Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Назаре аз таърихи парчамдорию парчамбардории тоҷикон

Назаре аз таърихи парчамдорию парчамбардории тоҷикон

25-01-2019, 09:29
Хабарро хонданд: 1342 нафар
Назарҳо: 0
Назаре аз таърихи парчамдорию парчамбардории тоҷикон
Яке аз рамзҳои давлатдории халқу миллати тоҷик парчами миллӣ аст, ки он маъно ва таркиби истифодабарии хоси худро доро мебошад. Истилоҳи «Парчам» аз вожаи суғдии «Парчам», «дирафш», аз забони авестоӣ бошад «драфса», форсии бостони «драфса», паҳлавӣ «драфс» ва бохтарӣ «ягофа» сарчашма гирифта, маънояш овеза, ливо, аломат аст.
Мувофиқи маълумотҳои бостоншиносӣ таърихи парчамдорию парчамбардории халқи тоҷик аз аҳди бостон оғоз гардида, аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамз ва нишони миллӣ буданд ва ин анъана то рӯзҳои мо давом дорад.
Дар китоби муқаддаси Авесто Бохтар ҳамчун кишвари зебо бо дирафшҳо барафрохта қайд гардидааст, ки далели соҳибпарчаму парчамбардор будани мардуми сарзамини тоҷиконро нишон медиҳад.
Фирдавсӣ достони «Кова ва Заҳҳок» ҳангоми тасвир кардани муборизаи байни қувваҳои некию бадӣ овардааст, ки Коваи оҳангар пешдомани чармини худро дирафш (парчам) карда, халқи ситамдидаро ба муборизаи зидди қувваи бадӣ-Заҳҳок даъват намудааст. Бузургии парчами халқи тоҷик аз ҳамин давра ва аз пешдомани Кова оғоз меёбад.
Ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Дирафши Ковиён» ҳангоми шӯриши мардум бо сардории Кова бар зидди Заҳҳок ба вуҷуд омадааст. Кова шӯришгаронро ба назди шоҳ Фаридун меорад ва ӯ ин дирафшро ба чаҳор ситораи тиллоӣ сангҳои қиматбаҳо, матни ранги сурх, зард ва бунафшро зебу ороиш медиҳад ва «Дирафши Ковиён» ном мегузорад. Ковиён ба маънои баҳодур, қаҳрамон, бузургпаҳлавон муаррифӣ гардидааст.
Боло бардоштани парчами Кова, ки таҷассумгари муттаҳидӣ ва бо ҳам овардани мардуми ситамкаш буд, то имрӯз моҳияти таърихии худро гум накардааст, баръакс сол ба сол қадру қимати он дар байни мардуми тоҷик боло рафта истодааст.
Замоне ки парчами Кова боло шуду «Дирафши Ковиён» номида шуд, муборизаи аҷдодони гузашта зери ин парчам мазмуни муборизаи озодию истиқлолиятро гирифт.
Аз он давра сар карда, парчам чун рамзи озодию давлатдорӣ миёни мардуми тоҷик мазмуни муқаддас буданро гирифт.
Дар «Дирафши Ковиён» расми марди баландҷуссаи дар дасташ парчам акс ёфтааст. Мумкин ин расми шахсӣ парчамбардор бошад. Парчамдор шахси паҳлавонҷусса, далеру нотарс аккоси шудааст.
Ҳамин тавр, парчами давлатии қадимаи аҷдодони ориёиҳо дар давраи давлати Каёниён, асрҳои IV пеш аз мелод пайдо гардидааст.
Аввалин тасвири парчами сипоҳи Ориён, суғдиён, бохтариён дар деворнигораҳои шаҳри Помпейи Рим, асрҳои II-I то мелод кашида шудааст. Дар муҳорибаҳои сипоҳиёни давлати Ҳахоманишиён, зери сарварии Дорои охирин бо лашкари Искандар дар соли 331 то мелод акс ёфтааст.
Сулолаи Саффориён, Тоҳириён, Сосониён, Сомониён ва дигарон парчами ягонаи давлати худро доро буданд ва ба он эҳтироми баланд доштанд.
Баъди сулолаи Оли Сомон давлатдории сулолаҳои минбаъда низ соҳиби парчами худ буданд, ки дар онҳо анъанаҳои парчамдории давлати тоҷикон нигоҳ дошта мешуд.
Парчамҳо рамзҳои гуногун доштанд, ки онҳо чизеро ифода мекарданд. Масалан, дар қисмати болои «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфта буд. Қисмати чоҳоргонаи «Дирафши Ковиён» чаҳор қисмати олам буда, рамзи равобити некӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон мебошад. Дар маркази «Дирафши Ковиёнӣ» шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерумандӣ ва шукӯҳи давлат дар рӯи осмони кабуд инъикос ёфта буд.
Парчами сулолаи Ҳахоманишиён аз матои сурхи атрофаш бо аломатҳои ба секунҷа монанди рангҳои сурху кабуд ороишдода зебу зинат дода шудааст. Дар байни парчам расми уқоби болҳояш васеъ кушодашуда тасвир ёфтааст, ки он нишонаи қудрату тавоноӣ, рамзи як давлати пурқудрати замона ба ҳисоб мерафт.
Парчами Дорои III аз матои рангаш осмонӣ ва дар шакли чоркунҷа сохта шуда буд. Дар қисми болоии он абр тасвир ёфта буд. Дар қисми поёнӣ бошад, расми сипоҳиёни найзадор тасвир ёфта буд, ки ин шояд ҳимояи Ватан ва ҷангиданро ифода мекард.
Парчами империяи Сосониён (Диравши Ковиён) аз матои бо рангаҳои гуногун зебу зинат дода сохта шудааст. Дар қисми болои парчам ба парандаи болҳояш паҳн гардида (шояд мурғи Ҳумо бошад) аз чаҳор тараф ва аз поён овезаҳо бо дастаи парчам тасвир ёфтааст.
Ба фикри мо, ороиши парчам ифодаи тавоноии давлат, соҳибистиқлолии миллӣ, эътирофи ҷаҳониён гардидани бойгарии давлат мебошад.
Парчами суғдиён аз матои рангаш сиёҳчатоб иборат буда, дар он расми сипоҳиёни бо ҳам муқобилистода ва аслиҳаҳои ҷангии онҳо тасвир ёфтааст.
Ба андешаи мо, ин ифодагари ҳимояи Ватан аз ҳуҷуми аҷнабиён аст.
Парчами бохтариён аз матои сафед тайёр карда шуда буд. Дар байни он расми ҳайвони ба шер монад, ки дар болои он расмҳои гуногун тасвир ёфтааст. Шояд расми ҳайвони ба шер монанд нишонаи далерию мардонагӣ, пурқувватӣ ва бузургии мардуми Бохтарро ифода кунад.
Матои парчами аморати Бухоро сурхчатоби нақшҳои сиёҳ дошта буд. Дарахтони сабз болои онро чун ҳилол оро дода буданд. Дар парчам бо забони арабӣ навишта шуда буд. «Подшоҳ- сояи Худост», «Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули ӯ». Дар байни навиштаҷот ситораи тиллоии панҷгӯша ва ҳилоли дар «дасти Фотима», ки рамзи таъминоти хушбахтӣ дар анъанаҳои исломист, ҷойгир карда шуда буд.
Парчам мазмуни давлат ба парастиши Худо, шоҳ ва дини ислом буд. Дар он ягон нишонае аз тамаддуни мардуми тоҷик тасвир наёфта буд. Ин далели пурра аз байн бурдани анъанаҳои давлатдории халқи тоҷик буд. Ва, умуман, аз байн бурдани парчами миллии аҷдодони тоҷикон аст.
Донистани таърихи пайдоиш, моҳияту аҳамияти Парчами миллӣ донистани миллати худ буда, яке аз масъалаҳои марказии худшиносии миллии хонандагон ба ҳисоб меравад.
Мову шумо бояд ба парчами миллиамон ифтихор дошта бошем, зеро он ифодакунандаи шаъну шараф, нангу номуси миллати тоҷик ва соҳибистиқлолии ватанамон мебошад.

Гулрӯи Суҳроб

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: