ғорат даст намебардоранд. Барои онҳоро саркӯб намудану пеши роҳи онҳоро гирифтан мубориза бояд бурд, муборизаи беамон. Ин корро барои худ вазифаи муқаддаси ватандорӣ, миллатдорӣ ва масъулияти хештаншиносӣ меҳисобид.

Искандар Каримов (Искандар Карим) 7-уми октя¬бри соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Искандар рӯзноманигор буд. Дар рӯзномаи вилоятии «Новый Хатлон» ба ҳайси муовини сармуҳаррир фаъолият мекард. Қаблан пешаи омӯзгорӣ дошт. Аз фанни забон ва адабиёти рус дарс мегуфт. Хатмкардаи (соли 1979) Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, бахши забони русӣ буд. Забони русӣ ва адабиёти русро хеле хуб медонист. Ин буд, ки донишгоҳро бо дипломи аъло хатм кард. Дониши баланд, муомила ва муносибати самимиаш буд, ки ӯро роҳбарияти донишгоҳ ба кор, ба сифати муаллими забони русӣ даъваташ карданд. Муаллим шуд, аз иҷрои вазифаи муаллимӣ бо сарбаландӣ мебаромад. Байни ҳамкорон ва донишҷӯён эҳтироми зиёде пайдо кард.
Дар он давраҳо баробари кори омӯзгорӣ бо рӯзномаи вилоятии «Кулябская правда» низ ҳамкорӣ мекард. Дар мавзӯъҳои гуногун менавишт. Таҳлилию танқидӣ, проблемавӣ. Ҳам ба ҳайати кории рӯзнома писанд буду ҳам ба хонандагонаш.
Рустам Одинаев, собиқ корманди рӯзномаи вилоятии «Кулябская правда» ва баъдан то соли гузашта сармуҳаррири ҳамин рӯзнома Искандарро хеле хуб баҳогузорӣ ва ёдоварӣ менамояд: - «Искандарро хеле хуб мешинохтам ва дар хотир дорам. Бо мо ҳамкорӣ мекард, маводҳои хонданбоб менавишт. Эътибораш дар байни коллективи рӯзнома, ҳарчанд коргари рӯзнома набуд, хеле баланд буд. Сармуҳаррири рӯзнома Владимир Красотин бисёр таърифаш мекард. Искандар пеш аз ҳама инсоне буд бо маънои томаш комил, некдил, хушмуомила, нексиришт, ошкоро сухан мегуфт, бадро баду некро нек ба қалам медод. Ҳақгӯю ҳақпараст буд. Агар марги нобаҳангом, дасти хуношоми гуруҳҳои ифротӣ ӯро аз байни мо намебурданд, шахси шинохтае мешуду рӯзноманигори олию устоди сухан».
Хуллас, Искандар Каримов аз меҳнату заҳмати худ, сеҳри қаламаш дар ҷамъият мавқеъ пайдо мекард. Ин буд, ки Владимир Красотин сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Новый Хатлон», ӯро барои кор дар рӯномаи мазкур ба шаҳри Қӯрғонтеппа даъват намуд. Даъвати сармуҳаррирро Искандар пазируфт ва соли 1989 ба шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари ҳозира) омад, аввал ба ҳайси мудири шуъба ва баъдан муовини сармуҳаррир корро идома дод. Ин солҳо давраҳои хеле орому осуда, тинҷию амонӣ буд. Вале ин дер накашид. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ кор дигаргуна сурат гирифт. Мансабхоҳону ҷоҳталабони ба ном мухолифин бо ҳар роҳу восита мехостанд сари қудрат омада, зиндагии худро беҳтару хубтар намуда, ҳадафҳои сиёсию иқдисодии худро пиёда намоянд. Ва аз ҳама гурӯҳи хавфнокаш ин саркарда ва аъзои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ буд, ки баъдтар чеҳраи худро хеле равшану возеҳ, ҳамчун ҳизби террорист баръало нишон дод. Ва ҷанги шаҳрвандиро аланга дод. Онҳоеро, ки сади роҳ мешуданд, бе ҳеҷ андеша аз сари роҳ дур мекарданд. Хуллас, агар Афлотуни замон мебуд ва ё Анӯшервони одил барои ин гурӯҳи хунхори наҳзатӣ фарқе надошт.
Амалу рафтори Искандар, навиштаҳояш дар рӯзнома ба саркарда ва аъзои ташкилоти террористии наҳзатӣ писанд наомад. Борҳо ҳушдораш ҳам доданд. Вале аз роҳаш нагашт. Искандар ҳамоно менавишту менавишт. Маводҳои зарурӣ, баромаду муроҷиатнома ва дигар санаду ҳуҷҷатҳоро рӯи қоғаз меовард.
Ба қавли ҳамсараш Нуринисо, як навиштааш сари Искандарро хӯрдааст. Ҳамон шабу рӯз дар бораи фаъолияти хуби кадом як полковники милиса, хизматҳои ӯ дар ором кардану ба тартиб овардани ҷомеа навиштааст. Баъди чопи мақола чанд нафар ҷавони силоҳбадасти наҳзатӣ ӯро боздошт намуда, хеле пурсупосу таҳдид намуданд. Вале Искандар натарсид. Азбаски ҷавони далеру нотарс буд, корашро давом дод.
… Искандар дар омади гап ба ҳамсараш Нуринисо гуфт, ки чанд вақт боз аз ҳоли модараш хабар нагирифтааст. Мехоҳад пагоҳ назди модараш Кӯлоб рафта, аз ҳолаш хабар гирад. Шояд ягон камбудие дорад. (Аз нақли Нуринисо) Вале дидани рӯи модари пазмонашу зодгоҳи азизаш-Кӯлоб барояш муяссар нагардид. Ин орзуро ба хоқ бурд. Он рӯзи наҳс 15 майи соли 1993 буд. Бояд аввал ба ҷойи кор мерафт. Вале дигар касе ӯро надид, дар борааш низ чизе нашунид. ӯро на дар Кӯлоб диданду на дар хонааш Қӯрғонтеппашаҳр. Баъд маълум гашт, ки як гурӯҳ силоҳбадастони наҳзатӣ ӯро дар роҳ дошта, ба тарафи номаълум бурда ваҳшиёна ба қатл расониданд. Дигар то имрӯз аз Искандар Каримов ному нишоне нест, ба ҷуз номи неку кори нек ва хислатҳои беҳтарини инсонияш, ки дар ёди мо мондааст.
Ҳамсараш Нуринисо Искандарро фарди асил, одами нотакрор, хушмуомила, ширинсухан, некдилу порсо, ҳақиқатҷӯю ҳақиқатпараст ва ҳалиму порсо ба қалам медиҳад. Дар он шабу рӯз бар асари даргириҳо, кушторҳо бисёр оилаҳо хонаю дари худро партофта, рӯ ба гурез оварда буданд. Ҳонаҳои холӣ низ хеле зиёд буд, ба ёд меорад он рӯзҳоро Нуринисо. Мардум рафта, хонаҳои холиро соҳиб шуданд, аммо аз ин рафтори одамон Искандар ба қаҳру ғазаб меомад ва мегуфт: «-Набояд одамӣ аз рӯзи бади кас барояш хушрӯзӣ созад. Ҳама чиз саволу ҷавоб дорад. Ҳамин молу чизгири ҳам. Ин ҷангу ҷанҷол дер давом намекунад. Давоми се чор сол ҳама ором мешавад. Пас ҷавоби ин корҳоро ҳам бояд гуфт».


Оре, барои Искандар одамӣ, меҳру муҳаббат, дасти ҳам гирифтан дар ҷои аввал буд. Инсоне буд, боандеша, хоксору дурандеш, ботамкину фурӯтан. Инро аз ҳар як навиштааш эҳсос мекардӣ. Инро танҳо онҳое, ки қалбу тинаташон сиёҳ буду амалашон бадкорӣ ва зиштӣ ҳис накарданд. Надонистанд, ки ин марди некдил барои сарҷамъии мардуми кишвар менависаду оммаро ба сулҳу ваҳдат даъват мекунад. Вале сад афсӯс, ки инро ин душманону бадхоҳони миллати тоҷик- саркарда ва аъзои хунхори наҳзатиҳои террорист нодида гирифтанду Искандарро аз байни мо ва хосатан аз сарпарастии фарзандонаш рабуданд.
Сулҳи деринтизори мо омад,-чуноне иброз намуд шоири ширинкалом Лоиқ. Бо кӯшишу заҳматҳои бемисли Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сулҳу дӯстиву амният барқарор гардид, фирориён низ ба Ватан баргашта, манзилҳои худро соҳиб гардиданд. Ҳама дасти ҳам гирифта, ба сохтмони ҷомеаи соҳибистиқлолу демократӣ шуруъ намуданд ва чунин давлатро низ побарҷо намуданд. Кош Искандар Каримов то ба имрӯз зинда мебуду ин сулҳу дӯстӣ, амонӣ, сарҷамъии мардум, ваҳдату ягонагиро бо чашми худ медиду армони дил мешикаст.
Вале, ҳайҳот ин наҳзатиҳои хунхор ӯро ҷавонмарг карданд. Нагузоштанд, ки орзуҳои дилашро амалӣ намояд.
Дар ин ҳафтаи поси хотир, аз ҳамкори худ ёдоварӣ намуда, дар ҳақаш мегӯем: «Рӯҳат шоду манзилат обод бод, бародару дӯсти азиз»…


Наҷот САФАРЗОДА,
рӯзноманигори нашрияи «Хатлон»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: