Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои нави китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқӣ дар ноҳияи Спитамен

Ифтитоҳи бинои нави китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқӣ дар ноҳияи Спитамен

1-04-2019, 09:00
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои нави китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқӣ дар ноҳияи Спитамен

Дар ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Китобхона, осорхонаи “Курушкада”-и таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Бинои тозабунёди китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони иншооти мазкур моҳи июни соли 2017 оғоз гардида, моҳи марти соли 2019 бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити бинои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулинро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.

Иншооти китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқии бачагона дар ноҳияи Спитамен дар масоҳати 1,2 га дар маркази ноҳия қомат афрохта, масоҳати умумии сохтмон 540 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бинои замонавӣ дорои утоқҳои корӣ ва хизматрасонӣ буда, дар таҳхонаи он хазинаи китоб мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи якуми он китобхонаи электронӣ - шуъбаҳои феҳрист, хизматрасонӣ, толори васеъи хониш бо мизу курсиҳои истеҳсоли ватанӣ барои 100 ҷойи нишаст муҷаҳҳаз гардонида шуда ва дар дохили он адабиёт оид ба дастовардҳои Истиқлолият, осору адабиёти шоирону нависандагони муосиру классики тоҷик, гӯшаи китобҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 гирд оварда шудаанд.

Дар ошёнаи дуюм Осорхонаи таърихӣ таъсис дода шуда, ҳамчунин чор утоқи корӣ бо шароити васеъ барои кормандон муҳайё гардидааст. Осорхона “Курушкада”, ки дар байни мардум бо номи Куруши Кабир маълум аст, номгузорӣ гардида, мавзеи қадимтарин ва дар айни замон ноҳияи зебоманзари Спитаменро ифода менамояд.

Осорхонаи мазкур муассисаи таърихӣ-кишваршиносӣ, илмӣ-маърифатӣ буда, муҳофизати ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва боигариҳои халқро дар бар мегирад.

Инчунин осорхона дорои шуъбаҳои ҷамоати ибтидоӣ, асрҳои миёна, илмӣ- маърифатӣ, ҳунарҳои халқӣ ва замони муосир мебошад. Айни замон дар осорхона 1 000 адад ашёи гуногун мавҷуд мебошанд, ки ин дар эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат нақши калидӣ дорад.

Дар ошёнаи сеюми иншооти тозабунёд - Мактаби мусиқии бачагона ҷойгир буда, он дорои 11 синфхона, ба монанди танбӯр, назарияи мусиқӣ, рубоб, ғиҷҷак, фортепиано, доира, чанг, утоқҳои корӣ, толори барҳавои намоиши консертӣ мебошад.

Дар мактаби мазкур 10 нафар омӯзгори баландихтисос ба кор ва маоши доимӣ барои фаъолият ҷалб гардидаанд. Айни замон дар мактаби мусиқӣ зиёда аз 100 нафар наврасони хуштолеъи даврони соҳибистиқлолии Ватан бо 10 номгӯй асбоби мусиқии миллӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо шукргузорӣ ифтитоҳи чунин иншооти фарҳангӣ-илмӣ ва маърифатиро ғамхории навбатии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти боло бурдани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва илмомӯзии насли ояндасозу пешбарандаи давлату миллат баён намуданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар иншооти мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, зимни баромади хеш ба аҳли фарҳанг, омӯзгорон ва масъулин дар кору фаъолияташон барору комёбиҳо орзу карданд. Даъват ба амал оварданд, ки бо фароҳам овардани чунин шароити васеъи корӣ ва муосир дар тарбияи насли ояндасози кишвар масъулияти бештар зоҳир намуда, барои ояндаи дурахшони Ватан ҷавонони боистеъдоду мутахассисони сатҳи ҷаҳониро тарбия намоянд.

Ба китобхонаи мазкур, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 400 адад адабиёти тозанашри адибони тоҷик туҳфа карда шуд. Инчунин ба мактаби мусиқии бачагонаи рақами 2-и ноҳияи Спитамен 40 адад асбобҳои мусиқии гуногуни миллӣ тақдим гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: