Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳабиб Нурмагомедов ба мӯҳлати нӯҳ моҳ аз ҳақи ширкат дар бозиҳо маҳрум шуд

Ҳабиб Нурмагомедов ба мӯҳлати нӯҳ моҳ аз ҳақи ширкат дар бозиҳо маҳрум шуд

30-01-2019, 08:56
Хабарро хонданд: 443 нафар
Назарҳо: 1
Ҳабиб Нурмагомедов ба мӯҳлати нӯҳ моҳ аз ҳақи ширкат дар бозиҳо маҳрум шуд

Ҳавер Мендес, мураббии Ҳабиб Нурмагомедов қарори комиссияи Аёлати Невадаи Амрикоро барои муваққатан маҳрум кардани ин варзишгар аз иштирок дар мусобиқаҳоро нодуруст хондааст. Дар ин бора ӯ ба оҷонсии ТАСС хабар додааст. Рӯзи сешанбе, 29 январ ин варзишгар барои нӯҳ моҳ аз ҳақи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки пас аз пирӯз шудан дар мусобиқаи UFC бо Конор Макгрегор аз ринг ба берун ҷаста бо тарафдорони ҳарифаш задухӯрд кардааст.
Ҳамчунин ин варзишгар ба пардохти 500 ҳазор доллар ҷарима вазифадор шуд. Ҳарифи ӯ Макгрегор барои шаш моҳ аз ҳақи ширкат дар муҳорибаҳои бидуни қоида маҳрум шудааст. Мӯҳлати ин маҳрумият аз 6-уми октябри соли 2018 сар мешавад.
Конор Макгрегор рақиби деринаи Нурмагомедов аст
Ҳабиб Нурмагомедов ба мӯҳлати нӯҳ моҳ аз ҳақи ширкат дар бозиҳо маҳрум шуд
“Маҳрум кардан ба чунин мӯҳлат аз рӯи адолат нест. Аҷиб аст, ки рақибашро барои чунин қонуншиканӣ ба мӯҳлати камтар маҳрум карданд,” - гуфт Мендес.
Мурабии Ҳабиб умедворӣ кард, ки дар ин фурсат варзишгар тамрин мекунад ва қавитар ба майдон бармегардад.
Муҳорибаи бидуни қоидаи ду нафар шаби 6-уми октябр дар шаҳри Лас-Вегас дар Амрико сурат гирифт. Рақиби ҷанҷолии ӯ аз Ирландия Конор Макгрегор, ки бо баёниҳои басҳсбарангезаш ном баровардааст, дар даври чаҳоруми рақобат ба фишори сахт ва нафасгиркунандаи Ҳабиб Нурмагомедов, тоб наёвард ва таслим шуд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: