Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат: «Сари Хосор асрҳои зиёд макони мирнишин будааст»

Пешвои миллат: «Сари Хосор асрҳои зиёд макони мирнишин будааст»

27-07-2017, 15:43
Хабарро хонданд: 215 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат: «Сари Хосор асрҳои зиёд макони мирнишин будааст»

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Мавзеи Сари Хосор таърихи хеле қадимӣ дошта, яке аз марказҳои ривоҷи илму адаб ва маърифату фарҳанги халқамон ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки бо ин сабаб ва бинобар иқлими ниҳоят мусоид, оби фаровон ва табиати зебову нотакрори худ Сари Хосор асрҳои зиёд макони мирнишин будааст. Тавре ки аз таҳқиқоти олимон бармеояд, оби фаровон, боғҳои мевадор ва ҷангалзору алафзори мавзеъи Сари Хосор ҳанӯз дар асри биринҷӣ, яъне ҳазорсолаи дуюми то мелод барои чорводорӣ ва бунёди макони зисти доимии одамон бисёр мувофиқ будаанд». Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Балҷувон изҳор доштанд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, чанд сол пеш дар деҳаи Шайдон қабристоне ёфт шуда буд, ки мувофиқи хулосаи бостоншиносон дар он сипоҳиёни давраи Ҳайтолиён гӯронида шуда, ба асрҳои дуюм то панҷуми мелодӣ мансуб мебошад. Ин бозёфт боз як далели равшани таърихи бостонӣ доштани Сари Хосор мебошад. Ба андешаи донишмандон, вожаи Сари Хосор ба маънои саргаҳи Хуросон ё оғози Хуросони таърихӣ, инчунин макони дар рӯ ба рӯи офтоб ҷойгирифта маънидод шудааст.

«Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки бо вуҷуди интишори як силсила китобу мақолаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ, таърихи ин диёри бостонӣ, тарзи зиндагӣ, маданияти заминдориву чорводорӣ ва дигар масъалаҳои ҳаёти гузаштаи сокинони он то ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд ва анҷом додани ин кори хайр, яъне муаррифии воқеиву шоистаи таъриху фарҳанги як пораи сарзамини тоҷикон вазифаи олимону мутахассисон мебошад»,- изҳор доштанд Сарвари давлат.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: