Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОЗОДАПАЛАНГ ДУРУСТ АСТ Ё БАБРИ БАРФӢ

ОЗОДАПАЛАНГ ДУРУСТ АСТ Ё БАБРИ БАРФӢ

25-01-2020, 16:13
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0
ОЗОДАПАЛАНГ ДУРУСТ АСТ  Ё БАБРИ БАРФӢ
Озодапаланг яке аз ҷонварони нодиртарини ҷаҳон ва Тоҷикистон аст. Он ҳайвони даранда буда, ба оилаи ширхӯрони гурбашакли сутунмӯҳрадор дохил мешавад. Номи илмиаш “Uncia” ё “Uncia uncia” аст. Онро аксаран бо номи “бабри (ё паланги) барфӣ” ёд мекунанд. Ба забони русӣ ин ҷонварро “снежный барс” гӯянд, ки зоҳиран тарҷумаи таҳтуллафзии “Snow Leopard”-и англисӣ аст. Маълум аст, ки ин ҳайвон дар мамолики англиснишин ва минтақаҳои таърихан руснишин (манзурамон Аврупо) дар собиқ будубош надоштааст ва ҳоло ҳам надорад (агар боғҳои ҳайвонот ва марказҳои эҳёро (волйерҳо)-ро ба ҳисоб нагирем).
Аз ин рӯ, соҳибони ин забонҳо номи ҷонварро аз афташ аз тарз ва маҳали зисти он, ки дар баландтарин кӯҳҳо, дар ҷойҳои пурбарф воқеъ аст, гирифтаанд. Калимаи “леопард” аз ду реша “лео”- шер ва “пардос”- пантера (паланг) иборат аст ва маънои таҳтуллафзиаш “шерпаланг” мебошад. Дар даврони қадим чунин мепиндоштанд, ки леопард ин насли шер ва паланг аст. Аслан леопард ва пантера ду номи гуногуни ҳамон як навъи гурбаи бузургҷусса мебошад. Пантера (Panthera) дар тарҷума аз забони юнонии қадим ҳайвони “олӣ”, “калон”, “қавӣ”, “пурқудрат”-ро ифода мекунад. Ба оилаи пантераҳо чаҳор гурбаи бузургҷусса: шер, тигр (паланг ё бабр), леопард ва ягуар дохил мешаванд. Ҳамаи ин ҳайвонот бо ҳам хеши наздиканд. Ва бештари онҳо дар пӯсташон гулҳои сиёҳ-сиёҳи танга-танга доранд. Фаромӯш кардан даркор нест, ки озодапаланг аз хешони наздики леопард ҳаст ва ба он шабоҳати зиёде дорад. Шояд барои ҳамин бошад, ки баъзан дар каналҳои телевизионии Тоҷикистон баъзе рӯзноманигорон дар бораи озодапаланг барнома омода карда, ба ҷои он аз хазинаи шабакаи ҷаҳонӣ леопардро нишон медиҳанд.
Паланг аз қадим дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва шер дар Аврупо шоҳи ҳайвонот номида мешуданд. Ин ду ҷонвар он қадар ба ҳам хешовандии наздик доранд, ки метавонанд бо ҳам дурага шаванд. Дурага ё насли нарпаланг ва модашер - палангшер (тигролев) ва наршеру модапаланг лигр – шерпаланг ном дорад.
Шояд барои ҳамин бошад, ки аз тамоми ҳайвонот дида намоди шер ва паланг дар санъати ҳералдика мақоми аввалро мегирад. Дар бисёр гербҳо ва парчамҳои давлатҳои гуногун аз ҳама зиёд тасвири ин ду ҳайвони ваҳшӣ вомехӯрад. Шер намоде аз қудрату шуҷоат ва саховат ва паланг самбули далериву мардонагӣ мебошад.
Дар мардуми Осиё ва Шарқ паланг ҳамеша нишони қаҳрамонӣ, ҷасорат ва далериву пойдории ҳукмронӣ буд.Тасвири озодапаланг ҳам чун узви оилаи палангҳо дар бисёре аз нишонаҳои давлатии кишварҳо ба чашм мехӯрад, ки дар борааш баъдтар сӯҳбат хоҳем кард.
Халқҳои туркзабони Осиёи Миёна ин ҷонварро бо номҳои барс, ирбис, аилбирс, ағилбирс, оқбарс, илбирс ва барис ёд мекунанд. Дар Эрон як навъи паланги даштии ба озодапаланг монанд вуҷуд дорад, ки онро юзпаланг (аз калимаи ёзидан, вақти давидан ва ҷаҳидан баданаш меёзад) ном мебаранд.
Тибқи пажӯҳиши мо дар маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон: ноҳияҳои ВМКБ, Сангвор, Лахш ва Рашт, Айнӣ тоҷикон ин ҷонварро бо номҳои паланг, планг, паланги гулдор, паланги танга-танга, паланги холдор, шерпаланг, бабр, ҳатто баъзан барои тирагии пӯсташ харпаланг ҳам мегӯянд.
Аммо бисёре аз тоҷикон, бахусус, тоҷикони Кӯҳистони Помир ин ҷонварро аз давраи қадим озодапаланг ном мебаранд, ки вожаи сирф тоҷикист. Ҳақиқатан ҳам аз рӯи хислатҳои худ ин ин ҷонвар озодаафъол, озодарӯҳ ва озодарафтор аст ва шояд дар байни ҷонварони кӯҳсор аз ин ҳайвон дида ҷонвари озодатаре набошад. Озодапаланг дар кӯҳҳои баланд зисту гашт карда, болотар аз ҳама ва бовиқортар аз ҳар гуна ҳайвонот аст ва барои ҳамин номаш бо рафтору хислаташ хеле мувофиқ мебошад.
Воқеан, мо – тоҷиконро ҳам дар аҳди қадим барои озодандешӣ, озодакӯшӣ, озодапарастӣ “озодагон” мегуфтанд. Ин ду мафҳум ба ҳам рабте доранд ё не, инро таҳқиқоти мушаххас собит мекунад. Ба ҳар ҳол бояд ёдрас шуд, ки рамзи самарқандиҳои қадим ҳам озодапаланг буд.
Мутассифона, ин ҷонварро дар Тоҷикистон – ҳам дар адабиёти илмӣ, ҳам расонаҳои гурӯҳӣ, ҳам дар сӯҳбатҳои хосса бештар «паланги барфӣ» ном мебаранд, ки ин ҳам тарҷумаи таҳтуллафзии вариантҳои англисӣ ва русӣ мебошад. Зеро тоҷикон маъмулан ҳайвонот ва парандагонро бо як калима ном мебурданд на бо ибора. Ҳатто афроде, ки мутахассиси забон нестанд, эҳсос мекунанд, ки ибораи «паланги барфӣ» сохта буда, тоҷикӣ нест ва баргардони таҳтуллафзист. Ибора ба сурату хислати ин ҳайвони нодир мувофиқ набуда, бегонагии он ба биофарҳанги тоҷикон эҳсос мешавад ва ин ном, қодир нест касро ба ин офаридаи зебои худовандӣ ҷалб кунанд. Бо шунидани ин калима дар майнаи кас як чизи хунукбашара, бегона, беаҳамият пайдо мешавад.
Калимаи «озодапаланг»-ро тавонистем ҳангоми ҷустуҷӯ дар сомонаҳои форсизабон низ пайдо кунем, ки ба ҳамин маънии “паланг” омадааст. Пас маълум мешавад, ки ин мафҳум дар миёни халқҳои тамаддуни ориёӣ ва форсидошта қаблан маъмул будааст.
Пас “паланги барфӣ”, “бабри барфӣ” гӯем, ё “озодапаланг”? Кадомаш беҳтару мувофиқтар ва шунавотар? Кадомаш тоҷикитар? Кадоме аз ин вожаҳо бештар ба фарҳанги мо рост меояд?
Мо мақсад дорем тавассути ташвиқ ва тарғиби “озодапаланг” арзишҳои фарҳангӣ ва рӯҳонияти ин ҷонвари камшумор ва аҷоибхислатро низ эҳё намоем ва ба мардум то чӣ андоза муҳим будани он барои экосистемаи Тоҷикистонро исбот намоем.
Бо истифода аз нашри ин сатрҳо мо аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамаи олимон, журналистон, адибон, намояндагони халқ хоҳиш мекунем, ки номи зебои ин ҷонварро ба кор гиранд ва минбаъд, дар Тоҷикистон аз истилоҳи “озодапаланг” истифода баранд. Охир ин ном на танҳо сирф тоҷикӣ ва бағоят шоирона аст, балки он дар худ ғуруру шаҳомати табиати бошукӯҳи мамлакати зебои моро таҷассум мекунад! Қабули “озодапаланг” ҳамчун истилоҳ имкон медиҳад вариантҳои ночаспон ва нодурусте амсоли “паланги барфӣ”, “бабри барфӣ”, “шерпаланг” ва ҳоказо як сӯ гирифта шаванд.
]Қурбон Аламшоев,
рӯзноманигор, номзади илмҳои таърих
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: