Табобати склерози рагҳо ба воситаи гиёҳҳои шифобахш22-06-2018, 08:54
Хабарро хонданд: 517 нафар
Назарҳо: 0
Склерози рагҳо бемории музмина буда, асоси он дар пайдо шудани доғҳои холесгерин дар қабати дарунии рагҳо мебошад, ки шараёни хунро халал мерасонад, яъне ба равиши хун халал ворид карда, равандҳои дисгрофикӣ ва склеромикиро ба вуҷуд меорад. Дар замони муосир атеросклероз ниҳоят зиёд дучор меояд, ки асоси он вайрон шудани мубодилаи равған бо сафедаҳо мебошад. Дар хун равған ба сафедаҳо пайваст шуда, ба липокротеидҳо табдил меёбад. Липокротеидҳо ба кабати дарунии рагҳо гузашта, дар онҳо доғҳоро ба вуҷуд меоранд. Пешгирии пайдо шудани атеросклероз ду намуд аст: дараҷаи аввал ва дараҷаи дуюм. Пешгирии склерози дараҷаи аввал барои дуруст ба роҳ мондани тарзи истеъмоли хӯрок, тартиби истироҳат, тартиби меҳнат равона шудааст ва барҳам додани омилҳои асосии бемор аз қабили вазни зиёди бадан, сигоркашй, табобати бармаҳали бемориҳое, ки сабаби склероз мешаванд, ба монанди фишорбаландӣ ва диабети қанд. Дар ин самт тибби халқӣ як қатор табобатҳоро тавсия медиҳад ва аз ҳама беш истеъмоли сабзавот, ки дар мубодилаи равған ба сафедаҳо таъсири мусбат доранд. Баъзе олимон сӯзанзаниро низ тавсия медиҳанд, хусусан дар хати дил (мередиан сердца). Бо ангушти калон зер кардани нуқтаи Хе-гу-ро, мувофиқи таппиши дил иҷро намудан лозим аст (акукресура). Ҳамчунин бисёр нӯшидани шарбатҳоро тавсия медиҳем, аз қабили: - шарбати лимӯ, онро ба хӯришҳои (салат) сабзавотӣ бе илова кардани намак ҳамроҳ кунед, хубтар аст,. - шарбати ангур, дар як шарбонарӯз то 500 мл - шарбати лаблабу, то 1-1,5 стакан дар як рӯз. Шарбати зерин барои муолиҷа фисёр муфид аст: -омехта кардани 200 гр шарбати себи кабуд, 200 гр шарбати сабзӣ, 200 гр шарбати петрушка, 250 гр шарбати лиму ва ба андозаи 1 қошуқи ошхонагӣ 3 маротиба истеъмол намудани он дар муддати то 2-3 моҳ, барои пешгирӣ намудани атеросклероз мусоидат хоҳад кард. Мақоми қоқу, чй дар тибби қадим ва чй дар тибби муосир барои муоличаи ин беморй дар ҷои аввал аст. Метавонед қоқуро бе намак ҳар рӯз 10 дона истеъмол кунед, ё ин ки, 20 дона решаи онро дар 4 стакан об ҷӯшонида, ба андозаи як қошуқи ошхона З маротиба дар давоми 2-3 моҳ истеъмол намоед. - субинак, пудина, ҷамбилак, кокутй низ атеросклерозро пешгирй менамояд, инҳоро чой карда, давоми 2-3 моҳ 100-200 гр. 3 бор нӯшидан лозим аст. -5-6 гули сияҳгӯшро дар 4 стакан об ҷӯшонед, 1 қошуқи ошхонагй 3-4 маротиба нӯшед, барои дуруст намудани мубодилаи холистерин фоида дорад. - хучро 1-1,5 моҳ метавонед монанди чой тайёр намуда, 1 пиёлагй 3 бор нӯшед. То 2 моҳ дам гирифта, боз 2 моҳи дигар истифода баред. Дар тибби халқй гиёҳҳою меваҳои зиёдро тавсия мекунанд. Вале ҳар як шахс онҳоро мувофиқи мизоҷаш бояд интихоб намояд ва исгифода барад. Аз сабзавотҳо карам, боимҷон, сир, пиёз, сабзӣ, шибит, гашнич ва ғайраро маслиҳат медиҳем. Бо тарзи хом истифода бурдани онҳо муфидтар аст. Тавсияҳо: агар 15 гр. хучро бо илова кардани 10 гр. пудина, ЗО гр. барги зуф, 10 гр. субинак дар 1,5 л об ҷӯшонида, мисли чой, ба муддати 3-5 моҳ ба андозаи 50 граммй 3 бор дар як шабонарӯз нӯшед, мубодилаи холестеринро дуруст менамояд, асабро ором, дарди сарро рафъ месозад. Олимон аз ҳама беш сирпиёзро барои дуруст намудани мубодилаи холестерин тавсия мекунанд. То нимаи зарфи 0,5 литра сирпиёзи резакардаро меандозед ва пур аз об мекунед, 5-10 рӯз нигоҳ медоред ва ҳар рӯз онро омехта менамоед, сипас 5-10 чакрай 3 бор пеш аз хӯрок менӯшед (истеъмолро 2-3 моҳ идома диҳед). Ҳамин даворо дар спирт ё арақ низ тайёр намудан мумкин аст ва 1 қошуқчагй 3 бор истифода кардан ба манфиат хоҳад буд. Равғанҳои растанй низ барои табобат ва пешгирии атеросклероз аз фоида холй нест. Хусусан равғани облипиха, ки инро дар таҷрибаи худӣ истифода бурдаем. Равғани номбурдаро 1 қошуқчагй 2-3 маротиба, 30 дақиқа пеш аз хӯрок хӯрдан лозим аст. Такрори ин намуди табобат дар якчанд бемор натиҷаи хуб дод. Аз доруҳо таъсири хуб Асonite 30 мерасонад, майнаро ором мекунад, тарси маргро нест карда, авҷи баландшавии фишори хунро пешгирй менамояд. Аконита 30 дар вақти дарди сахт дар ноҳияи дил, халлаи сахт дар байни қабурғаҳои IV- XI аз тарафи чапи қафаси сина пайдо шудан таъиноташ муфид аст. Аконита 30-ро бояд 1-тогй баъди ҳар 2 соат то 4 маротиба қабул кард. Сrataegus (боярышиник), дӯлона - 20-30 қатра, 3-4 маротиба 20-30 рӯз. Қобилияти кори дилро муътадил сохта, фишори хунро паст ва таппиши дилро кам менамояд. «Курдлипид» намегузорад, ки дар бадан равған зиёд шавад, атросклероз ва дистрофияи ҷигарро пешгирй мекунад ва дар муддати қабули ин дору аз хӯрокҳои камғизо истифода намудан лозим меояд. Орзу Замунов, Муасисаи давлатии маркази тибби шаҳри №1 ба номи Карим Ахмедов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.