Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Афғонистон 235 асири ДИ ва толибон озод шуданд

Дар Афғонистон 235 асири ДИ ва толибон озод шуданд

10-08-2017, 09:56
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Дар Афғонистон 235 асири ДИ ва толибон озод шуданд

"Толибон" 235 асирро дар деҳаи дурдасти шимоли Афғонистон озод кард. Ин сокинон дар ҳамлаи 8 август, ки он замон 50 сокини осоишта кушта шуд, ба асорат афтода буданд.
Шаби 8 август "235 одам, бо шумули занону кӯдакон, бо миёнаравии сардорони қавм ва мақомоти маҳаллӣ аз Мирзо Олан озод шуданд", хабар медиҳанд расонаҳо аз қавли намояндаи вилоят Забеҳулло Амонӣ. "Асирони озодшуда ба шаҳри Сари Пул интиқол дода шуданд. Дар ҳоли ҳозир чанд одами дигар дар асорат аст, мо дақиқ намедонем", - гуфт Амонӣ.

Мақомоти интизомии Афғонистон хабар медиҳанд, ки дар Мирзо Олан наздики 100 тани дигар дар асоратанд. Ин деҳа дар ҳудуди ноҳияи Сари Пул ҷойгир аст, ки рӯзҳои истироҳати гузашта аз сӯи ҷангҷӯён ғасб шуд.

Бар пояи иттилои мақомоти маҳаллӣ, ҷангҷӯёни "Толибон" ва ДИ, ки гоҳ-гоҳе ҳамлаҳои муштарак баргузор мекунанд, 5 август наздики 50 сокини осоиштаро бо шумули занону кӯдакон аз ҳисоби аҳолии шиамазҳаб қатл карданд. Ин ҳодиса баъди задухӯрди дурӯзаи ҷангҷӯён ва мақомоти интизомии маҳаллӣ сурат гирифт. Ҷангҷӯён 150 хонаводаро асир гирифтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: