Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Варзоб”

Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Варзоб”

11-03-2018, 07:59
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Варзоб”

Дирӯз дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрии “Варзоб”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 9 март бо маросими истиқболи расмӣ оғоз гардида, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию бародарии халқҳои ду кишвар неку бобарор баргузор шуд, 27 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Аз ҷумла, яке аз чунин санадҳои ояндадор Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад, ки дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев имзо карда шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки бо далели кӯҳсор будани 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистон айни замон 6 самти афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар муайян шудааст, ки инҳо туризми кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳиву варзишӣ, алпинизм, туризми таърихию фарҳангӣ, туризми этнографӣ ва туризми экологӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 1999 бо истифода аз табиати биҳиштосои кишвар ва баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ 3 минтақаи кишвар - Варзоб, Ромит ва Балҷувон ба ҳайси минтақаҳои сайёҳӣ эълон гардиданд, ки барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва сайёҳон мусоид мебошанд. Ҳамчунин рушди соҳаи сайёҳиро дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризми дохилӣ” танзим менамояд.

Дар қароргоҳи беруназшаҳрии Варзоб Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев табиати зебову оби мусаффои дарёи шухи Варзобро тамошо карданд.

Дар ҳақиқат боду ҳавои тозаву обҳои мусаффои ин мавзеъ ба руҳи инсон ҳаловат мебахшад.

Ин мавзеъ бо фазои мусоидаш ва табиати нотакрораш макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ва маҳалли вохӯрии сатҳи олии Сарони давлатҳои хориҷ гардидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: