Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РӮҲИ ҶОМИВУ НАВОӢ ШОД ГАРДИД

РӮҲИ ҶОМИВУ НАВОӢ ШОД ГАРДИД

5-04-2018, 09:02
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
РӮҲИ ҶОМИВУ НАВОӢ ШОД ГАРДИД

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар санаҳои 9-10-уми марти соли ҷорӣ боис гардид, ки дар муносиботи дӯстиву ҳамкорӣ ва иқтисодиву иҷтимоии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳифаи нави таърихӣ боз гардад. Тавре ҳангоми мулоқоти сарони ин ду кишвар баён гардид, ки дӯстии тоҷику ӯзбек таърихи дерина дошта, ба имзо расидани 27 созишномаи дутарафа боз ҳам дӯстиву рафоқатро дар шакли нав таҳким мебахшад. Аз ин амали неки сарони хирадманди ду кишвар ангезаи хубу қаноатмандӣ ва ҷонибдории мардуми ду кишвари ба ҳам дӯст бараъло эҳсос мешавад. Иқдоми бузурге дар таҳкими дӯстӣ ва рафоқати ду миллати дӯсту бародар гузошташуда минбаъд барои рушди фарҳанг, адабиёту санъат ва маориф дар қаламрави Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ мусоидат хоҳад намуд. Тавассути тарҷумаи осори бадеӣ, адабӣ ва таърихӣ ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ, ки дар мулоқоти сарони кишвар зикр гардид, минбаъд таркиби луғавии забонҳо аз истилоҳҳои милливу таърихӣ ғанӣ хоҳад гардид ва барои амиқу дақиқ омӯхтани таърихи пурифтихори кишварамон заминаи мусоид фароҳам хоҳад омад. Таркиби луғавии забони адабии тоҷикӣ хеле пурғановат буда, дар гузашта аз он мардумони дигари сарзаминамон самаранок истифода мебурданд ва пас аз ин воқеаи таърихӣ боз ҳам соҳибқаламону адибони Ӯзбекистон бештару беҳтар орзуву ормонҳои худро тавассути вожаҳои ноби забони тоҷикӣ баён хоҳанд намуд. Барои рушди бемайлони фарҳангу маориф дар ду кишвар заминаи хуби ҳуқуқӣ, фароҳам оварда шуд. Акнун аз ин шароити мусоид истифода намуда, барои такмилу тавсеаи таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи филологияи тоҷик бо назардошти манфиатҳои мардуми ду кишвар бошем. Боз ин воқеаи таърихӣ имконоти хуб медиҳад, ки дар байни донишкадаву донишгоҳҳои филологӣ робитаи илмӣ барқарор гардад ва барои омӯзишу таҳқиқи гӯишҳои тоҷикӣ ва номҳои ҷуғрофии мавзеъҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон ба таври бояду шояд холисона мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳарчанд дар ин самт иқдоми нахустин дар асри XX гузошта шуда бошад ҳам, таваҷҷуҳи кунунӣ билкул бояд фарқ кунад. Фарқ дар он аст, ки муносибати феълӣ дар ин самт аз нигоҳи баробарию бародарӣ буда, иҷроиши ин амал барои таҷассуми ормонҳои таърихӣ дар кишварҳои мустақил сурат мегирад. Мо аҳли илму фарҳанг аз падид омадани ин кори таърихӣ
дар байни ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар нақши муассиру боризи ду фарзанди фарзонаву оқил ва сарварони хирадманду дурандеш, Президентони мамлакатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро бузург медонем ва ба он арҷ мегузорем. Маҳз саъю кӯшишҳои пайваста ва бесобиқаи ин ду абармард буд, ки санадҳои муҳимми таърихӣ баҳри устувору абадӣ гардидани ин дӯстӣ, ҳамзистӣ, ҳамдилӣ, осоиштагӣ, равуои бемамониат, инкишофи савдову тиҷорат, рушди сайёҳӣ дар байни ду кишвар ба имзо расонида шуд. Ин санадҳои таърихии баимзорасида дигар намегузорад, ки қувваҳои аҳриманӣ ба дӯстии деринаву абадии ду бародари як себу ду кафон рахна андозад. Дигар дар марзҳои ин ду кишвари соҳибистиқлолу соҳибтамаддун ба ҷойи таънаву маломат, симхору деворҳои бетонӣ садои фораму гуворо ва ҷаззоби «Марҳабо, дӯсти азиз, ба хонаи худатон хуш омадед!» бо забонҳои ширини тоҷикиву ӯзбекӣ шунида мешавад, ки ин боз бештару беҳтар арҷгузорӣ ба хидмати ду сарвари бузург хоҳад шуд. Аз ин корҳои шоистаи сарони кишвар рӯҳи Ҷомиву Навоӣ бешак шод гардид.

Сироҷиддини Эмомалӣ,
декани факултети филологияи ДМТ,
Дилмурод Ҳомидов,
дотсенти кафедраи таърихи забон
ва типологияи ДМТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: