Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон11-09-2018, 13:46
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
11.09.2018 10:11, ноҳияи Ванҷ
Ҳамдиёрони азиз! Пеш аз ҳама, тамоми сокинони ватандӯсти ноҳияи Ванҷ ва ҳар яки шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати солгарди бисту ҳафтуми истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки аз баракати соҳибистиқлоливу сулҳу суботи комил дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла, бунёду таҷдиди роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти мухталифи таъиноти иҷтимоиву хизматрасонӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ ва дигар иқдомоти бунёдкорона вусъати тоза касб кардаанд. Ин ҳама нишонаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва заҳмати софдилонаи мардуми шарафманди ноҳия мебошад. Дар ҷараёни ҳар як сафари корӣ ба ноҳия эҳсос менамоям, ки сокинони заҳматкаши ин гӯшаи биҳиштосои кишварамон, аз ҷумла соҳибкорон бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва бо истифода аз муҳити орому осудаи мамлакат барои ободу зебо гардонидани диёри худ саъю талош менамоянд. Ҳанӯз се сол муқаддам ҳангоми сафари корӣ ба ноҳия ба роҳбарону масъулон супориш дода будам, ки доир ба масъалаи дар маркази ноҳия бунёд намудани мактаби замонавӣ, қасри фарҳанг ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ намоянд. Дастури додашуда то имрӯз амалӣ гардидааст ва мо то назди шумо омадан биноҳои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Қасри бошукӯҳи фарҳангро ба истифода супоридем, ки ҳамаи онҳо туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони ноҳияи Ванҷ ба ифтихори ҷашни истиқлолияти давлатӣ мебошанд. Бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маркази ноҳия аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент анҷом ёфта, дар он барои фаъолияти босамари устодон ва таълиму тарбияи 1280 нафар фарзандони мардуми ноҳия тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Умуман, дар замони истиқлолият дар ноҳияи Ванҷ 16 муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, 5 мактаб аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Арзиши умумии корҳои дар ин давра анҷом додашуда қариб 13 миллион сомониро ташкил карда, дар муассисаҳои таълимии зикршуда 4000 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар муддати хеле кӯтоҳ - ҳамагӣ якуним сол бунёд гардидааст ва тавре ки дида мешавад, он ба симои ноҳия ҳусни тоза зам намудааст. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи меъморону мутахассисон ва бинокорони иншооти имрӯз ба истифода супоридашуда барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмон миннатдорӣ баён менамоям. Эътимоди комил дорам, ки минбаъд хизматчиёни давлатӣ, ҷавонону наврасон, устодон ва аҳли фарҳанги ноҳия бо истифода аз чунин шароити замонавии муҳайёгардида дар кору фаъолияти ҳаррӯза ва таълиму тарбияи насли наврас талоши дучанд мекунанд ва барои пешрафти ноҳия боз ҳам бештар заҳмат мекашанд. Ҳукумати мамлакат дар зарфи 25 соли охир бо мақсади таъмин намудани тараққиёту ободии ноҳияи Ванҷ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 250 миллион сомонӣ равона кардааст, ки дар натиҷа то имрӯз хеле корҳои созандагӣ ба анҷом расонида шудаанд. Танҳо дар панҷ соли охир тавассути татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ барои беҳтар гардонидани шароити инфрасохторӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии соҳаи маорифи ноҳия беш аз 11 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст. Дар асоси нақшаи тасдиқшуда дар се соли оянда, яъне то таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар қаламрави ноҳия бунёд намудани даҳҳо иншооту биноҳои нав, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, роҳу пулҳо, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони кӯдакистони замонавӣ дар маркази ноҳия, бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ бо утоқи алоҳида барои гузаронидани хатна, ҳаммому кошонаи ҳусн, меҳмонхонаву сартарошхона ва дигар корҳои ободонӣ дар ҳамаи деҳаҳо пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон бо ин, бо ташаббуси соҳибкорону сокинони бонангу номуси ноҳия низ ба истиқболи ин санаи мубораки таърихӣ сохтмони даҳҳо иншооти таъиноти иҷтимоиву хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо амалӣ гардидани онҳо барои аҳолӣ садҳо ҷойи нави кор таъсис дода мешаванд. Яъне ҳамаи ин иқдомот, дар навбати аввал, барои боз ҳам ободу зебо шудани ноҳия ва деҳоти он, болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳаллу фасл гардидани бисёр мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард. Дар иртибот ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҳангоми сохтмони иншооти ба нақша гирифташуда доир ба истифода аз усулҳои пешқадами меъмории муосир, пеш аз ҳама, унсурҳои меъмории миллӣ ва бо сифати баланд бунёд намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Корро тавре ташкил бояд кард, ки иншооту биноҳои бунёдшаванда ба мардум даҳҳо ва садҳо сол хизмат кунанд. Ҳоло дар ноҳияи Ванҷ Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2016-2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он татбиқи 266 лоиҳа ба маблағи умумии 327 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Аммо таъкид менамоям, ки бо сабабҳои гуногун дар дуюним соли татбиқи барномаи мазкур ҳамагӣ 28 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст, ки чунин ҳолат боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Ванҷро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ татбиқи сифатнок ва саривақтии барномаро таъмин намоянд. Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулони соҳаро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти истифодаи самараноки маблағҳои буҷет, иҷрои саривақтии нақшаи воридоти андозу пардохтҳо ва роҳ надодан ба афзоиши бақияпулиҳо тақвият бахшанд. Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи рушди деҳоти кишвар, махсусан, шароити инфрасохтори онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамасола бо харҷи маблағҳои буҷети давлатӣ ва тавассути амалигардонии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ва дигар инфрасохтори заруриро бунёд карда истодааст. Имрӯз ҳамаи мо мушоҳида мекунем, ки бо бунёд гардидани пули мошингузар миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеи Хумроғӣ ва пули мошингард дар мавзеи Сурхсангови ноҳияи Ванҷ тиҷорати наздисарҳадӣ торафт густариш ёфта, ҳаракати мунтазами нақлиёти боркашон, рафтуомади сокинон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ хеле афзоиш ёфтааст. Ҳоло аз сеюним километр роҳи маркази ноҳия қариб ду километри он дар сатҳи баланд азнавсозӣ ва чароғон гардида, корҳои таҷдиди қисмати боқимондаи он вақтҳои наздик ба охир расонида мешаванд. Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити инфрасохтори ноҳия корҳои омодасозии лоиҳа барои таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб - Ванҷ ба масофаи зиёда аз 92 километр бо харҷи беш аз 2 миллиард сомонӣ идома доранд. Ҳоло корҳои лоиҳакашиву омодагӣ ба таҷдиду азнавсозии роҳи Шкев-Қалъаихумб ба масофаи зиёда аз 26 километр ва арзиши лоиҳавии беш аз 460 миллион сомонӣ дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор доранд ва мо ният дорем, ки онро то охири сол оғоз намоем. Илова бар ин, бо дарназардошти мустаҳкам гардонидани инфрасохтори асосӣ ва таъмин намудани устувории он ба хатари офатҳои табиӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳавию техникии бунёди 8 пул дар ноҳияи Ванҷ омода шудааст, ки сохтмони онҳо тибқи нақша солҳои наздик амалӣ мегардад. Дар ин ҷода, Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Ванҷро зарур аст, ки назорати доимиро ҷиҳати босифат ва дар муҳлатҳои муқарраргардида анҷом додани таъмиру таҷдиди роҳҳо ва бунёди пулҳо ба роҳ монанд. Тибқи маълумот соли 2017 дар корхонаҳои саноатии ноҳия дар ҳаҷми беш аз ҳафт миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2016-ум 36 фоиз зиёд мебошад. Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар шаш моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоизро ташкил намудааст. Бо вуҷуди ин, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз фаъолият бозмондани баъзе корхонаҳо, аз ҷумла корхонаҳои навтаъсис ба мушоҳида мерасад, ки чунин ҳолат андешидани тадбирҳои заруриро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав тақозо менамояд. Имкониятҳои ноҳия барои рушди соҳаи саноат, алалхусус, дар самти коркарди сангҳои ороишӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, мева, гиёҳҳои шифобахш ва бо ҳамин роҳ таъсис додани садҳо ҷойи нави кор хеле зиёданд. Роҳбарону масъулони мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки азму иродаи созандаи соҳибкорони ноҳияро дастгирӣ ва ба самти зикршуда сафарбар созанд. Илова бар ин, хотирнишон месозам, ки меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи ноҳияи Ванҷ дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ харидори зиёд доранд ва зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои зиёд кардани майдони боғҳо, бунёди иншооти нигоҳдорӣ ва таъсиси корхонаҳои коркарди мева чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва аз худ кардани заминҳои нав тадбирҳои саривақтӣ андешида шаванд. Тибқи маълумот чанд рӯз пештар дар ноҳия 22 гектар замини нав азхуд гардида, бо бунёди қариб ду километр хатти обрасонӣ обёрӣ карда шудааст, ки ин дар шароити ноҳияи Ванҷ, албатта, хуб аст, чунки зиёда аз 50 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Зарур аст, ки ин кор идома дода шавад, зеро ноҳия дар ин самт имкониятҳои зиёд дорад. Ҳозирини гиромӣ! Вазъи пуртазоди ҷаҳони имрӯза ба ҳар яки шумо маълум аст ва мо ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ки дар гӯшаҳои мухталифи дунё низоъҳои дохиливу ҷангҳои мазҳабӣ ва дигар зуҳуроти манфӣ торафт доман паҳн карда, боиси ташвишу нигаронии аҳолии сайёра гардидаанд. Доираҳои алоҳидаи манфиатҷуй барои амалӣ сохтани ҳадафҳои нопоки худ бо истифода аз васоити ахбори омма, бахусус, шабакаҳои интернетӣ дар байни мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ва ҳатто миёни кишварҳо низоъ ангехта истодаанд. Махсусан, ҷангҳои дохиливу мазҳабӣ ва амалҳои даҳшатноки террористиву ифротгароёна, ки тайи чанд соли охир дар баъзе кишварҳои мусулмонӣ идома доранд, боиси марги ҳазорон нафар ва сарсону овора шудани миллионҳо нафар сокинони кишварҳои гуногун гардидаанд. Мутаассифона, дар фаъолияти чунин гурӯҳҳои харобкори террористиву ифротгаро бо сабаби бесаводиву пастии маърифат иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Ванҷ низ шариканд. Ман бори дигар ба роҳбарону фаъолон, падару модарон, хешу табори чунин ҷавонон ва шахсони соҳибтаҷрибаву обрӯманд муроҷиат карда, таъкид менамоям, ки фарзандони худро аз роҳи бад гардонанд, онҳоро насиҳат кунанд, ки ояндаи хешро бо ваъдаҳои дурӯғи таблиғгарони хориҷӣ насӯзонанд, фарзандонашонро ятим накунанд, падару модаронашонро шармандаву шармсор насозанд ва ба номи неки миллати тоҷику давлати тоҷикон иснод наоранд. Ман доим таъкид месозам, ки мо бояд шукронаи Ватани орому осудаамонро ба ҷо орем, онро сидқан ва самимона дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо ҳифз кунем. Ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки Тоҷикистони биҳиштосо дорем ва барои ҳимояи манфиатҳои давлат, пешрафту ободии он ва гиромидошти арзишҳои миллиамон ҳамеша омода бошем. Зеро Ватани асливу муқаддаси мо, зодгоҳи мо, орзуву умед ва сарчашмаи хушбахтиву саодати мо Тоҷикистони азизамон аст. Аз падару модарони арҷманд, аҳли маориф, фаъолон ва шахсони рӯзгордидаву пирони кор такроран хоҳиш менамоям, ки тамоми донишу малака ва таҷрибаи худро барои таълиму тарбияи фарзандони воқеан ватандӯсту бонангу номус, созандаву пешқадам ва донишманду соҳибкасб сафарбар намоянд, зеро наврасону ҷавонон, яъне фарзандони мо сармояи асосии миллат ва давлатамон ба ҳисоб мераванд. Итминон дорам, ки сокинони қавиирода ва меҳандӯсту сарбаланди ноҳияи Ванҷ ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ дар оянда низ барои ободии диёри зебояшон ва пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд. Ба ҳамаи сокинони ноҳия ва шумо, ҳозирини арҷманд, хонаи обод ва дар ҷодаи ободии Тоҷикистони азизамон барору комёбӣ орзумандам. Доим саломату муваффақ бошед! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.