Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бедил таҷаддудист либоси хайёли ман …

Бедил таҷаддудист либоси хайёли ман …

15-12-2017, 09:16
Хабарро хонданд: 304 нафар
Назарҳо: 0
Бедил таҷаддудист либоси хайёли ман …
Дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида 25-солагии таҳкими дӯстиву муносибатҳои дипломатии Ҳиндустону Тоҷикистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон чорабинии илмӣ-фарҳангӣ дар мавзӯӯи «Мирзо Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ дар сарзамини тоҷикон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ Сафири Ҷуҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Сомнатҳ Гош, ноиби президенти АИҶТ Муҳаммад Абдураҳмон, директори Институти Осиё ва Аврупои АИ ҶТ Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ва дигар мутасаддиёну олимон ва муҳаққиқон иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ҷараёни ҳамоиш инчунин, олимону мутахассисон, ки корҳои худро дар мавзӯи ҳаёт ва осори Мирзо Абдулқодири Бедил анҷом додаанд, маърӯза карданд. Зикр гардид, ки Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, файласуф ва мутафаккири форсизабони Ҳиндустон буда, дар байни адибону шоирони классики форсу тоҷик шӯҳрати бузург дорад. Ӯ соли 1644 дар шаҳри Азимободи Патнаи Ҳинд ба дунё омадаст. Падар ва бобои Бедил аз мардуми атрофи Самарқанд буда, дар замони хунрезиҳои мазҳабии хонҳои ӯзбек ва Сафавиёни Эрон тарки ватан карда, рӯ ба Ҳинд овардаанд. Гузаштагони Бедил аз сипоҳиён будаанд ва худи ӯ низ сипоҳизода аст. Садриддин Айнӣ ба таркиби номи Бедил ва хешовандонаш илова гардидани калимаи «мирзо»-ро далели сардори бузург будани яке аз гузаштагонаш донистааст. Шоир дар шароити таърихии сиёсию иқтисодии мураккабе зиндагӣ ва эҷод карда, 77 сол умр дидааст.
Дар мавриди эҳтиром ва мухлисии зиёд доштан бе шеъру каломи Бедил дар Тоҷикистон шоири афғон Халилулоҳи Халилӣ дар муқаддимаи «Девони Бедил» чопи Кобул чунин мегӯяд: «Дар Тоҷикистон низ то давраи муосир ба таври махсус ошкор аст, ки ғазалҳои Бедилро шуарои Тоҷикистон тахмису истиқбол ва тазмини бисёр кардаанд ва назари навъи таъбироту таркибот ва қолабҳои шеърӣ ҳанӯз ҳам таъсири ӯро дар шеъри имрӯзаи Тоҷикистон метавон дид».
Аз ин рӯ метавон гуфт, ки дар кишвари мо кам нафароне ҳастанд, ки ба шеъри ин шоир майле надошта бошанд. Бедил дар эҷодиёти худ умдатарин қисмати осори бадеӣ ва ҳунари адабии шоирони тоҷику форсро аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ ва андешаҳои адабию фалсафии Саноию Аттор, Ҷалолуддини Румӣ ва Ибни Арабиро таҳлил намудааст. Фалсафаи бостонии Эрони Қадим, Юнону Ҳинд ва Араб ба инкишофи ақидаҳои адабию фалсафӣ замина гузоштаанд, ки дар натиҷаи бардошт аз дастовардҳои гузаштагон Мирзо Бедил афкори фалсафии хешро қавӣ намуд. Аҳли илму адаб Бедилро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд, ки ифодаи падари маъниҳоро дорад.
Бедил адиб ва файласуфи сермаҳсул буд. Аз мероси ӯ 65 ҳазор байт осори манзум ва қариб 50 ҷузъи чопӣ асарҳои насрӣ боқӣ мондааст. Қисми асосии асарҳои Бедил дар «Куллиёт»-аш, ки соли 1882 дар Бомбей чоп шудааст, гирд омадаанд: «Дебоча», «Ирфон», «Тӯри маърифат», «Нукот», «Ишорот ва ҳикоёт», «Руқаот», «Чор унсур», «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат», «Ғазалиёт», «Рубоиёт», «Қасоид», «Қитъаот», «Таркибот ва тарҷеот», «Ташбеҳот ва тамсилот» ва ғайра. Ғайр аз асарҳои чопии Бедил дар деҳаю шаҳрҳои Осиёи Миёна нусхаҳои сершумори дастнависи осори шоир дар китобхонаҳои шахсӣ мавҷуданд.
Дар доираи ҳамоиш китоби «Зиндагиномаи Бедил»-и Бобобек Раҳимӣ, ки бо дастгирии Сафорати Ҳиндустон нашр гардидааст, ба иштирокдорон муаррифӣ карда шуд.
Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: