“Дуҳокимиятӣ” дар истилоҳот13-02-2020, 12:00
Хабарро хонданд: 519 нафар
Назарҳо: 0
Аз ҳама муҳим он аст, ки омӯзондан ва ёд гирифтани 31 ҳарф назар ба 35 ҳарф осонтар, қулайтар, камхарҷтар ва ҳам аз ҷиҳати замону иқтисодӣ афзалтар аст. Аз ин сабаб ҷиҳати иқтисодии кам кардани чор ҳарфро набояд аз эътибор соқит кард. Дар соли хониши 2018 – 2019 дар Тоҷикистон қариб 9000 ҳазор синфи як бо 230 ҳазор мактаббача буд. Агар мо чор ҳарфро ихтисор кунем, ин маънои онро дорад, ки дар як сол 36 000 соат дарс кам карда мешавад (агар ба омӯзиши як ҳарф як соат ҷудо шуда бошад) ва агар як соат дарс 10 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас, дар як сол 360 ҳазор сомонӣ сарфа мешавад. Воқеан, хушҳол шудам, вақте Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодҳоро барои мукаммалтар шудани имлои забони давлатӣ барои муҳокима пазирад. Ҳарчанд ин корро то танқиди роҳбарияти Ҳукумат изҳор мекарданд, беҳтару афзалтар буд. Дар бораи камбудиҳои имлои забони тоҷикӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумњурии Тољикистон қабул шуда буд, мақолае навишта, албатта, умедвор будам, ин пешниҳод ва эродҳои дар мақола баён кардаам, мавриди таваҷҷуҳи кумита қарор мегирад, вале, мутаассифона, садое аз он сӯй баланд нашуд. Ҳоло ки раҳбарияти нав сари кор омад, умедам ба дастандаркорони тоза зиёд шуд. Ҳанӯз, шаст сол пештар вақте дар мактаби миёна мехондам, дар навишти “Юлдош” хато мекардам ва онро гоҳе “Йулдош” менавиштам ва мебинам, ки баъди гузашти ҳамин қадар сол ин калима ҳамоно ду навишт дорад, ҳарчанд “Юлдош” шакли аз назари қойидаи имло дуруст аст. Яъне, имрӯз ҳам “дуҳокимиятӣ” давом дорад ва дар матбуот фаровон истифодаи “йо” ба ҷойи “ё” мушоҳида мешавад. Мисоли охир. Бегоҳи 25 декабри соли 2019 дар шабакаи иљтимоии Фейсбук навиштаи Муҳаммадюсуф Давронзодро мутолиа кардам, ки дар он омада: “О, азиз, агар Шумо аз даҳоне аз Бертелс шунидаед ва йо ҳарфаке аз эшон ба вақти ғанаб хондаед, мо рӯзгоре таворих хондаем, ончунон бо он бузургвор ошноем, ки гӯйо дар ошхонае чою нон хурда бошем!”. Муаллиф ҳам “йо” ба ҷойи “ё” навиштааст ва ҳам калимаи “таворих” истифода бурдааст. Се тарзи навишти ин калимаро дидам: “таърих”, “таворих” ва “торих”. Ду – се забоне, ки каму беш медонам, ягон бор дар он забонҳо надидам, ки як калимаро бо се шакл навишта бошанд. Аммо дар забони тоҷикӣ, ки имлои устувор надорад, ҳама озод аст дар навишти ин ё он калима. Ҳоло алифбои мо аз 35 ҳарф иборат аст, вале аз назари ман чор ҳарфи ёдбарсар: “ю”, “я”, “е” ва “ё”, ки барои алифбои мо бегонаанд, зиёдатианд. Зеро рисолати ин чорро як ҳарфи “й” бо осонӣ метавонад иҷро кунад. Масалан, ёрдам – йордам, ем – йем, Юлдош – Йулдош, ятим – йатим. Агар мо аз алифбои сирилик ин чор ҳарфро бардорем, таносубан алифбо чор ҳарф кам мешавад! Ҳол он ки алифбои арабиасоси классикӣ бо бисту нуҳ ҳарф асрҳо бар души худ бори гаронбаҳои адабиёту илмро мекашиду мекашад. Афзалияти ин ихтисор дар чист? Пеш аз ҳама, иштибоҳ дар навиштан гум мешавад. Метавонам, даҳҳо мисол аз матбуоти муосир орам, ки яке “Юлдош” менависаду дигаре “Йулдош”, яке “йак” меораду