Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҲАҚИҚАТ ВА БОТИЛ

ҲАҚИҚАТ ВА БОТИЛ

23-09-2019, 13:04
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Ё чаро амалҳои ҷиноӣ фармуш мешаванд
Имрӯзҳо дар шаҳраи Варшаваи Ҷумҳурии Лаҳистон, нишасти навбатии Созмони аҳдномаи ҳамкорӣ дар Аврупо, ки чануд рӯзе қабл ба кори худ оғоз намуда буд, идома дорад. Маврид ба тазакур аст, ки яке аз самтҳои аслии баргузории чунин ҳамоиш, ки ҳамасола баргузор карда мешавад бо роҳи сулҳомез таъмини амният дар ҷаҳон ва ҳифозати ҳуқуқ ва уҳдадориҳои гурезагон, инчунин таъмини гуфтушунид миёни ҳукумат ва мухолифини кишварҳо мебошад. Маротибаи дуввум аст, ки дар кори ин нишастӣ байналмиллалӣ намояндагони тешкилои террористӣ ва экстремистии ҳизби (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ)-и наҳзати Исломӣ ҳамчун мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.
Иштироки ба қавле пешсафони ин гурӯҳи ҷиноӣ дар нишасти навбатии Созмони аҳдномаи ҳамкорӣ дар Аврупо дар ҳоле сурат мегирад, ки тешкилои террористӣ ва экстремистии ҳизби (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ)-и наҳзати Исломӣ бо содири ҷиноятҳои пай дар пайи хунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус сар карда аз соли 1992 то соли 2015 қисме аз давлатҳои сайёра онро ҳамчун гурӯҳи террористӣ эътироф кардаанд. Дар вазъияти ба вуқӯъ омада намояндагони ҳизби тереррористии наҳзат як гурӯҳе ташкид намуданд бо номи “паймони миллӣ” ва бо ин роҳ, имрӯз аз худ ҳамчун ҳаракати демокративу мардумсолор дарак дода дар кори чунин ҳамоишҳои бузург ширкат меварзанд. Воқеан ҳам ин ҳолат аз духурагии қисме аз мамолики сайёра ва бахусус баъзе аз созмону гурӯҳҳои байналмиллалӣ дар шинохти терроризм дарак медиҳад. Мо мушахассан гурӯҳе ва ё ин ё он созмони байналмиллалии солҳофару давлатҳи сайёраро дар ақидаи дугона доштан нисбат ба шинохти воқеии ҳаракатҳои террористӣ гунаҳкор нахоҳем кард, вале ин матлаби навишташуда, шояд назару андешаҳои баъзе аз хонандагонро нисбат ба воқеияти аслии тешкилои террористӣ ва экстремистии ҳизби (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ)-и наҳзати Исломӣ дигар намояд.
Ҳанӯз таи солҳои 70-уми қарни ХХ замоне, ки ҷаҳон ду қутба буд, ки он ҳам яке Амрико ва дувуми Иттиҳодӣ Шуравӣ, кӯшишҳои абарқудратон ҷишати ба манфиати худ истифода кардани захираҳои табиӣ, моливу ҷонӣ, инчунин пиёда сохтани сиёсати худ ва ҳарчи бештар зери фармонбардории худ қарор додани кишварҳои дуввум ва севум дараҷаи олам тезу тунд мегардид. Дар ҳамин замина таи ин солҳо барномаи сиёсии “ҳалқаи сабз”, ки нишони он аз сабзиву хуррамии дини Ислом сарчашма мегирад, бо ҳадафи сарнагун сохтани ҳокимияти Иттиҳоди Шуравӣ рӯи кор оварда шуд. Дар зимн гурӯҳу созмонҳои террористиву экстремистии динӣ ташкил ёфтанд. Суоле матраҳ аст, ки чӣ гуна ин ҳолат ба вуқӯъ омад?
Ба таъбири муҳаққиққон дар доираи барномаи сиёсии “ҳалқаи сабз” ҷавонони зиёде аз сафи ҷомеаи Иттиҳоди Шуравӣ ҷиҳати омӯзиши илм ба хориҷи мамлакат сафарбар гардиданд, аниқтараш бобати омӯзиши таълимоти динӣ, ки сиёсати давлатдории Иттиҳодӣ Шуравӣ зидии ин таълимот буд, ба макотиби динии хориҷ ҷалб шуда, дар баробари гирифтани таълимоти динӣ ба шуури эшон хурофоту бегонапарастӣ ва машқҳои низомии терроористӣ дода мешуд.
Толибилмон дубора ба ватан баргаштанд ва марзи оҳанини Иттиҳоди Шуравӣ натаволист, ин нафаронро вориди кишвар сохта ақоиди пур аз ғалати эшонро берун гузорад ва ин кор имконнопази ҳам буд. Бо ҳамин роҳ давра ба давра тули якчанд сол ифротгароиву бегонаситезӣ миёни ҷомеаҳои мусалмони ин кишвар доман паҳн намуд.
Ҳамин гуна замони ҳокимияти Иттиҳоди Шуравӣ, аввалин гурӯҳҳои динӣ дар солҳои 80-ум ба таври пинҳониву ошкоро зуҳур карданд, ки дар қатори онҳо Ҳизби наҳзати исломӣ, низ буд. Намояндагони ин ҳаракати террористӣ худ иқрор шуда буданд, ки ҳаракати эшон ҳанӯз таи солҳои 80-ум арзи ҳастӣ кардааст. Бо ҳамин минвол таи солҳои 80-ум ҳокимияти Иттиҳоди Шуравӣ пароканда гардид ва 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон дар қатори дигар халқу миллатҳои иттиҳод мустақилияти худро эълон намуда, аз худ ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд дарак дод. Аммо ин ҳама шодкомии ҷомеаи мамлакат дер давом накард ва бо талаби қудрат намудани фаъолони Ҳизби навҳзати Исломӣ бетартибҳо сурат гирифта дар натиҷаи он ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шурӯъ гардид.
Ба андешаи муҳаққон ин гурӯҳ ба ваъдаҳои осмонии мубаллиғони худ, ки гуё дар Тоҷикистон давлати исломиро ташкил намуда, эшонро сари қудрат меоваранд ва худ шоҳу таъбашон вазир хоҳад шуд дода шуда, шуури табақаи осебпазири ҷомеа бахусус як қатор ҷавонони мамлакатро ба ақидаҳои бегонапарастиву ифротгароӣ олуда намуданд.
Ҳамин гуна тули 5 соли ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ 150 ҳазор нафар сокинони мамлакат қурбон шуда, 50-задори дигар ятиму бепарастор гардид ва 30-ҳазор хонаҳои истиқоматӣ ба коми оташ рафта, дар умум ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ хисороти зиёд дар пай гузошт.
Ба даст овардани ваҳдати миллӣ дубора мардуми тоҷикро сарҷамъ намуда, бо раҳмдилӣ ва ватансолорӣ миллати тоҷик, ин гуноҳи азими фаъолони ТТЭ ҲНИ -ро авф намуд.
ТТЭ ҲНИ, ки дастпарвари кувваҳои аҷнабӣ буданду ба тариқи ин қувваҳо пӯшиши молӣ медиданд, боз гуё ба тариқи пинҳонӣ аз паи амали намудани стратегияҳои ифротгароёнаи худ пайроҳа бунёд намуданд, ки ин ҳолат албатта аз назари мақомоти қудратии кишвар ва чеҳраҳои сиёмии мамлакат ғоиб намонд. Ҳамин гуна фаъолони ин гурӯҳи ҷиноӣ тули солиёни дароз бо маблағи хориҷиён фаъолияти бемантиқи худро пеш мебурданд ва шояд боре ҳам наандешидаан, ки замоне мубаллиғон бар ивази маблағҳои худ амали нангини навбатиеро талаб хоҳан намуд. Билохира ин ташкилоти террористӣ соли 2015 хостори табаддулоти навбатии худ, ки ба ҷуз як чанд нафар кӯтоҳандешон дигар дастгирие наёфт ва рӯ ба гурез ниҳод.

Мо имрӯз шоҳиди онем, ки ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоиву баъзе аз сомонаҳои ғайрирасмии таблиғкунандаи акоиди ифротгаро фаъол гаштааст. Гумон меравад, ки байёни ин ҳама иддаоҳо, шояд танҳо барои вонамуд кардани фаъолияти онҳо барои хоҷагон ва таъсисдодагонашон мебошад.
Дар воқеъ ТТЭ ҲНИ як доғи сиёҳе дар таърихи давлату миллати тоҷик аст. Муҳаққиқон ба фаъолони тешкилои террористӣ ва экстремистии ҳизби (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ)-и наҳзати Исломӣ чунин баҳо мебиҳанд: “фарде, ки Ватан, миллат ва ҳатто дину мазҳаби худро фурӯхт, ҳама чизро метавон интизор шуд. Зеро барои касе, ки мавқеи имонияшро се маротиба тағйир дода, аз мазҳаби ҳанафӣ ба мазҳаби ваҳҳобия, аз ваҳҳобия ба шиаи имомӣ гузашт ва ҳоло акнун аз номи Ислом рӯ гардонидан исботи он аст, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ ба ҳеҷ адёне рабте надошта, мақсад якест амали намудани орзову ормонҳои хоҷагони хориҷии худ аст”.
Дар чунин ҳолат суоле бе ҷавоб боқи мемонад, ки бо содири ин ҳама ҷиноятҳои хунин, намояндагони ин ҳаракати террористӣ чӣ гуна дар кори ҳамоиш ва нишастҳои бузуг, ки дар он нақзи ҳуқуқи инсон ва озодии демократияву ҷомеаи инсонӣ матраҳ мегардад, роҳ меёбанд? Агар як гурӯҳи ҷиноӣ бо ташкили ба қавме як гурӯҳ бо номи “паймони миллӣ” метавонад гуноҳҳои худро бишуяд? Ин масъалае аст, ки сари он андеша бояд кард.
Суғдмеҳри Маъруфзод

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: