СИРИШТИ ЁДҲО…6-03-2020, 09:42
Хабарро хонданд: 390 нафар
Назарҳо: 0
СИРИШТИ ЁДҲО… (Ёде, аз хирадманди чироғафрӯзи илму маърифат, арбоби шинохтаи илму ирфон устоди зиндаёд Академик Муҳаммад Сайфиддини Осимӣ) Ҳарки чун хуршед месӯзад агар, пас аз ғуруб, Мекунад аз осмони ёдҳо аз нав тулӯъ. Оре ин чароғи ҷовидонаи илму ирфон ва маърифати Ховар, аз киштзори умеду ормонҳои миллати қаҳрамони достонангези тоҷик бархоста, шуъояш зулмоти шабҳоро шикаста, хуршеди толеаш бар қалбҳои ҳазорон ташнагони илму маъонӣ сафо бахшидааст. Ҳич ҷои муболиға ва зиёдагӯӣ нест, ки номи поки устоди гаронқадр Муҳаммад Сайфиддини Осимӣ дар қатори номи пурэътибортарин фарзандони фарзонаи миллат устодони соҳибэъҷоз Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори шерозаи эътибори миллат қарор дошта бошад. Набояд фаромӯш кард, ки он орзуву ормонҳое, ки устоди зиндаёд Муҳаммад Сайфиддини Осимӣ дар қалби пурҳарорати хеш мепарварид аз ҷониби Пешвои Муаззами миллат ба сомон расонида шуд. Мақоми илму маърифат ва мактабу маориф, ки устод беш аз шаст сол дар синааш мепарварид аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қадрдонӣ гардида, имрӯз илму маориф ва мактабу муаллим бо дастгирии бевоситаи ин абармарди таърихи навини миллат эътибори қариб аз даст рафтаро ба балндтарин қуллаи шукӯҳи ватандорӣ расонидааст. Хонаводаи ин устлди покмаҳзар тӯли қарнҳои XIX ва ХХ дар қаламрави марказҳои тамаддуни миллати тоҷик шаҳрҳои Самарқанду Бухоро соҳиби иззату икроми хеле баланд будаанд. Донишмандӣ башардӯсти ватанхоҳиву ватансозии устод Осимӣ ирсӣ буда, аз ҳафт пушти пурэътибораш ифтихор дошт. Ошноии амакаш Олимхон Махсум бо устод Айнӣ гувоҳи бараълои маърифатпаноҳии ин хонадони покмаҳзар буда, устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и хеш аз ин марди фозилу донишманд ёд намуда, ӯро дар қатори маорифпарварони замонаш ном бурдааст. Бо василаи ана ҳамин амаки донишмандаш устод Муҳаммад Сайфиддини Осимӣ бо устод Айнӣ ошноӣ пайдо намуда, наздики бист сол аз сӯҳбатҳои хирадафрӯзии ин нобиғаи замони нави таҳаввулоти фарҳангӣ хеле баҳра бардоштааст. Банда бори нахуст бо устоди зиндаёд Муҳаммад Сайфиддини Осимӣ соли 1990 бо ибтикори шоири шаҳири тоҷик устод Лоиқ Шералӣ ошноӣ пайдо намудам. Он замон банда ба ҳайси корманди Бунёди байнамилалии забони форси тоҷикӣ ифои вазифа менамудам. Ҳамин тавр ошноии мо бо устод Осимӣ ҳангоми омодагӣ ба нахустин Кунгураи байналмиллалии ҳамзабонони бурунмарзи «Пайванд», ки устод Осимӣ роҳбарии онро бар душ доштанд бештар гардид. Мо дар бинои маркази ҳисоббарории ҷумҳурӣ, ки мақомоти «Пайванд» ва Бунёди Байналмилалии забони форси тоҷикӣ он ҷо фаъолият доштанд паҳлӯи ҳам будем. Ва банда ҳамчун корманди мақомоти Бунёди байнамилалии забони форси тоҷикӣ дар ташкили нахустин Анҷумани ҳамзабонони бурунмарзӣ масъулияти корӣ доштам. Яъне фурсати зиёди шунидани қиссаҳо аз рӯзгори гузаштагони устод ва ва ворид гардиданаш ба саҳнаи сиёсат ва илмро доштам. Боре устод дар як сӯҳбати хосааш аз ошноӣ бо устод Айнӣ чунин қисса намуда буданд. Баъди бозгашт аз ҷабҳаи ҷанги ҷаҳонӣ соли 1946 бо либоси шиномаи низомӣ ва нишонҳои сарисинагии пурифтихори Ғалаба ба аёдати устод рафтам. Устод рӯи ҳавлӣ болои кати чӯбине танҳо нишаста буданд. Яку якбора бо қадамҳои низомӣ даромданам устодро каме дар ҳайрат гузошта ҳангоми наздик шуданам баъд аз шинохтан табассуми зебое дар лабони устод шукуфт. Базӯр бо такяи асосяш аз ҷояш хеста маро оғуш кашид. Баъди салому сипос ва арҷи эҳтиром ба нишонҳои сари синагиам назар афканда ҳар яки онро ба кадом хотир ба ман тақдим намуданд пурсид. Нишони сари синагии иштирокчии муҳорибаи Сталинград бештар ӯро мутаваҷеҳ сохта бо суол ба ман рӯ оварда гуфтанд, ки аз радио бисёр шунидаам, ки муҳорибаи Сталинград пурматонаттарин муҳориба дар таърихи ҷанги ҷаҳонӣ буд. Кани шогирд бигӯ ки дар ин ҷанг бо фашистони разил рӯ ба рӯ гардидӣ? Ягонтои онҳоро асир гирифтед? Оё аз кадоме аз онҳо пурсидед, ки барои чӣ даррандавор ба ҷанг даромаданд? Ҳамин тавр устод чанд суоли кунҷковона ба ман доданд. Ҳангоми посухҳоям устод нимхез шуда мушташро гиреҳ намуда бо матонат мегуфтанд. О падарлаънатҳои беинсофе. Магар намедонистанд, ки «Оқибати чоҳкан зери чоҳ аст.» ҳамин тавр сӯҳбати мо бо устод чанд лаҳзае тӯл кашид. Баъди ин сӯҳбати гарму самимӣ ва пур аз меҳру муҳаббати ватанхоҳӣ ҳангоми гусел устод гуфтанд, ки ман ба номи домулло Ғафуров (устод Бобоҷон Ғафуровро ҳамин гуна ном мебурд. М.О.) мактуб намуда, хоҳиш мекунам, ки шуморо ба аспирантура қабул намояд. Баъди бозгашт ба шаҳри ҷоно ҷони Хуҷанд ба кори муаллимӣ машғул гардидам. Нахустин мақолаҳои илмиам дар Хуҷанд дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» оиди осори «Ибни Сино», «А.С. Пушкин» ва М.В. Ломоносов рӯи чоп омаданд. Ин мақолаҳо нахустин қадамҳоям дар ҷодаи илм ва тадқиқот буданд. Ҳамин тавр бо дастгирии маънавӣ ва фотеҳаи устод Айнӣ бо ҷасорат дар майдони поки илм қадамҳои устувори хешро гузоштам. Баъди чанд лаҳзаи суҳбати пурмӯҳтаво аз ӯ пурсидам, ки таъкиди устод Айнӣ дар мавриди нома ба номи устод Бобоҷон Ғафуров чӣ шуд. Устод хеле ботамкин ва бо садоқат ба устод Айнӣ гуфтанд, ки хушбахтона аввалин мулоқотам бо аллома Бобоҷон Ғафуров соли 1949 дар шаҳри Хуҷанд ба миён омад. Ва ин мулоқот тақдири манро комилан боилм пайваст. Яъне донишмандӣ ватанхоҳӣ ва башардӯстии устод Осимӣ аллома Бобоҷон Ғафуровро водор сохт, ки илму маърифати кишвар ба чунин нафарон ниёз дошта, чунин ашхосро мебояд ҳарчӣ зудтар ба пойтахти кишвар ба Душанбе овард. Ҳамин тавр устод Осимӣ бо дастгирии бевоситаи аллома Бобоҷон Ғафуров ба Душанбе омада дар риштаи таърихи фалсафаи физика кори илмиашро оғоз бахшида, ба шаҳри Москав фиристода шуд. Баъди се соли омӯзиш ва тадқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ ӯ рисолаи номзадиашро бо муваффақият ҳимоя намуда ба Донишкадаи педагогии шаҳри Хуҷанд баргашт. Соли 1956 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Донишкадаи политехники Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Бо тавсияи устод Бобоҷон Ғафуров Осимӣ ба мақоми роҳбарии Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон пешбарӣ гардида, дар ин мақоми баланди давлатӣ ифои вазифа намуд. Баъди чанд соли фаъолият ва дастовардҳои бузурги илмиву амалӣ соли 1961-ум ӯро Вазири маорифи халқи Тоҷикистон таъин менамоянд. Дар ин вазифаи пурмасъули давлатӣ низ устод бо сари баланд ва ифтихори зиёд фаъолият намуда, номи пурифтихораш зеби маҳфилу машваратҳои илмиву сиёсии кишвар мегардад. Соли 1964 баъди даргузашти Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ шахсияти барҷастаи илми Академик устод Султон Умаров бо қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон 15.05.1965 устод Осимӣ ба вазифаи Президенти Академияи Илмҳои ҷумҳурӣ пешбарӣ гардида ин вазифаи пурмасъули илмиро то соли 1988 бо некномиву сарбаландӣ иҷро менамояд. Ҳамакнун Академияи фанҳои Тоҷикистон (он вақт Академияи илмҳоро ҳамин гуна ном мебурданд. Ҷ.Т.) дар давраи ташаккул ва шаклгирии илмиву тадқиқотӣ буд, ки устоди донишманд академик Султон Умаров ногаҳонӣ аз олам даргузаштанд. Устод Осимӣ дар ин мақоми баланди илмиву фарҳанги бо матонату садоқат ба халқу Ватан ва фарҳанги ҳазорсолаи миллат гомҳои устувори хешро дар ин мақоми пурифтихори илмӣ гузошт. ӯ ки мактаби бузурги илмии устодаш Кедров Б.М.-ро гузашта буд дар бароҳандозии илмҳои табиатшиносӣ, фалсафа ва математика саҳми бузурги хешро гузошта, бинои мӯҳташами илмро бо тарҳи нав ба сохтмонаш оғоз бахшид. Баъди чаҳор соли фаъолияташ дар ин мақоми пурэътибори илмӣ соли 1969 Пажӯҳигоҳи илмиву тадқиқотии Шарқшиносӣ соли 1973 бошад шӯъбаҳои генетика ва муҳофизати зистро ташкил намуда корро дар ин самтҳо хеле фаъол намуд. Шахсияти устод Осимӣ мақоми одамиятӣ, донишу маҳорати касбиаш аз ҷониби шинохтатарин олимони шӯравӣ эътироф гардида, дар роҳи пиёда намудани ҳадафҳои стратегии илм аввал аз ҳама роҳбари илмиаш Академики АФ. СССР Кедров Б.М., ки аз шинохтатарин Академикҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд ба ӯ кӯмаки илмиву амалӣ менамуд. Ҳамин ахлоқи ҳамида, тамкину ирода ва донишу фаҳму фаросати баланди устод Осимӣ дар Академияи фанҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ намунаи баландтарини тафаккури илмии шарқиёна буда, Президенти Академияи Фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Академик Келдиш Мстислав Всеволодович ӯро хеле ва ва хеле иззату икром менамуд. Бо дастгирии бевоситаи ин шахсияти маъруфи илми Шӯравӣ устод Осимӣ тавонист, ки кадрҳои ҷавонро тарбия намуда, эътибори илму олими тоҷикро дар миёни олимони собиқ қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ баланд бардорад. Ногуфта намонад, ки саҳми устод Осимӣ дар мавриди Академик шудани аллома Бобоҷон Ғафуров хеле калон будааст. Эътибори илмӣ, инсонӣ ва роҳбарии устод Осимӣ дар баландтарин қуллаи ватанхоҳиву ватандорӣ қарор дошта ҳанӯз Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оламиён бо номи поки устод Муҳаммад Сайфиддини Осимӣ мешиносанд. Ҳамкориҳои илмиву тадқиқотии олимони тоҷик дар соҳаи физика, химия, математика, муҳити зист, табиатшиносӣ, кайҳоншиносӣ, шарқшиносӣ ва фарҳангшиносӣ бо соири кишварҳои олам павастагӣ дошта маҳсули тафаккури илмии тоҷикон дар бисёре аз мамолики ҷаҳон соҳиби эътибори баланди илмӣ мебошанд. Устод Осимӣ кибо аллома Бобоҷон Ғафуров хеле наздикӣ дошт аз мактаби бузурги маҳорати роҳбарӣ ва донишҳои ҷомеашиносии ӯ хеле баҳравар буд. Ва шояд ҳамин буда бошад, ки тадқиқотҳои ин абармарди дунёи илму ирфон роҷеъ ба паҳлӯҳои нави шинохти илм, фалсафа, табиатшиносӣ, шарқшиносӣ ва ҷомеашиносӣ рӯйи кор омада, ҳаводорони зиёди хешро дар қаламрави собиқ Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ пайдо намуд. Асари пурмӯҳтавои илмӣ-тадқиқотӣ ва фалсафии «Материя ва тасвири физики олам» диққати шинохтатарин олимони фалсафа ва илмҳои дақиқро ба худ ҷалб намуда, даҳҳо тақризу мақолаҳои илмӣ дар перомуни мӯҳтавои ин асар рӯи кор омад. Ҳамин тавр асори дигари устод Осимӣ «Пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафӣ соли 1970 рӯи чоп омада, дар омӯзиши таърихи афкори фалсафӣ шинохтатарин тадқиқот дар қаламрави Шӯравӣ пазируфта шуд. Ин тадқиқоти пурмӯҳтаво ҳамчун китоби дарсӣ, дар риштаи таърихи фалсафаи Шарқ барои донишҷӯён ва муҳаққиқони афкори фалсафии мутақадим дастури пурарзиши замони хеш буд. Устод бо малакаи баланди муаллимӣ ва муҳаққиқӣ дар бисёре аз марказҳои илмиву тадқиқотии кишварҳои гуногуни олам дар мавзуи «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ», «Тоҷикон дар масири таърих» дарс гуфта, ҳамзамон дар конфронсҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳҳои Ҷавоҳирлол Неҳру, Алигарх, Исломобод, Пешовар, Панҷоб, Академияи Муҳаммад Иқбол, Донишгоҳҳои Вашингтон, Сиэттл, Колумбия, Ню-Йорк ва Сорбони Фаронса ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ суханрониҳои пурмӯҳтавои илмӣ намудааст. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва заҳматҳои зиёди устод соли 1969 Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии тоҷик таъсис дода шуда таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ ба истиқболи шастсолагии Тоҷикистони Советии Энсиклопедияи Советии тоҷик дар як ҷилд рӯи чоп омад. Ва шоҳкории дигари устод ин нашри комили Энсиклопедияи Советии тоҷик дар ҳашт ҷилд буда ҷилди ҳаштуми он соли 1988 рӯи чоп омад. Яъне саҳми ин абармарди таърихи навини илми тоҷик дар рушду нумуи илму ирфони миллат хеле бузург буда, номи поки ӯ дар равоқи тиллоии кохии илму маърифати миллат бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардидааст. Он гунна ки пештар гуфтем ҳамкориҳои мо кормандони собиқ Бунёди Байналмилалии форси тоҷикӣ бо ҷамъияти «Пайванд», ки устод Муҳаммад Сайфиддини Осимӣ роҳбарии онро бар дӯш дошт хеле қавӣ буд. Раиси Бунёди Байналмилалии забони форси-тоҷикӣ шоири шаҳири миллат устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ, ки қомуси гаронмояи миллат буд, бо устод Осимӣ хеле муносибати самимӣ доштанд. Нашрияи «Сомон», киҳафтаномаи ин бунёд буд, ҳафтае як маротиба бо ду ҳуруф форсӣ ва сирилик рӯи чоп меомад, мақолоте зиёдеро аз муҳаққиқини форсизабони кишварҳои олам рӯи чоп меовард. Банда, ки масъули бахши форси ҳафтанома ва муовини сардабириро бар дӯш доштам бо тавсияи устод Лоиқ Шералӣ бисёре аз мақолоти аз хориҷи кишвар ворид шударо назди устод Осимӣ мебурдам. Устод баъди хондани мӯҳтавои мақолаҳо назарашонро баён намуда моробо диққат гӯш мекарданд. Баъди муҳокима ва машварати судманд он мақолаҳои илмиву тадқиқотӣ рӯи чоп меомаданд. Анна ҳамин ҳамкории судманд миёни Ҷамъияти «Пайванд» ба Бунёди Баналмилаии забони форси тоҷикӣ ба ҳама баҳсҳои илмиву касбӣ дар атрофии забони форси тоҷикӣ нукта мегузошт. Устоди зиндаёд шоири шаҳири миллат Лоиқ Шералӣ ба устод Осимӣ муҳаббат ва самимияти хоса дошт. ӯ устод Осимиро сутуни илму маърифати миллат ном мебурд. Ҳама баҳс ва гиру дорҳои забонро, ки миёни олимон ва мақолоти онҳо ба миён меомад бо машвара бо устод Осимӣ роҳи ҳалли хешро меёфт. Муҳаббат ва самимият ба таърихи адабиёт ва фарҳанги беш аз ҳазорсолаи форси тоҷикӣ барои устод Осимӣ ифтихори Ватандорие беш набуд. Ёд дорам, ки рӯзҳои аввалин Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, кибо ибтикори Ҷамъияти «Пайваст» ва Бунёди Байналмилалии забони форси тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе соли 1991 гузашта буд. Меҳмони зиёде аз мамолики Араб, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Афғонистон, Туркия, Амрико, Олмон, Фаронса, Британияи Кабир, Русия, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ба Душанбе ташриф оварда буданд. Аксарияти кулли меҳмонон устод Осимиро хеле хуб мешинохтанд. Устод, ки профессори фахрии чандин Донишгоҳҳои машҳури Шарқ буданд, мақолаҳояшон дар маҷаллаҳои илмиву татқиқотии он кишварҳо рӯи чоп меомаданд. Дар ҳамин Анҷуман ҳамзабонони бурунмарзиамон устод Осимиро Садри Маҷлис интихоб намуданд. Устод рахшонтарин ситораи самои Анҷуман буданд. Ҳамзабонони бурунмарзӣ дар симои ӯ роҳбари маънавӣ ва пири хирадро медиданд. Оре хирадманди хирадмандон. Шахсияти барҷастаи илму ирфон. Пайвандгари таърихи садпораи миллати таърихофари Шарқи бузург. Ҳаминтавр Анҷумани аввалини тоҷикони ҷаҳон (он вақт ҳамин гуна онро ном мебурданд. Баъдтар бо номи Анҷумани форсизабонон ва Анҷумани ҳамзабонони бурунмарзӣ номгузорӣ карда шуд. Ҷ.Т.) бо ифтихороти зиёди Ватандорӣ ба кори худ хотима бахшид. Бисёре аз донишмандони шинохтаи ҷаҳон, ки меҳмони Анҷуман буданд аз мавзеъҳои хушобу ҳавои кишвар дидан намуда, бо донишмандони кишвар низ чандин мулоқотҳои пурмӯҳтавои илмӣ низ намуданд. Ин ҳама саҳми бузурги устоди зиндаёд Академик Муҳаммад Сайфиддини Осимӣ буда, нақши ҷовидонаи ин Анҷумани хирад дар қалби ҳазорон ҳазор мардуми бофарҳанги миллат нақши абодии хешро гузошт. Сиришти ёдҳои пур аз дард аз он нахустрӯзгори бедории фарҳангии миллӣ, ки аз қалби реш реши Мавлоно Иқболи Лоҳурӣ, ки азизтарин сухансарои коиноти сухан ва маонии малакутӣ буданд, ки наҷвое бар гӯши ҷонҳо мерасад, ки дар такрими садуми солгарди ин абармарди дунёи розҳои гуфтаву ногуфтаҳо хоҳем гуфт: Суруди рафта боз ояд, к ин-ояд, Насиме аз Ҳиҷоз ояд, к ин-ояд. Саромад рӯзгори ин фақире, Дигар донои роз ояд, к ин-ояд. Ҷумъахони Темурзода
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.