Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тоҷикистон ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё: манфиатҳои миллӣ дар навбати аввал ҳастанд

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё: манфиатҳои миллӣ дар навбати аввал ҳастанд

10-04-2019, 17:07
Хабарро хонданд: 397 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё: манфиатҳои миллӣ дар навбати аввал ҳастанд Дар маҷмаи «Душанбе Плаза» мизи мудаввар дар мавзӯи «Баҳодиҳии иҷтимоии ҳамгироии Авруосиёӣ-имкониятҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори он И.С. Лякин-Фролов, сафири Федератсияи Русия , Мухтар Карибай, иҷрокунандаи вазифаи сафири Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷаниш Рустамбеков, сафири Ҷумҳурии Қирѓизистон, Иван Гриневич, муовини сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лариса Кислякова, роҳбари раёсати Иттифоқи консултантҳои касбӣ, Михаил Кораблин, роҳбари намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия, Манучеҳр Ҳоҷизода, муовини сардори Раёсати мамлакатҳои ИДМ Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷиддин Ҷуразода, ҷонишини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Галина Назарова, директори намояндагии Фонди «Институти пажӯҳишҳои Авруосиёӣ» ва мутахассисону коршиносони ватаниву хориҷӣ иштирок доштанд. Ташкилкунандагони ин ҳамоиш Фонди рушди «Институти пажӯҳиши Авруосиёӣ», клуби коршиносони «Урал-Евразия», Маркази иттилоотӣ-аналитикии «Евразия-Поволжйе» бо ҳамдастии Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.
Иштирокдорони мизи мудаввар оид ба имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё изҳори назар карданд. Константин Погорелский, директори созмони коршиносони «Урал-Евразия» (ш.Екатеринбург) гуфт: «Механизмҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё имкониятҳои хубро барои муносибатҳои тарафайни уфуқӣ бо минтақаҳои Русия медиҳанд. Субъектҳои Федератсияи Русия зиёдтар асосҳои ҳуқуқӣ ба даст меоранд, ки дар навбати худ, ҳифозати сармоягузориҳои онҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон қавитар хоҳад шуд. Ин ба манфиати тарафайн хоҳад буд.».

Намояндаи тиҷоратии Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Кораблин Қирѓизистонро намуна овард, ки «бо кумаки Хазинаи рушди Русияву Қирѓизистон соҳиби имкониятҳои иловагӣ шуд. Хазина давоми 2 сол 767 лоиҳаро дар самти тиҷорати хурд ва миёна ба маблаѓи 248 миллион доллар ва ҳамчунин инфрасохтори муҷаҳҳаз дар сектори агросаноатии кишварро сармоягузорӣ намуд». Сардори Кумитаи Палатаи савдо ва саноати Қирѓизистон дар масоили сиёсати саноатӣ, содирот ва инфрасохтор Кубат Раҳимов чунин андешаронӣ намуд:
-Тӯли панҷ сол Тоҷикистон дар масъалаи устувории лоиҳа нисбати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мавқеи омӯзиширо қарор дода буд. Ҳоло давраи имкониятҳои фарох расидааст, ки онро аз даст набояд дод. Аввалан, дар бозори меҳнат ва омода намудани кадрҳои истеҳсолии баландихтисос. Сониян, рӯйи кор омадани шароити мусоид дар бозори энергетикӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба «пул»-и муттаҳидкунанда, ки иқтидорҳои энергетикии Иттиҳодро бо лоиҳаи CASA ба ҳам меорад ва ҳамин тариқ тамоми Осиёи Марказиро ба занҷираи воҳид мепайвандад, табдил гардад. Саввум, имкониятҳое, ки лоиҳаи рақамии ИИА барои дастрасии насли ҷавони Тоҷикистон, ки он қисми бештари аҳолии кишварро ташкил мекунад, ба лоиҳа ва технологияҳои муосир фароҳам меорад.
Муҳокимарониҳои минбаъда оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва он имтиёзҳое, ки муҳоҷирони корӣ дар натиҷаи ворид шудан ба бозори кори ИИА ба даст меоранд, сурат гирифтанд:
-Як намунаи одӣ,-гуфт мушовири ректори Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон Раҳмон Улмасов,-маблаѓҳои интиқолшавандаи муҳоҷирони меҳнатии Қирѓизистон ва Тоҷикистон қариб баробар ҳастанд, нигоҳ накарда ба он, ки шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия якуним маротиба камтар аст. Ин маънои онро дорад, ки иқтисодиёт ва хонаводаҳои Тоҷикистон аз фарқияти мақоми меҳнатӣ ҳамасола 500 миллион доллар кам ба даст меоранд.
Мавқеи иштирокдорони ин ҳамоиш аз ҳамдигар фарқият дошт ва ин то андозае асоснок ҳам буд-бархе аз онҳо оид ба зарурияти вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо танҳо бо чанд ҷузъиёт, ки тамоми иқтисоди Тоҷикистонро дар бар намегирад, суханронӣ намуданд. Директори Маркази иттилоотӣ-аналитикии «Евразия-Поволжйе» (ш. Саратов) Марина Лапенко пешниҳод кард, ки «ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ворид шуданро интизор нашуда, аллакай аз ҳоло муҳоҷирати меҳнатии Тоҷикистонро бо санадҳое, ки бозори меҳнатиро дар ИИА ба танзим медароранд, ҳамоҳанг бояд намуд». Чунин пешниҳод аз ҷониби тамоми иштирокдорон дастгирӣ ёфт.
Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки пешниҳоди ҷониби Федератсияи Русия оид ба Тоҷикистон додани мақоми кишвари мушоҳидакор дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Дар чорабинӣ қарор дода шуд, ки тамоми баромадҳои иштироккунандагони он дар шакли маҷмӯи мақолот нашр карда мешавад.
Дар анҷом бояд қайд намуд, ки дар масъалаи ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар гуна созмону иттиҳод пеш аз ҳама манфиатҳои милливу давлатии мо дар пешхати ин тасмимот гузошта мешавад.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: