САЛОМ, ҲАМВАТАН! ва ё мушкилоти будубоши муҳоҷиронро чи гуна матраҳ кунем?6-02-2019, 09:04
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
Саҳми муҳоҷират дар таърихи рушди башар ҳамеша муассир будааст. Пӯшида нест, ки маҳз ба шарофати муҳоҷират марзҳои нав боз, заминҳои бекорхобида аҳолинишин мешуданд ва илму ҳунар бо вусъати бештаре паҳн мегашт, байни миллатҳо ва давлатҳо табодули фарҳангу тамаддун сурат мегирифт. Имрӯз нисбат ба қазияи муҳоҷират дар ҷомеа бархӯрдҳои мухталиф ба назар мерасад. Теъдоде аз коршиносон муҳоҷиратро ба унвони як «раванд»-и табиӣ эътироф кунанд, барои бахши дигаре он мисли як «мушкилот» аст, ки бояд коҳиш дода шавад… Вале ҳароина, таърихи муҳоҷират собит намудааст, ки агарчӣ ин раванд дар ибтидо ба мушкилиҳои зиёд мувоҷеҳ мешавад, паёмади он ғолибан барои беҳтар шудани вазъи зиндагӣ, таҳсил ва кори муҳоҷирон таъсир мегузорад. Доир ба таърихи муҳоҷират, ки аз нахустпайдоиши давлатҳову сарҳадҳо ибтидо мегираду нахуст нишонаи муҳоҷирати оммавӣ ҳанӯз аз давраи Юнони қадим ба назар мерасад, инчунин зиндагонии мардуми кӯчманчӣ худ яке аз нишонаҳои муҳоҷират буд ва бузургтарин қатъаҳо ва давлатҳое мисли Австралия, Амрикои Лотинӣ, ИМА, Канада ва мисли инро аслан муҳоҷирон асос гузоштаанд, ки борҳо навиштаанду камина низ дар матлабҳои пешини худ ишора кардаам. Мехоҳам дар оғози ин мақола танҳо ҳамин нуктаро ёдрас шавам, ки ҳиҷрати оммавӣ нахуст аз кишварҳои Аврупо (ба ИМА, Австралия, Канада, кишварҳои Амрикои Лотинӣ, Африқо…), ки имрӯз ба Маккаи муҳоҷирон табдил ёфтааст оғоз гадидааст. Пойтахти Русия «Москва» низ, ки муҳоҷирони мо бештар ба ин кишвар майл доранд, аслан аз забони фино-угорӣ гирифта шуда маънояш «наҳраки хирсон» аст ва баъдтар славянҳои шарқӣ-вятичҳо ба ин шаҳр ҳиҷрат намуда бо мардуми маҳал, яъне фино-угориҳо омехта шудаанд. Аслан имрӯз дар Москвае, ки ҷавононаш дар гузаштаи начандон дур бо нидои «Россия для русских, Москва для москвичей» (Русия барои русҳо, Москва барои москавиҳо) шиорпартоӣ мекарданд, мардуми муқимӣ шояд беш аз 5-10 дарсад боқӣ намондаанд. Ҳароина Русия аз зумраи бузургтарин кишварҳое маҳсуб мегардад, ки аз лиҳози имконот ва масоҳат метавонад теъдоди зиёди муҳоҷирони кориро ҷалб намояд. Яке аз бузургтарин мушкилоти Русия имрӯз мушкилоти демографӣ, яъне коҳишёбии нуфуси аҳолӣ аст. Ибтидои асри XXI коҳиши тавлид дар Русия дар сатҳи кишварҳои мутараққии ҷаҳон қарор гирифт, вале нишондоди фавти аҳолӣ ҳанӯз дар радифи кишварҳои рӯ ба тараққии ҷаҳон қарор дошт, ки аз заъфи иқтисоди кишвар ва сатҳи пасти хизматрасонии тиббӣ дарак медод. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ то солҳои 2000-ум коҳиши аҳолии Русия 958,5 ҳазор нафарро ташкил медод, ки шиддати он зина ба зина соли 2009 ба 248,9 ҳазор фаромад. Сабаби беҳтар шудани вазъи демографӣ зиёд шудани теъдоди муҳоҷирони русзабон ва шаҳрвандони баъзе кишварҳои ИДМ ба ин кишвари паҳновар гардид. Тибқи омори расмӣ танҳо соли 2009 Русия ба 247 ҳазор муҳоҷир мақоми шаҳрвандӣ дод. Аз ҷониби дигар, дар ин давра аз Русия низ миллионҳо нафар шаҳрвандони соҳибихтисос ба кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҳиҷрат намуданд, ки то ҳадде сиёсати ин кишварро дар мавриди ҷалби мутахассисони соҳибкасб аз дигар кишварҳо ва ба онҳо додани мақоми шаҳрвандӣ, ба самти мусбӣ тағйир дод. Коршиносон бар ин назаранд, ки вазъи демографии ҷаҳон дар бахши коҳишёбии тавлид бо ҳамин равиш идома ёбад, дар ояндаи начандон дур, кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Федератсияи Русия барои ҷалби муҳоҷирони корӣ байни ҳам мубориза хоҳанд бурд. Чунки фарҳанги якказистӣ рӯз то рӯз дар кишварҳои ғарб рушд мекунад ва дар натиҷаи ғолиб омадани догмаҳои либералӣ бар арзишҳои суннатӣ, мардуми ин кишварҳо бар ин боваранд, ки издивоҷ, оила ва тарбияи фарзанд дигар моли архаизм аст. Суннатҳое мисли мардсолорӣ дар оила, таъмини маишии хонавода комилан аз зеҳнҳо дур шуда, занони нозпарварди аврупоӣ низ таваллуди фарзандро як заҳмати сангин ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто хатарнок меҳисобанд. Аз ин лиҳоз дар ин кишварҳо арзишҳои сунъие мисли муносибати бидуни уҳдадорӣ, ҳамҷинсгароӣ, феминизм (мардбадбинӣ) ва издивоҷи шаҳрвандӣ (ғайрирасмӣ) хеле нуфуз пайдо кардааст, ки низ бидуни шубҳа ба коҳиши таваллуд таъсир мерасонад. Вале боз ҳам, чаро бо вуҷуди ин ҳама мушкилот ва ниёз ба қувваи корӣ кишварҳои Ғарб, аз ҷумла Федератсия Русия ба муҳоҷирони корӣ бархӯрди сард доранд ва ҳаддалимкон кӯшиш менамоянд, ки дар раванди муҳоҷират монеъаҳои сунъӣ эҷод кунанд. Мушкилот дар чист? Гумон мекунам дар ин маврид ду омил нақши калидӣ доранд. Нахуст тафовут дар дин, забон, фарҳанг ва расму оин ва омили дувум то кадом андоза ҳирфаӣ ва соҳибкасб будани муҳоҷир, сатҳи таҳсил ва донишу таҷрибаи ӯст. Пӯшида нест, ки аксари давлатҳои мутараққии ҷаҳон, ки ба муҳоҷирон ниёз доранд, ба шаҳрвандони кишварҳое, ки бо онҳо дину фарҳангашон муштарак аст ва ё ба мутахассисони варзидаи соҳаҳои калидӣ, бахусус олимон, муҳандисон ва табибон имтиёзи бештаре медиҳанд. Дар ҳамин замина Иттиҳоди Аврупо тӯли чанд соли ахир кӯшиш ба харҷ дод, ки масоҳати худро аз ҳисоби кишварҳои Аврупои Шарқӣ васеъ кунад ва ё бо кишварҳое, мисли Молдова, Украина, Гурҷистон оид ба бекор ва ё сода кардани расмиёти раводид шартнома бандад. Русия низ дар навбати худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба шаҳрвандони Украинаи Шарқӣ, бахусус муҳоҷирони иҷбории манотиқи ҷангзадаи ин кишвар, вилоятҳои Донетск ва Луганск, ки ҳамзабону ҳаммазҳабанд имтиёзҳои бештаре диҳад. Дар ин замина дар давоми чор соли охир 312 ҳазор украиниҳо ба шаҳрвандии Русия пазируфта шуданд. Дар сомонаи ВКД ФР рӯйхати кишварҳои ИДМ нашр шудааст, ки муҳоҷиронашон соли 2017 шаҳрвандии Русияро қабул намудаанд. Таваҷҷуҳ намоед: Украина 85 119 нафар, Қазоқистон 40 718 нафар (аксарият мардуми русзабон), Арманистон 25 144 нафар, Молдова 15 473. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин замина Тоҷикистон бо 29039 нафар ва Узбекистон бо 23334 нафар муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд, пешсафанд. Аксарияти муҳоҷироне, ки дар рӯйхати мазкур зикр шудаанд, бо мардуми рус ё ҳазабону ҳаммазҳабанд ва ё мутахассисони баландпояи соҳаҳои мухталиф маҳсуб мешаванд, ки далели гуфтаҳои болост. Аммо … Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дар он таваллуд дар радифи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд асту аҳолии он ҳамасола афзоиш меёбад, дар ҳалли ин мушкилот бояд аз кадом зовия кор бигирад? Ба андешаи мо, бо дарназардошти зиёд будани қувваи корӣ дар Тоҷикистон ва мушкилоти бо шуғли доимӣ таъмин намудани онҳо, дар баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ, роҳи ягонаи дуруст дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ беҳтар намудани вазъи буду боши муҳоҷирон дар кишварҳои хориҷӣ ва ба муҳоҷират омода намудани шаҳрвандони бекор аст, ки дар ин замина солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор баъзе корҳои муҳим анҷом ёфта истодаанд. Вале ба назари мо дар ин самт то ҳанӯз мушкилоти зиёде боқӣ мемонад, ки бояд ногузир ба ҳаллу баррасии он таваҷҷуҳ намоем. Дар сафари кории қарибулвуқӯе, ки намояндагони ҲХДТ ба минтақаҳои бузурги Федератсияи Русия анҷом доданд, мушкилоти мазкур мавриди пажӯҳиш ва тадқиқи ҳамаҷониба қарор гирифт, ки дар матлабҳои минбаъда бо пешниҳодҳои мушаххас нашр хоҳем кард. (давом дорад) Бахтиёр Ҳамдам |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.