Гитлер ахиран ёфт шуд?7-08-2017, 14:13
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
Муҳоҷири 128-солаи олмоние, ки дар Аргентина ба сар мебарад, иддао дорад, ки ӯ собиқ доҳии фашизм Адолф Гитлер мебошад. Ин марди кӯҳансол изҳороти ҳангомабарангезашро дар мусоҳибаи худ барои рӯзномаи испанизабони «El Patriota» дастраси омма намуд. Шахсе, ки худро собиқ диктатори олманӣ эълон намудааст, иқрор шуд, ки 70 соли ахир аз тарси ҷазо зери номи бофташуда пинҳон гашта буд. Аммо бисёри одамон ба ин бовар надоранд, чун ин марди куҳансол мубталои бемории дементсия (заифияти ақл) аст. Рӯзномаи испанизабони «El Patriota» ба наздикӣ маводи калонеро ба ин мусоҳиби ғайриоддӣ бахшид. Изҳороти ҳайратангез аз забони марде бо исми Герман Гутенберг садо дод. Пирамард мегӯяд, ки ҳамон вақт ба қароре омад, ки шахсияташро эълон дорад, ҳангоме маълум шуд, ки хадамоти ҷосусии исроилӣ тасмимоти ҷустуҷӯи ҷинояткорони ҳарбии Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонро қатъ карданд. Гутенберг, ки худро Адолф Гитлери ҳақиқӣ эълон кардааст, иброз медорад, ки гуноҳи худро эътироф намекунад, чун иддао дорад, ки ҳодисаҳо тамоман дигар сурат мегирифтанд, агар ӯ дар ҷанг ғалаба мекард. Ҳамчунин ӯ эълон дошт, ки тасмим гирифтааст тарҷумаи ҳоли худро нависад ва дар он паҳлуҳои номаълуми ҳаёташ инъикос хоҳанд ёфт, ки ҳангомабарангез хоҳанд буд. Эътирофи ин марди пиронсолро бисёриҳо ҷиддӣ қабул накарданд. Ба ин ҳатто зани ӯ, Ангела Мартинез, ки ҳамроҳаш 55 сол зиндагӣ кардааст, бовар надорад. Ангела мегӯяд, ки ба гумони ғолиб шавҳараш дар ҷиноятҳои ҳарбии Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ даст доштааст, аммо Адолф Гитлер будани ӯ зери суол мемонад. Ҳамсари Гутенберг-Гитлер мегӯяд, ки Герман мубталои бемории Алтсгеймер аст ва то ин замон ягон маротиба ба ёд наоварда буд, ки ӯ сарвари Рейхи Саввум аст. Ёдовар мешавем, ки то ин замон маводҳои зиёде оид ба гӯё зинда мондани Адолф Гитлер дар расонаҳои ҷаҳонӣ ба нашр расида буданд. Аммо Гутенберги 128-сола мегӯяд, ки ба наздикӣ ҷаҳон шоҳиди сенсатсияи гӯшношуниде хоҳад шуд, вақте ки зиндагиномаи пуртаззодаш рӯйи коғаз хоҳад омад. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.