Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзоободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзоободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

9-08-2017, 10:50
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Мирзоободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
09.08.2017 08:32, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ


Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар даромадгоҳи ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолону собиқадорон, намояндагони ҷавонон ва аҳли илму фарҳанг бо самимияти беандоза истиқбол намуданд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4 иштирок намуданд.

Ин бинои таълимӣ, ки барои 620 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо харҷи 2 миллиону 680 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар ин ҷо барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароиту имкониятҳои муосири илмомӯзӣ фароҳам мебошад.

Бинои асосии мактаб, ки аз ду ошёна иборат аст, дорои 10 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи химия, биология, асосҳои кор бо компютер, физика, математика, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳунаромӯзӣ ва утоқҳои кории омӯзгорон буда, дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он барои омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ туҳфаи арзишманд ба ҳисоб меравад.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони ҶДММ «Сорво» дар муҳлати бештар аз як сол дар асоси лоиҳа ва тарҳу услуби нотакрори сохтмонию меъморӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расониданд.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф, алалхусус зиёд намудани теъдоди мактабҳои наву бо техникаву технологияи муосир муҷаҳҳаз намудани онҳо тадбирҳои муассир андешида, ҷиҳати мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Бо ин мақсад аз омӯзгорону роҳбарияти мактаб даъват карда шуд, ки бо истифода аз шароити хуби дар ин муассиса муҳайёгардида, сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар намуда, барои ба камол расонидани насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва аз худ намудани илмҳои замонавӣ аз таҷрибаи пешрафта истифода баранд.

Дар ин муассисаи таълимӣ ҳамчунин се синфхонаи ҳунаромӯзӣ, аз қабилӣ дуредгарӣ, дӯзандагӣ ва омода кардани таомҳои гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои соҳибкасб гардидани духтарону писарони деҳаи мазур метавонанд нақши калон дошта бошанд.

Айни замон дар ин муассисаи таълимӣ 40 нафар омӯзгор ба зиёда аз 900 нафар хонандагон дарс мегӯянд.

Танҳо дар давоми 20 соли охир дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз 30 муассисаи нави таълимӣ ба истифода дода шуд ва ҳамзамон дар асоси «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар ин ноҳия бунёди 14 иншооти замонавии дигар тарҳрезӣ гардидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: