Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ ва мулоқот бо сокинон

Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ ва мулоқот бо сокинон

18-08-2017, 09:09
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
18.08.2017 07:39, ноҳияи Панҷ
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуда, дар ҳамин ҷо бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоту суҳбати самимӣ ва созанда доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ иншооти муҳими соҳаи варзишро ифтитоҳ карда, онро ба ҷавонони ноҳия ва варзишгарон тақдим намуданд.

Корҳои азнавсозии варзишгоҳ соли 2015 оғоз гардида, бо сифати ба талаботи стандартҳои сохтмонӣ ҷавобгӯ дар рӯзи ташрифи Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳриёр”-и шаҳри Душанбе” мебошад. Лоиҳаро бошад, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди САНИОСП таҳия кардааст.

Барои азнавсозӣ ва таҷҳизонидани варзишгоҳ 15 милллион сомонӣ маблағ сарф карда шудааст. Он барои 6000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, макони хуби баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ мебошад. Дар варзишгоҳ чор нишастгоҳи росткунҷашакл ва бинои қабули меҳмонони олимақом бунёд шуда, масоҳати умумии иншоот аз руи лоиҳа 12 ҳазору 451 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Сохтмончиён дар вақти бунёди варзишгоҳ ба масъалаи таъмини тамоми инфрасохтори он аҳамияти аввалиндараҷа додаанд. Ҳамин аст, ки дар ин ҷо 4 ҷойи либосивазкунӣ, дастуруйшуӣ, утоқи кории мураббиён, доварон ва толорҳои махсуси маҷлисгузаронӣ сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия, ки ба пешвози роҳбари ояндасози худ омада буданд, мулоқот карданд.

Сарвари давлат нахуст ифтитоҳи иншооти калони варзиширо ба мардуми ноҳия муборакбод намуда, онҳоро бо фарорасии 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ шодбош гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарини ноҳия барои дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, бо имтинон иброз доштанд, ки сокинон минбаъд низ бо ҷонибдорӣ аз тадбирҳои ояндадор баҳри рушду ободии бештари ҷумҳурӣ талош меварзанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: