Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Бомбаи ҳастаӣ барои Ҷамол Абдуносир

Бомбаи ҳастаӣ барои Ҷамол Абдуносир

20-09-2016, 15:01
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
Бомбаи ҳастаӣ барои Ҷамол Абдуносир



Одат шудааст, ки аз минтақаи Ховари Наздик умдатан хабарҳои манфӣ дастраси мо мегардад, ки дар шуур ин мавзеъ ҳамеша чун нуқтаи доғи сайёра инъикос меёбад. Сарзамине, ки бисёр ҳаводиси муҳими таърихи инсоният ин ҷо рух додаву ҳамчунин маркази се дини бузургтарини ҷаҳонӣ-яҳудия, насроният ва ислом аст. Агар мо равандҳои тамаддунӣ ва саҳафоти таърихии ин минтақаро варақгардонӣ кунем, вақти зиёдеро талаб хоҳад кард. Танҳо ба чанд лаҳза иктифо хоҳем кард, ки ҷолиб ҳастанду бисёр хонандагон аз он огаҳии пурра надоранд.
Сухан ойиди муқовимати Исроил бо кишварҳои араб хоҳад рафт. Муқовимате, ки тантанаи истеъдоди ҳарбиро ба муқобилияти бетартибонаи адӯи бамаротиб бештарро ба ҷаҳониён баръало нишон дод. Ғалабаҳои Исроили хурд бар артишҳои мамолики араб мӯҷиби ҳайрат аст ва бозгӯи он аст, ки шуури инсонӣ қодир аст, ки ҳар як монеаи ҷиддиро бартараф кунад. Ҷанги соли 1948, ҷанги 6-рӯзаи соли 1967, ки артиши Исроил қувваҳои мусаллаҳи 5 кишвари араб-Миср, Сурия, Урдун, Ироқ ва Алҷазоир (исроилиён онро «набарди рӯзи охират» ном гузоштанд)-ро такя ба истеъдод ва зеҳнияти ҳарбӣ шикаст дод ва ҳудудҳои зиёдеро соҳиб шуд, «хати Барлев», ҷанги соли 1973 ва дигар амалиёти бобарор баёнгари ҳамон ифодаест, ки «қувва назди ақл оҷиз аст».
Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки барномаҳои ҳастаии Эрон ва Куриёи Шимолӣ чӣ гуна вазъи сайёраро муташанниҷ сохта ва ин асбоби роҳандозӣ намудани нақшаҳои геополитикӣ ҳам шудааст. Умуман, баъд аз барҳам задани монополияи Амрико дар даст доштан ба силоҳи ҳастаӣ аъзои «клуб»-и дорандагони ин намуди силоҳи қатли ом дар ҷаҳон афзуд ва бархеи дигар кишварҳо ҳанӯз ҳам дар садади соҳиб шудан ба он ҳастанд. Ташвишовар барои мо ин аст, ки ҳоло мо бо ду кишвари ҳастаӣ-Ҳиндустон ва Покистон дар ҳамсоягӣ ба сар мебарем, ки ин ду давлат бо якдигар муносибати хайрхоҳона надоранд. Умуман, бисёр сарварони сиёсӣ, аз қабили Муаммар Қаззофӣ ва Саддом Ҳуссейну монанд ба инҳо низ дар орзуи даст пайдо кардан ба «калтак»-и ҳастаӣ буданд, ки акнун орзуи худро ба хок бурданд (қиссаи аз ҷониби қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Исроил нест кардани маркази ҳастаии Ироқ ҳам ҷолиб аст, ки намунаи дурахшони истеъдод ва илми ҳарбист). Аммо ин ҷо мо оид ба эҳтимолияти ба кишвари ҳастаӣ табдил гаштани… Миср бо кумаки олимони олмонӣ ҳарф хоҳем зад, ки қариб буд даҳсолаҳо қабл сурат мегирифт ва вазъи геополитикии минтақаро ба куллӣ дигаргун месохт.
Хуб, аз аввал оғоз хоҳем кард. Охири Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ мутахассисони олмонӣ сари лоиҳаҳои сохтани «силоҳи мӯҷизаофар» кор мебурданд. Соли 1943 дар идораи конструктории олими барҷаста Вернер фон Браун лоиҳаи «А-9/10» тавлид шуд, ки кормандон миёни худ онро «ракетаи амрикоӣ» меномиданд. То 1 январи соли 1945 танҳо дар маркази тадқиқотии Пенемюнде сари лоиҳаи «А-9» 1940 мутахассис кор мекард. Лаҳзаҳои охири ҷанг коргоҳи Вернер фон Браун рӯйи лоиҳаи «Амрико»-ракетаи байниқитъавие, ки метавонист аз шаҳри Гамбург (Олмони Ғарбӣ) то Ню-Йорки ИМА бирасад, кор бурда мешуд. Ҳамчунин лоиҳаи тайёраи стратосферӣ, ки метавонист масофаи то Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар 40 дақиқа (!!!) тай кунад, анқариб омода шуда буд… Умуман, дар Рейхи Саввум он қадар ғояҳо ва лоиҳаҳои илмиву ҳарбии ба назар фантастикӣ (масалан «табақи паррон»-у монанд ба ин) вуҷуд доштанд, ки баръало бузургии ақли инсоният ва зеҳнияти волои олмониро нишон медод ва ҳамаи ин дастмояи нодир тавъам бо олимони барҷастаи олмонӣ пас аз ба итмом расидани ҷанг ғанимати ғолибон гардид. Яъне, оғои Адолф Ҳитлер барои ба кишварҳои абарқудраттарини ҷаҳон табдил шудани Иттиҳоди Шӯравию Иёлоти Муттаҳидаи Амрико «хизмати хирсона» кард (ҳамин барномаҳои ракетии ИМА ва ИҶШС, тавлид шудани автомати маъруфи Калашников ҳамчун нусхаи мудерншудаи автомати немисии «Шмайссер», силоҳи ҳастаӣ, компютерҳо, автомобили шӯравии «Победа» аз нусхаи мошини «Хорх» ва бисёру бисёрҳои дигар. Яъне, натсионал-сотсиализм дар баробари ғояҳои нажодпарастонааш ба инсонияти баъдиҷангӣ мероси гаронмоя боқӣ гузоштааст, ки албатта ҷони миллионҳо нафар қурбониёнашро ҷуброн карда наметавонад).
Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ бо шикасти Олмон анҷом ёфт, аммо бисёр олимони боистеъдоди олмонӣ пайи ҷустуҷӯи «хӯҷаинҳо»-и нав шуданд. Миёни онҳо маъруфтаринашон Вернер фон Браун-конструктори асосии ракетаи «ФАУ-2» (нахустин дар ҷаҳон) аст, ки аз соли 1937, дар синни 25-солагӣ яке аз роҳбарони маркази ҳарбӣ-тадқиқотии Пенемюнд буд. Апрели соли 1945 468 мутахассис бо роҳбарии ӯ ба амрикоиҳо таслим шуданд. Баъди ҷанг фон Браун ба Амрико кӯч баст ва соли 1960 директори Маркази кайҳонии Ҷорҷ Маршалл дар иёлати Алабама таъин шуд. Ба Моҳ парвоз намудани инсоният хидмати асосии Вернер фон Браун аст. Шумораи зиёди конструкторон ва олимони олмонӣ ғанимати Иттиҳодӣ Шӯравӣ низ шуд, ки барои пешрафти илми ҳарбӣ ва умуман иқтисодиёти кишвар ҳиссаи бузург гузоштанд.
Гидеон ва «дасти ракетии фиръавн»
Аммо як гурӯҳи дигари «ситораҳо»-и соҳаи авиатсионӣ-ракетии олмонӣ низ вуҷуд дошт, ки нисбати тақдири ояндаи онҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ хеле кам, дар Ғарб зиёд ва бо иштиёқи том ва дар Исроил бо даҳшат сухан меронданду меронанд. Бо дастони ин афроди боистеъдод «силоҳи мутлақ» алайҳи Исроил сохта мешуд ва коргоҳи онҳо… Миср буд.
Соли 1954 дар Миср сари қудрат Ҷамол Абдулносири 36-сола омад. Бо гардиши фалак ӯ аввалин намояндаи аҳолии маҳаллӣ баъд аз сарнагун шудани фиръавни охирини мисрӣ аз ҷониби форсҳо (Сосониён) дар соли 343 пеш аз милод шуд, ки Мисрро сарварӣ намуд (дар рагҳои ӯ ғайр аз хуни арабӣ хуни мисриёни қадим ҷорӣ буд, ки натиҷаи ассимилятсияи баъдазисломист). «Фиръавни нав» барои қисми зиёди ҷаҳони арабӣ ба қаҳрамон табдил гашт-ҳеҷ як сарвари дигари муосири араб муҳаббат ва хайрхоҳии оммаро, чун Абдурносир бо миллатгароии рӯҳбаландонааш, ба даст наоварда буд. Ӯ бо бастани шартномаи пинҳонӣ дар соли 1955 оид ба хариди ҳаҷми бузурги лавозимоти ҳарбии шӯравӣ ба монополияи Ғарб дар фурӯши силоҳ дар минтақаи Ховари Наздик хотима гузошт. Мавсуф соли 1956 канали Суэтс (нишонаи олии истисмори Миср аз ҷониби Гарб)-ро миллӣ намуд ва ҳамон сол кӯшишҳои тавъами Британияи Кабир, Фаронса ва Исроил сари барқарорсозии назорат сари каналро барбод дод. Москва соли 1958 Носирро ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифт ва соли 1964 ӯ аввалин шаҳрванди хориҷӣ шуд, ки унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро шарафёб гашт. Аз соли 1953 то соли 1971 43 фоизи тамоми кумакҳои шӯравӣ ба кишварҳои «ҷаҳони саввум» ба Миср равона карда мешуд…
Аммо дар садаи 20, чун ҳазорсолаҳо пеш муқобалаи бузург (ки дар китобҳои муқаддаси динҳои ҷаҳонӣ сабт низ шудаанд) миёни Исроили аз нав эҳёгашта ва «кишвари фиръавнҳо» – Миср оғоз гардид.
Акнун барои нақшаҳои фарогири васеъ кардани ҳудуди нуфуз барои Носир чизи комилан дигар ба истиснои танку тайёраҳои шӯравӣ лозим буд. Як замон ӯ иқрор шуд: «Дар кӯдакӣ, ҳангоме ки болои сари ман аэропланҳо парвоз мекарданд, ман фарёд мезадам: Ё Аллоҳи Бузург, ба сари англисҳо бадбахтиҳоро фурӯ бирез!». Ҷои англисҳоро акнун Исроил иваз намуд. Барои он ки Аллоҳ ба сари душманон бадбахтиҳои дар ҳақиқат кироӣ равона кунад, дар замири Ҷамол Абдуносир хоҳиши даст пайдо намудан ба силоҳи муосир-ракетаҳо пайдо гардид. Аммо ин маблағҳои бузургро талаб мекард-соли 1958 захираҳои асъори устувори Миср ба итмом мерасид ва ёрии беғаразонаи шӯравӣ низ бемаҳдуд набуд.
Дар ҳамин лаҳзаҳо таваҷҷуҳи Носир ба муҳандисони собиқи натсистӣ равона карда шуд. Танҳо онҳо, бо ҷалби маоши калон, такя ба истеъдоди худ метавонистанд индустрияи аз воридот озоди ҳарбии Мисрро бунёд гузоранд. Тамоми ин амалиётро тоҷири швейтсарии асли баромадаш мисрӣ- Ҳасан Саид Комил роҳбарӣ мекард.
