Иброҳим Усмонов, мушовири собиқи Президенти Тоҷикистон китоби нави худро бо номи “Савганди сулҳофаринӣ” чоп кард. Муҳаққиқ, ки дар гузашта узви ҳайати давлатӣ дар музокироти сулҳ ва узви Комиссияи оштии миллӣ буд, баъзе саҳифаҳои норавшани ҷангу сулҳи тоҷиконро ба баррасӣ гирифтааст. Дар ин китоб бо далелҳо бар нақши барҷастаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст.
Ба андешаи устод, муайян ва амалӣ кардани роҳи сулҳи халқи тоҷик, наҷоти миллат аз гирдоби фоҷиабори ҷанг, ба ҳам овардани онҳое, ки аз ҳам дур мешуданд, нигоҳ доштани киштии шикастаи ҳукумат аз ғарқу нобудшавӣ аз хидматҳои бузургу таърихии Эмомалӣ Раҳмон аст.
Дар маҳфиле, ки чанде пеш ба муносбати рӯбинони ин китоб баргузор шуд, зикр гардид, ки дар китоб рӯйдодҳои даҳ сол мавриди таҳқиқ карор гирифтанд. Ба ақидаи ӯ, ҷанги Тоҷикистон аз рӯйдодҳои соли 1990 оғоз шуда, 31 марти соли 2000 ё бо анҷоми кори Комиссияи оштии миллӣ поён ёфтааст. Аммо сулҳ марҳалаҳоеро бо худ доштааст, ки яке аз онҳо ба декабри соли 1996 рост омада буд. Зеро 12 декабри соли 1996 пас аз бозгашти Президенти Тоҷикистон аз Хусдеҳи Афғонистон бори аввал аз поёни ҷанг дар Тоҷикистон тавассути телевизион хабар дода шуд. Тибқи Фармони Президенти ҶТ аз соати 12 – и шаби ҳамон рӯз тамоми амалиёти ҷангӣ бас эълон шуд. Аммо таври маълум Созишномаи Сулҳ – ҳуҷҷати қонунӣ дар ин бора 27 июни соли 1997 дар Москва ба имзо расид.
Муаллиф гуфт: «Ин сулҳ сулҳи кӣ буд? Ташаббуси сулҳ аз кӣ буд? Як андарз ҳаст, ки мегӯянд, ғолиб хешованди зиёд дорад, мағлуб ятим аст. Аз ин рӯ, бисёриҳо худро дар сулҳи Тоҷикистон шарик медонанд, Азбаски хушбахтона, сулҳи мо бо ҳаққи баробари тарафҳо, беғолибу мағлуб тамом шуд, талабкорон, ки мегӯянд: мо сулҳ кардем ё ман кардам», хеле зиёданд.
- Дар ин маврид назари шумо чист? – пурсидам аз устод.
- Дар ин бора дар китоб ҷавоб додаам. Таваҷҷуҳ кунед, Ҳукумати Тоҷикистон пас аз иҷлосияи Хуҷанд 25 ноябри соли 1992 барои он, ки кишвар ба роҳи сулҳ баргардад, Қонуни афв қабул кард. Ҳукумат бар асоси ин қонун ҳамаи онҳоеро, ки то он замон дар муқовиматҳо иштирок карданд, бахшид. Он қонун имзо шуд, вале сулҳ нашуд. Марти соли 1993 Сарвари давлати Тоҷикистон се нафарро ба Москва фиристоданд, то мухолифонро пайдо кунанд ва бифаҳманд, ки мо метавонем сулҳ кунем, ё на.
Баъдтар яке аз раҳбарони тарафи мухолифат навишт, дар ҳамон рӯзҳо раҳбарияти Эрон ҳам намояндагони мухолифонро даъват кардааст, то бифаҳмад, ки онҳо барои музокироти сулҳ омодаанд ё на.
Марти соли 1993 Президенти Тоҷикистон аз телевизион баромад карда гуфтанд, ки мо ба сулҳ рафтан мехоҳем, бозгашти мардуми худро ба Ватан мехоҳем. Ҳатто ҳамон вақт як сухани таърихӣ гуфта буданд, ки «мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Ҳамин қадар мегӯем, ки як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Паҳлӯи ҳамдигар истода, Ватани вайроншудаамонро обод мекунем…» Ин аввалин даъвати расмӣ ба сулҳ буд.
8 декабри соли 1993 изҳороти расмии Иттиҳоди мухолифин ҳам бо имзои чанде аз сарварони он нашр шуд, ки дар он тақозоҳое ҳам буд.
Дар китоб ман 42 иқтибос аз суханони Эмомалӣ Раҳмон, ки аз декабри соли 1992 то 31 марти декабри соли 2000 гуфтаанд, овардаам, фақат дар як мавзӯъ, ки оё гуфтушуниди сулҳ даркор аст ё на ва мақсад аз гуфтушунидҳо чист? Ин суханон дар маҷмӯъ баёнгари як воқеият аст: Сулҳи соли 1997 ҳамон формулае буд, ки Президент пешниҳод карда буданд. Пешниҳоде, ки мухолифон қабул карданд.
Бояд ёдоварӣ кунам, ки дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифон ба ғайр аз наҳзатиҳо чандин нерӯи дигар ҳам буд, ки баъзеашонро ман номбар мекунам: Маркази ҳамоҳангсози нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар Русия, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Фонди ҷамъиятии «Умед», Ҳаракати исломии Тоҷикистон, ки ҳар кадом дар гуфтушунидҳо намояндагони худро доштанд… Дар ҳуҷҷатҳое ҳам, ки пешниҳод мегардид, номи ин созмонҳо сабт буд, фақат пас аз як даври музокирот дар Ашқобод номи ягонаи ИНОТ пайдо шуд. Бинобар ин, иддаоҳо дар бораи он ки яке аз ҳизбҳо танҳо тарафи дигари сулҳ ва қувваи пешбари мухолифон дар музокирот буд, чандон асос надорад.
Ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки дар даври аввали музокирот аз тарафи давлат 10 нафар ва аз тарафи мухолифин фақат 6 нафар иштирок карда буданд. Он замон ҳам ҲНИТ раҳбари нерӯҳои мухолифон набуд.
- Дар таҳияи ин китоб то чӣ ҳад бетараф ҳастед?
- То ҷое, ки як таърихнигор метавонад, бетараф бошад ман дар ҳам дар навишти рӯйдодҳо бетарафам. Ман воқеаҳоро арзёбӣ накардам, Танҳо бо далелҳо, бо истифода аз суханрониҳо ва ҳуҷҷатҳо, инчунин хотираҳое, ки ба унвони як иштирокчӣ дорам, ҳодисаҳои таърихро баррасӣ кардам.
Имрӯз дар матбуот номҳое пайдо шудаанд, ки дар ҳамон аввали солҳои навадум низ дар саҳифаҳои матбуот фаъол буданд. Онҳо имрӯз дар бораи гузашта боз ҳам чизҳое менависанд, ки ақл қабул намекунад. Аммо ба назари ман, ба бадӣ ёд кардани гузашта навъе аз ҷиноят аст.
Дар раванди сулҳ ин нукта ҳам муҳим аст, ки расман ба ҳар ҳодиса баҳогузорӣ шудааст. Аз ҷумла ба шахсият ва қумондонҳо ҳам. Онҳо нақши худро дар ҳолати муайяни таърихӣ иҷро кардану рафтанд.
- Иқтибосҳои зиёде, ки дар китоб овардаед, оё барои хонандаи имрӯза аҳамият дорад?
- Ба ин суханон таваҷҷуҳ кунед: «Мо як халқу як давлат ҳастем, ки номамон тоҷик ва Тоҷикистон аст. То ин вақт моро гӯлу гумроҳ намуда, ба ду майдон тақсим карда буданд. Биёед, ҳамакаса коре кунем, ки дар як майдон ҷамъ оем. Номи ин майдон ваҳдат аст…» Ин суханонро Сарвари давлат 26 июни соли 1993 баён карда буданд. Иқтибоси дигар: «Мо вазъияти ҷомеа, аз ҷумла рӯҳияи дохили онро омӯхта идеяи сар кардани муколамаро бо онҳое интихоб кардем, ки кӯшиши бо зӯрӣ ба даст овардани ҳокимиятро пинҳон намедоштанд. Дар ин роҳ аз тамоми воситаҳои имконпазир, аз ҷумла воситаҳои дорои характери минтақавию байналхалқӣ истифода шуд. Бе иродаи неки роҳбарияти Тоҷикистон оғози идомаи гуфтушунид ғайримумкин мебуд».Ин суханонро Сарвари давлат сентябри соли 1994 дар Ассамблеяи Генералии СММ баён кардаанд. Он кас 24 майи соли 1995 дар мулоқот бо роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оғохон гуфтанд: «Шарофатмандона ба шумо мегӯям: барои ман аз осудагию ободии Ватанам, тинҷию осоиштагии ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ дида муқаддастар чизе нест.
Ман ҳама гуна эҳсос, фикру ақидаҳоро сарфи назар карда, хостам бо пешвои мухолифин рӯ ба рӯ, чашм ба чашм гуфтугӯ кунам. Охир, то кай мо бозичаи дасти дигарон мешавем, то кай бо миёнаравӣ, ҳидояту назорати дигарон бо ҳам гуфтугӯ мекунем. Айб нест, магар?...» Иқтибосҳои дигар ҳам ба инҳо монанд ҳастанд, ки нафақат баёнгари вазъияти он вақт ва рӯҳияи раҳбарияти кишвар, балки ҳикмате барои имрӯзиён аст.
- Гурӯҳе худро дар раванди сулҳ фиребхӯрда мешуморанд ва аз даст додану дур шудан аз мақомҳоро далел меоранд. То кадом андоза ин гилаҳо воқеият доранд?
- Ба як нукта бояд ҷиддан таваҷҷуҳ кунем. Дар Низомномаи Комиссияи Оштии миллӣ гуфта шудааст, ки ҳар амале, ки барои ҷалб кардани намояндагони мухолифон дар ҳукумат бароварда мешавад, барои давраи гузар аст. Ин давра, тибқи ҳамин Низомнома 18 моҳ таъин шуда буд, аммо он 33 моҳ яъне қариб се сол давом кард. Тамоми имтиёзоти намояндагони тарафи мухолиф то 31 марти соли 2000, яъне то поёни кори Комиссиияи оштии миллӣ давом мекард. Бо гузашти ин давра дигар нерӯе бо номи ИНОТ вуҷуд надорад, ҳизби ҳарбӣ - сиёсӣ ҳам боқӣ намонд. Ҳамаи онҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аз он ба баъд як ҳуқуқ доранд: ҳуқуқи шаҳрванди Тоҷикистон, дигар ҳамаи шахсон аз рӯи принсипи кор карда тавонистан ё натавонистан ба вазифаҳо таъин мешаванд. Бинобар ин ҳар гуна иддао аз нотавонӣ, қабул накардани воқеиятҳо аст.
Дар хотир бояд дорем, ки дар ҳамон оғоз ду қувва дарТоҷикистон бо ҳам ба муқовимат бархост, ки ҳар кадом манфиатҳои худро ҳимоят мекард, дар ҳамон давра нерӯи дигаре арзи вуҷуд кард, ки манфиат ҳои давлат ва миллатро болотар аз манфиати гурӯҳӣ медонист ва он пирӯз шуд. Ин нерӯ имрӯз пешбари ин кишвар аст.
- Вақти навиштани китоб, албатта рӯйдодҳои зиёдеро аз дафтари хотироти худ ҳам тагурӯ кардаед, аммо боз ҳам чизҳое буд, ки дар саҳифаҳои он нағунҷида бошад?
- Ин гуна хотираҳо зиёданд. Масалан, пас аз имзои Созишномаи сулҳ, охири соли 1997 Саид Абдулои Нурӣ, ки мақоми Раиси КОМ-ро бар уҳда доштанд, аввалин бор ба минтақаи Рашту Тавилдара сафар карданд. Ин ҳайат аз намояндагони ҳукумат ва ҳам мухолифин иборат буд. Вақте ба Тавилдара расидем, моро меҳмондориҳо карданд, суханрониҳо шуд. Фармондеҳи ҳамонвақтаи ин ноҳия Мирзо Зиёев дар суханронии худ гуфт, ки «Мо ин кофирҳоро шикастем.» Шумо вазъи онрӯза ва ҳолати сиёсии он минтақаро ба хотир оред, аз як вокуниши ноҷо чӣ корҳое шуданаш мумкин буд. Ин ҷо як ҳарфи оштӣ ва ҳикматомез лозим буд. Устод Нурӣ пас андаке андеша бо таҳаммул гуфтанд: «Ҳо, мо кофирҳоро шикастем, вале кофирҳо ин бародарони мо нестанд, ки дар ҳукумат нишастаанд, балки онҳое ҳастанд, ки аз остини мову онҳо даст дароз карда, моро ҷанг андохтанд. Мо ҷангпарастону ҷангхоҳонро шикастем.» Ин сухан ташвишро аз байн бурд ва ҳамаро ором кард ва ҳайат он вазифаҳое, ки вақти сафар бар уҳда дошт, ба иҷро расонда ба Душанбе баргашт. Он солҳо сулҳ барои ҳама даркор буд ва он чизе нест, ки фақат барои як гурӯҳе бошад, ки даъво кунанд мо будем, ки сулҳ кардем, вале акнун моро нодида мегиранд. Сулҳ умеди ҳазорон, балки садҳо ҳазор гурезаҳо буд, ки бо талошҳои раҳбарияти давлат ба даст омад.
Аммо аз хотираҳои зиёд дар китоб ин лаҳзаро овардаам, ки хеле ҷолиб аст: Сарвари давлат бори аввал тобистони соли 1993 ба Бадахшон сафар карданд. Ин ҳодиса тавре сурат гирифта буд, ки касе аз ин сафар ба Хоруғ хабар надошт. Аз қарор дар бораи сафар ба Бадахшон аз аъзои ҳукумат танҳо ду нафар хабар доштанд. Расман ин сафар ба Кӯлоб буд, аммо он кас аз онҷо ба касе чизе нагуфта, ба чархбол нишаста ба Хоруғ парвоз карданд. Дар Бадахшон аз ин сафар танҳо яке аз раҳбарони Вазорати амният, ки чанд рӯз пеш омада буд, огоҳӣ дошт ва ӯ Сарвари давлатро пешвоз гирифта, ба гарнизон овард ва ҳар ду пас аз ним соат ба бинои ҳукумат омаданд. Роҳбари вилоят, дигар иштирокчиёни маҷлис бо дидани Сардори давлат муддате худро гум карда, пас ба худ омада бо тамоми ҳастӣ ва самимона каф куфтанд ва нидоҳои офарин гуфтанҳо баланд шуд. Раҳбар бо тамкин дар бораи ягонагӣ, ҳамтақдир будани тоҷикони ҳамаи минтақаҳо, роҳи наҷот аз мушкилоти мавҷуда сухан гуфтанд, ҳозиронро бовар мекунонданд, ки дар ватанамон сулҳ ва оромӣ мешавад. Ин суҳбат тақрибан ним соат давом кард. Баъд касеро барои гусел иҷозат надода, ба гарнизон баргаштанд, дар ним соат хӯроки аскарӣ хӯрда, бо ду нафар то чархбол омаданд ва ба Душанбе парвоз карданд. Сафар ба Хоруғе, ки он вақт дастаҳои мусаллаҳи зидди ҳукумат фаъолияти густурда доштанд, қаҳрамонӣ ва далеле аз сулҳҷӯии раҳбар буд.
Имрӯз дар матбуот дар бораи таърихи сулҳ нақл аз шунидаҳо зиёдтар, таърих камтар аст. Гоҳе тавре менависанд, ки мехоҳанд таърих ҳамон тавр бошад. Ҷаҳон, мутаассифона акнун ба кураи оҳангарӣ монанд шудааст, ба ин далел ҳар суханро боандеша ва ҳар рӯйдодро воқеъбинона бояд арзёбӣ кунем. Ҳар ҳодисаро агар дар муқоиса ба зуҳурот ва таҳаввулоти ҷаҳонӣ таҳлил кунем, оромии кишвари мо бештар ҳифз мешавад.
Бо нашри ин таҳқиқи бистсола мехоҳам бигӯям, ки дар ҷанги дохилии тоҷикон пирӯзу мағлуб нест ва хонанда бояд худ қазоват кунад, ки кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ. Он солҳо ва ҳоло низ аз мавзеи ҳукумат ҳимоят мекунам, тавре мегӯянд, мавқеи ҳукуматӣ дорам, аммо дар навиштани ин китоб аз ин берун рафтам.
Дар китоб ман бори аввал ҳолномаи ҳамаи ширкаткунандаҳои музокироти сулҳи тоҷиконро навиштам. Ҳамчунин таъкид кардам, ки маҳз ин нафарон дар раванди музокирот иштирок ва дар Комиссияи оштии миллӣ фаъолият доштанд. Ҳоло дар матбуот ва пажӯҳишҳо ба унвони сулҳсозон нафароне ном бурда мешаванд, ки дар ин кор аслан саҳм надоштанд ва ширкат ҳам накардаанд. Ман ному акси танҳо нафаронеро истифода кардаам, ки воқеан дар сулҳи тоҷикон саҳм гузоштаанд.
Маълумотнома: Профессор Иброҳим Усмонов, солҳои дароз устод ва баъдтар раҳбари факултети филологияи тоҷик ва сипас факултети хабарнигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Соли 1995 ба вазифаи мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон таъйин шуда, ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ буд. Аз соли 1994 то соли 1997 узви ҳайъати давлатӣ дар музокироти сулҳи Тоҷикистон ва аз соли 2004 то соли 2006 муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.
Китобҳои ӯ «Сулҳнома», «Миротворчество в Таджикистане» ва «Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол», ки пештар ба чоп расидаанд, низ ба мавзӯи ҷанг ва сулҳи Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Солеҳ Юсуфов