Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «МО САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОНРО БЕСАБРОНА ИНТИЗОРЕМ!»

«МО САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОНРО БЕСАБРОНА ИНТИЗОРЕМ!»

8-08-2018, 10:35
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
«МО САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОНРО БЕСАБРОНА ИНТИЗОРЕМ!»
/АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари дарпешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин кишвар бесаброна интизорӣ мекашанд.

Дар ин бора чанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки барои аёдати хешу табор ва ёру дӯстонашон ба Тоҷикистон омадаанд, дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Хуршеди ҲАМДАМ изҳори назар намуданд.



Шариф ХАЛИЛ, нависанда, сокини шаҳри Термизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

«МО САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОНРО БЕСАБРОНА ИНТИЗОРЕМ!»
-Мардуми Ӯзбекистон аз сафари Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон умедвориҳои зиёд дошта, онро таърихӣ арзёбӣ менамоянд. Интизор доранд, ки ин сафар оинаи дӯстии ду халқи ба ҳам қаринро боз ҳам ҷилои нав мебахшад. Бахусус тоҷикони муқими Ӯзбекистон муштоқи дидору суҳбатҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва ин сафарро солҳои зиёд аст, ки интизорӣ мекашанд. Умедворанд, ки муносибатҳо боз ҳам густариш меёбанд ва он омили пешрафти ду кишвари ҳамсояву ҳамтақдир мегардад. Тоҷику ӯзбек бояд дасти ҳам бигрифта, дар якҷоягӣ, дар ҳамкорӣ ва ҳамзистӣ барои худ зиндагии арзандаву шоистаро созанд. Тоҷикон як мақоли машҳур доранд, ки мегӯянд: «Хаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худованд баробар аст».

Ягон гуфтаи мардум бе ҳикмат нест. Танҳо дар сурати ба ҷо овардани ҳамсоягии хуб, ки мо онро аз ниёгонамон мерос гирифтаем, метавонем комёбу сарбаланд, пеши дигар халқу миллатҳои ҷаҳон гардем. Боиси хушҳолист, ки бахусус дар соҳаи маорифу фарҳанг робитаҳо таҳким ёфта, дари донишгоҳҳои олии ҳар ду ҷумҳурӣ барои хоҳишмандони таҳсил боз мешаванд ва ҷавонони тоҷику ӯзбек дар куҷое, ки хоҳанд, таҳсил менамоянд. Ин ҳама ба рушди фарҳангу забон, пешравию ободии кишварҳо мусоидат мекунанд. Умед аст, ки ду ҷумҳурӣ дар оянда равобиту ҳамкориеро, ки гузаштагон ба он ибтидо гузоштаанд, боз ҳам тараққӣ хоҳад дод ва натиҷаҳои пурсамари онро дар кӯтоҳтарин муддат хоҳад дид.

Шерпулод ВАКИЛОВ, сармуҳаррири рӯзномаи тоҷикзабони «Овози тоҷик»:
«МО САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОНРО БЕСАБРОНА ИНТИЗОРЕМ!»

-Сафари Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон воқеан ҳам рӯйдоди таърихӣ хоҳад гашт. Зеро ин сафар дар пайи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сурат мегирад ва дар доираи ин сафар санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд. Мо мардуми Ӯзбекистон ин сафарро бесаброна интизорем. Бубинед, ки дар як муддати кӯтоҳ миёни кишварҳои мо робитаҳо шакл гирифта, аллакай дар бахши фарҳангу илм пешравиҳо ба назар мерасанд.

Сафари ҳайати фарҳангиёну донишмандони тоҷик ба Ӯзбекистон, ки ҳафтаи гузашта сурат гирифта буд, аз ин пешравиҳо дарак медиҳад. Бо сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон равобиту ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ривоҷ хоҳанд ёфт. Ин ҳама зиндагии мо — мардуми тоҷику ӯзбекро боз ҳам рангинтару моро қаринтар мегардонад. Мо рӯзноманигорон низ бо таваҷҷуҳ ба сафари Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менигарем ва аз он дастоварду натиҷаҳои судмандро интизорем.

Амрилло АВЕЗОВ, сокини вилояти Самарканд
«МО САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИКОНРО БЕСАБРОНА ИНТИЗОРЕМ!»
-Дар байни мардум мақоле ҳаст, ки «тоҷику ӯзбек гушту нохунанд ва гуштро аз нохун ҷудо карда намешавад». Ба бахти ин ду миллат раҳбарони оқилу доно ва хирадманд – Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев гардиши бузургеро дар робитаҳои ду кишвари бародар ба вуҷуд овардаанд. Мардум аз ин туҳфаи тақдир бениҳоят хурсанданд ва дар ҳаққи президентҳои ҳарду кишвар дуои хайр мекунанд. Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон бисёр дар сатҳи олӣ гузашт ва умедворам, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон низ ба Ӯзбекистон дар сатҳи баланд мегузарад.

Мо аз ин сафар интизориҳои зиёд дорем ва муносибатҳои мо аз дӯстию ҳамкории бузургон Алишери Навоӣ ва Абураҳмони Ҷомӣ маншаъ мегирад. Ба ин далел сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон идомаи анъанаи неки бародарӣ ва дӯстии ду миллати ҳамсояву ҳамтақдир маҳсуб мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: