Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фарзанди нағз боғи падар

Фарзанди нағз боғи падар

11-08-2021, 09:19
Хабарро хонданд: 3960 нафар
Назарҳо: 0
Фарзанди нағз боғи падар
Бале, ин гуфтаҳо дар тӯли садсолаҳо мавриди назар қарор гирифтаанду пайгирона ба мо расидаанд ва андарзеро мемонанд, ки сода ва ҷаззоб аст, аммо мутаассифона то ҳанӯз мавзӯи рафтору гаштор, ақлу тамизи иддае аз фарзандони мо хеле таназзул ёфтаву нигаронии ҷомеаи муосир гаштааст. Чаро чунин шуда ва ба ин кӣ гунаҳгор?
Зумрае аз равоншиносон бар назари онанд, ки танззулёбии хулқу атвори фарзандон аз оила сарчашма мегирад. Бале, дуруст аст, аммо оила танҳо як паҳлуи тарибияи фарзандро дар бар уҳда дорад, вале дар ташаккуёбии ақл, заковат, фаросат, рафто, гуфтор ва дигар паҳлуҳои фаросати одамӣ ба ҷуз оила дигар омилҳои таъсиргузоре ҳастанд, ки дар мавриди инкишофёбии хислати одамӣ манзалати махсус доранд.
Дар ибтидо фарзанд маҳз аз оила тарбия мегирад ва ин мактабро хонавода меноманд. зеро чун фарзанд чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, худро дар оѓўши модар ва муҳити оилаи худ мебинад. Оила оинаи фарзанд аст. Дар он нақши фарзанд, тамоми хислатҳо, гуфтору рафтори мусбию манфии волидайн инъикоси худро меёбад. Дар бисёр мавридҳо фарзандон дар наврасӣ ба таҳрику гуфтори волидонаш пайравӣ мекунанд. Зеро фарзанд дунёро бо чашму дили онҳо мебинаду мешиносад ва муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи волидайн муайян мекунанд.
Оила такягоҳи аслии низоми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ҷамъияти инсонӣ аст. Оила ҷойгоҳи оромиши тан ва рӯҳи инсонҳо, махсусан зан, шавҳар ва фарзандони онҳост. Бинои оила, асоси бунёди ҳалқаҳо ва силсилаҳои ба ҳамдигар васлшавии ҷомеаи инсонӣ мебошад. Дар тӯли таърих мақоми оила ба сифати пайванди ногусастании идомаи наслҳо барои ҳама чун падидаи таѓйирнаёбанда исбот гаштааст. Собит шудааст, ки нахуст хулқу атворро модар ба фарзанд меомӯзад ва ҳисси меҳрубонӣ, ҳамдардӣ ҳамдилӣ, ѓамхорӣ, муҳаббат, таҳаммулпазирӣ ва дигар паҳлуҳои эҳсосоти волои инсониро фарзанд нахуст аз модар ёд мегирад.
Ба ибораи дигар, ақлу фазилат, ҷаҳонбинӣ ва олами маънавии падару модар нахуст заминаи муҳимест, ки ба зеҳну шуури кўдак таъсир расонида, дар ҳаёти минбаъдаи ў марҳала ба марҳала ташаккул меёбад ва мояи ифтихор мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», чунин зикр намуда буданд:
«Ҳамаи дастовардҳо ва корномаҳои мардонагиву қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик, бешубҳа, натиҷа ва самараи заҳмати шабонарўзии падару модарони азизи мо мебошанд. Чунки ҳамчун инсони комил ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ў ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад».
Оре, модарон мебояд нисбати тарбияи фарзанд хеле ҷиддӣ бошанд ва фарзандони худро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кунад. Чунонки шоир мефармояд:
Дар дафтари муаллиму омӯзгор нест,
Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.
Рафтори модар аз пайи сармашқи кӯдакон,
Беҳтар зи ҳар китобу зи ҳар гуна дафтар аст.



Марҳалаҳои синну солии тарбия

Ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ оиларо яке аз қишрҳои ибтидоӣ ва асосии ҷомеъа меҳисобиданд ва маҳз оилаи солим ҷомеаи солимро ташкил медиҳад. Агар аз рӯзҳои аввал тарбияи оилавӣ дуруст ба роҳ монда шавад, зинаҳои минбаъдаи он бомуваффақият паси сар мешаванд.
Олимони соҳаи тиб бар он ақидаанд, ки марҳалаҳои гузариши синну солӣ ва ташаккули ақлониву ҷисмонии инсон ба давраҳои мухталиф тақсим карда мешавад. Мувофиқи даврабандиҳои маъмул, кўдакиро ба марҳалаи навзодӣ то синни яксолагӣ, кўдакии давраи аввал – аз 1 то 3-солагӣ, синни томактабӣ аз - 4 то 6-солагӣ, синни ибтидоии мактабӣ – аз 6 то 10-солагӣ, синни миёнаи мактабӣ – аз 11 то 15-солагӣ ва синни калони мактабӣ аз 15 то 18-солагӣ ҷудо менамоянд, ки ҳар давра хусусиятҳои ба худ хосро дорост.
Агар ҳар як даври гузариши синнусолӣ мутобиқ ба ҳолати рушди тафаккури инсонӣ дуруст тарбия карда шавад, он гоҳ инсони солим ба воя мерасад ва дар рушди маънавии инсон ҳиссагузор мегардад.
Маҳз, дар ҳамин марҳала олами маънавию ҷисмонии кўдак метавонад, аз ҳама зуҳуроти таъсиррасон бархурдор бошад. Ва ҳар он чӣ қадар падидаҳои нек дар рўзгори кўдак рух диҳад, ҳамон қадар зебопарастию мутобиқшавии кўдак ба олами комилан саршор аз адолати иҷтимоӣ дар зеҳнаш пайдо мешавад.
Мувофиқ ба синну сол тарбия наврасонро психологи машҳури рус Роберт Немов дар китоби худ «Психология» ба зинаҳои зерин ҷудо намудааст:
1.Дар синни 11-12 солагӣ наврасон бори аввал дар вуҷуди худ эҳсоси ҷасурӣ, бо сабр будан, боварӣ, пуртоқатӣ, худшиносиро мепарваранд.
2. Зинаи дуюм аз 12 солаги то 20 солагӣ идома меёбад. Дар ин давра ҳолати руҳии инсон тағир ёфта, одамӣ хислатҳо хубро ба монандӣ- кӯмак расондан ва ё мададгори касе шудан, инчунин моили ишқ шудан, хаёлпараст будан ва дигар эҳсости дар ниҳодаш ташаккулёфтаро мепарварад.
3. Дар зинаи сеюм, ки он аз 20 то 40 солагӣ идома меёбад , инсон ба зиндагӣ ба чашми нав менигарад ва ҳар зуҳуроти ба вуқуъ пайвастаро дар мизони ақлаш бар мекашад.
4. Зинаи чорумро Роберт Немов балоғати ақл медонад, ки он аз 40 солагӣ боло оғоз меёбад.
Андешаҳои Роберт Немовро психологӣ дигари рус Николай Левитов дар китоби худ «Психологияи хислатҳо» идома додааст.
Аз ин рў ҳар як омӯзгор вазифадор аст, зимни гузаронидани дарсҳои тарбиявї ба ин самти масъала ба тариќи даркорї бояд таваљљуҳ намоянд ва нали наврасро аз рӯи гуфтахои олимони соҳа тарбия намуда , онњоро ба роҳи ростӣ, некӣ, дӯст доштани Ватан , ва илма маърифат рањнамун созанд. Чунки љомеи имрўзаи мо ҳанӯз ҷавон аст ва ба насли солиму соҳибмаърифат зарурат дорад.







Манзалати тарбия

Таи солҳои охир борҳо аз расонаҳои иттилоотӣ воқиф гаштаем, ки дар фалон мактаб талабаҳо ба ҳамдигар даст ба гиребон шуда якдигарро бо корд зада маҷруҳ кардаанд ва фалон мактаб бо фалон мактаб ҷангидааст, ҳатто зумрае аз мактабиён дар чунин ҷангҳо ҷон бохтаанд.
Албатти ин мавзуъ бо чанд ҷумла роҳи матраҳ шудани худро намеёбад, аммо мо тасмим мегирем, ки дар боби мазкур чанд андешаи худро иброз дорем.
Қабл аз ҳама қариб 80-фоизи чунин хонандагон аз оилаҳое мебошанд, ки дараҷаи муътадили зиндагӣ доранд ва иддаи дигар сарватманд ҳастанд. Пас ин пеш аз ҳама агар бо ибораи оддии мардумӣ гӯем, онҳоро ба ин роҳ зиндагии серу пур бурдааст. Бубинед, дар як синф ҳам фарзанди доро ва ҳам фарзанди нодор якҷоя дарс мехонанд ва ин ҷо нобаробарии иҷтимоӣ ҳамеша ҳукмрон аст. Маҳз ҳамин нобаробарии иҷтимоӣ дар ниҳоди наврасон ҳисси зиёди ҳасад, бадбинӣ, ҳавобаландӣ, худхоҳӣ ва нафратро бедор мекунад ва ин эҳсосҳои номатлуб дар равони наврасон ташаккул ёфта, зина ба зина ҳукмфармои наврас мегарданд. Яке худро аз дигаре ҳамеша боло медонад ва кушиш мекунад, дар ҳама ҳолат пешсаф (лидер) бошад.
Мутаассифона иддае аз волидони чунин фарзандон мавзӯи тарбияро ба гӯшаи фаромушӣ додаанд ва рафтору кирдори фарзандонашон ба чашмашон намерасад.
Дуввум таъсири атроф ва дидаҳову шунидаҳо низ ба тарбияи наврас таъсири ниҳоя сахт мерасонад. Мувофиқи тадқиқоти равоншиносон яке аз паҳлуҳои назаррасӣ рафтори кӯдакон ва наврасон ба чизе ва ё касе пайравӣ, тақлид кардан аст. Маҳз пайравӣ, тақлид кардан дар ниҳоди онҳо мазмуни хуб ва ё бадеро маскан медиҳад, ки он то охири умр дар вуҷуди онҳо маҳфуз мемонад. Баъдан тамошои филмҳои ваҳшатангезу даҳшатовар психологияи онҳоро бемор месозад ва ин беморӣ оқибат зумрае аз фарзандони моро ба роҳи бад мебарад. Борҳо аз расонаҳои иттилоотӣ воқиф гаштаем, ки дар фалон ноҳия наврасе дигар ҳамсолашро бо корд задааст. Сарчашмаи ҳамаи ин ҳамон филмҳое ҳастанд, ки наврасон тамошо мекунанд.
Дигар паҳлуи ин масъала дар он аст, ки имрӯз фарзандон беназорат мондаанд ва онҳо аз тарафи падару модарон назорат карда намешаванд. Беназорат мондани фарзанд онҳоро авбош, беҳудагард, бетарбия ва бемасъулият мекунад. Кӯдак, ки бе назорат монд ба ҳар роҳ меравад… Аз ин рӯ падару модарон вазифадоранд, ки фарзандонро беназорат намонанд ва барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии онҳо пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд, фарзандонро дар руҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси накӯкорӣ, раҳмдилӣ, муносибати боэҳтиромона нисбати аҳли хонавода, эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ тарбия намоянд. Дар урфият гуфтаанд, «фарзанди нағз боғи падар, фарзанди бад доғи падар» бале, фарзанди хуб номбардори падару модар аст. Аммо мутаассифона фарзандони бад низ дар оилаҳои хуб тарбия дошта зиёд ба назар мерасанд. Баъзан атрофиён дар ҳайрат мешаванд, ки падару модари фалонӣ аҳли фарҳанганду фарзандашон қаллоб ва ё дузд аст. Пас чаро чунин шуда? Ин ҷавоби зиёдеро тақозо надорад, балки падару модар дар тарбияи фарзанд хатое содир кардаанд, ки ба назарашон он ҳамчун хатогӣ нарасидааст. Пеш аз ҳама чунин фарзандон эрка ба воя расидаанд ва ё бештар дар кӯча будаанду таъсири атроф, муҳит, ҳамнишинони бетарбия ба ӯ расидааст. Бепарвоӣ ва ё беназоратии падару модарон ба чунин фарзандон низ сабабгори ба роҳи бад рафтани чунин фарзандон шуда метавонад.
Баъзан мо шоҳиди он мегардем, ки иддае аз падару модарон новобаста ба табақаи иҷтимоияшон ба фарзандон муносибати дағалона, бераҳмона ва зӯроварӣ зоҳир мекунанд.
Дар ин ҳолат нисбати кўдак таъқиб, зўроварӣ, муносибати бераҳмона, фиреб додани кўдак, зоҳир накардани меҳрубонӣ, дағалӣ, тамасхур, фармонфармоӣ дар таълиму тарбияи ў дар оянда таъсири ниҳоят бад мерасонад.
Инчунин ирсият низ метавонад дар хислати кӯдак таъсири бад расонад ва ба қавли Саъдии Шерозӣ:
Оқибат гургзода гург шавад,
Гарчӣ ба одамӣ бузург шавад.
Дар охир ҳаминро бояд иброз дорем, ки подоши зиндагиномаи инсонӣ махсули меҳнату заҳмат ва фарзандонаш аст. Агар инсон аз уҳдаи тарбия фарзанд набарояд, дар назди умум бадном мегардад ва агар фарзанди хуб тарбия намуда ба воя расонад номаш вирди забони ҳамагон мешавад, зеро фарзанди нағз китоберо мемонад, ки бо мазмуну муҳтавояш дар хотираҳои мардум абадан нақш мебандад.
Дар ин бора Аллома Иқболи Лоҳурӣ хеле хуб гуфтаанд:
Обрӯи гул зи рангу бӯи ӯст,
Беадаб бе рангу бӯ, беобрӯст.
Навҷавонеро чу бинам беадаб,
Рӯзи ман торик мегардад чу шаб.
Одамият эҳтироми одамӣ,
Бохабар шав аз мақоми одамӣ.

ТАҒОЙМУРОД ОРИФӢ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: