Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Баромади Қодири Қосим дар Анҷумани 13 ҲХДТ

Баромади Қодири Қосим дар Анҷумани 13 ҲХДТ

20-12-2019, 14:14
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Баромади  Қодири Қосим дар Анҷумани 13 ҲХДТ Қодири Қосим, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон:

-Пешвои муаззами милат!
Вакилони муҳтарам!

Сараввал ман фаъолияти яксолаи ҲХДТ-ро болотар аз баҳои маъмулии “қаноатбахш” арзёбӣ мекунам. Албатта, имрӯз ошкоро эътироф намоем, ки кулли дастовардҳои ҳизб ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ҳастанд.
Анҷумани навбатии ҲХДТ дар даврае доир мегардад,ки буҳрони сиёсии ҷаҳонӣ,рақобати шадиди абарқудартҳо дар бозори геополитикӣ,авҷи терроризми ҷаҳонӣ Сайёраи моро ба кунҷи нокомӣ мебарад.
ҲХДТ 25 сол қабл дар сангарҳои даргириҳои шаҳрвандӣ зуҳур кард. Ёд дорам 5 декабри соли 1994 вақте дар ноҳияҳои Тавилдара,марзи Дарвоз неруҳои мухолифин наваскарони моро асир гирифта, раги хунгарди Бадахшон роҳи Душанбе-Хоруғро бастаанд, ҲХДТ расман сабт гардид.Ин ягона ҳизби пешоҳанги ҷомеа дар ИДМ мебошад,ки дар пойгоҳи аҳзоби пешин пайдо нашуда,чун созмониҷавобгуӣнав ба вуҷуд омад.Аз ин рӯ, ормон,стратегия ҲХДТ аз ягон ҳизб кӯчонда нашудааст.Ба омори таърих назар кунем.Ҳатто куҳнатарин ҳизбҳои Британия, ИМА, Олмон дар 25 сол ба чунин дастоварди имрӯзаи ҲХДТ нарасидаанд. Баръакс,ҳизби ҷумҳурихоҳон, консерваторон ба шикасту буҳронҳои сиёсӣ дучор шудаанд.
Мо имрӯз мушоҳида карда истодаем,ки ҳатто ҳизбҳои инқилобии коммунистии Чин,Ветнам таҷрибаи моро доир ба муросои миллӣ,саҳми ҳизб дар танзими иҷтимоии ҷомеа меомӯзанд.
Ман баъзе андешаҳоямро дар конфронси ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иброз доштам.Имрӯз илова мекунам,ки ҲХДТ,ҳизбе, ки дар кураи даргириҳои солҳои навадум,дар даврони буҳрони шадиди сиёсӣ иқтсодӣ таъсис ёфта,мисли маъруфтарин аҳзоби ИМА, Британия, Олмон танҳо дар рақобати солим ва фазои демокартияи озод,риояиҳамаи ҳуқуқҳои интихобкундагон ба маъракаҳои сиёсӣ вориди баҳс мегардад.Мо аз таърихи сиёсии Тоҷикистон огоҳҳастем,ки ҳизбсозӣ ба манфиати шахсони алоҳида,баҳри мансабталошӣ дар солҳои навадум авҷ гирфта буд.Ва натиҷаашро низ хуб медонед,ки бо роҳи фиреби мардум талоши табаддулоти давлатӣ намуданд.
ҲХДТ низ табаддулот кард.Аммо бе силоҳ ва хунрезӣ дар тафаккури омма,қалби инсонҳо табаддулот намуд.Дар 25 соли охир ҳизб сараввал аз паси мардум рафт ва дар лаҳзаҳои душвори хатарзо дар сафи пеши мардум қарор гирифт.

Дар ҳамаи ин дастовардҳо Пешвои миллат ба ҲХДТ чун ядрои сиёсӣ такя намуд. Сабаби муҳаббат ва маҳбубияти Пешвои миллат байни мардум он аст, ки ӯ баробар бо ду даст-яке ба омма ва дигаре ба ҳизб такя менамояд. Ин мувозинат асрори пешравии ҷомеаи мост.
Дастоварди бузурги сиёсии ҲХДТ- ин тағйири куллии равони (психология) мардум ба аҳзоби сиёсӣ мебошад. Бояд иқрор кард, ки дар 27 сол аҳзоб борҳо мардумро ба ҷарии ҳалокат тела доданд. Ин оммаро ба даҳшат моил кард. ҲХДТ дар муддати кӯтоҳ тавонист равони мардумро пас аз кӯшиши табаддулоти ТЭТҲНИ нисбат ба созмонҳо ва аҳзоб кулан тағйир диҳад. Пешвои муаззами раҳмдилу дилсӯз дар музокироти сулҳ бо вуҷуди тамоили тундгароии ҲНИ чашм пӯшида, ба фаъолияти он иҷозат дод. ҲХДТ на бо зурӣ, балки бо сухан ва идроки одии башарӣ оммаро ба созандагӣ, оқибати даҳшати даргириҳо сафарбар намуд.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, он рӯз, ки Шумо савори булдозери вазнин шуда, сангу шағалро пеш карда, маҷрои дарёи Вахшро иваз кардед ва обро тариқи нақбҳои обгузар равона сохтед, ин кори Шумо на фақат мардуми шарифи Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷахониро тасхир намуд. Аз тариқи ВАО ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди ин лаҳзаи таърихӣ ва тақдирсоз буданд.
Публитсисти англис Девид Триллер барҳақ гуфта буд: « Эмомалӣ Раҳмон бо амали худ Президенти заминӣ буданашро нишон дод. Дар таърихи муосир ин намунаи фидокории нав мебошад».
Мо наслҳои даврони Шӯравӣқариб дар шанбегӣ як ғӯлачубро бардоштани Владаимир Ленинро 70 сол шанебгиҳо доир намудем.Вале ин иқдоми аз худ намунаи шуҷоат нишондодаи Пешвои миллат хеле хирра ёдрас мешавад.Ба ин хотир мо ҳизбиён бояд ҳар сол дар ин рӯз ҳашари умумимиллӣ доир намоем.
ҲХДТ,ҳамзамон, сарварӣ ба соҳаҳои саноат ва кишоварзиро тавассути сохторҳои ибтидоӣ пурқувват кард. Гузаштан аз усули амрфармоӣ ба машвартию дастурдиҳӣ мушкилоти соҳаҳои мухталифро ҳалу фасл намуд.
Бояд зикр кард, ки ҲХДТ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ –шабакаи сеюм саҳми бузург дорад. Имрӯз ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ фаъолияти рӯзмаъраашонро бо меъёри ҲХДТ арзёбӣ мекунанд. ҲХДТ ба ченаки сиёсӣ табдил ёфт. Аз паси ҲХДТ рафтан анъана гардид.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон-шарики боэътимод ҲХДТ ҳанӯз ҳам зерии таассуроти ҳаяҷонбахши аз мулоқот бо Пешвои миллат қарор доранд.Барои ҳамин ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ ин дастурҳо роҳнамои кор мебошанд.
Муҳтарам вакилон!
Таҷрибаиҷаҳонии ташаккули кишварҳои рӯ ба инкишоф ва дорои иқтисоди устувор шаҳодат медиҳад,ки саҳми шахсият омили асосии пешравӣ ва пирӯзӣ мебошад.Ҳанӯз дар қарни бист маҳз бо саъю талоши Отатурк, давлати Туркия, Франс Аденауэр Олмони Федеративӣ, Ли Куан Ю Сингапур, Ден Сяопин Хитой,Махатхир Моҳамад Малайзия,Урхо Калева Кеконен- Финландия аз кишварҳои қафомонда ба давлатҳои абарқудрати иқтисоди қавӣ табдил ёфтанд.Аз ин рӯ, мо дар инкишофи иқтисод ва пешравиҳои зиндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз саҳми бузурги Пешвои миллат сарфи назар нахоҳем кард. Ширкати бевсоитаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар бунёди корхонаҳои саноатӣ самараи корро даҳчанд меафзояд.Ба чанд омор таваҷҷуҳ кунед.Модели “Мӯъҷизаи саноати Хитой” дар 15 солҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 12 фоиз,Сингапур 14 фоиз,Кореяи Ҷанубӣ 18 фоизро таъмин карда буд.Вале тибқи дастури Сарвари давлат то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 22 фоиз пешбинӣ гардидааст.Саноати кишвар дар зарфи як сол аллакайҳиссаи саноатро 2,4 фоиз таъмин намуд.
Ман банди 7 барномаи дурнамои ҳизбро ба вакилон ёдрас мекунам:” ҲХДТ ба хотири таъмини амнияти давлату мардуми кишвар ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароӣ, терроризм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир, вуруди идеологияҳои харобкорона ва ҷараёну равияҳои тафриқаангез бо истифода аз имконоти мавҷудаи худ дар доираи қонун мубориза хоҳад бурд”.
Дар анҷуманиҷашнӣ аз муаммоҳо ҳарф задан-кафолати пешравӣ аст.Бояд иқрор кард,ки ҳамаи комёбиҳои ҲХДТ бо туфайли обрӯ ва эътибори Пешвои миллат ба даст омадаанд.ҲХДТ ҳоло ҳам коршиносони сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ,сиёсатмадорони дараҷаи байанлмилӣ кам дорад.Ба ҳар ҳамлаи иттилоотии хоинон бояд ҷавоби дандоншикан гуфт. Интерпол бо дархости мо ҷинояткорро пайгриӣ мекунаду сохтори дигари Аврупо ӯро мукофот медиҳад.Ин нуқси мо аъзои ҳизб аст.Терроризми ҷаҳонӣ ба мо раҳм намекунад. Мутаассифона, дар ин самт ҳоло идораҳои қудратии кишвар танҳо ҳастанд.Бетарафӣ ё бетфовутӣ бадтар аз хиёнат аст.Террори дидбонгоҳи Ишқобод сабақи хуб аст. Ин ҳодиса ғафлати сиёсии омма дар дифои манфиати миллӣ аст.Пешвои миллат тайи ду сол 37 маротиба дар ин хусус, бавоситаю бевоста ёдрас карданд.Магар тахминан 300 нафар аҳолии ҳудуди террор аз нияти нопоки террористон пай набурданд? Мо идораҳои қудратиро айбдор намекунем.Ин гуноҳи азими бетарафии мардум аст.
Террори итилоотӣ боз ҳам мудҳиштар аст.Расонаҳои зархарид ва шабакаҳои иҷтимоии бадзабон маъракаи туҳмату иғворо авҷ доданд.Аммо ман ягон вокуниши ҷиддиро мушоҳида накардам.Чаро баъзе кишварҳои Аврупо ва Амрико моро ба худкомагӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон айбдор мекунанду садои тири паҳлуяшонро намешунаванд.Бе ҷанг тайи ду сол дар ИМА 670 нафар, дар Олмон 120 нафар дар паи тирпарронӣ кушта шуданд.Ғарб аз мурофиаи ҷинояткори адвокати тоҷик ду сол ҳаёҳую воҳима барангехтааст.Аммо дар идораи консулгарии Туркия ваҳшиёна куштани журналист Хашогиро нодида гирифт.
Шароит ва имконияти ҳизби мо аз КПСС солҳои 1942 ҳазор бор бештар аст.12 ҳазор аъзои КПСС фашистонро аз Москва пеш карданду мо қариб ним миллион аъзо бо чор хоини ватан дар Аврупо муросо карда нишастаем.Бадтараш он аст,ки иддае за одамон бо ин фирориёни хоин муколамро пешниҳод мекунанд.
Дар ин самт Федератсияи иттифоқҳои касаба ва ҲХДТ маҷмӯи чорабиниҳоро таҳия хоҳанд кард.
Ман аз ҳуқуқи ҳизбиам истифода намуда, барои пешравии бештар чанд пешниҳод арз мекунам:
Аввалан,ҲХДТ мактаб, арсаи устувори инкишофро доро шуд. Барои тарбияи насли нави созанда, тайёр кардани сарварони ояндаи ҳизб вақти он фаро расидааст, ки Академия –донишгоҳи таҳсилоти ҳизбии Пешвои миллат таъсис гардад. Ин муассисаи олии ҳизбӣ дар баробари тайёр кардани кадрҳо ба омӯзиши таъриху фаъолияти бисту панҷсолаи ҲХДТ чун пажӯҳишгоҳи ҳизбӣ машғул гардад.
Дуюм,Созмони наврасони пешоҳангони Пешво ба тақвияти сохторӣ ниёз дорад. Бо роҳи ташкили урдугоҳҳои мавсимӣ дар наврасон маҳорати сарвариро бояд тарбия кард.
Сеюм,ҲХДТ чун анъанаи даврони гузашта сарпарастӣ ва мураббигиро ба сохтмонҳои азим таҳия намояд. ҲХДТ аллакай қобилияти бузурги сафарбаркунандагӣ дорад. Сарпарастӣ ба НБО “Роғун” лоиҳаи “КАССА 1000” иқдоми хайр хоҳад буд.
Чорум, бо сарварии ҲХДТ Конгрессии миллии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо иштироки ҳамаи аҳзоб ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис ёбад.
Панҷум, мо дар дохили кишвар минбари комил дорем. Ба ақидаам зарур аст, ки аз дастовардҳои мо берун аз кишвар низ омма огоҳӣ пайдо кунад. Аз ин рӯ, нашри рӯзномаи “Минбари халқ” дар хориҷа ба забонҳои русӣва англисӣ ба роҳ монда шавад.
Дар фарҷом ба ҳамаи аъзои ҲХДТ-баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат пирӯзиҳо таманно дорам.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: