Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ГУФТАҲОИ НОГУФТА (Пораҳо аз рӯзгори як дӯст)

ГУФТАҲОИ НОГУФТА (Пораҳо аз рӯзгори як дӯст)

10-08-2018, 09:54
Хабарро хонданд: 409 нафар
Назарҳо: 0
ГУФТАҲОИ НОГУФТА                   (Пораҳо аз рӯзгори як дӯст)
Муштарии дастнорас
907765566. Шумораи ошно. Тавассути он замоне бо инсоне самимиву заминӣ, ки собиқаи 27-солаи ошноӣ доштам, суҳбат мекардам, аммо… Дигар суҳбати мо имконнопазир аст. Вале дилам тоқат намекунад ин шумораро, ки дар хотирам нақш бастааст, дубора мечинам. Рӯи таблои телефон пас аз чанд лаҳза навиштае пайдо мешавад: Усмон Солеҳ. Дар ҳол аз телефон садои маҳини занона ба гӯш мерасад: «Муштарӣ дастнорас аст»…
Оҳиста телефонро хомӯш мекунам. Пеши назар чеҳраи кушодаву лабони пуртабассум ва хандаҳои ширинаш ҷилвагар мешавад.
Бале, имрӯз ӯ барои наздикону пайвандон ва кулли дӯстону рафиқонаш дастнорас аст, дигар ин марди солеҳ дар паҳлуи мо нест.
Акаи Усмонро аз замоне, ки шинохтам то ба охир ҳамон хел бетағйир дарёфтам. Яъне рафтору гуфтору пиндораш як хел монданд. Инсони самимиву заминӣ буд. Зиндагии хоксорона ба сар дошт. Ҷаноза ва маросимҳои ёдбудаш низ хоксорона гузаштанд.

Шиносоӣ
Хотираҳо маро ба давроне мебаранд, ки оғози шиносоиямон буд. Соли 1991 ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба кор гузаштам. Дар шуъбаи ахбор Усмон Солеҳ мудир буду ману чанд тани дигар хабарнигор. Дар идораи газета таҳти раҳнамоии сармуҳаррир Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Мӯсо Мавлавӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ашӯри Одина, Ҳусейн Қутбӣ, Исо Раҳим, Усмон Солеҳ (равонашон шод бод), Зиё Абдулло, Нуриддин Қаршибоев, Додоҷон Рӯзиев, Азиз Сангин, Фаррух Ҳусейн, Абдуқодири Раҳим, Муроди Нуриён, Самандари Искандар, Муҳаммад Эгамзод барин қаламкашони чирадаст ҷамъ омада буданд.
Оғози фаъолияти кории ман дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба даврае рост омад, ки Иттиҳоди Шӯравӣ пароканда шудаву ҷумҳуриҳои собиқ ҳар кадом барои соҳиб шудан ба ҳақи хеш аз мероси ин кишвари бузург талош доштанд. Аммо дар Тоҷикистон кор ранги дигар гирифта буд. Дар ин ҷо муноқишаҳои гурӯҳӣ ба маҳалҳо расида, ба ҷанги шаҳрвандӣ печид. Ашхоси манфиатҷӯ ба оташи низоъҳо равған мерехтанд. Дар натиҷа алангаи ҷанг васеъ доман паҳн кард, ки барои хомӯш намудани он беш аз панҷ сол вақт сарф шуд.
Пас аз иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ ҳарчанд ҳукумати қонунӣ таъсис ёфтаву амал мекард, вале хашму ғазаби гурӯҳҳои манфиатҷӯ ҳанӯз паст нашуда буд. Аз ҳар гӯшаю канор хабарҳои нохушро ҳамарӯза мешунидем. Дар кӯчаҳои пойтахт асосан мошинҳои зиреҳпӯшу БТР ва шахсони низомиро медидем. Мо бошем, аз паси биноҳои баландошёна гузашта пиёда ба кор меомадем ва ҳамон тавр боз ба хона бармегаштем. Рӯзҳои натанҳо вазнин, балки даҳшатнок буданд, он солҳо. Ҳамроҳи акаи Усмон ва дигар ҳамкасбон дар ҳамин гуна айёми тақдирсоз бо умеди расидан ба рӯзҳои нек дар паҳлуи ҳамдигар фаъолият доштем.

Ошёни «ҳазрат»-ҳо
Дар «Ҷумҳурият» рӯзе акаи Усмон як шиносашро, ки ба наздаш омада буд, гусел мекард. Баробари дидани мо, ки дар долон ҳамроҳи муовини аввали сармуҳаррир Мӯсо Мавлавӣ сари кадом масъала суҳбат доштем,
- Ин кас Ҳазрати Мӯсо, ин кас ҳазрати Алӣ гуфта, маро ба меҳмон муаррифӣ кард,- акаи Усмон. - Ана он кас ҳазрати Исо, ба утоқи рӯ ба рӯ, ки дараш боз буд, нигариста Исо Раҳими саргарми корро нишон дод. Ҳамин вақт дари лифт кушода шуду Муҳаммади Эгамзод омад.
-Ҳазрати Муҳаммад ҳам расиданд, - лутфашро идома дод акаи Усмон.
Меҳмон ҳам, ки шӯх будааст, аз ин лутфи Усмон Солеҳ илҳом гирифта, гуфт, ки ин ҷо ошёни ҳазратҳо будаасту мо бехабар. Дигар бе таҳорат ба ин даргоҳ омадан гуноҳ аст.



«Масъулият»
Тирамоҳи соли 1994. Вазъяити ҷумҳурӣ печида. Дар яке аз рӯзҳои истироҳат нияти хатнасури писарҳоро кардам. Дар баробари дигар дӯстону наздикон ҳамкоронам низ аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба хурсандии оилавиамон даъватӣ буданд.
Соати 17 мебоист базм шурӯъ мешуд. Мизҳо ороста, меҳмонон дар атрофи он нишастаанд. Ғизоҳо тайёр. Ҳамагон мунтазири он будем, ки ҳозир ҳофизон меоянду базм оғоз мешавад. Аммо вақт мегузашту аз ҳофизон хабар нест. Он замон алоқаи телефонӣ ба дараҷаи имрӯза набуд, ки дарҳол аз вазъият огоҳ шавем. Рӯз бегоҳ мешуд, вале ҳофизон наомаданд. Дар чеҳраи пайвандон нишонаи ғамгинӣ эҳсос мешуд, зеро чунин ҳолат бори аввал дар деҳа рух медод. Ҳарчанд нисфи ҳақи заҳмати ҳофизон пешпардохт шудааст, аммо…
Тавре зикр кардем, чанде аз ҳамкоронам бо вуҷуди мушкилии роҳ (тафтишот дар постҳо, камбуди мошину сӯзишворӣ) он рӯз ба табрикам омаданд.
Вазъияти ба амаломадаро акаи Усмон хуб пайхас карда, гуфт, ки ҳамон рубобатро ҳамроҳи як доира биёр. Хаёл кардам, ки ӯ шӯхӣ мекунад. Вале дидам, ки хоҳишаш ҷиддист, фармудаашро ба ҷо овардам.
Акаи Усмон доира ба даст гирифту рубобро ба Самандари Искандар дод. Чун мусиқӣ ҷӯр шуд, Исо Раҳим бо лаҳни махсус аз порчаҳои «Шоҳнома» ба сурудан оғоз кард. Гоҳе акаи Усмону Самандари Искандар сари овози ӯро мегирифтанд. Ҳеҷ бовар надоштам, ки бо як рубобу доира ва бе микрофон мардум ҷамъ мешаванд ва ташнаи чунин тарзи сурудхонӣ буданашонро нишон медиҳанд. Лаҳни хониши Исо Раҳим ба тарзи сурудхонии устодон Лоиқу Бозору Сорбон, ки тавассути Радиои Тоҷикистон достонҳои «Шоҳнома»-ро мехонданд, бисёр наздик аст. Махсусан калонсолон ба ҳар кашиши овоз ба Исо Раҳим бо шавқ таҳсин мегуфтанд.
Соқӣ низ аз ин сурудҳо илҳом гирифта, қадаҳҳоро холӣ намегузошт. Аммо акаи Усмон таъкид мекард, ки қадаҳи Самандари Искандарро холӣ гузоред, зеро вай «масъулият»-и бештар дорад. Агар сархуш шавад, мусиқӣ аз ритм мебарояд ва базм вайрон мешавад. Ҳамин тавр, онҳо дар идома аз Мавлавию Ҳофиз низ ғазалҳо суруданд, ки ба аҳли маҳфил писанд омад ва то дер гоҳ базм идома ёфт.
Новобаста аз он ки ҳофизон ба тӯй ҳозир нашуданд, вале ба хаёлам ҳамин тарзи сурудхонии ҳамкоронам фазои хурсандиро пур кард.
Рӯзи душанбе раҳбари гурӯҳи ҳофизон ба ҷои корам омада узрхоҳӣ кард, ки «боевикҳо» онҳоро дар роҳ дошта, ба дигар ҷо ба тӯй бурданд ва онҳо ба ғайр аз сар фаровардан ба амри онҳо чора надоштаанд.

Ваҳдати ду бародар
Гоҳо ба идораи «Ҷумҳурият» шоир Усмон Шарифзода меомад. Бисёр марди меҳрубону самимӣ метофт. Аз азоби даврони бачагиаш ҳикоят мекард. Модари азизашро ба ёд меовард. Ва як шеърашро, ки дар ситоиши модар суруда буд, бо шавқ мехонд. Як мисраъааш мазмунан дар хотирам мондааст, ки «пайи ангуштони модарро, ки дар нон нақш бастааст, ҳамраҳи нонҳои сурхи ширмол мехӯрам».
Усмон Шарифзода бо ҳама гарм шӯхӣ мекард. Аммо дар баробари Исо Раҳим (равони ҳардуяшон шод бод!) хомӯш буд. Баъд фаҳмидам, ки онҳо бародарони ҳамхун, аз як падару модар будаанд, аммо…
Исо, ки якравии Усмонро нағз медонист, мегуфт, ки барои ӯ насиҳат фоида надорад.
Як рӯз дар утоқи Исо Раҳим чанде аз ҳамкорон атрофи бародариву фарзандони падар суҳбат мекардем. Усмон Солеҳ ҳам буд. Ӯ аз бачагиҳову азобҳои кашидааш ёдовар шуда, таъкид кард, ки бояд мард дар ҳама ҳолат ба қадри фарзанди падар расад, зеро фарзанди падар ноёб аст. Барои пайдо кардани он падару модар агар дар қайди ҳаёт бошанд, бояд аз нав ҷавон шаванду дубора издивоҷ кунанд ва фарзанд ба дунё оваранд. Албатта ин кор номумкин аст. Суҳбат ба фикрам ба акаи Исо таъсир бахшид, ки якбора гӯшии телефонро ба даст гирифта, шумораеро чинд. Аз он тараф садои зане баланд шуд.
-Келин чӣ хел? Кӯдаконат хубанд? - Пурсид акаи Исо.
-Ҳазор раҳмат, акаҷон, шумо хубед? Аҳли хонавода нағзанд? Чаро хона намебиёед?- воз меомад аз он тараф.
-Ба чӣ кор машғулӣ?- боз пурсид акаи Исо.
-Хамир шӯридам, нон мепазам.
- Ин тавр, ки бошад, як фатиршакароб тайёр кун. Мо ҳамроҳи се-чор нафар ҳамкорон меравем, - хоҳиш кард акаи Исо ва рӯй ба аҳли суҳбат гардониду гуфт: «Баъди ним соат ба роҳ мебароем. То маҳаллаи 102 мерасем, ки шакароб ҳам тайёр мешавад».
Он солҳо тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ фалаҷ шуда буданд. Тавре дар боло зикр кардем, бештари вақт роҳро миёнабур карда, бо пайроҳаҳои паси биноҳо ба кор рафта меомадем. Зиндагӣ аз ҳар ҷиҳат мушкил буд. Дар баробари камбуди орду маҳсулоти нонӣ ва сӯзишворӣ пули нақд низ намерасид. Моҳҳо маошамонро гирифта наметавонистем. Ҳарчанд дар рӯи коғаз маблағи зиёде ҳаст, аммо кисаҳо холӣ буданд. Чанде аз ҳамсуҳбатон узр пеш оварданд, ки ба маҳаллаи 102 пиёда рафтану боз ба манзили зисташон баргаштан мушкил аст.
-Ин хел, ки бошад, Усмон ҳамроҳи Алиҷон омода шавед, рафтем, - амр кард Исо Раҳим.
Акаи Усмон ҳам узр овард, ки «вазъият ба ҳама маълум, ба барвақтӣ ба хона расем, як давлат аст. То Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) рафтан мушкил. Ҳисоб кунед, ки ман фатиршакаробро хӯрдаам,- лекин Алиҷон ҳатман ҳамроҳатон меравад, чунки вай дар ҳамон тараф зиндагӣ дорад.
Баъди шунидани ин суханҳо наметавонистам таклифи акаи Исоро рад кунам. Ҳамин тавр дарҳоро баста, ҳамроҳи Исо Раҳим аз бинои «Шарқи Озод» то маҳаллаи 102 пиёда роҳ пеш гирифтем.
Акаи Исо дар ҷустуҷӯи хонаи бародараш аввал андаке саҳв кард, вале зуд онро ислоҳ намуда, гуфт, ки «Не, дар ин бино нест, дар бинои поён зиндагӣ мекунад».
Вақте ба хона расидем, дар кушода буд. Алорағми замона, ки мардум аз тарс рӯзона ҳам дарро махкам мекарданд.
Садои акаи Исоро шунида, бонуи хонадон ба истиқболи мо омад, бо чеҳраи кушода ва бо забони ширин.
– Акаҷон хуш омадед! Ба хонаи мо ҳам офтоб омад,- гӯён моро ба хона таклиф кард ва дари меҳмонхонаро нишон дод, ки ба он ҷо гузарем. Пас аз аҳволпурсӣ бо хурсандӣ гуфт, ки «Акаҷон, фатири фармудаатон тайёр!».
-Э, келин, дасти камро набинӣ,- изҳори миннатдорӣ кард акаи Исо ва пурсид: -Усмон канӣ?
-Намедонам, пагоҳӣ аз хона баромада буд. То шакароб тайёр шудан шояд расида ояд.
-Ордро аз куҷо ёфтед?- боз пурсид акаи Исо, ки он вақт камбуди нон ба қавле мушкилоти рақами як дар ҷумҳурӣ буд.
Зан номи духтари донишҷӯяшро ба забон овард, ки дар озмуни қироати шеър дар байни донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ғолиб омадааст. Бинобар ин ба ӯ барои ин пирӯзӣ дар баробари дигар туҳфаҳо як халта орд низ додаанд.
Акаи Исо хурсанд шуд, ки духтари бародараш, ки «Девони Ҳофиз»-ро аз ёд медонад, бо ҳунари волои шеърхониаш дилҳоро тасхир кардааст ва дар куҷо будани ӯро пурсид. Модар гуфт, ки пайи супорише рафтааст, ҳозир меояд. Дар ин миён бонуи хонадон дастархон партофт ва болои он ду дона нони нав аз танӯр кандашударо гузошт, ки бӯи басе гуворои онҳо дар як лаҳза фазои хонаро пур карданд.
Ҳамроҳи акаи Исо фатиршакаробро дар табақи чӯбӣ бо шавқ хӯрдем ва ба соҳибхона миннатдорӣ баён кардем, ки чунин таоми болаззатро дер боз нахӯрда будем. Дар ҳақиқат орди ҷаву ҷугориву сабӯс ба дил зада буд.
Акаи Исо ҳамсари бародарашро ҳамроҳи фарзандонаш ба ҳавлияш даъват кард. Гуфт, ки ба ҳар сурат он ҷо деҳа аст, дар ҳотааш полезиҳо фаровонанд. Ва узр пеш овард, ки агар барвақттар нахезем, дар роҳ азоб мекашем, чунки то маҳаллаи ДОК пиёда рафтан лозим.
Бонуи хона низ узри акаи Исоро пазируфт ва хоҳиш кард, ки аз ҳолашон тез- тез хабар гиранд. Ва таъкид намуд, ки бачаҳояш низ ба хона оянд.
Пеш аз хестан Саодат- табиби оянда, ҷияни акаи Исо хушҳолона вориди хона шуд ва бо амакаш гарм вохӯрд.
-Саодатҷон, ман бо ту ифтихор мекунам, ки дар баробари таҳсил истеъдоди баландатро дар шеърхонӣ нишон дода тавонистӣ ва аз ҷайбаш як баста пулҳоро бароварда дод, ки барои рӯзи мабодо ҳамроҳи худ нигоҳ медошт ва таъкид кард, ки пагоҳ рафта барояш жемпир харад ва минбаъд онро пӯшида ба дарс равад. «Амакҷон зарурат надорад», гуфтанҳои Саодат акаи Исоро аз раъяш нагардонд ва таъкид ба таъкид мегуфт, ки ҳатман жемпири дилхоҳашро бигирад ва ба наздикӣ боз хабар хоҳад гирифт.
Вақте аз хонаи Усмон Шарифзода каме дур мешудем, акаи Исо рӯймолчаашро бароварда оби чашмонашро пок мекард.
-Пагоҳию бегоҳӣ ҳаво хунук шудааст. Дирӯз хабар ёфтам, ки Саодат жемпир надорад, ки ба дарс пӯшида равад, -лаб кушод ӯ.
Дирӯз дар ҳақиқат Усмон Шарифзода ба Усмони Солеҳ истеъдоди баланди духтари донишҷӯяшро ситоиш карда, таассуф мехӯрд, ки «аҷаб замонае шудааст, ки имкони ба фарзандаш либос харидан надорад».
Усмон Солеҳ, ки бо ин бародарон бисёр наздик буд, дар ин хусус акаи Исоро огоҳ кард. Ва суҳбати имрӯза дар ҷои кор таконе бахшид ба Исо Раҳим барои омадан ба хонаи бародар баъд аз чандин солҳо. Ҳолате буд, ки дигар ягон ҳарф намеғунҷид.
Сари роҳи калон бо ҳамдигар худоҳофизӣ кардем. Ман ба ҷониби маҳаллаи Зарафшону акаи Исо ба самти километри 9-ум пиёда роҳ пеш гирифтем.
Бо гузашти солҳо дуруст дарк кардам, ки беҳуда Усмони Солеҳро сармуҳаррири нашрияи «Ваҳдат» таъйин накарда будаанд…
«Дилсӯзӣ»
Рӯзе муовини аввали Раиси ҲХДТ шодравон Сафар Сафаров эҳсос мекунад, ки Усмон Солеҳ ширакайф аст, вале худро тавре нишон медиҳад, ки гӯё чизеро пай набурдааст ва мепурсад:
-Усмон, чашмонат магар дард мекунанд, ки ин қадар сурх шудаанд?:
-Не, раис. Аз вафоти падари сармуҳосиб (собиқ сармуҳосиби Дастгоҳи КИМ ҲХДТ) сахт андӯҳгин шуда, гиристам.
Сафар Ғаюрович аз ҳозирҷавобию «дилсӯзӣ»-и Усмон Солеҳ ба завқ омада механдад ва ӯро ба ҳолаш мегузорад.

«Бе хона меравам...»
Як рӯз бо кадом коре ба Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ба назди акаи Усмон рафтам. Рӯи мизи кориаш китоби «Ҷоми гӯё»-и Ворисро дидам, ки зери чанде аз пораҳое мақбули дилаш бо қалам хат кашидааст.
-Вориси ҷӯраат гӯё ҳамин ғазалро барои ман навиштааст, - баъд аз аҳволпурсӣ бо лабханди барояш хос ба сӯям нигариста гуфт акаи Усмон.
-Ворис ҳам мисли шумо дар хонаи иҷора мезист. Ҳоло бошад, ҳар рӯз қариб 50 километр роҳро тай карда, аз зодгоҳаш ба пойтахт ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» ба кор омада меравад, - шарҳ додам ман.
Аз чи бошад, ки акаи Усмон ин ғазали Ворисро дубора қироат кард. Эҳсос мешуд, ки дар хондани ду байти охир:
Бе хона меравам, то хонаи мурод,
Он ҷо, ки як нафас дил орамидааст.
Эй хок бар сарам, бе хонагим чист?
Дар хонаи туам, муздаш надодааст,
- овозаш меларзид ва чизе гулӯяшро банд мекард.
Хонаи иҷора. Бале, акаи Усмон чандин сол боз дар маҳаллаи 104-уми пойтахт дар манзили як шиносаш мезист. Ин манзили иҷора шоҳиди бисёр хурсандиву ғаму ғуссаҳои аҳли хонаводаи ӯ шудааст. Дар ҳамин хона акаи Усмон ҳамроҳи ҳамсари меҳрубонаш фарзандонашонро ба воя расонида, духтаронаш Руҳафзою Симоро ба хонаи муродашон гусел карду барои писаронаш Азизу Абулфазл арӯс овард. Дар ҳамин хона ба дунё омадани набераҳояш Симину Самирро бо ашки шодӣ истиқбол гирифт. Аз ҳамин хона акаи Усмон ҳамсари азизашро ба манзили охираташ гусел кард. Ва дар ниҳоят баъди 11 моҳи даргузашти ҳамсараш худ низ аз ин хона ба дуриҳои дур рахти сафар баст.
Шоир Низом Қосим дар сӯгвории ҳамсабақаш Усмон Солеҳ бо дард ин мисраъҳоро рӯи коғаз овардааст:
Аз зиндагию зи марг фарёд,
Усмони азиз рафт бар бод.
Гуфто ба Худо, ки хонаам нест,
Бигрифту Худой хонааш дод.
Оре, ба ӯ то абад хона доштан насиб набудааст. Наздики 40 соли ҳаёташро ба сифати рӯзноманигор сарфи коғазу қалам, дар хидмати халқу Ватан карду дар хонаи иҷора зист. Имрӯз хонаи охирати акаи Усмон дар мазоре воқеъ дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат аст.

Дар ниҳоят
Одамон мекӯшанд, ки шумораи нодаркорро аз хотираи телефонаш пок созанд. Ман низ. Аммо дилам намешавад номи Усмон Солеҳро аз телефонам пок кунам. Ҳарчанде бо ин шумора дигар бо ӯ дар тамос шуда наметавонам, ҳарчанд садои он ошнои деринаро шунидан имконнопазир аст, аммо дил намехоҳад аз хотираи телефон ин навиштаро пок кунам. Зеро ҳар вақте ин навишта рӯи таблои телефон пайдо мешавад, хотираҳои зиёде аз гузаштаи дуру наздик пеши назар меоянд. Хотираҳое, ки бароям ширинанду маро ба андеша мебаранд.
Пеш аз оне, ки ба ин навишта нуқта гузорам, ин шумораро бори дигар мечинам. Ва аз гӯшӣ мешунавам: «Дастгоҳи муштарӣ хомӯш карда шуд ва ё берун аз минтақаи шабакаи фаъоят қарор дорад».
Алӣ ҶӮРА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: