Ҳамнишинро кай шиносад он ки бунёдаш бад аст5-07-2018, 08:11
Хабарро хонданд: 263 нафар
Назарҳо: 0
Дунё чунон печутоб аст, ки баъзан аз таҳлука ва шадидтарин зарбаҳое шикаст мехӯрем, ки чашминтизораш нестем. Онеро солҳо парвариш намуда дар домани худ ҷой мекунем, нони худро бо он тақсим карда, дӯст ҳамнишин ва ҳампайванди худ месозем дар натиҷа аз пушт корде бар миёни мо мехалад. Чӣ эҳсосе дорад? Ҳам дард, алам ва ҳам ҳайрат бо ҳам тавъам гардида рӯҳу равон ва ҷисму ҷони моро месӯзонад. Ман аз бегонагон дигар нанолам, Ки бо ман ҳарчи кард он ошно кард. Ин ҳама ба онҳое рабт дорад, ки поси ошноиро надониста дар намкдон ба қавле тӯф карда мегузаранду худро забардасти ошно меҳисобад. Маҷлиси сатҳи ҳукуматӣ ки бо як тантана ва шукӯҳи хоса бо аҳли ҷомеа ва сарднишинони садри аъзам хусусан Пешвои миллат баргузор гардида буд, марбут ба масъалаи таассуфовари ҳизб ва роҳбару роҳбарияти он нуктаҳои муҳим зикр гардид. Пешвои миллат бо таассуф аз минатдории ин ҳизб ва носипосии роҳбарияти он зикр намуда аъмоли онҳоро бисёр нангину сангин иброз кард, мусаллам аст, ки солҳои зиёд онҳоро парвариш намуда ҳамаҷониба ғамхорию дастгириҳо менамудем, вале сипосгузории онҳо ба мо ба халқу миллат ва давлати мо чӣ нақше гузошт, ки дар воқеъ аз воқеиёти имрӯз ва ҳоалту зуҳуротҳои аз дасти онҳо ба вуқуъ омада далоили асоснок аст. Бедили бузургвор чунин мегуяд, ки маҳз марбут ба масъалаи имрӯз аст: Ба дил гуфтам кадомин шеъва душвор аст ба олам, Нафас дар хун тапиду гуфт поси ошноиҳо. Чунонн, ки маълуми ҳамагон аст собиқ ҳизби наҳзати исломи Точикистон, дар замони Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ соли 1978 дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар таъсис ёфта ба созмони экстремистии «Ихвон-ал-муслимин», яъне бародарони мусулмон ба таври махфиёна ҳамкорӣ ва ҳамдастӣ доштааст, ки дар муҳорибаҳо ва амалиётҳо ширкат мекардааст. Мақсади ин ҳизб барпо намудани давлати Халифат дар Тоҷикистон буда бо мухолифони давлати Тоҷикистон ҳамдаст будааст. Боиси шукр ва хушнудист, ки Худованди бузург марому мақсади ҳизби наҳзатро ба мо тоҷикон нишон дод. Ин ҳизб худ як ҳизби террористи буда, бисёр фарзандони миллатро ба гирдоби нобудӣ андохта доғ бар синаҳои дардамандӣ модарон гузошта, муҷиби оҳу нолаи ҳамсару наздикон ва ашк дар чашми кӯдакон ва бесарумон мондани садҳо оилаҳо гардидааст. Аз 26 октябри соли 1991 Анҷумани муассисони ҳизб ба таври расми баргузор шуд ва солхои 1991-1993 ҳизби мазкур ошкоро амал намуда, фаъолияти террористи мебурд. Ҳизби мазкур баъд аз шикасти сахт хӯрдан дар шаҳри Душанбе, Кофарниҳон ва Файзобод моҳи декабри соли 1992-1993 ба ноҳияҳои минтақаҳои Ғарм ҷойгир шуданд. Дар он ҷой мардумро бо роҳи зуроварӣ ба худ ҷалб мекарданд. Гӯё ба ном тартиботи исломиро ҷори мекарданд. Дар ин минтақа 14 феврали соли 1993 яке аз мубалиғони низоми исломи домулло Саъдиддин С.Т. Рустамовро роҳбари созмони навтаъсиси Шӯрои инқилобии исломии ноҳиявии Ғарм таъин намуданд. Роҳбарони ин гурӯҳ онҳоро ба чиҳод ба муқобили Ҳокимияти қонунӣ даъват намуданд. Дар матбуот ва масҷидҳо баромад намуда, аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсиони ва барпо намудани Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон даъват менамуданд. Ин созмон бисёр ҷиноятҳои вазнин содир намуд. Роҳбарони созмони ин ҳизб, яъне ҲНИТ оқибат шикасти сахт хӯрда, ба Афғонистон фирор карданд. Моҳи июни соли 1993 Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ташкил намуданд, ки ба ҳайати он намояндагони ҲНИТ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ҲНИТ дар ЧИА амал намуданд. Дар муддати ин солҳо борҳо бо сарҳади Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона бурданд. Ин ҳамалаҳо бисёр куштаҳо ба миён гузошт, вале натвонистанд ба мақсади ғаразноки худ бирасанд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти милли дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта шуд. Раиси собиқи ҲНИТ М. Ҳимматзода мақсаду мароми ҳизбро чунин баён намудааст: «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз ҷониби хоҷагони хориҷи барои иҷрои вазифаҳо дастраси мо мешуданд, ба роҳ монда шудааст». Инчунин донишҷӯёни хориҷи кӯмак мекарданд. ҲНИТ симои худашро тавассути узви фаъоли он Мулло- Абдураҳим Каримов ошкор гардонида буд. Яъне ҲНИТ аз фаъолияти пинҳони ба фаъолияти ошкоро гузашт. Мутаассифона бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИТ, аз ҷумла дар бораи барномаи сиёсии пинҳонии ҲНИТ огаҳи надоштанд. Аслан ҳизб барои Ислом бегона аст. Бунёди кардани ҳизби исломи, ки 99 фисади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, худ тафриқа андохтан миёни мардум мебошад. Тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҲНИТ-ро қабул надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳоби донистанд. Фаъолияташро номаъқул ҳисобиданд. Аммо ҲНИТ ба иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳаби нигоҳ намекард. Бо кӯмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. Боз маротибаи дуюм ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шудани ҲНИТ аъзоёни он бисёр ҷиноятҳо содир намуданда ба амалҳои террористи даст мезаданд. Бояд қайд намуд, ки ҳар ҳизби сиёсӣ иттиҳоди мураккаби ихтиёрии одамонест, ки онҳо ба умумияти манфиатҳо ҳамақида гардида, баҳри ба даст овардани ҳокимият ё ҳеҷ набошад, дар тақсими мансабҳои давлатӣ ҳадафи ширкат доранд. Ҳокимиятро ба он хотир ба даст даровардан мехоҳанд, ки тавассути он ҳадафҳояшонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ амалӣ намоянд. Ҳар кадом ҳизби сиёсӣ ҳимоякунандаи манфиатҳои гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ, синфӣ, миллӣ ва умумибашарианд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки аз ҳисоби гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ сафашро афзуда, дар ҷамъият дастгирии бештаре пайдо намояд. Аз ин хотир ҲНИТ худро дар симои ислом вонамуд намуда барои амалӣ кардани ҳадафҳои хеш аз имону имондорӣ ва дину диндории мардум аз аҳкому аҳодис зиёд истифода менамуд. Яъне аз аввали оғози фаъолият бо роҳҳои гуногун байни мардум тарғибу ташвиқ бурда аз этимоду эътиқод ва дониши кофии динӣ надоштани баъзе аз онҳо фаровон истифода менамуданд. Пайваста ба он арзишҳое даст мезанад, ки барои ҳамагон азиз ва муқаддасанд. Дину имон мафҳумҳоест, ки ҳасосияти инсонҳоро ба вуҷуд оварда ба баҳсу мунозира ва баъзан ба ҷангу гиребонгирӣ оварда мерасонад. Ин ҳама нозукиро онҳо ба хубӣ дарк кардаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар сафи аъзоёни ҲНИТ онҳое буданд, ки бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш, чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ одамкӯшӣ даст доштанд, онҳоро ҷанговарони наҳзат ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзат муҳим набуд, ки онҳо киҳоанд ва киҳоро ба қатл расонда чигуна ҷиноятҳо содир кардаанд. Мақсад амалӣ кардани ҳадафҳои ғаразноки дар нақша доштаи роҳбарият ва ҳизб буду халос. Ҳолати дигар ин буда, ки ингуна одамон пинҳон нигоҳ дошта мешуданд ва дар ҳолати ошкор гардидани онҳо роҳбари ҲНИ аз онҳо даст кашида бо онҳо ҳеҷ алоқ надоштани худро баён мекард. Аз ҳама бад он буд, ки дар ҳангоми содир шудани ҷинояти террористӣ номи тоҷику Тоҷикистон базабон оварда мешуд. Метавон гуфт, ки инро махсусан роҳбари ҳизб ташкил карда бо ин васила доғ ба номи миллату давлати мо занад. Масъалаи дигаре, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ин хуруҷ кардани гурӯҳҳои ифроти хусусан террористон аст, ки инсонҳои зиёдро бо роҳҳои гуногун ба коми оташини худ фурӯ мекашад. Дар як қатор давлатҳои исломӣ ҷангҳои харобиовар идома дорад, ки боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои зиёди иҷтимоӣ гардидаанд. Террористӣ ва ифротгароӣ беш аз ҳар вақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри кунунӣ табдил ёфтааст. Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт. Яке аз ташкилотҳои ҷудоандози террористӣ ин ҳизби наҳзат мебошад, ки бо дигар гурӯҳҳои ифротию террористӣ ҳамкорӣ дошта ба вайрон сохтани ҷомеаи ором ва хонаҳои зиёди мардум нақши бориз доштааст. Чӣ гунае, ки дар сарчашмаҳо қайд гардидааст барои роҳбарияти наҳзат фарқ надорад, ки ҷанг дар куҷо мегузарад ва нисбат ба кӣ сурат мегирад, муҳим дар чунин муҳорибаҳо, ки зери номи ислом, бо шиори ҷиҳод мебошад ширкат варзидан ва инсоҳои зиёдро ба ин гирдоби нобудӣ роҳнамоӣ кардан аст. Аз сарчашмаҳои муътамад маълум гардид, ки террористи араб бо номи Амир Хаттаб, ки дар Қафқоз ба қатл расонида шуд, бо даъвати ҲНИТ аввалин амалиёти ҷангии худро дар мавзеи тавилдара гузаронида будааст. Аксарияти тоҷиконе, ки бо роҳнамоии ҲНИТ дар ҷангҳои Сурия иштирок кардаанд ҳалок гирдидаанд, ки кафорати хуни онҳо ба гардани роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ аст. Бо дастгирии ин ҳизб ва ба монанди роҳбару роҳбариятҳои ҳизбҳои ифротӣ ҷавонон сафи созмонҳои экстремистӣ ва терроистиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам аъзоёни ингуна сафҳо ҳастанд. Бояд қайд кард, ки аксари ҷавонон дар бори заминаи идеологӣ доштани гурӯҳҳои ифротӣ тасаввурот надорандонҳо зери таъсири шиорҳи баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд. Хусусияти дигари ҷавонон ҳамчун субъекти иҷтимоӣ муносибатҳои сиёсӣ аз хусусиятҳои шуури ҷавонон, ки на танҳо бо синну сол балки ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ин гурӯҳ вобаста аст, алоқаманд мебошад. Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ сиёсӣ, динӣ қарор мегирад. Аз ин рӯ, сарнавишти ҷавонон аз он қувваҳои сиёсие, ки бештар ба ташаккули ҷаҳонбинии онҳо таъсири мерасонад, вобастагии калон дорад. Аз рӯи хабари сарчашмаҳо ТЭТ ҲНИТ вақтҳои охир аз таҷрибаи маккоронаи ДИИШ эҳтиёткорона истифода бурда, усулҳои махфии навро ба манфиати наҳзат ва масъулинаш барои ҷалби ҷавонон ба ҳалқаи худ мавриди истифода додааст. Ин гурӯҳҳои наҳзатиро нафароне ташкил мекунан, ки дар қароргоҳҳои махфии низомии ДИИШ таълими террорӣ гирифта, бевосита ба содир намудани ҷиноятҳои мудҳиш аз қабили қатлу ғорат, одамрабоӣ, одамкушӣ ва ба монанди инҳо мебошад. Ин гурӯҳҳоро «ҷанговарони қавиродаи наҳзат» меномиданд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо мақсади роҳбарони ТЭТ ҲНИТ ба даст овардани ҳукумронии давлат ва ҷорӣ намудани режими «Ихвон-ал-муслимин» будааст. Худи ҲНИТ шохае аз «Ихвон-ал-муслимин» буда, бештари роҳбарони он дар асосӣ китобҳои саркардагони ихвонӣ ҳадафҳои худро барои бунёди давлати исломӣ ба роҳ мондааст. Мақолае, «Ҳизбе, ки ҳамсафи гурӯҳҳои террористи буд» ки дар нашрияи «Минбари халқ» чоп шуд, бори дигар исбот мекунад, ки ин ҳизби террористию экстремистӣ аз ибтидо нақшаи ноором кардани кишварро дошта, тамоми эъломияҳо ва изҳороти роҳбарияти он сарнагум кардани мардум ва шуури онҳоро ба даст гирифтану дар он коштани тухми нифоқ, бадбинӣ ва адовату хушунатро нисбат ба давлату ҳукумат ва халқу миллати Тоҷикистон будааст. Дар мақолаи мазкур, ки дар яке аз рӯзномаҳои маъруфи Миср «Ал-ҳаром» чоп шудааст, ошкоро гуфта мешавад, ки ҲНИТ бо чанде аз созмонҳои террористӣ аз қабили ДИИШ «Ҷабҳат ан нусра», «Ҷайш ал ҳур», «Ихвон-ал-муслимин» ва дигар ташкилотҳои экстремистию террористӣ робитаҳои доимӣ доштааст. Имрӯзҳо муаассифона аъзоёни ҲНИТ аз хориҷ ба сӯи миллату давлати худ санг андохта сари барпо сохтани нифоқ ва нооромиҳоро дар ватани худ доранд. Онҳо зери ҳимояи хоҷагони хорҷии худ қарор дошта ҳадафи теша задан ба решаи худро таҳрезӣ мекунанд. Алии Ҷӯйё |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.