ҶАШНИ РӮШНОИВУ ПОКӢ20-03-2019, 11:47
Хабарро хонданд: 439 нафар
Назарҳо: 0
Ҳарчанд Истиқлолияти давлатии мо ҷашни Наврӯзро дубора эҳё карда ба оламиён дарак аз пайки некӯӣ доштани он дода бошад ҳам, қариб дар тамоми навоҳии кишвар ойинҳои онро ба таври бояд истифода намекунанд. Баръакс бо чанд дегу чахдек ва дӯку чарха, юғу сипору либоси арӯси сол он ҳам арӯси аврупоӣ ва бобои деҳқон, ин ҷашни пурмаънои ниёконро маҳдуд месозанд. Аз ин рӯ тасмим гирифтем бо истифодаи андешаи олимон ин ойинҳоро шарҳ бидиҳем то Наврӯзро маҳдудаи дӯку чарха берун оварем. (Мусоҳибаи Ҳуриннисо Ализода бо Зафар Мирзоён, ховаршинос, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессори фахрии ин донишгоҳ). Ҳуринисо Ализода: Мо ҳама аз ҷойгоҳи баланди ҷашни Наврӯз дар сарзамини наврӯзии Тоҷикистон ва ба мақоми байналмилалӣ расидани он ифтихор дорем. Аммо ман мехоҳам аз Шумо ҳамчун аз шахсе, ки гузаштаи фарҳангии тоҷиконро мавриди таҳлилҳои амиқ қарор медиҳад, бипурсам, ки оё мардуми шаҳру деҳоти мо расму ойинҳои Наврӯзиро дуруст риоя мекунанд ва ё дар ҷашнгириҳо костагиҳову нуқсонҳо ба чашм мехӯранд? Зафар Мирзоиён: Наврӯз дар сайри таърихии чандҳазорсолаи худ зери таъсири бегонагони ишғолгар дучори осебҳо гашта, бисёре аз ойинҳои зебову ба фарҳангӣ сохтани одамон нигаронида шудаи он, ба чоҳи фаромушӣ афканда шудааст. Ин аст, ки аз надонистани расму ойинҳои наврӯзӣ ва ҳадафҳои аслии онҳо, ба намоиш гузоштани баъзе амалҳои рӯзмарраи одамони деҳотро, аз қабили дӯғкашӣ, намадмолӣ ва монанди он корҳоеро, ки ҷояшон дар замону макони дигар бояд бошад, авлотар медонанд. Ҳуринисо Ализода: Ба таври мисол кадом расму ойинҳои наврӯзӣ шоистаи дар рӯзҳои ид иҷро кардан мебошанд. Зафар Мирзоиён: Масалан ойини Чоршанбеи сурӣ, ки аз ёдҳо фаромуш шудааст ва он ишора ба омодагириҳои як ҳафта пеш аз оғози Наврӯзро дорад. Ин ойинро то ҳанӯз куҳансолони вилояти Суғд дар ёд доранд ва бо номи «Чоршанбеи муродбахш», риоя мекунанд. Сухан ин ҷост, ки ҳар қавме ба худ яке аз рӯзҳои ҳафтаро хосса дониста, дар он рӯз даст ба корҳои нек мебаранд. Чунончи русҳо ва умуман насрониҳо рӯзи якшанберо (воскресенье - sandy), яҳудиҳо рӯзи шанберо (шаббат), арабҳо рӯзи ҷумъаро ва тоҷикону форсҳо рӯзи чоршанберо гиромӣ медоранд. Маънии калимаи «сурӣ», яъне сурх (хуб, зебо). Ҳуриннисо Ализода: Бале замони кӯдакӣ ва ҷавониҳои ман ин ойинро ҳамсоягони мо чун русуми “Наврӯзӣ истифода мекарданд, ки як ҷузъи он “алавпарак” буд. Ҳамсояамон холаи Баёзбӣ дар пушти хонаҳо, ки замини пахта буду ҷӯйи об мегузашт, оташ мегиронд ва аҳли хонаводаашон бо ҳақу ҳамсояҳо бегоҳи чоршанбе аз болои шарораҳои сӯзони он оташ мепариданд. Ин зани нексиришт мегуфт, ки “аловпарак”-и наврӯзӣ дарду таб ва ҳама мушкилоти одамро сӯзонда хокистар мекунад. Ба соли нав одам бе ягон проблемаву беморӣ қадам мегузорад. Ҳамчун як инсони пок соли навро мепазирад. Имрӯзҳо ин анъанаи аҷдодиро ба хотир оварда меандешам, ки вуруд ба соли навро мо тоҷикон бо покиву покизагӣ русум карда будаем. Поккории хона, манзинлгоҳҳо (яъне қабрҳо) ва покии ботинӣ, ки бо рамзи сӯзонидан дар оташ иртибот дошт, аҷаб суннатҳои хубеанд, ки мо бояд риояашон созем. Гузаштагони мо бузургтарин шоистагиҳои Наврӯзро дар он мешумориданд, ки дар Чоршанбеи сурӣ рӯшноиву покӣ ва обҳои зиндаро сутуда, ҳама ҷоро поку равшан месохтанд, барои хушнуд сохтани арвоҳон, гӯри ниёконро зиёрат мекарданду онҳоро пок медоштанд. Ҳуриннисо Ализода: Шумо гуфтед, ки «обҳои зиндаро месутуданд…». Яъне танҳо обҳоро ситоиш мекарданд, ё кадом корҳоеро низ дар ин замина анҷом медоданд? Зафари Мирзоиён: Гузаштагони мо яке аз рӯзҳои хосаи наврӯзӣ, рӯзи нуздаҳуми Наврӯзро «Рӯзи обҳои зинда» номида буданд ва гоҳе онро «Ҷашни обрезагон» меномиданд, ки дар деҳоти ҷануби Тоҷикистон, ба унвони «Ашагулон» чунин ойине ҷой дорад. Об ва зарурияти бориш масъалае будааст, ки дар ойинҳои наврӯзӣ мавриди таваҷҷӯҳ ва арҷгузорӣ қарор гирифтааст, зеро дар тамоми ин расму ойинҳо ақидае вуҷуд дорад, ки барои соли нав борону оби басанда, ки мазҳари ободонӣ аст, орзӯ кунанд. Дар миёни тоҷикон расм будааст, ки ҳангоми сапедадами Наврӯз, мардум аз хоб бармехостанд ва худро шустушӯ мекарданд ва гоҳе бо пошидани оби равон худро, аз дафъи балову офатҳо эмин мегумориданд. Сабаби пайдоиши ин расм дар он будааст, ки замоне муддатҳо борон наборида киштаҳо рӯ ба хушкӣ ниҳодаанд ва чун якбора бориши сахт ба амал меомадааст, мардум бо пошидани об ба ҳамдигар, боридани боронро гиромӣ медоштанд ва деви хушксолиро мегурезонданд. Барои маҳв сохтани «Деви хушкӣ», бо номи Апауша, аз роҳи обпошӣ кардан ба сару сурати он, «Фариштаи борон» - ро овоз медоданд ва бо баровардани бонги шодмонӣ ва рақс, шикасти Аҳримани хушкиро ба миён меоварданд. Дар гузашта ба он бовар буданд, ки боридани борон дар шаби Наврӯз, фоли нек дорад. Дар ин бора Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гуфтааст: Наврӯз рахт дидам, хуш ашк биборидам, Наврӯзу чунин борон, борида муборак бод! Ҳуриннисо Ализода:- Бале, фикр мекунам обпошӣ, ки аз суннатҳои сирф тоҷикист, ҳатто вақти бемориҳои одамон ҳам, истифода мешавад, яъне ҳамон маҳв кардани “деви тарс” низ тавассути обпошӣ аз ҳамин ойин сарчашма дорад. Зафари Мирзоиён: Ҳамчунон дар гоҳшумории ҷашни Наврӯз, рӯзи вижаеро ба унвони «Наврӯзи рӯдҳо», ба гиромидошт ва нигаҳбонии сарчашмаҳои об мебахшиданд. Мардум дар ин рӯз ҷӯйборҳову рӯдҳо ва наҳрҳову корезҳову чашмаҳоро лойрӯбиву поксозӣ мекарданд. Дар ин бора Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор – ул – боқия» менависад: «Дар Фарвардин, расм бар ин буда, ки бар сари обҳои равон мерафтанд ва атр дар об мерехтанд, то дарахтон пуршукуфа (пурмуғҷа) ва наҳрҳо пуроб шаванд.» Ҳуриннисо Ализода: Дар ойинҳои наврӯзӣ ба шумораи 7 (ҳафт) аҳамияти хоса дода мешавад ва Шумо метавонед пайвастагии ин шумораро бо ҷашнгирии Наврӯз ба мо шарҳ бидиҳед? Зеро аксариҳо аз чӣ иборат будани маънӣ ва мақсади ин 7 маводро бидонанд ҳам хосиятҳои онҳоро шояд надонанд. Зафари Мирзоиён: Аслан дар шумораи 7 (ҳафт) тоҷикон (ва иддае аз нотоҷикон низ) фалсафаеро пай бурдаанд, ки ба ҷурмҳои осмонӣ ва гоҳшуморӣ (рӯзшуморӣ ва тақвим) вобастагӣ доранд. Дар ахлоқи ориёиён (озодагон) ба шумораи 7 арҷ мегузоштанд, то ки мардумонро ба доштани ин хислатҳои нек водор созанд: 1. Андешаи нек 2. Хирадварзӣ 3. Гуфтори нек 4. Ҳунармандӣ 5. Кирдори нек 6. Хушхуйӣ 7. Донишварии ростин. Ҳуриннисо Ализода: Ин шумора дар «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» чӣ гуна таҷассум ёфтааст? Зафари Мирзоиён: Расми дигаре, ки дар борааш суханҳои бисёре навиштаву гуфтаву шунида шудааст, расми «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» мебошад. Дар ин ҷо мехоҳам ба таъкид ёдовар шавем, ки ин фол бар шумораи дар бостон барои тоҷиктаборон муқаддаси «ҳафт», на «ҳафтсин», на «ҳафтшин» ва на «ҳафтмим», балки «ҳафтчин» будааст, ба маънои ҳафт меваи чиданӣ, аз ҷумла себ, нок, анор, шафтолу, зардолу, ангур, норинҷ. Аммо пас аз ишғоли арабҳо бар марзу буми тоҷикон, аз ин ки арабҳо овои «Ч» (چ) надоштанд, онро «син», (س) хонданд.Ва ба «ҳафтчин» гуфтанд «ҳафтсин», ё «ҳафтшин». Чунон ки арабҳо Ч - ро С мехонданд ва «чокар» - ро «шокар» мегуфтанд. Ҳуриннисо Ализода: Оё ҳангоми ҷашнгириҳои имрӯз хусусиятҳои фалсафии масалан «Ҳафтсин» риоя мегардад, ё не? Зафари Мирзоиён: Мутаассифона, дастандаркорони баргузории хонҳои наврӯзӣ бештар ба паҳлӯҳои хӯрокии «Ҳафтсин» аҳамият дода, ба рамзҳои дар он нуҳуфта дарнамераванд. Чуноне ки гаҳе дар хони наврӯзӣ бинобар сабаби бо ҳарфи С оғоз ёфтани калима, хӯроки самбӯса мегузоранд ва ё сабзаи гандуми рӯйи лаган, ё коса сабзондаро хӯроки суманак мепиндоранд. Аслан сабза, на он аст, ки бо кӯбидану пухтани шираи гандум, «суманак» таҳия мегардад, балки сабза аст, яъне рамзи рӯйидану сабзидан. Ва суманакро дар лаълии алоҳида мегузоранд, ҳамчун ширинии аз гандуми сабз таҳия гашта. Ҳуриннисо Ализода: Ва рамзҳои “Ҳафтсин” чӣ гунаанд? Ин одамон риояи дурусти онҳоро медонанд ё на? Зафари Мирзоиён: Мо дар ин ҷо ба таври фишурда дар бораи Ҳафтсин ва рамзҳои дар онҳо ҷой дода, ёдовар мешавем: 1.Сир – нақши ҳимоятгарро дар суфра иҷромекунад ва хонаву сокинони онро аз нерӯи манфӣ вачашми бад дур нигаҳ медорад. 2. Себ – намод (символи) саломатӣ ва ишқи сокинони хона ба якдигар аст ва бояд ба шумораи одамони хона себи солиму расида дар суфра гузошта шавад. 3. Суманак – намод (символи) баракат аст ва беҳтар аст барои тақвият ва такмили нақши он, ҳамроҳи ширинӣ сари суфра оварда шавад. 4. Сикка (танга, пул) - намоди сарват аст ва беҳтар аст, ки онро ҳамроҳи гандум сари суфра биоваранд, то сарватеро ки ба дастархони худ мехоҳанд, пурбаракат бошад. 5. Испанд (Сипанд) – ро ҳамеша дуд мекунанд, то фарзандон ва комгориҳои онҳо аз чашми бад дур бошанд. Ин мавзӯъ аз қадим дар хонаводаҳои тоҷикон расм будааст ва рӯйи суфраи ҳафтсин сипандро ҷой мекунанд, то дуд кунад. 6. Сабза – намоди рӯйиши дубора ва оғози дубора аст, вале бояд таваҷҷуҳ дошт, ки гирди зарфи сабза рӯёнда, бо бандча - лента баста бошад, то ки сабза парешон нашавад. 7. Санҷид – намоди робитаҳои кориву хонаводагӣ аст; агар дар соли гузашта чандон муошират надоштед ва дар соли нав хоҳиши дубора барқарор кардани муоширати хешро биафзоед, имсол барои санҷид зарфи калоне интихоб кунед. Ҳуриннисо Ализода: Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат, Президенти муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон имсол дастур дода шудааст, ки ба монанди ҷашнгирии Соли нави мелодӣ, ки арча ҷойгоҳи хоса дорад, ороиши Арчаи наврӯзиро аз ҳисоби сабзаву гулҳо ривоҷ диҳанд. Чӣ бояд кард, ки ҷашнгирии Наврӯз акнун дар сатҳи хонаводаҳо низ таҷлил гардад? Зафари Мирзоиён: Ин кори ниҳоят муҳим аст, зеро расму ойине, ки дар хонавода ҷашн гирифта нашавад, наметавонад ҷойгоҳи худро ба таври самимӣ дар дили мардумон дарёбад. Аз гуфтори куҳансолон шунидаем, ки дар рӯзи нахустини Наврӯз кӯдакон либосҳои нав пӯшида субҳ барвақт ба дастбӯсии падарбузургу модарбузургҳои (бобову бибиҳо) худ шитоб мекарданд. Ба таври маъмул модарон халтаеро аз кулчаву шириниҳо пур карда, ба дасти кӯдакон медоданд, ки ба бузургсолон ҳадяи наврӯзӣ бибаранд.Онҳо пас аз раду бадали шодбошиҳои наврӯзӣ ва бӯсидани дасту рӯйи ҳамдигар, тухмҳои ранг карда туҳфа гирифта ба хона бармегаштанд. Гумон мекунам дар ин расми боарҷ роҳи тарбияи хуби фарзандону наберагон ҷой гирифтааст. Пеш аз ҳама фаромӯш накардан ва меҳрварзӣ доштан бо ниёкони куҳансоли худро мефармояд. Ҳуриннисо Ализода: Чуноне ки дар китобҳо хондаем, яке аз ойинҳои зебои наврӯзӣ бахшидани гуноҳҳои якдигар ва берун кардани кудурат аз дилҳо мебошад. Оё ин расм дар ягон гӯшаи кишварамон ва ё дар дигар кишвари ҳавзаи Наврӯз зинда мондааст? Зафар Мирзоиён: Дар ҷашнгирии бостон расме ҷорӣ будааст, бо унвони «Сездаҳбадар», ки дар кишвари Афғонистон ва Эрони солҳои 60 - ӯми садсолаи гузашта ривоҷ доштааст. Онҳо дар ин рӯзе ғаму ғусса ва нороҳатиҳоро нописанд медонистанд ва он рӯз бад – он хотир «13 бадар» унвон гирифтааст, ки хонаводаҳо хонаҳои худро гузошта, ба дашту саҳро мерафтанд ва дар он ҷоҳо хони наврӯзӣ густурда, шодиву сурур мекарданд. Ҳуриннисо Ализода: Ва дар охир мехоҳам андешаи Шуморо дар ин маврид бифаҳмам, ки аз чист Наврӯз дар дарозои ҳазорсолаҳо, бо вуҷуди ҳамлаи бегонагон, дингароён ва кӯрдилони худиву бегона, на танҳо шукӯҳу шоистагии худро аз даст надодааст, балки ба сатҳи умумиҷаҳонӣ боло рафтааст? Зафари Мирзоиён: Ба пиндори ман асрори шоистагии Наврӯз дар он аст, ки вай мардумро ба некиву растагорӣ, гиромидошту нигаҳдошти замин, об, ҳаво ва рӯшноиву офарандагӣ раҳнамун месозад. Наврӯз ҳуши одамонро ба ободсозӣ, рӯёндану сабзонидани гиёҳҳову дарахтон, дӯст доштани ҳамдигар, бахшидани гуноҳҳо, бо кароҳат нигаристан ба ҷангу ситезиданҳо, вайронкориҳо, дурӯғбофтанҳо ва дигар рафтори аҳриманӣ даъват мекунад. Ҳуриннисо Ализода: Ташаккур Зафари Мирзоиён: Наврӯзи ниёкон ба ҳама ҳаммеҳанон хуҷаста бод! PS: Итминон дорем, ки бо истифодаи ин матлаб ҷашни Наврӯзи имсола бо шукӯҳу шаҳомати тозаи истифодаи ойинҳои аҷдодӣ намои дигар мегирад. Он амалҳову орзуҳои Сарвари давлатамон амалӣ гашта, Наврӯз дар хонадони мо ва қалбҳои одамон жарфтар ҷойгузин хоҳад шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.