Буҷаи 500-миллион доллар-ин акнун шӯхӣ набуд. Барои коркарди ду типи тайёраи фавқуссадо олимони барҷаста-Вилли Мессершмит, ки бо майли том аз Испания ба Миср омад ва конструктори пешбари фирмаи «Юнкерс»-профессор Александер Бранднер, ки баъд аз ҷанг ба асорати шӯравӣ афтода буд, ҷалб карда шуданд. Ба ихтиёри онҳо ду корхона дар мавзеи Ҳалвон, 25-километрии шаҳри Қоҳира дода шуданд. Ракетасозони олмонӣ низ ба кор шурӯъ намуданд. Кори садҳо мутахассисро олимони боистеъдод Эйген Зенгер ва Волфганг Пилтс роҳбарӣ мекарданд.
Ҳанӯз соли 1933 Эйген Зенгер китобе бо унвони «Техникаи парвози ракетӣ»-ро бо лоиҳаи тайёраи ракетие, ки қодир аст суръати 2575 км/соатро тай кунад, нашр намуд. Соли 1935 аз ҷониби ин олими барҷаста аввалин ракетаи озмоишии олмонӣ дар мавзеи Люнебург-Хит сохта шуд. Пеш аз оғози Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ба Зенгер оид ба ташкили «Институти илмӣ-тадқиқотии парвозҳои ракетӣ» супориш дода шуд. Дар ин ҷо кӯшишҳои Зенгер барои сохтани тайёраи ракетии бомбаандози ҳайратовари байниқитъавӣ равона карда шуданд. Ҳамроҳи ҳамсари худ-математик Ирэна Бредт, Зенгер ҳамчунин лоиҳаи тайёраи ҳавоӣ-кайҳони (!!!)-ро омода мекард. Новобаста аз оне, ки соли 1942 ба тадқиқот хотима дода шуд, онҳо самтҳои асосии рушди ояндаи техникаи кайҳониро ба даҳсолаҳо пеш муайян карданд…
Зарбаи ҷавобии Моссад
Исер Харел, асосгузори хадамоти кашшофии Моссад (хадамоти устуравие, ки амалиёти бобарораш ба китобҳои соҳавии хадамоти кашшофиву ҷосусии ҷаҳон даромадаву намунаи пайравии онҳост) ва «шахси №2-и Исроил» зиёда аз даҳ сол шахсан ба амалиёти ҷосусии кишвараш роҳбарӣ мекард. Ӯ ба даҳшат омад, ҳангоме, ки оид ба фаъолияти олмониҳо дар Миср огаҳӣ пайдо кард. Ҳуҷҷатҳое ошкор карда шуданд, ки Волфганг Пилтс одамони худро ба Аврупо ва Амрикои Шимолӣ барои харидани кобалт-60 ва дигар маводи радиоактивӣ равона мекард. Ошкор шуд: мисриҳо нияти сохтани силоҳи ҳастаиро доранд.
Пилтс, ки коргоҳи машҳури №333-ро, ки барои артиши Миср ракетаҳо истеҳсол мекард, роҳбарӣ мекард, ҳамроҳи Зенгер сари коркарди якбора чанд намуди ракетаҳо фаъолият мебурд. Ин ракетаҳо «ал-Зафар»(«Ғалаба»)- дорои кулоҳаки 500-килограмма бо дурии парвози 700 км, «ал-Арроз» («Пажӯҳишгар»)- бо дурии парвози 1100 км ва аз ҳама хатарноктарин- «ал-Қоҳир» («Фотеҳ»), ки қодир буд заряди 1-тоннагиро таҳмил бидиҳад, буданд.
22 июли соли 1962 Миср ду ракетаи миёнапарвозро озмоиш намуд ва Ҷамол Абдуносир бо тафохур изҳор дошт: «акнун мо метавонем ҳар гуна ҳадафро ҷанубтари Бейрут (манзур Исроил аст) маҳв кунем».
Исер Харел назди сарвари хадамоти ҷосусии Олмони Ғарбӣ Рейнхардт Гелен омад: «Ман як чизро мехоҳам: онҳо (олимони немис) бояд корҳояшонро фавран анҷом бидиҳанд. Ба ман нақшаҳои дарозмуҳлуҳлат лозим нестанд. Кашиши вақт маънои ҳамлаҳои ракетӣ аз ҷониби Мисрро дорад. Дар чунин сурат гирифтани ҳол моро нобуд мекунанд»-иброз дошт ӯ нисбати фаъолияти ҳамшаҳриҳои Гелен дар Миср. На, Исер Харел оид ба сатҳи касбӣ ва «рӯҳияи баланд»-и ҷангии сарбозони араб хавотир набуд, чунки артишҳои мамолики арабӣ чандин маротиба «шатта»-и ҳарбиёни Исроилро хӯрда буданд-ӯ маҳз аз олимони собиқ Рейхи Саввум хавф дошт, ки метавонистанд бо нерӯи зеҳнияти худ кишварашро маҳв созанд.
Чанд сухан оиди касбияти ҷанговарони арабӣ. Ёқуб Одинаев, профессори маъруфи ватанӣ, муаллифи чандин китоб, ки дар замони раҳбарии Ҷамол Абдуносир дар Миср фаъолият дошт, боре зимни суҳбат бо ман якчанд нуктаи ҷолибро баён намуда буд:«Ба Миср аз Иттиҳоди Шӯравӣ лавозимоти зиёди ҷангӣ меомад. Барои омӯзиши мисриён ба кишвар мутахассисони ҳарбии шӯравӣ низ сафарбар шуда буданд, ки ман вазифаи тарҷумонӣ миёни онҳо ва ҳарбиёни мисриро иҷро мекардам. Он замон дар Миср маоши баландтаринро ҳарбиён соҳиб буданд ва дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ҳоли на он қадар хуб доштанд. Хусусияти арабҳо чунин аст-ҳарбиёне, ки дорои маоши баланд буданд, зиёдтар на сари ҳифзи кишвар дар муқобала бо нерӯи тавонои душман (Исроил), балки дар фикри…гирифтани зани дуввуму саввум буданд, чун «Аллоҳ ба онҳо неъматро додааст». Ҳамон қадар мефаҳмонидем, ки вазъ ҷиддист, ба иборае, ба бархе «аз ин гӯш медаромаду аз онаш мебаромад». Омӯзиши техникаи ҳарбии муосири ҷангӣ барои онҳо хеле душвор буд-масалан, курси омӯзишии 3-рӯзаро онҳо дар 1 ҳафтаву 2 ҳафта бо душворӣ аз худ мекарданд, ки боиси нороҳативу тавҳини мутахассисони шӯравӣ мегардид. Ҳатто ҳодисае низ рух дод, ки афсари рус зимни фаҳмонидани зиёди бесамар нуқтаи дастгоҳи ракетиии киштиро дар ғояти хашм пахш кард-дар он ракетаи ҷангӣ буд, ки рафта ба танкери фаронсавӣ бархӯрд, ки қариб ба муноқишаи сиёсии байналмилалӣ оварда мерасонд. Чунин мисолҳо кам набуданд».
Ҳамин боис шуд, ки шӯравиён ноилоҷ сари истифодаи лавозимоти овардаи ҳарбии муосирашон кор гирифта, дар ҷанг алайҳи Исроил иштирок намуданд- сараввал чунин ҳадаф набуд, аммо чӣ илоҷ, ки «шогирдон» бемағз буданд…
Хуб, аз сари мавзӯъ дур наравем. Ҳарчанд, ки канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Конрад Аденауэр оғози соли 1962 супориш дод, ки ба олимони олмонӣ оид ба қатъ сохтани фаъолияташон дар Миср фишор оварда шавад, Исер Харел ба натиҷае омад, ки худаш низ «бекор» нанишинад. Салоҳияти бе ин ҳам васеи худро боз ҳам васеътар намуда, ӯ фармон дод, ки алайҳи мутахассисони Ҷамол Абдуносир кампанияи террор оғоз бигардад.
