Боғи адабии дӯстии халқҳо боз шукуфон мешавад.10-02-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 344 нафар
Назарҳо: 0
Бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шумораи муштараки ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба адибони Беларус бахшида шуд.
Дар саҳифаи аввали ҳафтавор аксҳои президентҳои Тоҷикистону Беларус ва сафирони ин ду кишвар Қозидавлат Қоимдодов ва Игор Гулик бо иқтибосҳо аз гуфтаҳои сиёсии эшон дар мавриди ҳамкориҳои муштараки давлатҳо оварда шудааст. Раисони иттифоқҳои нависандагони Тоҷикистон ва Беларус Низом Қосим ва Николай Чергинетс низ эҳёи анъанаҳои пешини эҷодиро зери унвони дӯстии халқҳо – дӯстии адабиётҳо шодбош гуфтаанд. Аз ҷумла Низом Қосим мегӯяд: «Робитаҳои адабӣ ҷузъи муҳими ҳар адабиётанд, ки ба раванди адабиёт, мазмуну мундариҷа, жанрҳои адабӣ ва шахсияти адибон таъсири зиёд мерасонад». Николай Чергипетс бошад мӯътақид аст, ки: «Пеш аз ҳама баёзи хубу пурраи назми классикию муосири тоҷикро бояд ба табъ расонид. Назми оламшумули Рӯдакӣ ва ворисони ӯ ба ин гуна муносибати ҷиддӣ арзандаанд». Дар ин маврид нақши адиби маъруфи тоҷик, рӯзноманигор, тарҷумон, драмнавис ва романнавис Ато Ҳамдамро сармуҳаррири ин нашрия Мансур Сайфиддин хоса таъкид намуда гуфт, ки ин оғози ҳамкориҳои адабист, ки тасмими хеле саривақтист. Мавсуф ин иқдомро парастуе номид, ки пайки баҳориву муждаи ҳамкориҳоро ба хонандагони тоҷик дода, шодии халқи Беларусро низ аз баҳраваргардӣ аз ғановати илму адаби тоҷик изҳор дошт. Ин шумораи муштарак, аниқтараш нашри хосаи ба адабиёти Беларус бахшида шуда хонандаи тоҷикро бори дигар бо пораҳо аз эҷоди Янка Купалаи номдор, Васил Биков, Георгий Марчук, Франсиск Скорина, Ирина Карнаухова, Олег Ждан, Алес Бада, Людмила Рублёвская. Геннадий Авласенко, Елена Стелмах ва Елена Малчевская дар тарҷумаи адибони тоҷик ошно мегардонад. Ин шумораи «Адабиёт ва санъат», ки меҳрномаест аз кулбории ғании адабиёти ду миллати ба ҳам дӯсти қадим, ки фоли нек барои ҳамкориҳои баъдияш метавон номид. ©Ҳуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.