Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аброр Мирсаидов: «Роғун» омили муҳими рушд аст

Аброр Мирсаидов: «Роғун» омили муҳими рушд аст

13-12-2018, 08:22
Хабарро хонданд: 515 нафар
Назарҳо: 0
Аброр Мирсаидов:  «Роғун» омили муҳими рушд аст
Дар «Роғун» ормон, орзуҳои деринаи миллати мо таҷассум ёфтааст. Он дар гузариш ба иқтисоди индустриалӣ-саноатӣ роҳи васеъ мекушояд.
Дар бораи аҳамияти иншооти бузурги энергетикии «Роғун» ва тақдирсоз будани он дар ҳаёти мардуми кишвар дар арафа ва рӯзи ба кор даровардани нахустагрегати он ҳарчи бештар гуфтему навиштем ва яқинан ба дарки он расидем, ки азамати «Роғун» аз он чӣ, ки дар зеҳну тасаввури мо гунҷидааст, ба маротиб фарохтар аст.
Арзишҳо, ҷанбаҳои манфиатии ин иншоот дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва гузариш ба шакли истеҳсолоти индустриявӣ-аграрӣ мавзуи суҳбатест, ки ин дафъа бо олими шинохта, доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон Аброр Мирсаидов сурат гирифт.
-Воқеан ҳам, ин иншооти бузурги аср меваи истиқлолият ва 16 ноябр ба истифода додани нахустагрегати он барои мардуми кишвар як туҳфаи бузург аст, - гуфт Аброр Мирсаидов. - Ҷавҳари энергетикаи мамлакатро ҳамин иншоот ташкил медиҳад ва ин меваи озодии мардуми шарифи Тоҷикистон дар шоҳроҳи умумибашарист. «Роғун» тарҳрезии бузурги илмии шӯравӣ дошт. Давлати абарқудрат лоиҳаҳои бузургро тарҳрезӣ мекард. Лекин ҳамин лоиҳаи бузург ба андозаи давлати бузургро давлати Тоҷикистон дар қиёс начандон бузург ҳам бошад, тавонист дар амал татбиқ намояд.
Ин ифтихор аст. Мо ба тамоми ҷаҳониён исбот кардем ва тавоноии худро намоиш додем, ки мо метавонем ва мутахассисони варзидаи Тоҷикистон тавонистанд лоиҳаи беназири илмиеро, ки дар он илми ҷаҳонӣ таҷассум меёфт, пиёда созанд.
Албатта, ин ҷо нахуст таъкид бояд кард, ки иродаи бузург ва обрӯю эътибори баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон дар бунёди ин иншоот нақши ҳалкунанда бозида, боиси бисёр сармоягузориҳо ва дастгириҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид. Дуюм, ба кор даромадани ин неругоҳ ба обрӯ ва эътибори халқи тоҷик ва иштироки фаъолонаи он дар ин маърака вобаста аст. Сарвари давлат тавонистанд миллатро сарҷамъ карда, ба корҳои бузург сафарбар намоянд.
Арзиши баланди истиқлолият ва заминаи ваҳдати миллӣ , сулҳу осоиштагӣ имконият фароҳам оварданд, ки мо тавонистем ба чунин як кори бузург даст занем ва онро амалӣ гардонем.
Масъалаи ифтихори миллӣ ва густариши истиқлолияти Тоҷикистонро вобаста ба ҳамин неругоҳ метавонем ба чунин бандҳо тақсим кард:
Якум, ин неругоҳ арзиши байналмилалӣ дорад, зеро ба талаботи таълимоти «иқтисоди сабз» ва рушди устувор комилан мутобиқ аст, ки коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ инро эътироф кардаанд. Яъне, дар такя ба захираҳои бозтавлидшаванда ҳосил шудан ва аз лиҳози экологӣ покиза будану ба муҳити зисту армосфера ҳеҷ як зиёне нарасондани неруи он. Имрӯз бубинед, ки 98 фоизи энергияе, ки дар истеҳсолоти мо истифода мешавад, асосан ҳамин неруи барқи обӣ аст.
Дуюм, ин неругоҳ арзиши минтақавӣ дорад. Зеро бо назардошти мавҷудияти «Роғун» ва дигар иншооти энергетикии минбаъд сохташаванда як лоиҳаи бузурги энергетикии минтақавӣ бо номи «CASSA-1000», ки ба он Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон шомиланд, рӯйи кор омада, ҳамкорӣ ва ҳамгироии иқтисодии давлатҳои минтақаро дар атрофи ҳамин низоми энергетикӣ ба вуҷуд овард, ки ҷавҳари онро неругоҳи барқи обии «Роғун» ташкил медиҳад.
Сеюм, НБО-и «Роғун» арзиши миллӣ дорад. Тавре ки қаблан зикр намудем, «Роғун» ҷавҳари истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Имрӯз дар мамлакат дар як сол беш аз 17 млрд.квт.соат неруи барқ истеҳсол мекунем ва дар сурати пурра ба кор даромадани «Роғун» ин нишондиҳанда дучанд гардида, иқтисодиётамон нерую иқтидори тоза хоҳад ёфт.
Ана, ҳамин се арзиши номбаршуда эътибор ва ифтихори миллат ва густариши истиқлолияти моро муайян мекунад.
Соҳибистиқлолии кишвар омили бузурги рушд аст. Имсол мо чархаи аввали «Роғун»- ро ба кор дароварда бошем, соли оянда чархаи дуюми он ба кор медарояд. Чунин суръатгирии сохмони ин иншоот низ ба шарофати истиқлолияти кишвар ба даст омадааст. Имрӯз лоиҳаҳои бузург на чун дар замони Шӯравӣ берун аз кишвар, балки дар худи дохили мамлакат таҳия мегарданд. Ин руҳия ва ифтихори миллатро баланд мебардорад. Дар бунёди неругоҳи барқи обии «Роғун» ашёгардӣ, ормон, орзуҳои деринаи миллати мо таҷассум ёфта, амалӣ хоҳад гашт. Вақте ки ашёгардӣ шуд, ангезиши нав пайдо мешавад, ба корҳои бузурги нав даст мезананд.
Роҳандозии ин корҳои бузург аз тарафи Роҳбари давлат ва таҳти сиёсати ободкорию созандагии ин шахси бузург фаъолият намудани халқи мо ва минбаъд ба корҳои бузург даст задан сатҳи тараққиёти Тоҷикистони моро ба сатҳи тараққиёти давлатҳои индустриалиии ҷаҳонӣ наздик мекунад.
-Айни муддао. Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло мақсад пеш гузоштааст, ки мамлакат бояд аз шакли истеҳсолоти аграрӣ-индустриалӣ ба шакли индустриалӣ-аграрӣ гузарад. Ва НБО-и «Роғун» метавонад барои амалӣ шудани ин мақсад мусоидат кунад?
- Бале, воқеан ҳам неруи барқ захираи стратегист ва ҳастии иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакатро муайян мекунад. Бино бар ин, имрӯз ман дар ин маврид мехоҳам се ҷанбаи неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро таъкид намоям.
Якум, энергетика соҳаи муҳими истеҳсолӣ, бахши воқеии истеҳсолот аст. Вай заруртарин неруи барқро истеҳсол мекунад ва дар айни замон дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ арзиши нав месозад. Чунки ба шарофати «Роғун» чандин корхонаҳои ёрирасон, тақсимкунанда ва азнавтақсимкунандаи неруи барқ, шабакаҳои бузург, шуғлнокии зиёд ва тавлиди арзишҳои нав ба нави бисёре ба вуҷуд меоянд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилиро хеле мукаммал мегардонанд.
Ҷанбаи дуюм такмилёбии инфрасохтори истеҳсолӣ мебошад. Чунки маҳз тавассути ҳамин низоми энергетикии мамлакат, ҳамин НБО-и «Роғун» ва дигар неругоҳҳое, ки сохта мешаванд, дигар соҳаҳо рушд мекунанд. Имрӯз соҳаи саноат, хоса соҳаи саноати муосиро, ки лӯлаҳои дудбаро надошта, мувофиқ ба талаботи муҳитизистӣ ва рушди устувор кор мекунанд, бе неруи барқ тасаввур кардан мумкин нест. Саноати экологӣ рӯйи кор меояд. Соҳаи кишоварзӣ, умуман ҳеҷ як соҳаи истеҳсолии мо бе энергетика наметавонад рушди худро таъмин кунад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз талабот ба неруи барқ торафт меафзояд. Маҳсулоти кишоварзиро бе истифодаи неруи барқ наметавон коркард намуд. Наваду се фоизи заминҳои кӯҳистони мо аз об дур ва ё дар баландӣ аз сатҳи дарёҳо воқеъ гардидаанд. Бе истифода аз насосҳои обкашӣ, ки бо барқ кор мекунанд, мо наметавонем аз ин заминҳо истифода барем. Бино бар ин, тақдири рушди соҳаи кишоварзии мо ҳам аз неруи барқ сахт вобастагӣ дорад.
Ҷанбаи сеюм инфрасохтори иҷтимоӣ мебошад. Ҷумҳурии мо аз норасоии нафту газ хеле мушкилӣ мекашад ва имрӯз соҳаи энергетикаи барқӣ дар бисёр маврид ҷойи ин холигиро пур карда метавонад. Дар шаҳрҳо ҳама рӯзгори мардум ба неруи барқ алоқаманд аст. Соҳаҳои маорифу илм низ инчунин. Имрӯз соҳаи рушди инноватсионӣ, ҷаҳони илму техника, фарҳанг, ки ҷанбаи асосии ташаккули сармояи инсонӣ аст, бе истифодаи неруи барқ пеш рафта наметавонанд. Чунки имрӯз иқтисодиёти рақамӣ рӯйи кор омадааст ва ин иқтисодиёт бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ бо неруи барқ кор мекунад.
Ана ҳамин ҷанбаҳои энергетикии кишвар гузариш ба зинаи индустриалӣ-аграриро густариш медиҳанд, ки ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, умуман Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 аз ин иборат аст.
Имрӯз мебинем, ки дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 23 фоизро истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ дар бар мегирад. Минбаъд, то соли 2030 бояд, ки 24 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо аз ҳисоби соҳаи саноат бошад. Зеро ояндаи мамлакатро саноат муайян мекунад. Вақте ки саноат рушд ёфт, тафаккури саноатӣ рӯйи кор меояд. Яъне, саноати сирф миллии мо ташаккул меёбад. Имрӯз бисёр соҳибкорони мо бо қувва ва маблағи худ силсилакорхонаҳо месозанд ва ин аз ташаккулёбии саноати миллии тоҷикӣ гувоҳӣ медиҳад.
- Аз саноат гуфтем. Дар иртибот доир ба манфиатҳои иқтисодии ин иншооти бузурги аср – НБО-и «Роғун» боз чӣ метавон гуфт? Ба андешаи Шумо ба кор даромадани нахустагрегати ин неругоҳ дар ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ ва дар зиндагии рӯзмарраи мардуми он чӣ дигаргуниҳо ворид карда метавонад?
-Бубинед, иқтидори ҳар як агрегати «Роғун» 600 мегаватро ташкил медиҳад. Иқтидори пурраи «Роғун» 3600 мегават аст. Яъне, қариб якуним баробар зиёд аз иқтидори НБО-и «Норак». Пас, ба ёд оваред, ки мо ду сол пеш аз маҳдудияти истифодаи барқ раҳо ёфтем. Ин худаш падидаи аввали истиқлолият буд. Ва имрӯз силсилакорхонаҳои саноатӣ рушд ёфта истодаанд. Вақте ки «Роғун» бо тамоми иқтидор ба кор даромада, рӯзгори мардум ва корхонаҳо тамоми фасли сол комилан бо барқ таъмин мегарданд, ин худаш барои ҷумҳурии мо як комёбии бузург аст. Мутмаинам, ки дар оянда Тоҷикистон ҳамчун як давлати энергетикӣ дар тақсимоти меҳнат дар ҷаҳон ҷойгоҳи худро пайдо мекунад. Бо ба кор даромадани «Роғун» имконияти мо ба содироти ҳаҷман бузурги барқ ҳамчун ашё васеъ мегардад. Ва худ медонед, ки содирот сарчашмаи маблағ аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ айни ҳол ба нақша гирифтааст, ки бештар неруи барқи тавлиди ватаниро дар саноати миллӣ истифода кунем. Бо афзоиш додани силсилакорхонаҳои саноатӣ моли тайёри ба содирот мувофиқ истеҳсол намуда, тамсилаи (модели) воридотивазкунандаро рӯйи кор оварем ва ҳам маҳсулоти тайёри тамғаи тоҷикӣ доштаро ба бозори ҷаҳонӣ барорем. Дар ҳалли ин масъала НБО-и «Роғун» ҳамчун омили калидӣ ва муайянкунанда хизмат мекунад.
Маълум, ки бо пурра ба кор сар кардани «Роғун» ва васеъ гардидани ҳаҷми содироти барқ хазинаи мамлакат хеле ғанӣ гашта, ба сатҳи зиндагии мардум ба таври мусбат таъсир мерасонад. Дар атрофи ин неругоҳ шабакаҳои зиёди ёрирасони тавлидкунандаи асбобу анҷоми электрикӣ рӯйи кор омада, имконияти ба шуғлнокӣ фаро гирифтани аҳолии ҷумҳурӣ даҳчанд меафзояд ва даромаднокии иқтисодии мардум ҳам боло меравад.
Вақте ки хазинаи давлат ғанӣ мегардад, соҳаҳои иҷтимоии мамлакат – маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо, ки асосан аз буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд, имконияти васеи рушд пайдо мекунанд. Аз самараи «Роғун» на танҳо давлат, на танҳо корхонаҳо, балки ҳар як хонавода манфиати бузург, даромади иқтисодии бузург мебинад. Дар ин ҷо шуғлнокии маҳсулот рӯйи кор меояд. Даромаде, ки аз ин шуғлнокӣ пайдо мекунанд, барои конеъ гардондани тамоми талаботи рӯзмарраи оилаҳо ва кормандон басанда аст.
Дар Стратегияи миллии рушд то давраи соли 2030 истифодаи сарфакоронаи неруи барқ таъкид шудааст. Имрӯз тавлиди неруи барқ – неруи стратегӣ маблағи калонро талаб мекунад. Тавре мебинем, дар сохтмони НБО «Роғун» чи қадар маблағи бузург сарф шуда истодааст. Имрӯз, вақте мебинем, ки талафоти неруи барқ дар системаи энергетикии кишвар хеле баланд - 17 фоиз аст, масъала ҷиддӣ ва боиси нигаронист. Мо бояд, ки дар такя ба технологияи рақамӣ ва таҷҳизоти сарфакор истифодаи неруи барқро ба танзим дарорем. Таъмини самти афзалиятноки кишвар – истиқлолияти энергетикӣ бо заҳматҳои зиёд ба даст меояд. Дар рӯйи кор овардани танҳо як агрегати «Роғун» мо чи душвориҳои иқтисодию сиёсӣ ва заҳматҳои зиёдеро, ки аз сар нагузарондем. Бино бар ин, ба қадри ин заҳматҳо бояд расид.

Мусоҳиб Неъматулло Худойбахш
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: