Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ

Ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ

11-09-2018, 13:42
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ
11.09.2018 09:36, ноҳияи Ванҷ
11-уми сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оғози расмӣ бахшиданд.

Бинои нав аз 3 ошёна иборат буда, бо тарҳи зебою замонавӣ дар масоҳати 2033 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва дорои 52 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияту хизматрасонӣ ба сокинон ба кормандони мақомот дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ҳанӯз соли 2016 оғоз гардида буд ва бинокорону муҳандисони маҳаллӣ тавонистанд, ки дар давоми ду сол ин иншоотро бо сифати баланди меъморӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Дар ошёнаи 1-уми бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ маҷлисгоҳ бо 240 ҷойи нишаст, утоқҳои кории бахши занон ва оила, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, ҳуҷраҳои техникӣ ва бойгонӣ ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаи 2-юм ва 3-юми бино бошад, утоқҳои кории бахши сармоягузорӣ, муҳосиб, хазинадор ва толори хурди маҷлисӣ бо 48 ҷойи нишаст бунёд гардидааст.

Бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, ки бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, дорои имконоти муосири кору фаъолият мебошад ва дар иншоот барои таъмини гармӣ дар фасли сармо дегхона бо ду адад деги иқтидораш 100 кВт ва анбори нигоҳдории ангишт низ бунёд шудааст. Ҳамчунин барои нигаҳдории воситаҳои нақлиёти хизматӣ мошинсарой ва истгоҳ сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муҳайёгардида дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ бори дигар кулли кормандонро ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз онҳо иҷрои масъулиятҳои бардӯшдошта, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва садоқат ба давлату миллатро тақозо карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: