Маҳлули тухми мурғ метавонад беморони сулфаро наҷот бахшад13-11-2018, 13:30
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
Маҳлули тухми омезишёфтаи мурғ барои маризоне, ки бемории сулфа (дамкутаӣ) доранд муфид аст. Ин маҳлул ба бемор чунон манфиате меорад, ки панҷ бор истифодаи он ҷои чандин доруву дармони тиббиро мегирад. Дар гузашта дар маҳаллу деҳоти мо мӯйсафедон ва пиразанҳое буданд, ки бо усулҳои тибби халқӣ мардумро табобат мекарданд. Маҳлули тухми мурғ бо роҳи табии тайёр карда мешавад ва ба инсон новобаста ба шакли бемориаш манфиатовар аст. Маҳлули зикргардида чунин тайёр карда мешавад: Сараввал мо бояд 1 ст ширро меҷӯшонем, баъдан ба он 1 қошуқ равғани маска ва 1 қошуқ асал илова мекунем. Сипас, зардии тухмро нағз омехта карда ба ин маҳлул мерезем ва дар охир аз чор як ҳиссаи қошуқча ¼ содда илова менамоем. Ин маҳлули табобатӣ на танҳо аз сулфа, балки аз дигар бемориҳо ба монандӣ, бранхит, ларангит ва ҳатто аз трахеит маризро даъво мебахшад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.