МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲХДТ12-02-2019, 09:55
Хабарро хонданд: 324 нафар
Назарҳо: 0
СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, РАИСИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲХДТ ш. Душанбе, 7 феврали соли 2019 Муҳтарам аъзои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон! Ҳозирини гиромӣ! Робитаи қавӣ доштан бо халқ ва ифодакунандаи армонҳои бисёрсолаи он будан ҷавҳари асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил дода, садоқат ба он ва дар ин роҳ соҳибиродаву бомасъулият будан асоси муваффақиятҳо ва эътимоди мардум ба он мебошад. Ба ибораи дигар, ҳизби мо мардумӣ ва зодаи даврони истиқлол буда, дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст. Зеро дар тӯли беш аз ду даҳсолаи охир аксари мутлақи ҳодисаҳои муҳиму умдаи таърихи навини Тоҷикистон, бешубҳа, бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи қавӣ доранд. Имрӯз бо гузашти солҳо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳизби мо рисолати хешро дар ин муддати начандон тӯлонӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дод ва ба нерӯи тавонову созандаи ҷомеа табдил ёфт. Бунёдкориву созандагӣ ва кӯшишҳои пайваста ба хотири баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ки ҷавҳари сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлати моро ташкил медиҳанд, ҳамоно ба ҳайси ҳадафҳои асосиву афзалиятнок боқӣ хоҳанд монд. Ҳарчанд ки мо дар зарфи беш аз ду даҳсола корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем, вале ҳанӯз нақшаву ниятҳои зиёде дорем, ки барои ба амал татбиқ кардани онҳо аз ҳар яки мо масъулияти ҷиддӣ, заҳмати софдилона, талошҳои пайгирона ва бо набзи ҳаёти мардуми шарафманди кишвар ҳаммаром кор карданро тақозо мекунад. Садоқати аъзои ҳизб ва ҷонибдорони сершумори он кафолат медиҳад, ки мо барои татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегии миллиамон - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар чораҳои иловагӣ андешем. Яъне мо барои расидан ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ бояд аҳлона ва бо азми қатъӣ ба пеш ҳаракат кунем. Мисоли барҷастаи ин гуфтаҳо бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мебошад. Дар гузаштаи на он қадар дур бунёди ин кохи муҳташами нур дар тасаввури мардум афсона менамуд. Вале мо тавонистем моҳи ноябри соли гузашта бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чархаи нахустини ин нерӯгоҳ онро ба ҳақиқат табдил диҳем. Чанде пештар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид кардам, ки «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон ва гузашта аз ин, кишварҳои ҳамсоя мебошад. Мо тасмим дорем, ки соли 2019 агрегати дуюми он низ ба кор андохта шавад. Мехоҳам ба як нуктаи муҳим ишора намоям, ки шумораи зиёди кормандони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд ва мо дар арафаи мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати якум беш аз сад нафари онҳоро, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб содиқона заҳмат мекашанд, бо мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳои пулию молӣ қадрдонӣ кардем. Дар Паём ба парламент ва ҷаласаи васеи Ҳукумат доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 андешаҳои худро баён доштам. Вобаста ба ин, чунин меҳисобам, ки вазифаи асосии ҳизб ва ҳизбиёни мо бо сафарбар кардани қувваи бузурги худ таъмин намудани иҷрои саривақтии супоришҳои додашуда мебошад. Аслан, ҳадафҳои барномавии ҳизб дар иқдомоти ҳамарӯзаи Ҳукумат баён шудаанд, ки бунёди муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ, роҳу пулҳо, нерӯгоҳҳо, корхонаҳои саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Зиёд кардани музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла омӯзгорону табибон, стипендияву нафақа ва дастгирии пайвастаи табақаи камбизоат, ки ҳадафи асосӣ аз он расидан ба сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ мебошад, татбиқи амалии яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Шароити мураккабу пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир аз мо, аз ҷумла ҳизбиён тақозо дорад, ки ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҳизбиямон, ки асосҳои ҳаётӣ доранд, хусусан, дар самтҳои тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, таҳкими имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бозори меҳнат афзалияти бештар диҳем. Дар ин раванд, ба мо зарур аст, ки имкониятҳои ҳизбро ҳамчун қувваи пешбаранда ва пешоҳанги ҷомеа барои дучанд тавсеа ёфтани самтҳои асосии тараққиёти кишварамон самаранок истифода барем. Зеро тибқи омори расмӣ ҳоло Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 460 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 220 ҳазор нафар ё 48 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Беш аз 176 ҳазор нафар аъзои ҳизб ҷавонони аз 18 то 30 - солаанд, ки онҳо дар пешрафти ҳаёти имрӯзаи Тоҷикистон нақши муассир доранд. Мо дар ҷодаи рушди минбаъдаи кишварамон нақшаҳои азим дорем. Яке аз ин нақшаҳо саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки дар Паёми навбатии Президент ба Маҷлиси Олӣ ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардид. Албатта, ин вазифаи мушкилу сангин аст, вале бо азми қавию фаъолияти мақсаднок дар самти амалигардонии барномаҳои давлатии қабулшуда ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ иҷрошаванда мебошад. Бинобар ин, мо тасмим гирифтем, ки дар доираи Стратегияи миллии рушд ва бо дарназардошти зарурати қонеъ сохтани ниёзҳои мардум, инчунин, тақвияти имкониятҳои содироти мамлакат доир ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ тадбирҳои саривақтӣ ва иловагӣ андешида шаванд. Ҳарчанд дар ин самт заминаҳо мавҷуданд, вале онҳо дар айни замон моро қонеъ намесозанд. Аз ин рӯ, зарурат ба миён омадааст, ки дар марҳалаи нави созандагӣ барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ ва истифодаи ин нерӯи бузург дар дохили кишвар чораҳои муассирро роҳандозӣ намоем. Бо ин мақсад, зарур аст, ки ҳаёти кунунии ҷомеаро ба мизони Стратегияи миллии рушд ворид намуда, низоми нави иқтисодиёт ба он мутобиқ гардонида шавад. Яке аз вазифаҳои асосии ҳизби мо ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа аз он иборат аст, ки ба вусъати бештари раванди ислоҳот дар кишвар, пешрафти устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати он ва муҳимтар аз ҳама, ба худкифо шудани иқтисоди миллӣ мусоидат намояд. Дар доираи татбиқи барномаҳои ҳизб мо ҳоло барои ба сатҳи нави рушди устувори иқтисодӣ расонидани кишварамон талош дорем, хусусан дар самти бунёди корхонаҳои азими саноатӣ, коргоҳҳои бузурги коркарди пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли семент, маводи кимиёӣ, тилло, нуқра, мис, ангишт, ки бешубҳа, ба таҳкими нерӯи иқтисодии кишвар, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат хоҳанд кард. Маҳз ба ҳамин хотир ва бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, инчунин, бо дарназардошти зарурати рушди инфрасохтори деҳот ва аҳаммияти соҳаи сайёҳӣ ҳамчун омили пешрафт солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудем. Ҳадафи мо аз чунин иқдом, пеш аз ҳама, беҳтар намудани инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳоти мамлакат бо оби босифати ошомиданӣ ва ниҳоят, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Зеро қисми асосии аҳолии кишварамон дар деҳот кору зиндагӣ мекунад. Бинобар ин, ба мо зарур аст, ки инфрасохтори деҳотро ба сатҳи муносиб баланд бардорем ва дар самти унсурҳои аввалиндараҷаи он - бунёди мактабҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, варзиш ва истироҳат чораҷӯӣ кунем ва дар ин раванд, барои нигоҳ доштани генофонди миллат аз таъсири манфии хатарҳои муосир тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем. Ҳамаи талошу заҳмати Ҳукумати мамлакат барои беҳтар гардонидани ҳаёти инсон нигаронида шудааст. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда соли 2018 музди меҳнати ҳар корманд ба ҳисоби миёна нисбат ба соли 2005-ум сеюним баробар афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш дода шуд. Мо ҷиҳати беҳтар гардонидани некӯаҳволӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз моҳи сентябри соли 2018 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд, аз 10 то 15 фоиз баланд бардоштем. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки дар доираи чорабиниҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» стратегияи мувофиқашудаи рушди минтақаҳо татбиқ карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ доир ба ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот бештар гардида, истеҳсолоти ватанӣ инкишоф ёбад. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар масъалаи об дар ҷаҳон яке аз кишварҳои пешоҳанг мебошад. Кишвари мо ҳамчун сарчашмаи обҳои мусаффою шифобахш ва бо захираҳои азими обии худ дар минтақа нақши асосӣ дорад. То имрӯз чаҳор ташаббуси ҷаҳонии мо дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, соли гузашта дар доираи татбиқи барномаи Даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони 120 кишвари дунё доир гардид. Ҳадафи Тоҷикистон гузоштани саҳми арзишманду фаъол дар ҳалли мушкилоти об дар сайёра, дастрасии аҳолии ҷаҳон ба оби босифати ошомиданӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об мебошад. Дар доираи ин барнома мо дар кишвари худамон низ як силсила корҳои зарурӣ, аз ҷумла мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои мустақим барои ҳалли мушкилоти об, инчунин, таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданиро амалӣ карда истодаем. Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба ин масъала таъкид кардам, ки дар доираи нақшаи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ ба масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ, хусусан, дар деҳоти кишвар эътибори аввалиндараҷа дода шавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи татбиқи қисми сиёсати хориҷии Барномаи пешазинтихоботии худ доир ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба бо мамолики ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёна як силсила корҳои мушаххасро анҷом дод. Тақвияти муносибатҳои дӯстиву эътимод, таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии мо мебошад. Мехоҳам бо қаноатмандӣ зикр намоям, ки соли 2018 дар муносибатҳои дуҷониба бо кишвари ҳамҷавор ва дӯсти мо - Ӯзбекистон таҳаввулоти таърихӣ рух доданд ва мо тавонистем тамоми масъалаҳои ҳалталабу шиддатнокеро, ки тайи зиёда аз бист соли охир дар байни ду кишвар ба вуҷуд омада буданд, пурра ҳаллу фасл карда, ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ расонем. Мо сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистонро дар доираи «сиёсати дарҳои кушод» бо ҳама давлатҳои ҷаҳон дар асоси муносибатҳои мутақобилан судманд идома хоҳем дод. Арҷ гузоштан ба арзишҳои олии мардумсолорӣ, яъне фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои сатҳи зиндагии шоиста яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми сиёсии мамлакат ва таҳкими арзишҳои олии демократӣ, инчунин, таъмини волоияти қонун дар маҷлиси Ҳукумат, ки охири моҳи декабри соли гузашта баргузор гардид, ба як силсила қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд. Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди минбаъдаи институтҳои демократӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ ва волоияти манфиатҳои умумимиллӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои барномавии ҳизби мо ба шумор мераванд. Дар ин асос аз ҳар як узви ҳизб ва роҳбарону кормандони сохтору мақомоти гуногуни ҳизбӣ тақозо мегардад, ки ба татбиқи барномаи ҳизб эътибори ҷиддӣ диҳанд ва дар доираи имконоти худ ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, ки вазифаи ҳизбиашон низ мебошад, саъю талош намоянд. Вақтҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ба тағйироти куллӣ, амиқ ва мураккаб рӯбарӯ шуда истодааст, ки ин, албатта, ба Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад. Бинобар ин, аъзои ҳизб бояд дурбину дурандеш бошанд, аз душвориҳои мавҷуда наҳаросанд ва барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ боҷуръатона ҷидду ҷаҳд намоянд. Зеро ҳизб дар ташаккули маърифати сиёсии шахс таъсири амиқ гузошта метавонад ва онро метавон мактаби сиёсии ҳаёт номид. Имрӯз ҳизб қувваи бузург дорад. Аксари намояндагони он дар ҷомеа нуфузу мақоми хосса доранд ва дар маҷмӯъ, нерӯи пешбарандаи сиёсии кишварамонро ташкил медиҳанд. Олимону адибон, ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, муаллимону муҳандисон, собиқадорону шахсони обрӯманди диёр ва аксари зиёиёни кишвар аъзо ё ҷонибдори ҳизби мо мебошанд, ки ин баёнгари мақому манзалат ва саҳму нақши ҳизб дар раванди таҳаввулоти ҷомеаи имрӯзаи тоҷик мебошад. Ин нерӯи бузург тавони онро дорад, ки бо ибрати шахсӣ ҷомеаро ба самти дурусти тавсеаи ислоҳоти демократӣ, рушди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ сафарбар созад. Мо имрӯз бо далелҳои мушаххас гуфта метавонем, ки бештари дастовардҳои назарраси кишварамон, албатта, бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҳизби мо дар ин давра бо ташаббусҳои бузургу созандаи сиёсӣ ва бо эҳсоси баланди масъулият як силсила барномаҳои нав, ғояҳои тоза ва стратегияҳои судмандро пешниҳод кард. Вале бо вуҷуди ин, имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бознигарӣ ва таҷдиди усули кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ ниёз дорад. Танҳо дар сурати амалӣ кардани ин тасмимҳо мо метавонем мавқеи худро ҳамчун ҳизби пешбар ва раҳнамои ҷомеа боз ҳам мустаҳкам намоем. Бознигарӣ ва таҷдиди усули кор ҳаргиз маънои иваз кардани шиору баргузор намудани чанд ҷаласаву ҳамоишро надорад, балки кори ҳадафмандона ва ҳамарӯзаи ҳар як узви ҳизбро тақозо мекунад. Ҳар як узви ҳизб, сарфи назар аз он, ки дар кадом сатҳ ва дар кадом вазифа фаъолият мекунад, бояд барномаи мушаххаси амал дошта бошад ва дар доираи имконияту салоҳиятҳои худ барои пешрафти кишвар саҳм гузорад. Дар сафҳои мо барои шахсони тасодуфӣ ва худхоҳу худпараст бояд ҳаргиз ҷой набошад. Роҳбарони тамоми сатҳҳои ҳизбӣ, аз раисони ташкилотҳои ибтидоӣ сар карда, то раисони комиҷроияҳои шаҳру вилоятҳо ва Дастгоҳи марказӣ вазифадоранд, ки бо қобилияти ташкилотчигӣ ва донишу маърифати баланди сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа саҳми фаъол гузоранд ва барои мардум намунаи ибрат бошанд. Онҳо бояд дарк кунанд, ки роҳбари ташкилоти ҳизбӣ будан вазифа нест, балки масъулият аст. Яке аз усулҳои муҳим ва самарабахше, ки мо бояд дар фаъолияти ҳамарӯза истифода намоем, мулоқоти рӯ ба рӯ бо мардум аст. Ҳар як роҳбар ва корманди ҳизбиро зарур аст, ки пеш аз ҳама, фарҳанги баланди муносибату муошират бо мардумро дошта бошад, зеро шунидани муроҷиату арзи одамон ва мусоидат дар ҳалли онҳо бояд яке аз бахшҳои умдаи фаъолияти моро ташкил диҳад. Танҳо дар ҳамин ҳолат мардум ҳизби моро эътироф мекунанд, эътимодашон ба он меафзояд ва аз паси он мераванд. Ҳизби мо дар фаъолияти худ имтиҳонҳои ҷиддии ҳаётро паси сар кард ва дар доираи талаботу муқаррароти оинномаи ҳизб масъалаҳои дохилиҳизбиро ҳаллу фасл карда, на танҳо сафҳои худро зиёд кард, инчунин, барои сифатан нав кардани кадрҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ тадбирҳои муҳим андешид. Сафҳои ҳизб аз ҳисоби ҷавонони болаёқат ва умедбахш мунтазам меафзоянд. Аммо кор дар ин самт бояд вусъати бештар бахшида шавад. Дар ҳаёти дохилиҳизбии мо ҳаракати ҷавонон, хусусан, ниҳодҳое чун “Иттифоқи ҷавонон” ва “Созандагони Ватан” бояд мавқеи махсус дошта бошанд. Онҳо бояд ба мактаби камолоти ҷавонон ва тарбияи кадрҳои арзандаи ҳизбӣ табдил дода шаванд. Шиори «Ҷавонон - парчамбардорони ояндаи давлат ва миллатанд» бояд сармашқи кори ҳамарӯзаи мо - ҳизбиён бошад. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононро неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ мешуморад ва ба онҳо такя мекунад. Чунонки медонем, дар ҳама минтақаҳои олам зуҳуроти хатарноку номатлубе чун экстремизму терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва коррупсия вуҷуд доранд ва ҳукуматдорону ҷомеаи башарӣ ҳамеша бо онҳо мубориза мебаранд. Бо вуҷуди муборизаи доимӣ ва чораҷӯиҳои зиёд дар самти пешгирии онҳо ба вуқӯъ пайвастани чунин амалҳои зишту номатлуб ба мушоҳида мерасанд. Чунин вазъ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мубориза бо ин гуна кирдорҳои ҷинояткорона вазифаи танҳо сохтору мақомоти дахлдор нест. Ин кори тамоми ҷомеа, алалхусус, неруҳои пешбари он ва дар навбати аввал қарзи виҷдонии ҳар як узви ҳизби мо мебошад. Тибқи таҳлилҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон ғайр аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дигар мақому ниҳоде нест, ки дар онҳо аъзои Ҳизби Халқии Демократӣ фаъолият надошта бошанд. Онҳо метавонанд ва вазифадоранд, ки бо ибрати шахсии худ ба пешгирии кирдорҳои зишт, аз ҷумла коррупсия мусоидат намоянд. Аъзои ҳизб бояд дар ин самт бисёр фаъол бошанд ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хотири ҳифзи ҳаёти осудаи мардум ҳамкорӣ кунанд. Аслан, аъзои Ҳизби Халқии Демократӣ бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки узви кадом ташкилотанд ва чӣ масъулият доранд. Бинобар ин, чунон бояд зиндагиву фаъолият кунанд, ки атрофиён онро эҳсос ва эътироф намоянд. Ҳозирини муҳтарам! Соли гузашта дар ҷаласаи ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб супориш дода будам, ки Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ва таъсиси курсҳо дар ин самт тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда, ба бунёди ҷойҳои нави корӣ дар шаҳраку деҳоти кишвар фаъолона мусоидат намояд. Боиси қаноатмандист, ки дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 дар қатори корҳои анҷомдодаи мақомоти дахлдори марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ташаббуси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дастгирии сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла Ваҳдат, Кӯшониён, Хуҷанд ва Ҳисор чор «Маркази ҳунар» ифтитоҳ гардид. Ин амал ҷиҳати ба шуғл фаро гирифтани занони деҳот ва пайдо намудани даромади иловагӣ мусоидат намуд ва то имрӯз дар ин марказҳо беш аз 200 нафар курсҳои дӯзандагиро хатм карданд. Бинобар ин, ба Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб супориш дода мешавад, ки минбаъд низ ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани занҳои хонашин, махсусан, дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тадбирҳои амалӣ андешад. Баланд бардоштани сатҳу савияи донишҳои сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, тақвият бахшидани сатҳи касбии роҳбарони кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар минтақаҳо, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва шуури сиёсӣ, малакаи корӣ, омӯзиши равандҳои муосири технологӣ, таҳлили вазъи дохилӣ ва берунӣ, баланд бардоштани сатҳи одобу ахлоқ ва маданияту муоширати аъзои ҳизб яке аз ҳадафҳои асосӣ ва самти муҳимми дурнамои фаъолияти мо мебошад. Соли 2018 бо ин мақсад дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо роҳбарони зерсохторҳои ҳизбӣ курсҳои бозомӯзӣ ташкил ва баргузор шуданд. Дар онҳо як қатор масъалаҳои муҳим, аз қабили кадрҳо - меҳвари рушд ва устувории давлат, татбиқи қарорҳои чаласаи Кумитаи иҷроияи марказӣ ва амалигардонии ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамчунин, тарзу усулҳои замонавии таблиғу ташвиқ бо истифода аз технологияҳои муосири электронӣ ва истифодаи самарабахши воситаҳои ахбори омма дар маъракаҳои сиёсӣ аз ҷумлаи масъалаҳои асосии ин курсҳо буданд. Бо вуҷуди ин, ҳангоми омӯзиши фаъолияти кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат маълум гардид, ки дар баъзе ташкилотҳои ибтидоӣ то ҳол низоми дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ба роҳ монда нашудааст. Як қисми дигарашон фаъолияти рамзӣ дошта, аз рӯи рисолат амал намекунанд, дар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ширкат намеварзанд, яъне бо мардум робита надоранд. Ҳамчунин, ҳолатҳое низ ба мушоҳида мерасанд, ки баъзе ташкилотҳои ибтидоӣ ғайр аз супоридани ҳаққи узвият дигар кореро ба анҷом нарасонидаанд. Дар баъзе ташкилотҳои ибтидоӣ талаботи Оинномаи ҳизб риоя намегардад ва маҷлисҳо сари вақт гузаронида намешаванд. Ҳолатҳои мазкур аз он сабаб ба миён меоянд, ки аъзои раёсат, кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизб ҳамкориву алоқаи зарурӣ надоранд ва ба онҳо ёрии амалӣ намерасонанд. Аз ин рӯ, кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки дар хусуси бартараф намудани норасоиҳои дар фаъолияташон ҷойдошта чораҳои мушаххас андешанд. Тавсеа додани робитаи мустақим бо ҷомеа, яъне кори мунтазам бо мардум яке аз ҳадафҳои асосии мо маҳсуб меёбад. Ман борҳо таъкид карда будам, ки ҳеҷ чиз суҳбати рӯ ба рӯ бо мардумро иваз карда наметавонад. Баъзе ҳизбиёни мансабдор ва масъулони мо дар ҷойҳо ба муроҷиати мардум хунукназарона рафтор мекунанд ва мушкилоту дарди онҳоро нодида мегиранд. Чунин муносибат оқибатҳои фоҷиабор дорад. Бори дигар таъкид мекунам, ки ҳизби мо мардумист ва бояд кор бо мушкилоти шаҳрвандон, ҳалли масъалаҳои бамиёнгузоштаи онҳо аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҳизбии мо ва робита бо мардум яке аз авлавиятҳои ҳизб шуморида шавад. Аз ин лиҳоз, кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбро зарур аст, ки шарҳу тавзеҳи дуруст ва саривақтии иқдомоту ташаббусҳои созандаи роҳбарияти мамлакат, ба корҳои созандаву бунёдкорона раҳнамоӣ намудани халқ, кумаку мусоидат дар ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҷомеа ва тавассути фишангҳои ҳизбӣ таъмини намудани робитаи доимии мардумро бо мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намоянд. Боло бурдани обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаи ҷонии ҳар як узви ҳизб мебошад. Дар ин раванд, ҳалли саривақтии мушкилоти мардум, дар навбати аввал, вазифаи ташкилоти ибтидоӣ мебошад. Барои ҳаллу фасли ин масъалаҳо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки шароити кории кормандони ҳизб беҳтар карда шавад. Ман ҳанӯз дар ҷаласаи ҷамъбастии соли гузашта ба Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб супориш дода будам, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони ҳизб бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷалби соҳибкорони саховатпешаи ватанӣ ва фарзандони бонангу номуси диёр масъалаи сохтмон ва ба истифода додани биноҳои ҳизбӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то охири соли 2019 пурра ҳал карда шавад. Боиси қаноатмандист, ки ин масъала дар вилояти Хатлон босуръат ҳал шуда истодааст. Имрӯз 8 бинои нави ҳизбӣ мавриди истифода қарор гирифта, инчунин, сохтмони бинои кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Ёвон ва Восеъ дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Ҳамчунин, ҷиҳати ба тавозуни ҳизб гузаронидани биноҳои мувофиқ дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Мӯъминобод, Балҷувон ва Дӯстӣ тадбирҳои муассир андешида шудаанд, ки саҳми фаъолони ҳизб дар ин самт назаррас аст. Ҳозирини гиромӣ! Тавре дар хотир доред, ҳанӯз дар айёми бисёр ҳассос - замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад. Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем. Баъди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсии кишвар ва бо дарназардошти назару андешаҳои табақаҳои мухталифи ҷомеа ба хулосае омадем, ки тарҳи ҳизби нави сиёсиеро омода намоем, ки тавонад ҳизби ормонҳои мардумӣ бошад, дар меҳвари идеяи созандаи худ қишрҳои гуногуни ҷомеа - зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарону кишоварзон ва ҳатто рӯҳониёнро муттаҳид созад. Дар ин замина, тарҳи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро, ки баъдтар вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа онро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номидем, омода сохтем ва фикр мекунам, ки иштибоҳ накардем. Баъдтар раванди муборизаҳои сиёсӣ дар ҷомеа собит намуд, ки аҳзоби сиёсие, ки барномаи худро бар асоси ақидаи як гурӯҳи маҳдуди сиёсӣ, мисли атеизм ё исломгароӣ роҳандозӣ намуданд, муваффақ нагардиданд ва қисми зиёди ҷонибдорони худро аз даст доданд. Доир ба моҷарои ҳизбият дар ислом ё истифодаи номи ислом дар ҳизб андешаҳои худро борҳо баён намуда будам. Ба назари ман, ислом бояд фаротар аз ҳама гуна ҳизбу созмонҳо бошад. Яъне мо, сарфи назар аз он, ки узви кадом ҳизб ва созмон ҳастем, қабл аз ҳама мусулмонем ва кӯшишҳои дар доираи як ҳизб маҳдуд намудани дини мубини ислом ба мақому манзалати он латма ворид месозад. Таърих борҳо собит намудааст, ки ихтилофоти диниву мазҳабӣ нисбат ба ихтилофоти ҳизбӣ паёмади ҳазорон баробар даҳшатбор дорад. Чун ҳадафи аслии ҳизб омадан ба сари қудрат аст, дар ин замина истифода аз нуфузу эътибори дини ислом ва рӯҳияи динии мардум байни аҳзоби динӣ ихтилоф ба миён меорад. Мо ҳатто дар баъзе кишварҳои ҳамсоя шоҳиди он будем, ки муборизаи чанд ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ боиси мухолифати бисёр шадиди мусулмонони як кишвар гардид. Ба равияву шохаҳои мухталифи диниву мазҳабӣ ҷудо шудани мусулмононро мо дар мисоли Фаластину Миср ва Афғонистону Сурия низ дидем, ки ба сари ин мардум чӣ мусибатҳоро овард. Дар баъзе кишварҳо муқовимату даргирӣ байни чунин аҳзоб даҳсолаҳо инҷониб идома дорад. Аслан, тавре ки ман борҳо таъкид кардаам, кӯшиши сиёсӣ кардани ислом кори бебунёд ва ҳатто хатарнок мебошад. Мо даҳшати чунин амалро солҳои 90-уми асри гузашта дар кишвари худамон, ки нав ба истиқлолият расида буд, дидем ва онро ҳаргиз фаромӯш намекунем. Лекин дар миқёси сайёра, мутаассифона, доираҳои муайян тайи се-чор даҳсолаи охир тавассути сиёсӣ сохтани дини сулҳхоҳи ислом лоиҳаву нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ гардонида, чандин кишварҳои дунё, аз ҷумла мамлакатҳои дар гузашта оромро, ки номашонро дар боло зикр кардам, ба вартаи ҷангу хунрезиҳои даҳшатнок ва ҳатто нобудии низоми давлатдорӣ расонида истодаанд. Дар ин раванд, мафҳумҳои «радикализми динӣ» ва «терроризми исломӣ»-ро танҳо ба номи дини мубини мардуми мусулмон тааллуқ медиҳанд. Дар ҳоле, ки ислом табиатан ва моҳиятан ҷаҳонбинии сулҳу салоҳ мебошад ва бо хушунату зӯроварӣ, ҷангу хунрезӣ ва терроризму экстремизм умумияте надорад. Ин масъалаи муҳимро фаъолони ҳизб дар ҷараёни пешбурди корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда бояд ҳамеша дар назар дошта бошанд. Мехоҳам боз як масъалаи муҳимми дигарро хотирнишон намоям. Эътирозҳои мардуме, ки имрӯз дар баъзе кишварҳои пешрафта ба назар мерасанд, гувоҳи онанд, ки дар байни элитаи сиёсӣ ва оммаи мардум рахна ба вуҷуд омада, роҳбарият дар сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии худ манфиатҳои мардуми оддиро ба инобат намегирад ва ҳангоми қабули қарорҳои ҳаётан муҳим назару андешаи қишрҳои мухталифи ҷомеа сарфи назар карда мешавад. Мо дар фаъолияти худ бояд ба чунин усули кор роҳ надиҳем, ҳамеша дар байни мардум бошем ва манфиатҳои шаҳрвандонро дар мадди аввал гузорем. Чунки ҳизби мо ҳизби халқӣ - мардумист ва нақши қишрҳои гуногуни ҷомеа дар маркази сиёсати ҳизби мо қарор дорад. Таҳкими андешаи миллӣ, густариши худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ низ яке аз аслҳои оинномавии ҳизби мо мебошад. Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи марзу буми он омода будан, расидан ба қадри истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сулҳу амният аз ҷумлаи арзишҳои олии инсонӣ мебошанд, ки танҳо ба воситаи онҳо мо метавонем аркони давлатдории худро устувор намоем. Мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки муҳоҷирати меҳнатӣ хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест. Аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар манотиқи гуногуни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон ва кишварҳои дигар диаспораҳои хурду калони тоҷик ба вуҷуд омадаанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамватанони мо ҳастанд. Бинобар ин, робитаро бо онҳо бояд мустаҳкам кунем ва ба назди онҳо гурӯҳҳои таблиғотиро сафарбар намоем. Ин амал барои тақвияти худшиносиву таҳкими ваҳдати миллӣ хеле муҳим аст. Корро тавре ташкил бояд кард, ки муҳоҷирон пайванди худро бо Ватан ва халқи худ ҳамеша эҳсос намоянд ва дарк кунанд, ки онҳо дар мадди таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳамчунин бо донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда робита барқарор намуда, неруи зеҳнии онҳоро барои ободии Ватан истифода бояд кард. Мо дар замоне ҳаёт ба сар мебарем, ки васоити ахбори омма, аз ҷумла шабакаи ҷаҳонии интернет дар ташаккулу танзими афкори ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Яъне дар замони муосир касе, ки иттилоотро идора карда метавонад, имкон дорад, ки дар идоракунии афкори ҷомеа низ муваффақ бошад. Имрӯз хеле кам ба назар мерасад, ки иттилоот дар шакли аслӣ ба ҷомеа дастрас шавад. Бештари иттилоот бо дарназардошти ҳадафҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ё консернҳои бузург дар шакли тағйирхӯрда ва ҳатто таҳрифшуда пешниҳод мегардад. Дар аксар мавридҳо ин амал таҳти шиори «озодии сухан» ё «ошкорбаёнӣ» роҳандозӣ мегардад. Мутаассифона, имрӯз воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ҳангоми инъикоси ҳаводиси вобаста ба авзои ҷаҳон ба иллати надонистани забон аз сарчашмаҳои иттилоотии як ё ду кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил истифода мекунанду халос. Табиист, ки сарчашмаҳои иттилоотии ҳар давлат кӯшиш менамоянд, ки масъалаҳои мавриди назарро аз дидгоҳи манофеи миллии худ инъикос кунанд. Дар натиҷа воситаҳои ахбори оммаи мо, дониставу надониста, афкори умумро дар ҷомеа ба манфиати кишварҳои дигар ба вуҷуд меоранд. Дар чунин вазъ хеле муҳим аст, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ, аз ҷумла матбуот ва сомонаҳои ҳизбӣ қабл аз нашри иттилооти таҳмилшуда онро мавриди таҳлили амиқ қарор диҳанд, таъсири манфии чунин маводро пешгирӣ кунанд ва онҳоро танҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои башарӣ нашр намоянд. Зеро воситаҳои ахбори омма имкон доранд, ки ба тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, таърих ва ғайра таъсир расонанд. Вобаста ба ин, амнияти иттилоотии мамлакат яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаест, ки бояд ҷомеаи моро аз таъсири ҳуҷуми иттилоотии беруна ҳимоя намояд. Ман зимни суханронии худ дар ҷаласаи ҷашнӣ ба ифтихори 100- солагии матбуоти тоҷик таъкид карда будам, ки воситаҳои ахбори омма, чи ҳукумативу чи мустақил, мисли ду боли муқтадир буда, дар назди Ватан ва ҷомеа баробар бори масъулият мекашанд. Бинобар ин, рӯзноманигорон ва аҳли қалам бояд дар ифшо сохтани нуқсу камбудиҳо ҷасур бошанд ва дар баробари ин, дарк намоянд, ки ба мо танқиди созанда ва бодалел зарур аст, на сӯзандаву бебунёду интиқомҷӯёна. Зеро матбуотро ба чашми ҷомеа ташбеҳ кардаанд. Маҳз ба воситаи он ҳукуматдорон аз камбудиву норасоиҳои ҷомеа огоҳ мешаванд ва барои бартараф кардани онҳо мекӯшанд. Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки вазифа ва ҳадафҳои журналистикаи касбӣ, матбуоти миллӣ, аз ҷумла ҳафтаномаи "Минбари халқ" бояд ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз ҳама гуна таҳдидҳои беруна, хабарҳои иғвобарангез ва таъмини ҷомеа бо иттилооти дурусту саҳеҳ бошад, ки ҳадафҳои олии он ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, инчунин, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, илм, технология ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мебошад. Ҳозирини гиромӣ! Мусаллам аст, ки бурду бохт, ҳадафҳои сиёсӣ ва барномавии ҳизб бештар дар иштироки фаъолонаи он дар чорабиниҳои сиёсӣ, алалхусус интихобот муайян шуда, мавқеи воқеии ҳизбро дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ нишон медиҳад ва муҳимтар аз ҳама, таваҷҷуҳи мардумро ба барномаи пешазинтихоботӣ аз рӯи ченаки он, ки ҳизб дар чӣ сатҳ қарор дорад ва чӣ қадар раъйи мардумро ба даст овардааст, ҷалб мекунад. Соли оянда дар кишварамон баргузор гардидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар назар дошта шудааст. Бинобар ин, моро зарур аст, ки аз ҳоло барои дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳимми сиёсӣ омодагии ҷиддӣ бинем ва аз натиҷаи корҳои дар панҷ соли гузашта анҷомдодаамон дар назди аъзои ҳизб ва интихобкунандаҳо ҳисобот диҳем. Мавқеи устувор ва мустаҳками Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳама маълум аст. Вале мо, бо вуҷуди обрӯю эътибор ва нуфузи худ дар миёни мардум, бояд минбаъд низ барои тақвияти раванди демократикунонии ҷомеа, беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва рушду тараққиёти Ватани маҳбубамон саъю талош кунем. Дар ин сурат эътимоди мардум ба ҳизби мо боз ҳам бештар мегардад ва раъйи худро ба ҳизби мо медиҳанд. Бори дигар таъкид менамоям, ки ҳизби мо халқӣ буда, пеш аз ҳама, бо такя ба тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон дар маъракаи интихоботии аввали соли оянда дар доираи қонунҳои амалкунанда бо ҳизбҳои дигари сиёсии кишвар рақобат мекунад ва дар масъалаи озоду шаффоф баргузор шудани интихобот саҳми арзандаи худро мегузорад. Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб вазифадор аст, ки тамоми сохторҳои ҳизбиро ба интихоботи соли 2020 сафарбар намуда, дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои кишвар ҳарчи бештар фаъол бошад. Мо - ҳизбиён фарҳанги фаъолияти таблиғотиро, ки дарбаргирандаи унсурҳои муҳимми қонунгузорӣ, демократия ва маърифати сиёсист, дар ҷомеаи худ бояд чунон татбиқ намоем, ки намунаи ибрати дигар ҳизбҳои сиёсӣ бошад. Ин рисолати ҳизбии мост. Мо вазифадорем, ки беҳтарин ғояҳои созандаи аз ҷониби афроди фаъоли ҷомеа пешниҳодшударо ба доираи барномаи пешазинтихоботии худ ворид сохта, саҳми худро барои пешрафти тамоми арсаҳои ҳаёти кишварамон гузорем. Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, ки он бо барномаҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ҳамоҳанг мебошад, таҳти шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” амалӣ мешавад. Дар муддати чор соли сипаригардида ҳизби мо роҳҳои дастёбӣ ба муҳимтарин ҳадафу вазифаҳои барномавии худро ҷустуҷӯ карда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, тавсеаи сиёсати рушди иқтисодӣ, пешрафти соҳаи саноат, хусусан, саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди маъдан, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини фаъолияти шаффофи мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, амнияти миллӣ, волоияти қонун ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти ҷинояткорӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. Дӯстони арҷманд! Имсол аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ мегардад. Кишвари моро кишвари кӯҳҳои осмонбӯс меноманд. Ва ҳар кӯҳистонӣ хуб медонад, ки ба фарози қулла ҳар қадар наздик шавӣ, пеши назар ҳамон қадар фарох ва пурвусъат мегардад. Мо низ аз фарози чоряк асри сипаришуда ба гузашта назар мекунем ва мебинем, ки ҳарчанд роҳ мушкил буд, мо тавонистем собитқадамона ба сӯи ҳадафҳои худ равем ва корҳои зиёдеро ба нафъи халқу Ватан анҷом диҳем. Бисту панҷ соли талошу муборизаҳо дар таҳкими давлатдории навини миллӣ, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол далели он аст, ки ҳизби мо дар хизмати мардум аст. Зеро ҳизби мо аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва аркони давлатдорӣ саҳми сазовор гузошт. Бинобар ин, Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизбро зарур аст, ки аз имрӯз сар карда, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани чорабиниҳои зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба таърихи таъсиси ҳизб, нақши раҳнамунсозандаи он дар ҷомеаи Тоҷикистон, саҳми аъзои фаъол ва бахусус, собиқадорони ҳизб дар рушди устувори давлати ҷавони мо аз тариқи васоити ахбори омма маводи ибратбахшу ҷолиб нашру пахш намояд. Дар ин замина Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизбро зарур аст, ки ба масъалаҳои зерин эътибори ҷиддӣ диҳад: - дар байни мардум васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ баёнгардида ва иҷрои онҳо, пеш аз ҳама, вазифаи аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Фраксияи ҳизб дар парламент, раисони кумитаҳои иҷроия дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон ва ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад; -ташкилотҳои ҳизбиро зарур аст, ки ҷиҳати ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дӯст доштани Ватан-Модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монанд; - лоиҳаи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар бахшу самтҳои гуногун таҳия гардидааст, то ибтидои моҳи июни соли ҷорӣ такмил дода, ба Раиси ҳизб пешниҳод намояд; - дар маъракаҳои интихоботии оянда аз усулҳо ва технологияҳои муосири ҷалби электорати ҳизб васеъ истифода карда, таҷрибаи ҳизбҳои пешқадами давлатҳои пешрафтаи демократиро то оғози марҳалаи интихоботӣ мавриди омӯзиш қарор диҳад; - қабули сифатноки аъзои ҳизбро ба роҳ монда, соли равон дар асоси муқаррароти Оинномаи ҳизб баргузории конфронсҳои ҳисоботиву интихоботии кумитаҳои иҷроияи ҳизбро дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти назорат қарор дода, аз ҳисоби шахсиятҳои фаъолу собитқадам ва обрӯманди маҳаллу минтақаҳо интихоб гардидани аъзои нави кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро таъмин намояд. Дар фарҷоми сухан бо эътимоди қавӣ иброз медорам, ки ҳар як узви ҳизб барои татбиқи вазифаҳои стратегии давлату Ҳукумат, такмили низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ минбаъд низ саҳми босазои худро мегузорад. Ҳамаи мо бояд як нуктаро ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад. Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд бошед! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.