Моҳи сентябр Хейнс Крюг-менеҷери филиали мюнхении ширкати штутгартии «Интра»-аз асоситарин таъминкунандаи муҳаррикҳои ракетӣ барои Носир бе ному нишон гашт. Моҳи ноябр ҳангоми кушодани марсула (посылка) –и маводи таркандадор ба номи Волфганг Пилтс дар офиси қоҳиравӣ котибаи ӯ Хеннелора сахт маҷрӯҳ ва нобино гардид. Чанд рӯз пас ҳангоми кушодани марсулаи дигар барои генерал Камол Аззоз, ки мутассадии ҳамкорӣ бо олимони олмонӣ буд, 5 муҳандиси мисрӣ ҳалок гардиданд. Феврали соли 1963 Ҳанс Клейнвахтер, ки тадқиқот оид ба ҳадафгирии ракетаҳоро сарварӣ мекард, аз ҷониби террористи бо таппончаи садонишон (глушитель) мусаллаҳ мавриди ҳамла қарор гирифт ва бо тасодуфе зинда монд. Тақрибан ҳамин вақт аз ҷониби хадамоти махсуси швейтсарӣ тоҷири австриягӣ Отто Йоклик бо шарики худ-шаҳрванди Исроил Иосиф Бен-Гал дастгир гардиданд, ки ба духтари олими австриягӣ Паул Горк таҳдид мекарданд. Отто Йоклик, физик, ҳангоми ҷанг дар артиши олмонӣ хизмат мекард ва баъд аз он директори Институти физикаи атомӣ ва технологияи ядроии Итолиё таъин гардид. Ҳангоме, ки ӯ дар ҳайати гурӯҳе, ки таҳти раҳбарии полковник ал-Дин ба сохтани ракетаҳо дар Қоҳира машғул буд, қарор гирифт, ӯ дар хариди маводи радиоактивӣ барои кулоҳакҳои ҳастаӣ иштирок намуд.Баъд аз оне, ки ӯ дарк кард, ки ҳадафи тадқиқот маҳв сохтани Исроил аст, Йоклик худаш хидмати худро ба Моссад пешниҳод намуд. Ҳатто прокурор Ҳанс Виланд ҷазои рамзиро барои маҳкумшудагон тақозо намуд ва гуфт: «Фаъолияти олимони немис тамоми ҷаҳонро ба хавотир овардааст». Ин мурофиа ғалабаи Моссад буд.
Бисёр олимони олмонӣ номаҳоли таҳдидомез мегирифтанд, чун, масалан, Генрих Браун: «Иттилоъ медиҳем, ки номи шумо ба «рӯихати сиёҳ»-и олимони немис, ки дар Миср фаъолият дорад, ворид шудааст. Мо ба идроки шумо такя дорем - бехатарии ҳамсари шумо Элизабет ва ду фарзандатон-Нелли ва Труди аз худи шумо вобаста аст. Қатъ сохтани фаъолиятатон дар иқтисодиёти ҳарбии Миср ба манфиати шумост». Зери нома чунин имзо гузошта шуда буд-«Гидеонистҳо».
Гидеон-номи қаҳрамони Инҷил аст, ки ҳуҷуми қабилаҳои нумидиро ба Исроил бартараф карда буд. Яъне, муқовимати зиёда аз ҳазорсола идома дорад, ки мутаассифона мо низ ба ин ба истилоҳ, «разборка»-ҳо ва ҷанҷолҳои тамаддунии соминажодон махлут гаштаем.
22 феврали соли 1965 аз ҷониби контрразведкаи мисрӣ гумошта (агент) Волфганг Лотс ба ҳабс гирифта шуд, ки ӯро «чашми Тел-Авив дар Қоҳира» унвон мекарданд. Ба сифати сайёҳи сарватманд ӯро ҳанӯз январи соли 1961 ба Миср равона карда буданд. Соли 1962 ӯро таъна мекарданд, ки нисбати озмоишҳои тахминии ракетаҳои намуди «замин-замин» хабар надодааст. Исроилиҳо ба хашм омаданд, вақте ин иттилоро аз кормандони СРУ (CIA-хадамоти марказии ҷосусии Амрико) дастрас намуданд. Вале Лотс гуноҳашро ҷуброн намуд, ҳангоме, ки зарфи якуним моҳ рӯихати пурраи олимони олмонии маскуни Қоҳира, ҳамчунин суроғаҳои оилаҳои онҳоро дар Олмону Утриш (Австрия) омода намуд. Ғайр аз ин, дар микроплёнка маълумоти махфӣ оид ба лоиҳаи №333, ки тибқи он системаи назорати парвози ракетаҳои мисрӣ бунёд мегардид, ҷо шуда буд. Дар қуттиҳои дорои пинҳонгоҳи махфидошта Лотс ба Миср маводҳои тарканда меовард, ки баъдан аз ҷониби «гидеонист»-ҳо ба олимони немис равона карда мешуд.
Бо ҳукми тақдир, фаъолияти «гидеонистҳо» бар баробари Миср ба худи Исроил низ зиён расонд. Аз фаъолияти террористии хадамоти махсуси исроилӣ алайҳи шаҳрвандонаш ҳукумати Олмон ба хашм омада, созишномаи пинҳониро оид ба фурӯши лавозимоти муосиртарини ҷангӣ ба Исроилро лағв намуд. Аммо Исер Харел, ки фаъолияти «гидеонистҳо»-ро намехост хотима бахшад ва гумон меравад, хатари ракетии мисриро аз ҳад зиёд муҳобот мекард, ба нишони эътироз ба истеъфо баромад.
Дар ҳошияи гуфтор. Исроил низ, новобаста аз қоидаҳои паҳн нагардидани силоҳи қатли ом-ҳастаӣ, ахиран дар биёбони Негев барномаи пинҳонии ҳастаиашро роҳандозӣ намуд, ки ҷаҳониёнро аз ин Мордеҳай Вануну-муҳандиси насронишудаи яҳуд хабардор намуд. Ҳоло, тибқи изҳори коршиносон, Исроил дорои зиёда аз 200 кулоҳаки ҳастаист, ки метавонад минтақаи паҳновар аз Африқои Шимолӣ то Ховари Наздику Осиёи Марказиро, агар на зиёд аз инро маҳв созад. Аммо барои ин амалаш Исроил дучори ягон муҷозоти ҷиддие нашуд, ба ҷуз маломату «афсӯсхӯри»-ҳои андак. Оре, қонуни Оруэлл («Animal farm»)-ро ҳоло ҳеҷ кас инкор накардааст-муомилоти ҷаҳонӣ, сиёсати байналмилалӣ, муодилоти байнидавлатӣ такя бар зӯри бозуву ақл аст, ки қувватмандон ҳамеша сари заифон боло хоҳанд буд-инро мо одатан «стандартҳои дугона» меномем…
Афкори умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки фаъолияти мутахассисони олмониро ҳамчун «иблисӣ» баҳо дод, ба сиёсати Бонн нисбати сохтани «силоҳи мутлақ» дар Миср бетаъсир буда наметавонист. Қонуни махсус рӯйи кор омад, ки тибқи он ба шаҳрвандони олмонӣ фаъолият кардан дар коргоҳҳои ракетӣ ва дигар корхонаҳои Носир манъ карда шуд. Мутахассисони немис мунтазам ба Ватан баргаштанро оғоз намуданд. Бо ҳамин барномаи бунёди «дасти ракетӣ» барои «Фиръавни нав» ба анҷом расид ва Ҷамол Абдуносир орзуи соҳиби силоҳи ҳастаӣ шуданро бо худ ба гӯр бурд…
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: