Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ИМА, Фаронса, Олмон ва Канада Русияро дар заҳролудсозии Скрипалҳо айбдор карданд

ИМА, Фаронса, Олмон ва Канада Русияро дар заҳролудсозии Скрипалҳо айбдор карданд

7-09-2018, 08:27
Хабарро хонданд: 138 нафар
Назарҳо: 0
ИМА, Фаронса, Олмон ва Канада Русияро дар заҳролудсозии Скрипалҳо айбдор карданд

ИМА, Фаронса, Олмон ва Канада 6 сентябр аз мавқеи Бритониё ҷонибдорӣ карданд, ки мегӯяд, Русия дар заҳролудшавии афсари пешини рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар моҳи марти соли равон дар шаҳри Солсберӣ даст дорад.

Раҳбарони панҷ кишвар бо нашри як изҳороти муштарак аз Русия хостанд, ки барномаи истеҳсоли маводи кимиёии "Новичок"-ро ошкор кунад. Бо ин мавод Скрипалҳо заҳролуд шуда буданд.

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй 5 сентябр гуфт, Скрипалҳоро кормандони хадамоти иктишофии Русия бо дастури Кремл заҳролуд сохтанд. Додситонии Бритониё акси гумонбарон Александр Петров ва Руслан Бошировро нашр ва қарори ҳабсашонро дар Аврупо содир кард.

Бритониё мегӯяд, Скрипалҳо бо маводи фалаҷкунандаи асаб - "Новичок" заҳролуд шудаанд, ки дар Иттиҳоди Шуравӣ истеҳсол шудааст. Лондон дар доираи тафтиши ин парванда 23 дипломати русро ихроҷ кард. Москва низ дар посух аз ихроҷи дипломатҳои Бритониё ва баста шудани Шӯрои ин кишвар дар Русия хабар дод. Кремл мегӯяд, дар қазияи Скрипалҳо даст надорад.


Додситонии Бритониё гуфт, Петров ва Боширов 2 марти соли равон бо шиносномаҳои русӣ вориди ин кишвар шуданд. Вале маълум нест, ки дар шиноснома ному насаби воқеии онҳо омадааст, ё не. "Новичок"-ро гӯиё дар шишаи қалбакии атри Nina Ricci бо худ овардаанд.

Гумонбарон 3 март барои "ҷосусӣ" ба Солсберӣ рафтанд ва рӯзи дувум дубора рафта, дастқапи дари манзили зисти Скрипалҳоро заҳрогин намудаанд. Сипас худи ҳамон рӯз ба Москва баргаштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: