Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳисор: 110 донишҷў ба сафи ҳизб пайвастанд

Ҳисор: 110 донишҷў ба сафи ҳизб пайвастанд

8-05-2018, 09:47
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
Ҳисор: 110 донишҷў ба сафи ҳизб пайвастанд
1 майи соли равон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва НТҶҶ «Созандагони Ватан» бо иштироки меҳмонон аз Кумитаи марказии ҲХДТ, зиёда аз 700 нафар донишҷўёну омўзгорони коллеҷи тиббӣ ва омўзгории шаҳр бо ҷалби волонтерони НТҶҶ «Созандагони Ватан», намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар Кохи бошукуҳи фарҳанги ин бостоншаҳр дарси сиёсӣ гузаронида шуд. Дар он Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзўи «Нақши ҲХДТ дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ», Илҳомҷон Ҳамидов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзўи «Тарзи услуби замонавии таблиғу ташвиқ бо истифодаи самарабахши ВАО дар маъракаҳои сиёсӣ», Умеда Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Ҳисор, Сория Баротова, сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Ҳисор дар мавзуи «Ҷалби занон ва ҷавонон ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», Рустам Муҳаммадзода, директори коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор ва ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Табибон» иштирок ва суханронӣ намуданд.
Фаррух Аловиддинов, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор чорабиниро ифтитоҳ бахшида, оид ба муҳимияти гузаронидани чунин маъракаи сиёсӣ сухан ронд:
-Мақсад, маром ва ҳадаф аз баргузории дарси сиёсии имрўзаи мо танҳо ба хотири баланд бардоштани савияи дониши сиёсии ҷавонон аст.
Қисмати асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Зеро ҷавонон бо қувва ва неруи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд.
Воқеан, ҷавонони ҳамсоли истиқлол имрўз мактабҳои олиро хатм кардаву дар соҳаҳои гуногун ба фаъолият шурўъ намудаанд. Онҳо, ки диду нигоҳи муосир доранд, дар ташаккул ёфтани давлат ва эъмори ҷомеаи демократӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт. Имрўз нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои мухталифи мамалакат ва барои пешрафти ҷомеаи солиму мутамаддин басо назаррас ба чашм мерасад. Хушбахтона, солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат нисбати дастгирии ҷавонон боз ҳам бештар гардида истодааст.
Ҳисор: 110 донишҷў ба сафи ҳизб пайвастанд

Такя бар дастгирию ҳидоятҳои сулҳҷўёнаи Сарвари давлатамон, ҷавонони кишвар кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тамоми неру ва қувваи худро баҳри аз худ намудани дониш ва барои ободии диёри маҳбубамон сафарбар намоянд. Ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил нашаванд ва ҳамсолони худро аз роҳҳои бад боздошта, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Албатта, дар ин самт нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бузург аст, ки дар барномаҳояш ба ҷавонон ва ниёзу талаботи онҳо ҷойгоҳи махсус дода шудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» амал менамояд.
Ҳадафи якум ва муҳимтарини мо ҳифз кардан ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ мебошад. Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рўз аз рўз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархўрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромўш насозем. Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, ба хусус наврасону ҷавонон ҳадафи дуюми мо маҳсуб меёбад.
Ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои муайян тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии қисмате аз ҷомеа, махсусан гурўҳҳои алоҳидаи ҷавонон авзои сиёсиву иҷтимоии як қатор кишварҳоро ноором ва давлатҳои ободро ба харобазор табдил медиҳанд. Мардум бояд моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади неруҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона дарк карда тавонанд.
Ҷомеаи мо бояд донад, ки ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.

Маҳмадулло Наимов, мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ зикр кард, ки мақом ва нақши ҷавонон дар стратегияи ҳизб басо муҳим арзёбӣ мегардад:
-Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ҳуҷумҳои иттилоотиву фарҳангӣ, хатари терроризму ифротгароӣ ва амсоли ин хатарҳо нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб хеле муҳим аст. Тоҷикистон аз лиҳоли синну соли аҳолӣ кишвари ҷавон маҳсуб мегардад ва табиист, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат дар навбати аввал ба онҳо равона гардидааст. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаву стратегия барои рушди устувор таҳия ва қабул кардааст ва пешниҳодҳои кишвари мо, дар мисоли амалиёти «Об барои ҳаёт» ва монанди ин барномаҳои сатҳи байналмилалӣ, ки ҳадафҳои созандаи манфиатбахш барои ҷомеаи башарӣ доранд, аз ҷониби давлатҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти бонуфузи дунё қабул гардидаанд. Сол аз сол обруву нуфузи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ меафзояд, сатҳи рушди иқтисодиёти ватанӣ ва зиндагии мардум рў ба баландшавӣ доранд, ки ин тамоюли мусбӣ бозгў аз сиёсати дурусти пешгирифтаи дохиливу хориҷии роҳбарияти давлат аст. Айни замон дар кишвар лоиҳаҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ роҳандозӣ мегарданд ва саҳми ҷавонон дар амалӣ сохтани онҳо назаррас аст. Роҳбарияти давлат ва қувваи пешбарандаи ҷомеаи муосири мо-ҲХДТ қишри ҷавони ҷомеаро дар меҳвари сиёсати хеш қарор додааст ва пайваста дар бораи рушди маънавию фарҳангӣ ва иҷтимоии он тадбирҳои муҳим меандешад.
Муовини раиси шаҳри Ҳисор Умеда Абдуллозода ба сухан баромада, оид ба нақши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар роҳандозӣ намудани сиёсати Ҳукумати кишвар дар шаҳр маълумот дод. Ҳамчунин Дилрабо Маҳмадова ва Фарзона Асоева, донишҷўёни коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо маърузаҳои хеш баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки айни замон 617 нафар донишҷўёну омўзгорони коллеҷи тиббии шаҳр ба сафи ҳизб шомил шудаанд. Аз ин шумора 545 нафар шахсоне, ки моҳҳои март ва апрел ариза пешниҳод намуда, ба сафи ҳизб қабул шудаанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба 110 нафар аъзои ҳизб, ки моҳи март ба узвияти ҳизб қабул шуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуд. Барои тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва дар ин замина мустаҳкам намудани мавқеи ҳизб дар ҷомеа ва пешрафти аҳли ҷомеа саҳми назаррас гузоштанашон 7 нафар фаъолони ҳизб бо Сипосномаи Кумитаи иҷроия сарфароз гардонида шудаанд

Азамат Дўстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: