Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » 1 ИЮН ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ БАРГУЗОР МЕШАВАД. Дар кори он баррасии 14 лоиҳаи санадҳо оид ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар назар аст

1 ИЮН ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ БАРГУЗОР МЕШАВАД. Дар кори он баррасии 14 лоиҳаи санадҳо оид ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар назар аст

23-05-2018, 08:30
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
1 ИЮН ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ БАРГУЗОР МЕШАВАД. Дар кори он баррасии 14 лоиҳаи санадҳо оид ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. 1 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Зимни ҷаласаи мазкур баррасии 14 лоиҳаи санадҳои марбут ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар доираи ИДМ дар назар аст. Дар ин бора сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Дар ҷаласаи хоса интизор меравад, ки перомуни масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисодӣ табодули афкор сурат гирад. Маълумоти раиси Гурӯҳи кории сатҳи баланд оид ба рафти музокирот вобаста ба лоиҳаи Созишнома дар бораи хизматрасониҳои тиҷорати озод шунида хоҳад шуд. Ҷонибҳо сана ва макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯроро мувофиқа хоҳанд кард.

Дар ҷаласаи ҳайати васеъ баррасии як зумра санадҳои соҳаи иқтисодӣ дар назар аст. Аз ҷумла, лоиҳаҳои: Консепсияи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи рушди инноватсионии энергетика ва таҳияи технологияҳои пешқадами энергетикӣ ва Нақшаи тадбирҳои авлавиятнок оид ба татбиқи он; Созишнома оид ба ташаккул ва рушди бозори моликияти зеҳнии давлатҳои иштирокдори ИДМ; Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар самти идораи партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ ва ғайраҳо.

Илова бар ин, қарор дар бораи тартиби таҳия ва маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионии байнидавлатӣ ва чорабиниҳо дар соҳаи барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии то соли 2020 баррасӣ хоҳад шуд.

Дар бахши гуманитарӣ сарони ҳукуматҳо маҷмӯи амалҳои муштараки кишварҳои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳорӣ дар давраи то соли 2025-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар ин бахш лоиҳаҳои қарорҳо оид ба Низомнома дар бораи Конгресси омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои иштирокдори ИДМ ва дар бораи Лоиҳаи байналмилалии ҷавонони давлатҳои иштирокдори ИДМ «100 ғоя барои ИДМ» низ муҳим ба шумор мераванд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин муҳокимаи натиҷаҳои санҷишҳои фаъолияти молиявию иқтисодии мақомоти Иттиҳод дар соли 2017 гузаронидашуда, ки аз ҷониби буҷаи ягонаи мақомоти ИДМ маблағгузорӣ шуданд, қабули қарорҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба Низомнома дар бораи Котиботи Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои иштирокдор, дар бораи таъйини муовинони Раиси Кумитаи иҷроия – Котиботи иҷроияи ИДМ ва Раиси Кумитаи омори байнидавлатии ИДМ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷалсаи қаблии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 3 ноябри соли 2017 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида буд. Дар он доираи васеи масъалаҳои ҳамгироии давлатҳои аъзои Иттиҳод баррасӣ гардид. Иштирокдорони ҷаласа изҳороти сарони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ дар бораи муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати муқовимати самарабахш ба ҷинояткорони байналмилалӣ қабул намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: