Мо тоҷикон ҳамдилем «Посух ба мақолаи «Сулҳи нофарҷоми тоҷикон»8-08-2018, 10:00
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Пас аз баргузории ҳамоиши «тоҷикони бурунмарзӣ» ба ифтихори 21- солагии Созишкномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бо иқдоми роҳбарияти олии ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор гардид, иштирокдорони ҳамоиш пайи ҳам чанд мақолаҳоро дар саҳифаи «Паём нет» интишор намуданд, ки муҷиб донистем ба навиштаи яке аз онҳо, ки муаллиф надораду «Сулҳи нофарҷоми тоҷикон» унвон дорад, посухе гуфта бошем. Аввалан номи мақола худ носеҳеҳ ва иғвоҷӯёна аст. Мо дар нигоштаҳои пешини худ қайд карда будем, ки сулҳ маҳсули ҳар ду тараф – ҷониби Ҳукумати кунунӣ ва иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик аст. Аммо иқдом аз ҷониби давлати он вақт ҷавон шурӯъ шуд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз таҳдиду хатарҳо, ҷони хешро дареғ надошта, барои гуфтушунид ба мавзеҳои мухталиф рафтанд. Баъдан, Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳои хеш зикри нафаронеро карданд, ки дар фароҳамсозии сулҳи бебозгашти тоҷикон саҳм гузоштаанд. Дар мақола ва ҳам навори видеоӣ Эмомалӣ Раҳмон, сарвари давлати тоҷиконро яккатози майдони сиёсат хондаанд. Чаро не? Боре як рӯзноманигори хориҷӣ тариқи телефон барои ман савол дод, ки халқи тоҷик ба ҷузъ аз роҳбарияти кунунӣ ба дигар шахсият эътимод баста метавонад, ман оҷилан посух додам, ки не. Зеро барои эътимоду боварии халқро ба даст оварданд, тӯдакаш шудан лозим, орзу ормонҳо ва ниёзҳои халқро амалӣ кардан даркор. Ин гуна шахсият дар ҳоли ҳозир танҳо Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳастанду халос. Воқеан бармегардем ба сарлавҳаи мақола, чаро он чунин номгузорӣ шуда аст. Агар сулҳ нофарҷом боқӣ мемонд, пас ҳоли мо тоҷикон мисли мардуми афғон хору залил мешуд. 21 сол аст, ки мардум садои тиру тӯпро намешунавад. Дар ҳама ҷо сухан аз ободкорҳо меравад. Имрӯз симои кишвар, шаҳраку ҷамоатҳо куллан дигар шудааст. Мардум дигар аз хонаҳои одии худ даст кашида, паи эъмори хонаҳои зебо ҳастанд. Оилае нест, ки барои соҳибмаълумоткунии фарзандони худ кӯшиш наварзад. Махсусан барои ман муроҷиати чанде аз муҳоҷирони тоҷик ба Вазорати маориф ҷиҳати баргузор намудани маҷлисҳои падару модарон ба таври мустақим тариқи интернет хеле писанд афтод. Онҳо бо вуҷуди дур будан аз зодгоҳ ва Ватани хеш нисбати таълиму тарбияи фарзандони хеш бефарқ нестанд. Волидон мехоханд, ки фарзандони боодобу соҳибмаърифат дошта бошанд. Агар вазъияти кишвар номусоиду зиндагии мардум фақирона мебуд, волидон фикри таълиму тарбияи фарзандонро мекарданд, не, ҳаргиз. Сониян маҳз тинҷиву оромист, ки имрӯз якчанд қонунҳои бар манфиати давлату халқ мусоидаткунанда амсоли Конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯи кор омаданд. Ба шарофати ин тадбири халқпарварона ҳазорҳо оилаҳо маъракаҳои худро бо харҷи андак гузаронанд. Магар ин аз сулҳу ҳамбастагӣ дарак намедиҳад??? Дар нигоштаи бемуаллиф омодааст, ки Ҳукумати кунунӣ барои афви зиндониҳо коре ба сомон нарасонидааст. Магар кӯрдилон бехабаранд, ки ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии кишвар баъди ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуноҳҳои размандагон бо эълони авфи умумии пурра бахшида шуд ва роҳбари давлат ҳамагонро ба зиндагии ростин даъват намуданд. Давоми беш аз 27 соли соҳибистиқлолии борҳо дар остонаи ҷашнҳои бузурги кишвар авф эълон гардида, ҳазорон ҳазор маҳбусон, аз он ҷумла зиндониёни сиёсӣ озод карда шуданд. Дар мавриди ҷойгузин шудани 30 фоизи мақомҳои ваъдашуда дар қувваҳои иҷроия ба мухолифин танҳо ҳамин нукта кофист: он роҳбароне, ки мансаб гирифтанд бинобар надоштани дониши казоӣ хостаҳои давлат ва Ҳукуматро бароварда натавонистанд. Мисоли барҷастааш Зайд Саидов, ки барои рабудани пулҳои зиёди давлатӣ имрӯз паси панҷара нишастааст. Дигар аз даъвоҳо, ки дар мақола омадааст ин гӯиё ношаффоф доир шудани интихоботҳо мебошад. Хандаовар аст ин давъво. Зеро дар интихоботҳои солҳои 2000,2005, 2010 намояндагони ҲНИ дар парламент ду ҷойиро ишғол намуда, баъзе аз вакилон ба маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ роҳ ёфта буданд. Дар интихоботи соли 2015 сокинон аз ҳадафу мароми ҲНИ огоҳ шуда, ба ҷонибдориаш кам овоз доданд ва ин омил сабаб шуд, ки интихобот «ношаффоф» гӯиё гузаштааст. Магар хулосаи нозирони байналмилалӣ дар ин ҷода сарфи назр шудааст, дар ҳоле, ки онҳо маҳз ба хотири нақзи ҳуқуқҳояшон ба ин созмонҳои бонуфуз муроҷиат мекунанд. Ва ахиран ҳуқуқу озодиҳои ягон нафаре, ки имрӯз қонунгузории кишварро риоя мекунад поймол нашудааст ва ин дурӯғи маҳз аст, ки мухолифин даъво пеш меоранд. Мо, ба дасисаву бӯҳтонҳои душманони миллат, ки бо дасти хоҷагони беруна имрӯз садо баланд мекунанд, бовар надорем. Сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами худро куллан дастгирӣ мекунем. Медонем, ки эъмори давлати демократӣ, дунявӣ ва ягонаи худро ба ҷузъ худи мо каси дигар бунёд намекунад. Мо ҳамдилем ва руҳи шикастнопазир дорем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.