DataLife Engine > Рохбарият > РӮ БА РӮ БО МАРДУМ

РӮ БА РӮ БО МАРДУМ


4-08-2017, 12:59. Разместил: orifi

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои КИМ ҲХДТ, рӯзи 3-юми августи соли 2017, вохӯрии Муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад бо фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Қубодиён, Носири Хусрав ва Шаҳритуси вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар суҳбати рӯ ба рӯ Муовини якуми Раиси ХҲДТ С. Фаттоҳзода аз дастовардҳои истиқлол ёдовар шуда, аз чумла зикр карданд, Истиқлолияти давлатӣ шароити арзандаро барои ташаккул, шинохт ва татбиқи манфиатҳои миллии кишвар ба вуҷуд меорад. Дар тӯли зиёда аз 25 соли истиқлолияти давлатӣ тамоми рамзҳои давлати соҳибихтиёр шакл гирифтанд, ки имрӯз дар самти рушд додани эҳсоси ватанпарастӣ ва давлатмеҳварии шаҳрвандон васеъ истифода мешаванд.
Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз афзалиятҳои доимии давлати миллӣ ба шумор меравад ва барои татбиқ гардидани манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад,-гуфт С. Фаттоҳзода ва афзуд:
-Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти ҳаётӣ пайдо мекунад.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем.
Дар ин росто, ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, ба хусус наврасону ҷавонон ҳадафи дуюми мо маҳсуб меёбад. Зеро ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои муайян тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии қисмате аз ҷомеа, махсусан гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, авзои сиёсиву иҷтимоии як қатор кишварҳоро ноором ва давлатҳои ободро ба харобазор табдил медиҳанд.
Пеш аз ҳама аъзои ҳизб бояд моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади неруҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона дарк карда тавонанд.
Ҷомеаи мо бояд донад, ки ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Дар ин кори пурмасъулияту ватандӯстона низ аъзо ва фаъолони ҳизбамон дар ноҳияҳои Қабодиёну Шаҳритус ва Носири Хисрав метавонанд дар сафи пеши муборизони сулҳу ваҳдати миллӣ қарор гирифта, барои муттаҳидии халқу миллат талош варзанд ва нагузоранд, ки зиндагии ободу осоиштаи моро касе халалдор намояд, -зикр намуд С. Фаттоҳзода
Дар вохӯрӣ инчунин Аҳмадҷон Ализода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба сухан баромада, муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самадро бовар кунонид, ки ҳизбиёни вилояти Хатлон дар амалӣ гардидани дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда гузошта, баҳри таъмини зиндагии шоиста, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, беҳтар шудани сатҳу сифа зидагии аҳолии вилоят аз тамоми имкониятҳо мебаранд.
Вернуться назад