шаҳри Душанбе, 13 декабри соли 2019
Муҳтарам вакилони анҷуман!
Ҳозирини гиромӣ!
Соли ҷорӣ аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маром ва ҳадафи асосии он танҳо хизмат ба халқ мебошад, бисту панҷ сол сипарӣ мешавад. Ҳизби мо бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ташкил шуд ва ҳамчун зодаи замони истиқлол рушд кард. Маҳз хислати мардумсолорӣ, ғояҳои созандаву бунёдгарона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ҳизби моро дар миёни ҷомеа ба таври шоиста муаррифӣ кардаанд. Бинобар ин, ҳамаи аъзои ҳизб ва шумо - вакилони анҷуманро ба ифтихори санаи биступанҷумин солгарди таъсиси ин ҳизби мардумӣ самимона табрик мегӯям.
Робита миёни ҳизб ва ҷомеа тӯли ин солҳо на танҳо устувор гардид, балки сол ба сол тақвияту густариш ёфта истодааст.
Дар ин муддат, ҳизби мо ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ аз иҷрои чор вазифае, ки дар назди Ҳукумати мамлакат қарор дошт, муваффақона баромад: якум - хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дуюм - барқарор намудани сулҳу субот, сеюм - таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва чорум - ташаккул додани рукнҳои давлатдории миллии Тоҷикистон.
Чоряк асре, ки гузашт, ба аҳли башар собит кард, ки мардуми Тоҷикистон бар хилофи кӯшишҳои ғаразноки бадхоҳони миллати тоҷик бо такя ба хиради азалии хеш аз гаронтарин санҷиши таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дар раванди он ба давлати ҷавони мо хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудан ва пароканда гардидани миллат таҳдид мекард, бо сарбаландӣ гузаштанд ва Тоҷикистони азизи мо ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ташаккул ёфта, ба сифати узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.
Барои он ки давлати мо пойдору побарҷо ва ҷовидон бошад, мо бояд аз таърихи худ сабақ омӯзем, то роҳи фардои давлату миллатро боз ҳам равшантару ҳамвор созем. Дар ин раванд, ҳама бояд эътимоди комил дошта бошанд, ки роҳи интихобкардаи мардуми тоҷик ягона роҳи дуруст ва бебозгашт аст.
Ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир дар назди ҳар яки мо талаботи нав ба нав мегузорад. Бинобар ин, роҳи асосии давлатсозии мо интихоби дурусти самти рушд ва сафарбар кардани ҷомеа ба ҳадафҳои гузоштаи ҳизб мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолияту озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Ҳизби мо барои пешрафти устувору бомароми мамлакат, ки ҳадафи он муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати рушди неруи инсонӣ ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад, пайваста саъю талош мекунад.
Имрӯз дар Анҷумани сездаҳуми ҳизб “Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, ки фарогири самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат барои панҷ соли оянда мебошад, мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Бо вуҷуди таъсири манфии як қатор омилҳои берунӣ, тавассути саъю талоши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар мунтазам ва бомаром рушд карда истодаанд. Мо минбаъд низ кӯшиш мекунем, ки рушди воқеии солонаи иқтисодиёт дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз таъмин карда шавад. Дар давраи татбиқи барномаи пешинаи ҳизб ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб ду баробар афзоиш ёфт. Тибқи барнома, дар панҷ соли оянда мо тасмим дорем, ки дар ҳалли ҳадафи чоруми стратегиамон – саноатикунонии босуръати мамлакат як силсила корҳоро анҷом дода, дар самти бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ тадбирҳои мушаххас андешем.
Тайи ду соли гузашта дар соҳаи энергетикаи кишвари мо гардиши куллӣ ба амал омада, ду агрегати неругоҳи барқи обии “Роғун” ба истифода дода шуд. Истеҳсоли неруи барқ аз 17,2 миллиард киловатт - соат дар соли 2013 ба 22,6 миллиард киловатт - соат дар соли 2019 расид, ки ин на танҳо ҷиҳати таъмини мардум бо неруи барқ, балки барои фаъолияти муназзами корхонаҳои истеҳсолӣ кофӣ мебошад ва илова бар ин, имконияти бунёди корхонаҳои нави саноатиро фароҳам меорад. Ҳоло сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун», хатти баландшиддати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – «КАСА - 1000», таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Қайроққум», «Сарбанд» ва бунёди дигар неругоҳҳои барқи обии дорои иқтидори миёна дар минтақаҳои гуногуни кишвар бомаром идома доранд.
Мехоҳам таъкид намоям, ки амалӣ гардидани лоиҳаи “КАСА -1000” дар баробари таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, инчунин, ҳамкориҳоро дар дигар арсаҳои ҳаётан муҳимми кишварҳои минтақа вусъат хоҳад бахшид.
Дар бахши сиёсати иқтисодӣ мо мисли ҳарвақта ҷалби сармояи мустақимро яке аз роҳҳои пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат медонем. Дар панҷ соли охир, маблағи умумии 107 лоиҳаи анҷомёфта ва амалкунандаи сармоягузорӣ 41 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаи нақлиёт қариб 12 миллиард, энергетика 17,5 миллиард, кишоварзӣ ва обёрӣ қариб 3 миллиард ва бахши иҷтимоӣ 9 миллиард сомониро ташкил кардааст. Маблағи умумии лоиҳаҳои дар ин давра амалигардида 17,6 миллиард сомониро ташкил додааст.
Мо барои таъмин кардани ҳамгироӣ ва сохтани Тоҷикистони воҳид, дар навбати аввал, бунёд, таҷдид ва таъмири шоҳроҳҳо ва нақбу пулҳоро ба роҳ мондем. Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон нақши калидӣ дорад. Ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф то имрӯз дар соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат даҳҳо лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ гардидааст. Ҳамзамон, солҳои охир (аз соли 2015 то имрӯз) дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва маблағҳои барои сохтмони асосӣ пешбинишуда 817 километр роҳҳои мошингард ва 1 нақби мошингузар бо дарозии 3643 метр ба маблағи умумии қариб 5 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт боз 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии шашуним миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Тавсеаи шабакаи муосири роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти барномавии Ҳукумат ба шумор меравад. Ҳоло дар қаламрави мамлакат сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитӣ босуръат идома дорад.
Дар ҳафт соли оянда пешрафти Тоҷикистон дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳамчун ҳадафи олӣ боқӣ мемонад.
Дар ин давра, ба зиммаи мо се вазифаи асосӣ - ноил шудан ба рушди иҷтимоиву иқтисодии хоси кишварҳои сатҳи даромадашон миёна, таъмин намудани пешрафти устувор ба воситаи диверсификатсия ва баланд бардоштани қобилияти рақобати иқтисоди миллӣ ва тавсеаи табақаи миёнаи аҳолии кишвар қарор хоҳад дошт.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускору пешсаф сиёсати худро дар самти дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об идома дода, талош меварзад, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ, барои масъалаҳои глобалии сайёра саҳми арзишманд гузорад. Ҳоло ташаббуси чаҳоруми Тоҷикистон дар доираи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” амалӣ шуда истодааст. Тибқи пешгӯии коршиносони Созмони Милали Муттаҳид аз таъсири тағйирёбии иқлим ва афзоиши аҳолӣ то соли 2030 зиёда аз 40 фоизи аҳолии ҷаҳон норасоии захираҳои об, хусусан, оби ошомиданиро эҳсос хоҳад намуд. Дар ин раванд, Тоҷикистон, ки беш аз 60 фоизи захираҳои оби минтақа дар ҳудуди он ташаккул меёбанд ва қисми бештари пиряхҳои минтақа низ дар кӯҳҳои он ҷойгир мебошанд, ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо бетараф буда наметавонад.
Бинобар ин, мо ҳамчун ҷузъи таркибии сайёра вазифадорем, ки оид ба роҳандозии робитаҳои шарикиву ҳамкории байналмилалӣ дар самтҳои тағйирёбии иқлим, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, муҳити зист, “энергияи сабз”, мудирияти захираҳои об, ҷалби сармоя, инфрасохтор ва дигар масъалаҳои мубрам аз ҳарвақта бештар фаъол бошем.
Соли гузашта, дар Паёми навбатии худ, бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда будам. Ба ҳама маълум аст, ки нақши деҳот ва саҳми кишоварзону деҳқонони асил дар таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ чӣ қадар бузург аст. Бинобар ин, мо дар назди худ вазифа гузоштем, ки дар навбати аввал, вобаста ба таъсис ва таҷдиди инфрасохтори деҳот, хусусан, бунёди мактабҳои муосир, марказҳои муҷаҳҳази тиббӣ ва иншооти варзишу истироҳат, ки нишондиҳандаи меъёр ва унсурҳои аввалияи зиндагии шоиставу мутамаддин мебошанд, тадбирҳои амалӣ андешем.
Тибқи нақша ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёда аз 22 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода, таҷдид ва бунёди инфрасохтори маҳал таъмин карда мешавад.
Сарзамини тоҷикон дорои захираҳои бойи табиӣ буда, бо табиати назаррабову камназир, ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ, этнографӣ ва табобатӣ таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро торафт бештар ҷалб менамояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ вазифадоранд, ки якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ин самт чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар ин росто, зарур аст, ки рушди соҳибкории хурду миёнаро дар деҳот ба яке аз самтҳои калидӣ табдил дода, миёни шаҳру деҳот шабакаҳои тиҷоратӣ ташкил карда шаванд, то маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва меваву сабзавоти тару тоза бо нархи арзон ва дастрас на танҳо дар дохил ба фурӯш бароварда шавад, балки ба хориҷи кишвар низ содирот гардад.
Ҳоло корҳо дар самти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти парандапарварӣ ва моҳидорӣ барои пурра таъмин намудани эҳтиёҷоти аҳолии кишвар вусъат гирифта истодаанд.
Вакилони муҳтарам!
Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва татбиқи сиёсати иҷтимоӣ яке аз авлавиятҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ мебошад.
Имрӯз инсон ва тақвияти неруи инсонӣ дар маркази сиёсати иҷтимоии давлати мо қарор дошта, рушди ҳамаҷониба, камолоти сиёсӣ, маънавию фарҳангӣ ва ҷисмонии ҳар фарди ҷомеа моҳияти усулии ин сиёсатро ташкил медиҳад. Бо ин мақсад, то ба имрӯз аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани шароити кор ва расидан ба зиндагии шоиста бисёр тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидаанд.
Бо супориши Роҳбари давлат мушкилоти умдаи рӯзгори мардум мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, вобаста ба ҳаллу фасли онҳо ба вазорату идораҳо ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд. Ҳизби мо ҳалли масъалаҳои иҷтимоиро яке аз ҳадафҳои асосии худ медонад ва дар таъсиси инфрасохтори иҷтимоӣ, хусусан, ислоҳоту навсозии он, беҳсозии вазъи муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру деҳот, беҳтар кардани шароити оилаҳои серфарзанд ва ҷудо кардани кумакҳои иловагӣ ба ятимону маъюбон худро масъул меҳисобад. Мо минбаъд низ дар самти афзоиши даромадҳо ва дастгирии қишри камбизоати аҳолӣ, беҳтар кардани хизматрасонии аввалияи тиббӣ ва рушди деҳот саъю талош хоҳем кард.
Дар соҳаи маориф мо аз бунёди мактабҳо сар карда, то чопи китобҳои дарсӣ ва истеҳсоли ашёи хониш корҳои зиёдеро анҷом додем ва ният дорем, ки ислоҳоти соҳа бояд то ҳадди ниҳоӣ расонида шавад. Зеро рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, пеш аз ҳама, аз пешрафти соҳаи илму маориф вобаста мебошад. Асре, ки мо зиндагӣ дорем, воқеан, асри техникаву технологияҳои пешрафта аст. Бинобар ин, мо бояд ҳамқадами замон бошем ва дар баробари ворид кардани техникаву технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ба фарзандони худ омӯзиши донишҳои замонавиро доим талқин намоем.
Дар кишвар раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ҷиҳати беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ босуръат идома дорад. Ҳоло дар корхонаҳои дорусозии кишвар садҳо навъи доруворӣ истеҳсол мешавад. Имрӯз зарурат ба миён омадааст, ки барои пешгирии воридоти доруҳои пастсифат, ғайристандартӣ ва муҳлаташон гузашта тадбирҳои муассир андешида шаванд. Яке аз роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, ки ба солимии аҳолӣ ва генофонди миллат хатари ҷиддӣ дорад, ташкили корхонаҳои дорусозӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли доруҳои ватанӣ ва васеъ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахш мебошад. Мо ҳамеша ҷонибдори таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа буда, дар оянда низ доир ба беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, махсусан, барои гурӯҳҳои камбизоат ва мардуми деҳот, боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, зиёд кардани ҳаҷми маблағгузорӣ барои рушди соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем. Ҳамзамон бо ин, ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо, беҳсозии механизми таъминот бо доруворӣ, сифати доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҳизб қарор хоҳад дошт.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи пайгиронаи муҳимтарин барномаву стратегияҳои рушди миллӣ мунтазам чораҷӯӣ намуда, барои рушди иқтисоди миллӣ ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум талош мекунад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа мебошад. Ҳизби мо дар оянда низ ташаббусу ибтикороти занонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба тақвияти нақш ва мақоми занон дар ҷомеа аҳаммияти бештар медиҳад. Хусусан, дар масъалаҳои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон тадбирҳои иловагӣ андешида, пайваста саъй менамояд, ки онҳо ба сатҳи ҳарчи беҳтар ва шоистаи зиндагӣ муваффақ гарданд. Масъалаи ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҷалб кардани занони соҳибмаърифату болаёқат низ идомаи мантиқии сиёсати мо дар ин самт мебошад. Зеро аз рӯзҳои аввали таъсиси ҳизб онҳо дар ҳалли тамоми масъалаҳои мушкили ҷомеа дар паҳлуи мо буда, аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат дастгирӣ менамоянд. Имрӯз занон раисии 10 кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии ҳизбро бар дӯш доранд ва фаъолияти онҳо дар корҳои ташвиқотию таблиғотӣ намунаи ибрат мебошад. Ҳоло занону бонувон дар низоми маорифи кишвар қариб 70 дарсад, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 67 дарсадро ташкил медиҳанд. Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ташаккули тафаккури ҷавонон, муносибати некбинонаву ғамхорона ба онҳо ва истифодаи неруи зеҳниву ҷисмонии онҳо бисёр муҳим мебошад. Давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон як силсила тадбирҳои ҳавасмандгардониро амалӣ намуда, ҷиҳати ташаккулу тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо тамоми чораҳоро амалӣ карда истодааст. Дар ин росто, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва грантҳои Ҳукумати кишвар барои дастгирии созмонҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон иқдомоти дарозмуддат дар ин самт ба шумор мераванд. Илова бар ин, бо Фармони Президенти мамлакат шумораи стипендияҳои мазкур боз 100 адад зиёд карда, бо қарори Ҳукумати кишвар Квотаи президентӣ барои ҷавонон аз 200 ба 1200 адад расонида шуд. Инчунин, барои дастгирии иҷтимоии олимони ҷавон, аспирантҳо ва донишҷӯдухтарони бо Квотаи президентӣ таҳсилкунанда даҳҳо хобгоҳи замонавӣ ба истифода дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа, интихоб ва дар зинаҳои роҳбарикунанда ҷобаҷогузорӣ кардани кадрҳои ҷавони боистеъдоду лаёқатманд ва ҷалби бештари онҳо ба идораи давлат, ташаккули тарзи ҳаёти солим, фароҳам овардани шароит барои хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва майлу рағбат ба илмомӯзиву навоварӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун воситаи муҳимми таъсиррасон дар бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта нақши муҳим мебозад. Мо минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи давлату миллат, таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва умури давлатдорӣ ба насли ҷавон вобаста мебошад.
Дар ин замина, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкиливу инфрасохторӣ ва усулу механизмҳои муосири кор ҷиҳати рушди ахлоқиву маънавии ҷавонон, тақвияти эҳсоси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулгароӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявии онҳо чораҷӯӣ менамояд.
Фаро гирифтани ҷавонон ба шуғли муносиб, паст намудани сатҳи бекорӣ дар байни онҳо ва ҳамасола ташкил кардани на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ низ ҳамчун ҳадафи афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муайян карда шуда, дар баробари ин, таъмини дастрасии ҷавонон, бахусус, ҷавонони деҳот ба таҳсил, фароҳам овардани заминаи мусоид барои таълиму тарбия ва омода намудани мутахассисони ҷавон, дарёфти имконияту роҳҳои ҳарчи бештар ҷудо намудани бурсияҳо барои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои амалии мақсаднок роҳандозӣ мегарданд. Дар ин раванд, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва зиндагии ҷавонон, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар байни онҳо ва вайроншавии оилаҳои ҷавон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, вобаста ба дастгирии ятимону маъюбон ва ҷавонон аз оилаҳои камбизоат ва дорои имкониятҳои маҳдуд минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дастгирӣ ва ҳалли минбаъдаи масъалаҳои ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳсил қарордошта, тавассути грантҳо ва ҷалби сармоя дастгирӣ кардани ихтироъкорӣ, эҷодкорӣ ва ҳунармандии ҷавонон, ба камол расонидани ҷавонони боистеъдоду бомаҳорат ва эҷодкору соҳибҳунар ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида вазифа ва самти муҳимми фаъолияти ҳизби мо дар оянда ба ҳисоб меравад. Ба насли ояндасози кишвар талқин кардани мафҳуму муҳтаво, қадру манзалат ва аҳаммияти истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ вазифаи ҷонии ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро зарур аст, ки фаъолияти худро дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири омилҳои номатлуб бо истифодаи васеъ аз усулҳои иттилоотонӣ ва пешгирикунанда ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд. Мо минбаъд низ кӯшиш мекунем, ки масъалаҳои марбут ба ҷавонон, аз ҷумла ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ кардани онҳоро дар доираи фаъолияти кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, рушди сайёҳӣ, инчунин, ташкилотҳои ҷамъиятии “Созандагони Ватан”, “Пайравони Пешвои миллат” ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон боз ҳам беҳтар танзим намоем. Мо насли наврасро бояд дар мисоли кору пайкори қаҳрамонон ва фарзандони бузурги халқамон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намоем.
Вакилони муҳтарам !
Тақвияти раванди гуногунандешӣ ва густариши арзишҳои демократӣ яке аз самтҳои фаъолияти ҳизби мо мебошад. Мо ҳамеша ҷонибдори таҳкими равобит на танҳо бо ҳизбҳои сиёсии кишварамон, ки манфиатҳои олии давлату миллатро аз ҳама боло мегузоранд, балки ҳизбҳои сиёсии муътабари мамлакатҳои ҷаҳон низ мебошем. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар дохил бо ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамкории созанда дошта, барои бунёди давлати демократӣ ва татбиқи арзишҳои мардумсолорӣ талош мекунад. Албатта, имрӯз ҳизбҳои сиёсӣ, хусусан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди пешрафти кишварамон нақши муҳим ва созанда доранд. Мо фаъолияти мунтазами онҳоро дар парламент ва ҳаёти иҷтимоии мардум ба хубӣ эҳсос мекунем ва умед дорем, ки онҳо дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон минбаъд низ саҳми худро хоҳанд гузошт. Робитаҳои дӯстона бо ҳизбҳои ҳаммароми кишварҳои дигар ба рушди ҳамкориҳо мусоидат мекунанд ва мо дар оянда низ ин самти фаъолияти худро густариш хоҳем бахшид.
Бори дигар таъкид менамоям, ки мо дар шароити бисёрҳизбӣ кор ва зиндагӣ мекунем. Ин яке аз меъёрҳои ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандист. Бинобар ин, мо бояд як нуктаро ҳамеша дар хотир дошта бошем: Агар ягон ҳизб хостори он бошад, ки ҳама бояд пайрави он бошаду ақоиди худро ба ҷомеа таҳмил кунад, ин қобили қабул нест. Мо чунин роҳро ҳаргиз қабул надорем. Баръакс, бо сиёсати созанда ва ибрати шахсӣ ба дигарон намуна мешавем.
Ҳизби мо Консепсияи амалкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, дар ин замина, ҷиҳати идомаи пайгирона ва татбиқи минбаъдаи он талош меварзад. Ҳизби мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкорӣ ва шарикии баробарҳуқуқу судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Дар замони афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, халалдор гардидани тавозуни геополитикӣ, инчунин, бо дарназардошти равандҳои нави ҳамгироии минтақавӣ масъулияти сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти миллии кишвар ва ҳимояи манфиатҳои давлатамон дар арсаи байналмилалӣ дучанд меафзояд. Дар чунин шароит ҳизби мо мақсад дорад, ки ҳифзи арзишҳо ва манфиатҳои миллии кишвар, аз ҷумла ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар бо роҳу воситаҳои қонунӣ ҳимоя намояд.
Барои Тоҷикистон ба роҳ мондани равобити сиёсии хориҷӣ бо кишварҳои бузургу пешбар ва дигар иштирокчиёни муносибатҳои байналмилалӣ вазифаи ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, интихоби дуруст, мутавозин ва воқеъбинонаи афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои созандаи марбут ба ҳамгироии минтақавиро ҷиҳати тараққиёти устувори кишвар дастгирӣ менамояд.
Татбиқи чаҳор ҳадафи стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар тавассути имконоти низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақсад дорад, ки талоши худро ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои мазкур дар арсаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатӣ ба хотири рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони Тоҷикистон вусъати ҳарчи бештар бахшад.
Муҳтарам вакилони анҷуман!
Ҳизби мо ба сифати қувваи пешбарандаи ҷомеа бояд дар ҳалли масъалаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти мардум фаъол бошад.
Имрӯз мусоидат дар ҳаллу фасли муроҷиатҳои мардум вобаста ба мушкилоти мавҷудаи ҷомеа, кори мунтазам бо мардум ва тавассути мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба созандагиву бунёдкорӣ сарвариву роҳнамоӣ кардани сокинони мамлакат яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҳизби мо ба шумор меравад.
Тайи чанд соли охир бо супориши Роҳбари давлат раисону муовинон ва раисони кумитаи иҷроияи ҳизб дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муроҷиати мардумро мешунаванд ва масъалаҳои пешниҳодгардидаро баррасӣ ва ҳаллу фасл мекунанд. Албатта, мушкилиҳое низ вуҷуд доранд, ки мардум барои ҳалли онҳо ба мақомоти судӣ ва прокуратура, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ниҳоят ба Президент муроҷиат менамоянд. Танҳо соли гузашта ба Дастгоҳи иҷроияи Президент беш аз 10 ҳазор муроҷиати мардум ворид гардидааст, ки барои ҳалли онҳо ба сохтору мақомоти дахлдор супоришҳои мушаххас дода шудаанд. Ҳизб бояд манфиатҳои ҳама қишрҳои ҷомеаро яксон намояндагӣ кунад ва ба сифати ҳалқаи васлкунанда миёни шаҳрвандон ва давлат нақши асосӣ дошта бошад.
Минбари ҳизб, ки яке аз минбарҳои озоди сиёсист, барои барқарор кардани муносибат бо мардум бояд дуруст ва ҳадафмандона истифода гардад ва масъулин ҳар се моҳ татбиқи барномаҳои ҳизбро таҳлил карда, ба Раиси ҳизб маълумот пешниҳод намоянд. Зеро мақсади асосии мо тавассути такон додани рушди иқтисоди дохилӣ воқеан беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Ҳоло мо дар марҳалаи бузурги созандагӣ қарор дорем, ки аз ҳар яки мо иродаи матин ва саъю талоши пайвастаро тақозо менамояд. Дар ин раванд, назари интиқодӣ доштан ба кору аъмоли худ бояд меъёри фаъолияти ҳизбиён бошад. Агар танқид дуруст, асоснок ва беғаразона бошад, онро бояд қабул кард. Зеро ин танҳо ба манфиати кори умумии мо мешавад.
Вакилони муҳтарам!
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар тӯли панҷ соли сипаришуда метавон қаноатбахш арзёбӣ кард. Чунонки шумо дар хотир доред, ду сол қабл аз ин, дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб супориш дода будам, ки дар самти тақвияти заминаҳои моддиву техникӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кории кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои дахлдор андешида шаванд. Барои иҷрои ин супориш, дар ин муддат, як силсила корҳо амалӣ шудаанд, ки боиси таҳсин аст.
Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Левакант, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Қубодиён, Ховалинг, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Кушониён, Дӯстӣ, Ёвон ва Балҷувони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Истиқлоли вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои Рашт, Турсунзода, Шаҳринав ва Роғун биноҳои маъмурии ҳизб мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар ифтитоҳи баъзеи онҳо ман бевосита иштирок кардам. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои дигар, сохтмони биноҳои маъмурӣ бомаром идома дошта, соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Инчунин, ҷиҳати сари вақт иҷро кардани корҳо барои ниҳодҳои ҳизбӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон 36 автомашинаи хизматӣ харидорӣ карда шуд.
Мусаллам аст, ки тавоноии ҳар ҳизбро шумораи аъзои он ташкил медиҳад. Масалан, агар шумораи аъзои ҳизбро дар ин муддат муқоиса кунем, мебинем, ки чӣ қадар ҷавонон ба сафҳои ҳизби мо шомил шудаанд.
Панҷ сол пеш, дар Анҷумани дувоздаҳуми ҳизб гуфта будам: «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 4 ҳазор ташкилоти ибтидоӣ қариб 250 ҳазор нафар аъзои худро муттаҳид кардааст». Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 490 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд. Зиёда аз 189 ҳазор нафар аъзои ҳизб ҷавонони аз 18 то 30 - солаанд, ки онҳо дар пешрафти ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон нақши муассир доранд.
Дар ин муддат, 6600 ташкилоти ибтидоӣ фаъолияти густардаи ҳизбро ба роҳ мондааст, ки ин ҳама қувваи воқеан бузурги сиёсӣ мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 11368 нафар, вилоятҳои Хатлон 83267, Суғд 78758, шаҳри Душанбе 37272, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 43633 ва дар маҷмӯъ, 254300 нафар ба узвияти ҳизб қабул карда шудаанд. Илова ба ин, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 26, вилоятҳои Хатлон 1566, Суғд 275, шаҳри Душанбе 280, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 329 ва умуман, дар кишвар 2476 ташкилоти нави ибтидоӣ таъсис дода шудааст.
Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки роҳбарияти ҳизб ва Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари мустаҳкам кардани ғояҳои асосии ҳизб ҳамчун ниҳоди сиёсиву ҷамъиятӣ, инчунин, дар тақвият додани сохтори он пайваста талош менамоянд.
Албатта, ин нуктаро бояд таъкид кард, ки мо бо мақсади сифатан беҳтар кардани сохторҳои ҳизб корҳои таҳлилӣ ва амалии зиёдеро роҳандозӣ кардаем. Барои мисол, танҳо дар вилояти Хатлон қариб 400 ташкилоти ҳизбӣ, ки бо сабаби тағйири шакли фаъолияти хоҷагидориву идорӣ расман дар қайди ташкилоти ҳизбӣ буданду амалан фаъолият намекарданд, барҳам дода, тақрибан бист ҳазор нафар шахсони тасодуфӣ аз узвияти ҳизб хориҷ карда шуданд.
Вобаста ба ин, мехоҳам боз як масъалаи дигарро зикр намоям.
Ман қабул ба сафҳои ҳизбро дар назар дорам. Дар ин масъала мо ҳамеша ҷонибдори сифат ҳастем, на миқдор. Мо бояд аз ҳисоби ҷавонон онҳоеро ба сафҳои ҳизб қабул кунем, ки оиннома ва барномаи онро эътироф мекунанд, ба ормонҳои он содиқанд ва аз узвият дар ҳизби мо ифтихор менамоянд.
Роҳандозӣ кардани аксияҳои гуногун аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ободу зебо гардонидани кишвари азизамон мусоидат мекунад. Масалан, дар доираи аксияи «Якҷоя амал мекунем» дар вилояти Хатлон корҳои зиёде анҷом дода шуданд, ки ду мавридаш шоистаи таҳсин ва дастгирист. Дар ноҳияи Вахш бо даъвати сохтори ноҳиявии ҳизб аз ҷониби соҳибкор дар ҳаҷми чоруним миллион сомонӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин гардидааст. Инчунин, бо даъвати навбатии ҳизб беморхонаи марказии ҳамин ноҳия аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ на танҳо таъмиру азнавсозӣ, балки бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ таъмин карда шудааст, ки намунаи ибрати дигар масъулини ҳизбӣ мебошад. Дар вилояти Суғд ҷиҳати дастгирӣ ва ҷалби хонандагону донишҷӯёни болаёқат ба омӯзиши илму дониш ва тарбияи маънавии онҳо стипендияҳои ҳавасмандӣ таъсис дода шудаанд, ки тақрибан 300 нафар ҳамасола аз он баҳра мебаранд.
Баргузор кардани Фестивали байналмилалии бачагонаи “Донак” дар вилоят барои дарёфти истеъдодҳои нав аз ҳисоби кӯдакон ва наврасону ҷавонон шоистаи дастгирист. Доир намудани чунин озмунҳо аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимми маърифатӣ, мусоидат ба боло бурдани маънавиёти ҷомеа ва аз ин роҳ татбиқи ғояҳои маорифпарваронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Дар баробари ин, танҳо дар ду соли охир бо ташаббуси ҳизб дар қаламрави вилояти Суғд 15 коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода, қариб дусад нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Гузашта аз ин, ҳизбиён дар корҳои таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо, азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, дигар корҳои ободонӣ ва муҳимтар аз ҳама, дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандону маъюбон корҳои зиёдеро анҷом додаанд, ки қобили таҳсин мебошад.
Зикри ин нукта бамаврид аст, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ иттилоот ба василаи муҳими даст ёфтани ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ашхоси манфиатҷӯ ба ғаразҳои сиёсиву гурӯҳӣ ва шахсӣ табдил ёфтааст. Ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз ҳуҷумҳои ғаразноки иттилоотӣ вазифаи на танҳо сохторҳои давлатӣ, балки ниҳодҳои ҷамъиятиву ҳизбӣ низ мебошад. Бо ин мақсад, ман борҳо дар ҷаласаҳои ҳизбӣ ҷиҳати тақвияти фаъолият дар ин самт ва вокуниши сареҳу саривақтӣ ба маводи тахрибгаронаи баъзе гурӯҳҳои ғаразнок, ки ҳадафи амалӣ сохтани манфиатҳои хоҷагони хориҷии худро доранд, дастуру супоришҳо дода будам. Ҳоло дар ин самт, қувваи бузурги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сафарбар шудааст.
Имрӯзҳо аз ҷониби сохторҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, хусусан, шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо саҳифа таъсис дода шудаанд, ки манфиатҳои Ватани моро ҳифз мекунанд ва бо нашри хабару гузориш, пахши видеохабар ва вокунишу андешаҳои созанда ба ташаккули афкори дурусти ҷомеаи мо мусоидат менамояд. Саҳми нашрияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб “Минбари халқ”, инчунин, нашрияҳои ҳизбии “Мароми пойтахт”-и шаҳри Душанбе, “Сухани халқ”-и вилояти Суғд ва “Ҳамрози халқ”-и вилояти Хатлон дар фазои иттилоотии мамлакат бисёр арзишманд мебошад. Ҳизби мо ба сифати неруи муқтадири сиёсии кишвар барои татбиқи воқеии озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз ҷумла гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисоди бозаргонӣ, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста талош меварзад.
Вакилони арҷманд!
Мо дар ҳар маҷлиси ҳизбӣ фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор медиҳем ва камбудиву норасоиҳои кори ҳизбиёнро низ ошкоро баён мекунем. Чунонки дар урфият мегӯянд, танқид ҳарчанд талх аст, вале меваи ширин дорад.
Ҳар сол баъд аз ироаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ зиёиён, адибону олимон, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи ҳизб дар парламент, раисони кумитаҳои иҷроия дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ҷиҳати дар байни мардум васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба маҳалҳо сафарбар карда мешаванд. Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд ва тибқи ахборе, ки ман дар даст дорам, аксари ин вохӯриҳо дар сатҳи зарурӣ ташкил карда намешаванд. Вақте ки Паёми Сарвари давлат мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор мегирад, бояд коршиносон, олимон ва мутахассисони ботаҷриба бо ҷалби васеи мардум иштирок кунанд, то ки мардум дигаргуниеро дар ҳаёти худ эҳсос намоянд. Ба ин далел, соли гузашта ман баргузории чунин маҷлисҳоро зарур надонистам - аз як ҷиҳат ҳам талафи вақт, аз сӯи дигар сарфаи маблағҳои буҷетӣ.
Вазифаи асосӣ ва ҷонии ҳизб таблиғу тарғиби ғояҳои асосии Роҳбари ҳизб мебошад. Бинобар ин, роҳбарияти ҳизбро зарур аст, ки ба ин самт бештар эътибор диҳад ва камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намояд.
Ҳарчанд ки аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб дар масъалаи ташаккул додани фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, густариши ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат, ҳифзи марзу бум, истиқлолу озодӣ ва Ваҳдати миллӣ корҳои зиёд анҷом дода шудаанд, вале он ҳама моро ҳанӯз қаноатманд карда наметавонад.
Бинобар ин, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизбро зарур аст, ки тавассути нашрияи ҳизбӣ “Минбари халқ” ва сомонаҳои интернетӣ нашри маводи тарғиботиро боз ҳам васеъ ба роҳ монда, дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешад.
Дар масъалаи қабули сифатноки аъзои ҳизб низ ҳанӯз баъзе нуқсу камбудиҳо ҷой доранд. Чунонки ишора шуд, мо дар тӯли ду соли охир фақат аз вилояти Хатлон бист ҳазор нафарро аз узвияти ҳизб хориҷ кардем.
Бори дигар таъкид менамоям, ки ҳангоми қабули шаҳрванд ба узвият тамоми фаъолияти корӣ ва шахсияти номзад ҳаматарафа омӯхта, таҳти назорати қатъӣ гирифта, сипас, ба қабули ӯ ба узвият иҷозат дода шавад.
Бояд иқрор шуд, ки на дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоӣ фаъолияти ҳизбӣ дуруст ба роҳ монда шудааст. Ин бисёр муҳим аст, зеро агар кор дар ячейкаҳои хурди ҳизб қувват ва вусъат дошта бошад, онҳо якдигарро пурра карда, ба қувваи бузурги сиёсӣ табдил меёбанд. Бинобар ин, ислоҳи камбудиҳо дар ин самт зарур аст ва роҳбарияти ҳизб бояд доир ба масъалаҳои зикршуда чораҳои қатъӣ андешад.
Ташкилотҳои ҳизбӣ дар масъалаи мубориза ба муқобили падидаҳои манфии иҷтимоӣ, мисли коррупсия, терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ пешсаф буда, дар ин ҷода, бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамкории густурда доранд. Вале аз ин мо худро қаноатманд намеҳисобем. Бояд корҳои тарғиботӣ дар ин самт бештар тақвият бахшида шаванд.
Фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар масъалаи коҳиш додани сатҳи таассуб ва хурофот назаррас нест. Бинобар ин, аз фаъолони ҳизб ва ташкилотҳои ҳизбӣ тақозо мегардад, ки дар ин самт бештар кор кунанд ва мақоми демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ доштани кишвари моро баланд бардоранд.
Зимнан бояд гуфт, ки аз ҷониби Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ барои иҷрои дастуру супоришҳои Раиси ҳизб “Нақшаи иҷрои қарор дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ барои соли 2018” таҳия шуда буд.
Ба андешаи ман, пайваста гузаронидани баррасии корҳои сомонёфта иқдоми хуб буда, ба мунсифона арзёбӣ кардани фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ, бартараф ва ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта мусоидат хоҳад кард. Мо бояд ин таҷрибаро минбаъд низ тавсеа бахшем.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳизби мо аз ҷумлаи ниҳодҳои сиёсиест, ки қариб ним миллион аъзо ва дар баробари ин, ҷонибдорони зиёд дошта, саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ниҳоят бузург аст.
Ин далел, агар аз як ҷониб, афзалияти ҳизби мо бошад, аз сӯи дигар, масъулияти чунин қувваи бузурги сиёсӣ дар эъмори давлати демократии Тоҷикистон, тақвият бахшидани робитаҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.
Соли оянда барои ҳизби мо соли муҳим мебошад, зеро баргузор гардидани чорабиниҳои сиёсӣ ба нақша гирифта шудааст.
Интихобот, аз ҷумла интихоботи навбатӣ ба парламент ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, яқинан, ба пойдории давлатдории миллӣ ва таҳкими аркони он, ноил гардидан ба пешрафтҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, тақвияти асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард мусоидат хоҳад кард.
Интихобот маъракаи бисёр муҳимми сиёсӣ буда, ҳамон вақт аз ҷониби мардум эътироф мегардад, ки агар он озод, демократӣ ва шаффоф сурат гирад.
Умед дорам, ки дар баробари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аҳзоби дигари сиёсӣ низ шахсони соҳибтаҷриба, ташаббускор ва дурандешу донишмандро ба мақоми олии қонунбарор ва маҷлисҳои маҳаллӣ пешбарӣ мекунанд, то ки дар панҷ соли оянда ба Ватан-модар, давлат ва ҷомеа содиқона хизмат намоянд.
Ҳизби мо низ шахсонеро ба сифати вакил пешниҳод хоҳад кард, ки онҳо орзую ормони халқро асоси сулҳу субот, пойдорӣ ва устувории давлат меҳисобанд. То интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқ вақти кам мондааст. Ба мо зарур аст, ки дар баробари интихоботи Маҷлиси Олӣ ба интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ низ аҳаммияти ҷиддӣ диҳем. Зеро интихоботи дарпешистода бо махсусиятҳои худ аз интихоботҳои қаблӣ тафовути зиёд дорад. Масалан, агар соли 2015-ум мардуми кишвар танҳо 15 дарсад ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ дошта бошанд, ин рақам ҳоло ба беш аз 75 дарсад расидааст.
Ва ҳар яки шумо хуб медонед, ки нақши воситаҳои иттилоотӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ дар ташаккули афкори мардум дар шароити муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо ниҳоят муассир мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар тӯли солҳои охир шабакаи ҷаҳонии интернет ба яке аз воситаҳои хеле муҳимми пешбурди фаъолияти сиёсӣ табдил ёфтааст.
Таҷрибаи баргузории маъракаҳои интихоботӣ дар кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки номзадҳо чӣ гуна аз саҳифаҳои интернетӣ истифода менамоянд. Ё ин ки кишварҳо ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар раванди маъракаҳои интихоботӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ бо паҳн намудани маълумоти бардурӯғ нисбат ба сиёсати давлатии ин ё он кишвар ба мафкураи шаҳрвандон таъсир расонида, натиҷаи интихоботро таҳриф мекунанд.
Аз ин таҷриба, яъне аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷараёни баргузории маъракаҳои интихоботӣ номзадҳои эҳтимолии мо метавонанд ба таври васеъ ва ба манфиати кор истифода баранд. Зеро имрӯз зарур аст, ки маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии вакилони халқ дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ нақши худро аз ҳарвақта бештар нишон диҳанд ва бо қабули қарорҳои судманд дар ободии маҳалли хеш саҳми арзанда гузоранд. Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, интихоби номзадҳои арзанда, дилсӯз ва ватанпарасту ватандӯст зарур аст. Чунин шахсон дар сафи ҳизби мо зиёданд. Бояд аз маҳорат, таҷриба ва неруи зеҳнии онҳо истифода бурд.
Бо эътимод изҳор медорам, ки интихоботи навбатӣ ба мақомоти намояндагӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар даврони пуртазоди ҷаҳонишавӣ марҳалаи нави созанда дар ҷодаи таҳкими истиқлолият, рушди гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатӣ мегардад.
Бовар дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз худ масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, дар ин маъракаи бузурги тақдирсоз фаъолона иштирок менамоянд.
Ба кулли аъзои ҳизб ва ҳамаи шумо, вакилони анҷуман саломативу хонаи обод ва барори кор орзу менамоям.
Сарбаланду пирӯз бошед!