дигаре “як”. Бинобар ин, аз ҳама роҳи осони барҳам задани ин гуна иштибоҳҳо ин аз баҳри чор ҳарф: “ю”, “ё”, “е” ва “я” гузаштан аст. Агар ба замони ворид шудани ин ҳарфҳо ба алифбои мо таваҷҷуҳ кунед, пай мебаред, ки онҳо аз русӣ ба мо гузаштаанд ва табиист, ки онҳо хоси забони русианд, аз ин сабаб, имрӯз мо бе онҳо метавонем имлоямонро низ мукаммалтар созем. Ин дар назари аввал менамояд, ки калимаи “йатим” он қадар дар навишт табъи дил нест, зеро чашмҳоямон ба “ятим” одат кардааст. Айнан, чунин ҳолат ҳангоми навишти “бэҳтар” рӯй медиҳад, зеро дар назари мо “беҳтар” беҳтар аст. Аз ҳама муҳим он аст, ки омӯзондан ва ёд гирифтани 31 ҳарф назар ба 35 ҳарф осонтар, қулайтар, камхарҷтар ва ҳам аз ҷиҳати замону иқтисодӣ афзалтар аст. Аз ин сабаб, ҷиҳати иқтисодии кам кардани чор ҳарфро набояд аз эътибор соқит кард. Дар соли хониши 2018 - 2019 дар Тоҷикистон қариб 9000 ҳазор синфи як бо 230 ҳазор мактаббача буд. Агар мо чор ҳарфро ихтисор кунем, ин маънои онро дорад, ки дар як сол 36 000 соат дарс кам карда мешавад (агар ба омӯзиши як ҳарф як соат ҷудо шуда бошад) ва агар як соат дарс 10 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас, дар як сол 360 ҳазор сомонӣ сарфа мешавад. Китоби”Алифбо” ҳам таносубан чор ва ё зиёдтар саҳифа кам мешавад. Барои шогирди синфи як, албатта, омӯхтан ва азёд кардани 31 ҳарф назар ба 35 ҳарф осонтар аст. Ба ёд оред, дирӯз буд, ки мо “гиря” ва ё “дунё”- ро бо аломати ҷудоӣ “гирья” ва “дуньё” менавиштем. Боз ба хотири наранҷидани русҳо ҳарфҳои талаффузашон ба табиати забони мо тамоман бегона “щ” “ь”, “ы” ва “ц” ҳам ба алифбоямон дохил карда, шумораи онро ба 39 расонида будем. Як лаҳзаи аҷиб ҳељ аз хотирам намеравад. Барои он ки ҳарфи “Ы”-ро талаффуз карда наметавонистем, дар мактаб онро “И-и шасту як” мегуфтем. Ҳол он ки дар забони тоҷикӣ бо ин ҳарфҳо як калима ҳам набуд ва онҳоро танҳо барои навиштани калимаҳои аз забони русӣ гузашта истифода мебурдем. Ҳоло он ҳарфҳо аз алифбо рафта бошанд ҳам, таъсирашон мондааст. Масалан, мо калимаи “Милитсия” – ро то ҳол бо “тс” менависем, ҳарчанд дар талаффуз аксар “милиса”- ро корбаст мекунанд. То ҳол, ман аз ягон кас талаффузи пурраи “милитсия”-ро нашунидаам. Пас чаро мо то ба ҳол аз “тс” нараҳидаем? Шояд “ц”- ро ранҷонидан намехоҳем? Ҳоло дар пеш тағйири “милитсия” ба “политсия” аст ва шояд калимаи “Политсия “ ба ҷойи “милитсия” қабул шавад. Ба гумонам, тағйири яке ба дигаре аллакай масъалаи ҳалшуда аст. Ва метарсам, ки либоси урфии онҳо бо сабти “политсия” супориш шудааст. Аз назари ман “полис” назар ба “политсия” беҳтар аст. Чаро? Барои он ки талаффузи “полис” осону қулай ва ба табиати забони мо мувофиқ аст ва барои тоҷик талаффузи “политсия” душвор аст назар ба “полис”. Баъдан, дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар аксари кишварҳои Шарқ “полис” қабул шудааст. Умуман, ба истиснои се ё чор мамлакате, ки ҳафи “ц” доранд, дар зиёда аз сад давлати ҷаҳон, ҳам дар Шарқу ҳам дар Ғарб “полис” аст. Агар мо “политсия”- ро имрӯз пазирем, муддате мегузарад ва ин камбуди моро ояндаҳо ҳатман ислоҳ мекунанд. Агар аз кам шудани ҳарфҳо андешем, бубинед, забони англисӣ бо бисту шаш ҳарф қариб тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Масъалаи дигари ниҳоят муҳим ва доғе, ки ҳалли худро интизор аст, ин дуҳокимиятӣ дар имлои ғайрирасмӣ аст. Барои чӣ ғайрирасмӣ? Барои он ки имлои забони тоҷикӣ аслан, дар масъалаи “дуҳокимиятӣ” ҳарфе нагуфтааст. Дурусттар гӯем, ман аз имлои забони тоҷикӣ тарзи навишти дурусти калимаи “Америка” ё “Амрико”-ро наёфтам. Умуман, дар бораи тарзи навишти калимаҳо ва номҳои ҷуғрофии аз забонҳои дигар ба тоҷикӣ гузашта кам ҳарф ҳаст. Бубинед, дар матбуоти даврӣ яке “Амрико” менависад, дигаре “Америка”. Яке “Олмон” дигаре “Германия”, “Москва”, “Маскав” ва ҳатто “Моску” ҳам истифода мебаранд. Яке “Ҳуте”, дигаре “Гёте” ва саввумӣ “Гуте”, “Фаронса” – “Франсия” ва даҳҳову садҳо калимаҳои иқтибосӣ ва ё хориҷӣ ба ду ва ё ҳатто ба се шакл меоянд. Чаро то имрӯз дар Кумитаи забон ва истилоҳот ба ин “дуҳокимиятӣ” эътибор надодаанд ва ё чаро дар ин бора маҳфиле ё баҳсе ба шакли мизи мудаввар наоростаанд, бароям торик аст. Ман як чизро мефаҳмам, ки дар забони англисӣ калимаи “London” танҳо “London” навишта мешавад, дар русӣ “Москва” ба истиснои тағйирёбӣ аз рӯи сарфу наҳв “Москва” аст, на “Маскав”, “Теҳрон” ҳам танҳо “Теҳрон” аст, вале чун мо як қоидаи маъмули навишти калимаҳои ғайритоҷикӣ надорем, ҳар кӣ ҳарчи мехоҳад, менависад. Аз рӯи мушоҳида нашрияҳои давлатӣ ба тарзи навишти русии калимаҳои хориҷӣ такя мекунанд ва ҳатто “Штатҳои Муттаҳидаи Америка” ҳам менависанд ва ин номи кишварро дар ҷаридаи ғайридавлатӣ “Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” мехонем. Чаро? Яке аз ин тарзи навишт, ки ба табиати забони мо мувофиқ аст, бояд интихоб кунем. Ҳоло онҳое, ки бо компутер (намедонам, “компютер” дуруст аст ё тарзи навишти ман) сару кор доранд, медонанд, ки барои бехато хондану навиштани калимаҳои англисӣ, русӣ ва чанд лисони дигар дар компутер барномаи махсус мадад мерасонад. Масалан, агар шумо ба ҷойи “London” “Landan” нависед, ба зери калимаи хатои “Landan” ҳатман хати сурх мекашад, ки маънояш калимаро ғалат навиштаед. Ҳатто вергулро нодуруст истифода баред, бо хати сабз ишора мекунад, ки ислоҳ кунед ва боз худаш тарзи дурусти навиштани ҷумла ва ё калимаро нишон медиҳад. Шояд ягон гурўҳи дилсӯз дар фикри ҷорӣ кардани чунин барнома барои забони тоҷикӣ ҳам бошад, аммо имрӯз чунин барнома ба кор намеравад, зеро компутер саргум мезанад, ки дар забони тоҷикӣ кадомаш дуруст бошад: “Ландан” ё “Лондон”. Чун забони мо аз хати сирилик истифода мебарад, тарзи навишти бисёр калимаҳои аслӣ низ ду ва ё се хел аст. Ин ҷо асосан масъала дар хати арабиасоси форсӣ нанавиштани садонокҳо аст. Акнун дар хати сирилики мо ҳар кӣ хоҳад, он садонокро ба тарзи барои худ осон, мусоид ва қулай таѓйир медиҳад. Махсусан, ин зуҳурот дар назм зиёд ба чашм мерасад. Аммо мехоҳам дар ин мавзўъ олимони варзидаи ҳамин соҳа зиёдтар андешаву пешниҳодҳои худро нависанд. Оё “дуҳокимиятӣ” ва “сеҳокимиятӣ” дар имлои забони тоҷикӣ барҳам мехӯрда бошад? Муҳибуллоҳ Қурбон,
рӯзноманигор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.