Изҳороти муштарак доир ба тақвият ва густариши минбаъдаи шарикии нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония5-10-2018, 08:14
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
05.10.2018 16:30, Япония
Бо даъвати Ҳукумати Япония дар санаи 3-5 октябри соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Япония баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ аҳаммияти “Изҳороти муштарак доир ба шарикии нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония”, ки зимни сафари расмии Сарвазири Япония ба Тоҷикистон дар октябри соли 2015 қабул гардида буд, таъкид карда, рушди тадриҷии муносибатҳои дуҷонибаро дар натиҷаи ин сафар ва ҳолати кунунии равобитро баланд арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, то ҷиҳати таҳкими бештар ва густариши шарикии дуҷониба дар асоси дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва манфиати мутақобила саъю талоши муштарак намоянд. I. Муносибатҳои дуҷониба 1. Ҷонибҳо аз фаъолтар шудани муколамаи байни ду кишвар, ки дар соли гузашта 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро таҷлил намуданд, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гуногун мусбат арзёбӣ карданд. Ҷонибҳо нақши мақомоти равобити хориҷиро дар тақвияти ҳамкориҳо муҳим донистанд. Ғайр аз ин, таъкид гардид, ки муколамаи байнипарлумонӣ абзори муҳими тақвияти равобити дуҷониба мебошад. Дар ин росто, ҷониби тоҷикистонӣ сафари Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейдзи Фуруяро ба шаҳри Душанбе дар моҳи сентябри соли 2018 баланд арзёбӣ кард. 2. Ҷониби тоҷикистонӣ миннатдории худро барои мусоидати Япония дар доираи Кӯмакҳои расмӣ барои рушд (ODA) дар соҳаҳои беҳтаргардонии зерсохторҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, рушди захираҳои инсонӣ, тандурустӣ, бо шумули ҳифзи саломатии модару кӯдак, муқовимат бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир, ба монанди маводи мухаддир ва терроризм, инчунин рушди минтақа иброз дошт. Ҷониби тоҷикистонӣ иқдоми боло бардоштани мақоми дафтари JICA дар Тоҷикистон ва натиҷаҳои сафари Президенти JICA ба Тоҷикистонро истиқбол менамояд. Ҷониби японӣ миннатдории худро ба Ҳукумати Тоҷикистон барои мусоидат дар таъмини бехатарии шаҳрвандони японӣ иброз намуд. 3. Ҷониби тоҷикистонӣ роҷеъ ба зарурати мусоидати Япония дар масоили тақдими хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ бо дарназардошти аҳаммияти онҳо ва таҷрибаи ғании Япония дар ин соҳаҳо ибрози назар кард. Ҷониби японӣ омодагии худро ҷиҳати баррасии имкониятҳои мусоидат, аз ҷумла ба табодули донишу таҷрибаи пешқадам бо дарназардошти пешниҳодҳои мушаххас эълом кард. 4. Ҷонибҳо ба зарурати имзои зудтари созишномаи дуҷонибаи сармоягузорӣ, ки ба фаъолгардонии ҳамкориҳои байни ду кишвар ва афзоиши ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои японӣ мусоидат мекунад, ибрози ҳамфикрӣ намуда, аз тавофуқҳои бадастомадаи коршиносон роҷеъ ба матни созишнома истиқбол карданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо бо мақсади имзои зудтари созишнома эълом карданд. 5. Ҷонибҳо натиҷаҳои ҷаласаи аввалини Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмиро, ки моҳи апрели соли 2017 дар Токио бо ташаббуси Тоҷикистон баргузор гардид, баланд арзёбӣ карданд. Ҷонибҳо ҷиҳати баргузории ҷаласаи дуюми комиссияи мазкур дар шаҳри Душанбе дар санаи мувофиқашуда кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод. 6. Ҷониби тоҷикистонӣ дар мавриди аҳамияти ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи энергетика, аз ҷумла дар самти истеҳсоли гидроэлектроэнергия ибрози назар кард. Аз ҷумла, ба имконияти ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи самараноки қувваи барқ ишора гардид. Ҷонибҳо ба зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика тибқи Меморандум дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ аз соли 2015, таъкид намуданд. 7. Ҷонибҳо қайд намуданд, ки корхонаи муштараки фармасевтии тоҷикӣ-японӣ барои парвариш ва коркарди растании ширинбия дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон, аввалин лоиҳаи муштараки бахши хусусии Тоҷикистону Япония аст ва дар инкишофи робитаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ нақши муҳим дорад. 8. Ҷонибҳо зарурати ривоҷи сармоягузориро ба зерсохторҳои технологии нав ва баландсифат бо риояи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла стандартҳои кушод ва шаффоф бо дарназардошти самаранокии иқтисодӣ ва устувории молиявӣ таъкид карданд. Ҳамчунин, ба аҳаммияти ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, нақлиёт, коммуникатсия, маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғ. таъкид гардид. Ҷониби японӣ азми худро дар мавриди баррасии имконияти мусоидати минбаъда, инчунин бо дарназардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 иброз дошт. 9. Ҷонибҳо дар масъалаи ин, ки рушди захираҳои инсонӣ дар бунёди давлат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад, дорои ақидаи муштарак ҳастанд. Ҷониби тоҷикистонӣ нақши муҳимми Барномаи кӯмакҳои ройгони Ҳукумати Япония “Лоиҳаи вогузории бурсияҳо барои тавсеаи манбаъҳои инсонӣ (JDS)”-ро дар рушди зарфиятҳои хизматчиёни давлатии ҷавони Тоҷикистон, ҳамчунин афзоиши бурсияҳоро аз соли 2016 барои коромӯзон, ки аз ҷониби японӣ қабул мешаванд, баланд арзёбӣ менамояд. Ҷониби тоҷикистонӣ имзои Ёддоштҳои табодулии вобаста ба татбиқи лоиҳаи мазкурро дар соли 2019 истиқбол менамояд. 10. Ҷонибҳо фаъолияти “Муассисаи табодули фарҳангӣ”-ро, ки соли гузашта аз Тоҷикистон боздид ба амал оварда буд, ҳамчунин танзими Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Японияро, ки дар рӯзҳои 5 то 7 апрели соли 2018 дар шаҳрҳои Токио ва Сукуба баргузор гардиданд, баланд арзёбӣ карданд. Баргузории ин чорабиниҳо ба ҳамкориҳои фарҳангии дуҷониба ва муколамаи тамаддунӣ такони тоза бахшид. Бо мақсади рушду густариши робитаҳои фарҳангӣ, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати мусоидат барои беҳтар намудани фазои ҳамкориҳои дуҷониба ва ғанисозии он тавассути баргузории рӯзҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳои санъатӣ ва кинофестивалҳо, давраҳои омӯзишии намояндагони санъат ва дигар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва омӯзишӣ эълом намуданд. 11. Ҷонибҳо бо ишора ба аҳаммияти ҳамкориҳо байни доираҳои илмӣ ва академӣ, ба тавсеаи назаррас дар табодули байнидонишгоҳӣ ва муҳиммияти муколамаи самаранок ва табодули байни донишгоҳҳои ду кишвар таъкид карданд. 12. Дар остонаи бозиҳои олимпӣ ва параолимпӣ дар Токио дар соли 2020 ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи варзиш, аз ҷумла кӯшишҳои “Хост Таун” истиқбол намуда, ибрози умедворӣ карданд, ки ҳамкории муштарак дар ин самт ба рушди равобити дӯстонаи миёни мардуми ду кишвар мусоидат менамояд. 13. Ҷониби японӣ пешниҳоди ҷониби тоҷикистониро ҷиҳати мусоидат дар татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ бо сифату судмандии баланд ва рушди бахши хусусӣ бо дарназардошти вазъи молиявӣ-иқтисодӣ ва пардохтпазирии кишвар мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ҷониби японӣ тасмими худро ҷиҳати баррасии имконияти мусоидат дар амалигардонии тадбирҳои дахлдор баҳри дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи бахши хусусӣ иброз намуд. 14. Ҷонибҳо фароҳамии имкониятҳои зиёди ҳамкориро дар соҳаи сайёҳат қайд карданд. Ҷониби тоҷикистонӣ нияти худро дар мавриди ба таври муштарак баррасӣ намудани масъалаи ҷалби сайёҳони японӣ ба Тоҷикистон иброз намуд. II. Ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ 15. Ҷониби тоҷикистонӣ нақши муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония»-ро, ки дар он Япония ба ҳамкории минтақавӣ, ба ҳайси омили рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки субъекти босубот ва мустақили барои тамоми ҷаҳон кушода дониста мешавад, баланд арзёбӣ менамояд. 16. Ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои амалӣ дар асоси «Нақшаи роҳи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи кишоварзӣ», ки дар соли 2014 қабул шудааст ва «Нақшаи роҳи ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои ҳамлу нақл ва логистика», ки дар соли 2017 қабул гардидааст, истиқбол карданд. 17. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати омодагӣ ба нишасти 7-уми вазирони корҳои хориҷӣ дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония», ки баргузории он дар шаҳри Душанбе дар назар гирифта шудааст, ҳамчун кишварҳои ҳамраис ба анҷоми корҳои зарурӣ суръат мебахшанд. 18. Ҷониби тоҷикистонӣ ба ҳайси ҳамташаббускор бо ишора ба ин, ки имсол дар Тоҷикистон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аст, аз қабули мавзӯи «сайёҳат» ҳамчун самти ҳамкории нави амалӣ дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» истиқбол кард. Ҷонибҳо дар мавриди ин, ки рафтуомади мардум тавассути сайёҳат барои сулҳу дӯстӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва рушди иқтисоди кишварҳои минтақа дорои аҳаммият аст, ҳамфикранд. 19. Ҷониби японӣ аз пешрафтҳои ахир дар муколамаи минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла баргузории нишасти сатҳи баланди панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар санаи 15 марти 2018 истиқбол намуда, ҳамзамон кӯшишҳои Тоҷикистонро дар самти беҳтаргардонии равобит бо кишварҳои ҳамсоя баланд арзёбӣ кард. Ҷонибҳо бо мақсади тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ барои ҳамкории зич дар сатҳи дуҷониба дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» ба мувофиқа расиданд. 20. Ҷониби тоҷикистонӣ ба аҳаммияти истифодаи самараноки захираҳои об дар рушди устувори Осиёи Марказӣ таъкид намуд. Ҷониби японӣ кӯшишҳои фаъоли Тоҷикистонро, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028-ро доир намуд, ва инчунин саҳми Тоҷикистонро дар баргузории чорабиниҳои ҳаммонанд баланд арзёбӣ кард. 21. Бо дарназардошти вазъи кунунӣ дар Афғонистон, ҷонибҳо дубора аҳаммияти субот дар ин кишварро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид карданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо дар мавриди нақши муҳимми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония, пеш аз ҳама Тоҷикистон дар самтҳои назорати самараноки сарҳадӣ, муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, терроризму ифротгароӣ низ ибрози назари яксон карданд. Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаи ҷониби япониро ҷиҳати беҳтаргардонии некӯаҳволии мардуме, ки дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон зиндагӣ мекунанд (LITACA) ва дигар лоиҳаҳои дар ин раванд марбутаро баланд арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо имконияти татбиқи муштараки лоиҳаҳои иҷтимоиро бо мақсади мусоидат ба раванди таълим ва ҳамкориҳои фаромарзӣ баррасӣ хоҳанд кард. 22. Ҷониби тоҷикистонӣ кӯмаки Японияро тавассути Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар татбиқи назорати самараноки марзӣ мусбат арзёбӣ карда, ҳамчунин аз тасмими Япония ва БРСММ дар самти идомаи ин лоиҳа, ки тавофуқҳои татбиқи он 27 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба даст омад, истиқбол менамояд. 23. Ҷонибҳо пешрафтҳоро дар рушди ҳамкорӣ дар самти муборизаи муштарак ҷиҳати муқовимат бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла мусоидати ҷониби япониро дар бозомӯзии кормандони ниҳодҳои мубориза бо маводди мухаддири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Москва баланд арзёбӣ намуданд. 24. Ҷониби японӣ омодагии худро барои идомаи мусоидати лозима дар соҳаҳои мазкур, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монанди Барномаи Рушди СММ (UNDP) ва Дафтари СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), ҳамчунин бо Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ барои Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои он (CARICC) эълом намуд. 25. Ҷониби японӣ кӯшишҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, инчунин дигар намудҳои ҷинояткории фаромарзӣ, аз ҷумла баргузории «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва тундгароии хушунатомез» дар моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баланд арзёбӣ кард. III. Ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ 26. Ҷонибҳо бори дигар нияти худро барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои ба монанди халъи силоҳ, паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ ва истифодаи сулҳомези энергияи ҳастаӣ дар остонаи Конфронси соли 2020 оид ба баррасии амали Созишномаи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ таъкид карданд. Ҷониби японӣ аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хиросима истиқбол менамояд. 27. Ҷонибҳо ба аҳаммияти риояи низоми ҷаҳонии озод ва кушод мутобиқи Оинномаи СММ ва усулҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳамчунин эҳтироми мустақилият ва соҳибиҳтиёрии кишварҳо бо мақсади таъмини волоияти қонун, сулҳу субот, ҳамкорӣ ва пешрафти минтақа ва ҷаҳон таъкид карданд. Ҳарду ҷониб аз саъю кӯшиши ҷонибҳо, ки баҳри расидан ба ин ҳадафҳо мусоидат мекунанд, истиқбол намуданд. 28. Ҷонибҳо, тибқи қатъномаҳои марбутаи Шӯрои амнияти СММ, бори дигар тарафдории худро ба татбиқи раванди дасткашии пурра, қобили назорат ва бебозгашт аз тамоми силоҳи қатли ом ва ҳама гуна мушакҳои баллистикӣ аз ҷониби Кореяи шимолӣ таъкид карданд. Ҷонибҳо аз гуфтушунидҳои байни ИМА ва Кореяи Шимолӣ ва ҳамчунин байни Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ истиқбол карда, Кореяи Шимолиро барои пеш гирифтани иқдомҳои мушаххас ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо даъват намуданд. Тибқи уҳдадориҳои Оинномаи СММ, ҷонибҳо бори дигар аз татбиқи пурраи қатъномаҳои марбутаи Шӯрои амният ҷонибдорӣ карда, ҳамчунин ба аҳаммияти ҳалли масъалаи одамрабоӣ таъкид карданд. 29. Ҷонибҳо бори дигар ба аҳаммияти ислоҳоти Шӯрои амнияти СММ бо мақсади табдили ин ниҳод ба ташкилоти босалоҳият ва самаранок, ки эътибори баландро таъмин ва вазъияти воқеиро дар ҷомеаи қарни 21 инъикос менамояд, таъкид намуданд. Ҳамчунин, ҷонибҳо нияти худро ҷиҳати идомаи фаъолияти амалӣ дар музокироти байниҳукуматӣ оид ба татбиқи ҳарчи зудтари ислоҳоти ША СММ, аз ҷумла тавсиаи ҳайати аъзои доимӣ ва ғайридоимии он иброз доштанд. Ҷонибҳо ба зарурати оғози музокирот ҷиҳати омода намудани асноди зарурӣ дар ин хусус таъкид карданд. Сарвазири Япония Синдзо Абэ миннатдории худро ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии пайваста ҷиҳати шомил шудани Япония ба узвияти доимии ША СММ баъди ислоҳоти ин ниҳод баён намуд. IV. Хулоса 30. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро ба Ҳукумат ва мардуми Япония барои меҳмоннавозии гарму самимонаи Сарвари давлат ва ҳайати Тоҷикистон баён кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Япония Синдзо Абэ даъват ба амал овард, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурсатҳои муносиб ба ҷониби японӣ расман ташриф оварад. Ҷонибҳо азмии қави худро ҷиҳати идомаи минбаъдаи алоқа байни Тоҷикистону Япония дар сатҳи роҳбарони давлатҳо ва дар сатҳи баланд таъкид намуданд. Изҳороти мазкур дар шаҳри Токио “5” октябри соли 2018 дар ду нусха ба забонҳои тоҷикӣ, японӣ ва русӣ ба имзо расид. Маводҳо доир ба мавзӯъ: Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Япония |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.